Баъд аз хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, мардум умед доштанд, ки пас аз ҷанги даҳсола ба сулҳ хоҳанд расид. Бо вуҷуди он ки, Иттиҳоди Шӯравӣ Афғонистонро тарк намуд, аммо ҳукумати комунистмаоби доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ ҳанӯз пойбарҷо буд. Бояд гуфт, ки Доктор Наҷибуллоҳ борҳо кӯшид то бо мухолифин ба мувофиқа бирасад, ҳатто чандин маротиба ба таври яктарафа оташбас эълон намуд. Аммо мухолифини ҳукумати доктор Наҷиб ба мисли Аҳмадшоҳи Масъуд тарҳи оташбасро напазируфта, ба муқобили ҳукумати вақти Афғонистон ҳуҷуми густардаро ба роҳ андохтанд, аммо дар Қундуз, Ҷалолобод ва чанд муҳорибаи дигар муҷоҳидин шикаст хӯрданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Муҳаммад Наҷибуллоҳ бисёр кӯшиш кард, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд ба мувофиқа бирасад, ҳатто вазорати дифоъро ба ӯ супурд. Аммо Омир Соҳиб ва аксари роҳбарони муҷоҳидин ба оташбаси доктор Наҷиб ризоят надоданд. Чунончи, яке аз қумандонҳои маъруфи Аҳмадшоҳи Масъуд, Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ дар асари хеш “Масъуд ва Озодӣ” қайд мекунад, яке аз сабабҳои ба сулҳ напайвастани роҳбарони муҷоҳидин, ба шахсияти Доктор Наҷиб алоқаманд буд. Наҷибуллоҳ солҳо ба ҳайси роҳбари ХОД (Хадамоти амнияти давлатӣ) фаъолият намуда, дар тӯли ин солҳо муҷоҳидини асир афтода ва ашхоси бо иттиҳоми ҳамкори бо мухолифин ба даст афтодаро ба сахтӣ шиканҷа менамуд. Шиканҷа шудани асирон аз тарафи ҳукумати комунистии Афғонистонро донишманди тоҷик Мирзо Шукурзода низ дар асараш “Фарёди фоҷиаи Афғонистон” овардааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Доктор Наҷибулоҳ тӯли се сол тавонист, ки бар зидди мухолифин муқовимат намояд. Аммо пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, ба ҳукумати доктор Наҷиб ягон давлат кумак намекард, Русия бо мушкилиҳои дохилии худаш саргарм буд. Фармондеҳон ва генералҳои доктор Наҷиб яке паси дигар ӯро тарк карда, ба муҷоҳидин пайвастанд. Аз ҷумла, маршал Абдурашид Дӯстум аз нерӯҳои ҳукумати ҷудо шуда, ба Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамроҳ гашт. Ҳатто ду ҷиноҳи маъруфи ҲХДА “Халқ” ва “Парчам” аз доктор Наҷиб рӯй гардонида, намояндагони ҷараёни “Халқ” ба Ҳикматёр ва ҷиноҳи “Парчам” ба Аҳмадшоҳи Масъуд тамоюл пайдо карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 1992 нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд аз шимол вориди Кобул шуда, пойгоҳи ҳавоии Багромро дар ихтиёр гирифтанд. Аз тарафи ҷануб нерӯҳои мавсум ба ҳизби исломӣ бо роҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр Кобулро тасарруф карданд. Наҷибулло хост, ки ба Ҳиндустон фирор кунад, аммо низомиёни Дӯстум ба ӯ иҷозаи парвозро надоданд, дар натиҷа маҷбур шуд, ки ба бинои СММ паноҳ барад. То вуруди Толибон ба Кобул доктор Наҷиб дар бинои СММ ба сар мебурд, Толибон ба маҳзи вуруд ба Кобул ӯро аз бинои СММ берун кашида, ҳамроҳи бародараш ба дор овехтанд.

Бояд тазаккур намуд, ки бо суқути ҳукумати дастнишондоди Шӯравӣ низ мушкили Афғонистон ҳалли худро пайдо накард. Соли 1989 таҳти фишори ИМА ва Покистон, дар Равалпиндӣ муҷоҳидин бо роҳбарии Сиғбатулло Муҷаддадӣ ҳукумати интиқолӣ ташкил намуданд, аммо Г. Ҳикматёр ин ҳукуматро ба расмият нашинохта, онро “ҳукумати эътилоф бо комунистон номид” (Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, Масъуд ва Озодӣ. С:189). Дар ҳукумати навтаъсиси муҷоҳидин Аҳмадшоҳи Масъуд вазири мудофиа интихоб гашт.

Қобили зикр аст, ки соли 1992 ҳукумати муҷоҳиддин, бо роҳбарии Сиғбатулло Муҷаддадӣ вориди Кобул гардид, баъд аз шаш моҳ ҳукумат ба Бурҳониддин Раббонӣ интиқол гашт. Аммо мушкили Афғонистон ҳалли худро пайдо накард, Г. Ҳикматёр дар Чоросиёб ҷой гирифта, шаҳри Кобулро ракетаборон мекард.

