Мутаассифона, мо дар замоне қарор дорем, ки дар бораи сулҳ дар тамоми ҷаҳон танҳо орзу карда мешавад, зеро минтақаҳо ба нуқтаҳои доғ табдил ёфта, муноқишаҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Имрӯз мо фоҷиаи Исроилу Фаластинро бо дили пурдард ва эҳсосоти вазнин мушоҳида мекунем, дар ҳоле ки амалиётҳои ҷангӣ дар Украина низ идома доранд. Вале то куҷо метавонем, итминон дошта бошем, ки мо, ҳарчанд дар Тоҷикистон қарор дорем, танҳо бинандаи ин фоҷиаҳо боқӣ монем?
Ба Осиёи Марказӣ чӣ хатаре таҳдид мекунад?
Оё эҳтимоли он, ки мавҷи бесуботӣ Осиёи Марказиро (бахусус Тоҷикистонро) низ фаро мегирад? Дар ин бора аз коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов пурсон шудем.
«Дарвоқеъ, чунин пешомад торафт равшантар зоҳир мегардад. Ин ба он далел аст, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар Украина ҳадафҳои худро амалӣ карда натавониста истодаанд. Аз соли 1991, яъне аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва то имрӯз ҷараёни мунтазами тавсеа ёфтани блоки НАТО ба самти шарқ, то ба худи сарҳадҳои Федератсияи Русия идома дорад. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба 15 кишвари алоҳида, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мушкилоте рӯбарӯ шуд – яъне чӣ гуна ин равандро бо таҳаввулоти ҷаҳонии минималӣ амалӣ гардонад. Амалан ИМА ҳамчун ягона давлати абарқудрат боқӣ монд ва ҳамзамон комилан хуб дарк кард, ки он замон парокандагии пурраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати ҳастаии Федератсияи Русия метавонист ба оқибатҳои хеле ҷиддӣ ва ҳатто фалокатбор барои тамоми инсоният оварда расонад.
Пас аз соли 1991 шумори аъзои НАТО якбора зиёд шуд – аз 16 то 30 кишвар. То соли 2004 ин иттиҳоди ҳарбӣ ба марзҳои Федератсияи Русия комилан наздик гардид.
Дар марҳилаи аввал мо шоҳиди шомил гардидани се кишвари назди Балтика ба Иттиҳоди Аврупо будем, ки раванди ташаккули он ҳамзамон бо раванди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифт. Баъдан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нақша дошт тадриҷан ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба минтақаи таҳти нуфузи худ дохил кунад. Аз ин рӯ, дар баробари ин, форматҳои (шаклҳои) ҳамкорӣ барои кишварҳои минтақаи Қафқоз – Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон, инчунин, барои Украина ва Молдова пешниҳод карда шуданд. Формати мувофиқи ҳамкорӣ ба худи Русия низ пешниҳод шуда буд.
Ба таври табиӣ дар миёнаҳои солҳои 2000-ум формати ҳамкорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карда шуд. Вазифаи асосии он пешгирии радикализатсияшавии кишварҳои пасошӯравӣ буд, яъне ин кишварҳо траекторияи рушдро дар доираи иқтисодиёти ҷаҳонӣ идома доданд ва ҳамзамон дар сиёсати хориҷии худ таваҷҷӯҳи асосиро ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ИМА равона карда, тадриҷан аз Русия ҷудо гардидан, барои ин абзорҳои гуногуни сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ эҷод карда мешаванд. Ин раванд, албатта, вақтро талаб мекунад, зеро ҳар як кишвар ба таври худ рушд мекунад ва дар қаламрави пасошӯравӣ хусусиятҳо, инчунин, ҷанбаҳои қавӣ ва заифи худро дорад.
Дар баробари ин, Ғарб дар мавриди Русия низ нақша кашида буд – яъне барои Русия нақши як узви иловагии захиравии Иттиҳоди Аврупо муайян шуда буд. Маълум аст, Русия дар назари Ғарб ҳамчун як кишвари пур аз захираҳо буд, ки мехост онро таҳти назорати худ гирад ва ин корро танҳо бо роҳи ҷорӣ кардани назорат аз болои элитаи Русия анҷом дода метавонист. Дар солҳои 90-ум Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин вазифаро бомуваффақият анҷом дод, яъне роҳбарияти Русия муддати тӯлонӣ воқеан ба Ғарб нигаронида шуда буданд. Аммо агар ба равандҳои имрӯза назар андозем, пас мебинем, ки дар Русия дигаргуниҳо ба амал омадаанд, ки дар навбати худ сиёсати ҷаҳонӣ ва тартиботи ҷаҳониро куллан тағйир медиҳанд.