Зикри ин нукта мусаллам аст, ки Гулбиддин Ҳикматёр ба рақиби аслии ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ табдил гашт. Ҳикматёр мехост, ки қудратро пурра ба даст бигирад, чун ба мақсадаш нарасид, бо баҳонаҳои гуногун шаҳри Кобулро ракетаборон мекард. Аҳмадшоҳи Масъуд ба унвони вазири дифоъ масъули муҳофизат аз шаҳри Кобулро ба уҳда дошт, аз ин сабаб ба хотири таъмини амнияти Кобул борҳо бо Ҳикматёр вориди музокира шуд. Аммо музокироти чандкарата бо Ҳикматёр натиҷаи дилхоҳ надод, Г. Ҳикматёр аввал хоҳони хуруҷи ҷангиёни Дӯстум аз Кобул гашт, баъдан талаб кард то Аҳмадшоҳи Масъуд аз вазифаи вазири дифоъ сабукдӯш гардад, дар охир хоҳони барканории Бурҳонуддин Раббонӣ аз курси президентӣ шуд. Мувофиқи талаби Ҳикматёр, низомиёни Дӯстум аз Кобул хориҷ гаштанд, Аҳмадшоҳи Масъуд расман аз вазифаи вазири дифоъ барканор гашт. Аммо Г. Ҳикматёр ба ҳамаи ин қонеъ нагашта, мехост, ки худаш ҳукуматро пурра ба даст бигирад, аммо Омир Соҳиб хоҳони иштироки ҳамаи гуруҳҳои муҷоҳидин дар ҳукумат буд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ба хубӣ мефаҳмид, ки ҳамаи роҳбарони муҷоҳиддин, дар даҳ соли ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм доштанд ва агар нақши онҳо дар ташкили ҳукумат ба назар гирифта нашавад, норозияти он роҳбаронро ба вуҷуд оварда, ба ҷанги дохилӣ оварда мерасонад. Илова бар ин, Омир Соҳиб хоҳони ташкили як ҳукумате буд, ки тамоми халқиятҳо дар он саҳм дошта бошанд. Аҳмадшоҳи Масъуд ба такрор мегуфт: “Таасуботи қавмӣ назди мо ширк аст. Аммо барпоии адолат бояд муҳаққақ шавад”.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 1993 дар шароите, ки дар Кобул ҷангҳои байнихудии гуруҳҳои муҷоҳидин идома дошт, бо ташаббуси подшоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ва ҳамоҳангӣ бо Покистон ва Эрон дар Покистон миёни ин гуруҳҳо гуфтушунид доир гашта, созишнома имзо гардид. Тибқи созишномаи имзогардида Президент Б. Раббонӣ дар вазифааш боқӣ монда, курси сарвазирӣ ба Г. Ҳикматёр дода шуд. Зикр намудан ба маврид аст, ки ба ғайр аз созишномаи мазкур, байни ҳукумат ва гуруҳҳои гуногуни муҷоҳидин, чандин созишномаҳои дигар имзо гаштанд, аммо ҷанги дохилӣ  идома кард.

Ба замми ин ҳама мушкилиҳо, дар соли 1993 маъруфтарин мухолифини ҳукумати устод Раббонӣ ба хотири барангехтани ҳукумат “Шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломӣ”-ро ташкил карданд. “Шӯрои ҳамоҳангӣ дар натиҷаи иттиҳоди низомиву сиёсии ҳизби ваҳдати исломӣ (шиъа), Ҷунбиши миллӣ- исломии генерал Дӯстум (умдатан ӯзбекҳо) ва Ҳизби исломии ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр (умдатан паштунҳо) ба ҳадафи сарнагунии ҳукумати устод Раббонӣ ташкил шуд” (Раззоқи Момун, Масъуд дар набарди истихборотӣ, С:15).

Қайд кардан ба маврид аст, ки шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломӣ дар аввали моҳи январи соли 1994 бар зидди ҳукумати вақти Афғонистон табаддулот ба роҳ андохт, аммо ногуфта намонад, ки кордонӣ ва маҳорати ҷангии Шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд бори дигар таҳаққуқ ёфт, табаддулотчиён шикаст хӯрданд. “Баъд аз ин Афғонистон ба минтақаҳои мустақилу ниммустақил тақсим шуд, ки дар онҳо фармондеҳони маҳаллӣ бо усули “худам шоҳу табъам вазир” ҳукмронӣ мекарданд”.