«Бо итминон метавон гуфт, агар корҳо дар Украина ба он тавре, ки дар Ғарб мехостанд, пеш нараванд, пас лоиҳаҳои дигаре ба кор андохта мешаванд, ки ба ташдиди авзоъ дар минтақа ва эҷоди манбаъҳои иловагии ташаннуҷ дар назди сарҳадҳои Русия оварда мерасонад. Чунин манбаъҳо зиёданд — Қафқоз, Молдавия ва Осиёи Миёна» – мегӯяд Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.
Аз ин нуқтаи назар, тағйиротҳое, ки дар Молдова ба амал меояд, яъне тағйир ёфтани мавқеъ ва самти роҳбарияти кишвар дар мавриди ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия хеле равшан ба назар мерасад. Кӯшишҳои дур кардани Молдова аз минтақаи ИДМ низ як қисми нақшаи Ғарб мебошад. Ғайр аз ин, мо шоҳиди тезутунд шудани вазъ дар Арманистон ва тағйирёбии куллии самти сиёсӣ ҳастем, ки ин бештар маҳз ба бозии Ғарб вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат эҳтимоли эҷоди ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои кишварҳои мо ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила, бахусус ҳамкорӣ дар масъалаҳои иқтисодию сиёсӣ ва барпо кардани робитаҳои неки ҳамсоягӣ хеле муҳим аст. Дар ҳамоҳангӣ бо Русия, ки ҳамчун кафили амнияти минтақаи мо, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, амал кардан хеле муҳим аст. Амнияти сарҳадҳои мо ва амнияти дохилиминтақавӣ асосан аз Русия вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, роҳандозии ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ин кишвар ҳамчун омили хеле муҳим барои таъмини амнияти минтақа ба ҳисоб меравад.”
Роҳу усулҳои нооромкунӣ
Далелҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки кишварҳои Ғарб ба кишварҳои минтақаи мо на ҳамчун ба шарикони баробарҳуқуқ ва ё ҳатто ба рафиқоне, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, балки чун ба кишварҳои бо Русия ҳаммарз, ки онҳоро чун фишангҳои муайян барои таъсиррасонӣ ба Русия истифода бурдан мумкин аст, назар мекунад. Ҳамин гуна нақшро Украина бозид, ки “дӯстонаш” ба ҷои тараққӣ додани ин кишвар, баръакс тадриҷан ба он оташ мезаданд ва ҳоло онро бо силоҳ таъмин карда, оташи ҷангро дар ин кишвар бармеангезанд.
Пас аз нокомии кӯшишҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои рахна кардани хатти дифои қӯшунҳои Русия, инчунин, дар бастани роҳи заминӣ ба Қрим ва баромадан ба баҳр, Ғарб мехоҳад таваҷҷӯҳи Русияро ба Шарқ ҷалб кунад.
Дар доираи Стратегияи ИМА дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2019–2025 Вашингтон ба кишварҳои минтақа сармоягузориҳои мустақимро ба маблағи 9 миллиард доллар барои пешбурди “ислоҳоти демократӣ” ва рушди иқтисодӣ ҷудо мекунад. Дар доираи формати C5+1, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳалли масъалаҳои амният, робитаҳои иқтисодӣ ва муҳити зист беш аз 34 миллион доллар ва “барои азнавсозии сарҳад” 90 миллион доллари дигар ҷудо кардааст.
Ва агар дар Украина барои ноором кардани вазъ ҳамчун абзори асосӣ роҳи паҳнкунии руҳияи миллатгароиро пеш гирифта бошанд, пас дар Тоҷикистон ин роҳ муассир нахоҳад буд, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон чунин руҳияҳои зиддирусиягӣ ва ҳатто ҳеч гуна заминае барои пайдо шудани чунин руҳияҳо вуҷуд надорад. Вале омили динӣ барои кишвари мо хеле муҳим аст, бинобар ин, дар ин масъала корбариву танқидҳои ҷиддӣ рафта истодааст.
Албатта, механизме, ки ИМА борҳо барои ташкили инқилобҳои ранга аз он истифода кардааст ва самаранокии худро нишон додааст, ин истифодаи абзорҳои «қувваи нарм» мебошад, аз ҷумла: кор бо шуури ҷамъиятӣ, таблиғи арзишҳои худ дар ҷомеаи дигар, дастгирии руҳияи ҷудоихоҳӣ ва ғайра. «Нерӯи нарм» дар амал ҷудо кардани маблағҳои калон барои «дастгирии демократия» дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешбинӣ мекунад.
Сиёсати хориҷии Ғарб ҳамчунин, кор бо ҷавонони Осиёи Марказиро пешбинӣ мекунад, ки дар асл ба омода кардани агентҳои таъсиррасон равона карда шудааст. Лоиҳаҳои ҷолиб ва барои насли наврас муҳим, ки аз ҷониби фондҳои амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, таблиғи рӯзномаи ғарбгароро дар бар мегиранд. Ин ҳадафҳо зери “баҳона”-и омӯзиши забони англисӣ рӯйпӯш шудаанд.
Артиши Тоҷикистон асосан аз аслиҳаю техникаи русӣ ва шӯравӣ истифода мебарад, аз ин рӯ, мутахассисони низомии рус барои ҳамкорони тоҷики худ машқҳо мегузаронанд. Гузашта аз ин, кишварҳо узви СААД мебошанд ва дар доираи ин иттиҳод машқҳо барои ҳалли масъалаҳои стратегии низомии минтақа ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории низомӣ амалӣ карда мешаванд.
Ба ин мақсад дар арафаи нишасти С5+1 раиси Кумитаи амнияти миллии Сенати ИМА, лоббисти бонуфузи Пентагон ва комплекси низомию саноатии Амрико Гари Питерс ба Тошканд ва дигар пойтахтҳои минтақа сафар кард.
Бозиҳои хатарнок
Кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати хориҷии бисёрсамтаро пеш гирифта, бо тамоми бозигарони асосӣ дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои дӯстонаро нигоҳ медоранд. Вале, дар шароити тезу тунд шудани муқовимати геополитикӣ нигоҳ доштани мувозинат торафт душвортар ва хавфноктар мешавад.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди ҳодисаҳои Ховари Миёна ҳастем, Исроил тӯли 2 ҳафта пайваста Ғазаро бомбаборон мекунад. Талафоти аҳолии Фаластин аллакай ба ҳазорҳо нафар расидааст. Мо мебинем, ки кишварҳои Ғарб дар ин масъала Исроилро ҳимоя мекунанд ва амалан куштори мардуми осоиштаро дар Фаластин дастгирӣ менамоянд. Ин воқеан як фоҷиаи бузург аст, вале аксари кишварҳои минтақа наметавонанд ба ин раванд дахолат кунанд ва ё мардуми Фаластинро дастгирӣ кунанд, зеро онҳо зери таҳдиди нуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва умуман Ғарб қарор гирифтаанд, ин ҳолат боиси марги ҳазорон шаҳрвандони ғайринизомии Фаластин мегардад.
Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тӯли 30 соли ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нуқтаҳои заъф ва дардноки кишварҳои минтақаи моро хуб омӯхтаанд ва медонанд, ки дар кадом масъалаҳо бозӣ кардан мумкин асту кадом масъалаҳо ҳифз карда нашудаанд.
Барои ҷилавгирӣ аз ин ҳолат барои тамоми кишварҳои минтақаи мо зарур аст, ки ҳамкории мутақобила ба роҳ монда, якҷоя барои эҷоди як минтақаи амниятӣ талош кунем, хусусан дар ҳоле ки тақрибан тамоми кишварҳои минтақаи мо узви СААД мебошанд. Ин ҷо ман кишварҳои ҳамсояро дар назар дорам, ки баъзан бо мо бозӣ мекунанд. Вале агар кишварҳои мо ва Русия фаъолона ҳамкорӣ ва ҳамдигарро дастгирӣ кунанд, пас масъалаи дахолати беруна ба корҳои дохилиминтақавӣ аҳамияти худро гум мекунад, бинобар ин, рушд додани чунин ҳамкорӣ хеле муҳим аст.”
Матлубаи Қ.