Қобили қайд аст, ки пас аз шикаст хурдани табаддулоте, ки Шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломӣ ба роҳ монд, маълум гашт, ки Г. Ҳикматёр дигар қудрати гирифтани ҳукуматро надорад. Маҳз аз ин сабаб Покистон, ки ҳомии аслии Г. Ҳикматёр буд, нерӯи ҷадидеро ба саҳна овард, бо исми Толибон. Толибон аз соли 1994 дар саҳнаи сиёсии Афғонистон зуҳур намуда, дар зарфи ду сол тамоми шаҳрҳои ҷанубу ғарбии Афғонистонро тасарруф намуда, ба пушти дарвозаҳои Кобул расиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мавриди ин ҳама пирӯзиҳои пайдарпай ва пуровозаи Толибон, байни мардум ва сарбозони ҳукуматӣ, овозаҳои зиёде пайдо гашт: гӯё ки “ба бадани Толибон тир таъсир намекунад, онҳо ба суръати фаришта ҳаракат мекунанд, роҳбари онҳо Мулло Умар гӯё ки паёмбарро (с) дар хоб дидааст”.

Аммо зикри ин нукта мусаллам аст, ки Толибон бо яроқҳои замонавӣ ва миллонҳо доллар тавонистанд, ки футуҳоти зиёдеро касб кунанд. Онҳо бо истифода аз яроқҳои пурқудрат, собиқ гуруҳҳои муҷоҳидинро торумор намуда, аксари онҳоро ба сафи хеш ҷалб намуданд. Ҳатто Ҳирот ба осонӣ ба тасарруфи Толибон даромада, дар ҳоле, ки якунимҳазор сарбоз аз қушунҳои шимолӣ ба кумаки волии машҳури Ҳирот Муҳаммад Исмоилхон раҳсипор гашта буд. Дар умум ба гуфтаи худи Исмоилхон дар ҷабҳаи Ҳирот бар зидди Толибон, даҳ ҳазор нерӯ мавҷуд буд, аммо бо вуҷуди ин, Ҳирот ба дасти Толибон суқут намуд ва Исмоилхон беҷанг ба асорати Толибон даромада се сол дар маҳбаси Толибон ба сар бурд.

Бояд тазаккур дод, ки Толибон бо торумор кардани нерӯҳои Г. Ҳикматёр ба пушти дарвозаҳои Кобул расида, шаҳрро аз се ҷониб ба муҳосира гирифтанд. Бояд гуфт, ки барои ҳукумати устод Раббонӣ вазъи бисёр хатарноке падид омада буд. Ин бор бар хилофи гуруҳҳои гуногуни мухолифин, як нерӯи пурқудрат ва хатарноке зуҳур намуда буд. Аҳмадшоҳи Масъуд мисли ҳарвақта кӯшиш ба харҷ дод, то бо роҳи музокира ва гуфтушунид бо Толибон ба мувофиқа бирасад. Аз ин сабаб бо Толибон вориди музокира гашт, макони музокира маҳалли Майдоншаҳр, дар се километраи умқи ҳудуди Толибон қарор гирифт. Ҳарчанд, ки бисёре аз мушовирони Аҳмадшоҳи Масъуд ба рафтани Омир Соҳиб ба қаламрави таҳти султаи Толибон шадидан мухолифат намуданд, аммо Аҳмадшоҳи Масъуд, ба хотири хотима додан ба ҷанг, равонаи Майдоншаҳр гашт. “Масъуд ба хотири сулҳ мерафт ва барои сулҳ қурбонӣ мешуд” (Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, Масъуд ва Озодӣ. С: 190).

Бояд тазаккур намуд, ки ин кор бисёр хатарнок буд, чаро ки Толибон баъзе аз роҳбарони муҷоҳиддинро барои музокира даъват намуда, баъдан дастгир ва эъдом намуданд. Мисоли равшани гуфтаҳои боло тақдири Абӯалӣ Мазорӣ мебошад. Толибон “устод Мазорӣ- роҳбари Ҳизби Ваҳдати Исломиро амон доданд, аммо баъдан дастгир карда, ба шакли фоҷиабор ба қатл расониданд.

Қобили зикр аст, ки музокира бо Толибон натиҷа надод, танҳо қароре ки дар охир қабул шуд, ташкили як Шӯрои уламои 40 нафара аз ҳар ду тараф буд, ҳар қароре ки Шӯрои уламо қабул менамуд, ҳарду тараф бояд риоя менамуданд. Рӯзи баъд ҳайяти Толибон бо роҳбарии Абдулвоҳид Боғрон ба Кобул омаданд, аз ҳар вилоят уламо даъват гардиданд. Шӯрои уламои ташкилшуда, ду моҳ фаъолият намуд, аммо баъдан намояндагони Толибон дигар ба Кобул наёмаданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз ҳамроҳони Аҳмадшоҳи Масъуд, Регистонӣ қайд мекунад, ки вақте ки бо Омир Соҳиб ба қаламрави таҳти султаи Толибон ворид гаштем, ду тарафи роҳ пур аз сарбозони Толибон буданд, онҳо куҷкобона ба дохили нақлиёте, ки Масъуд мегузашт нигоҳ мекарданд. Ҳатто вақте, ки ба маҳалли музокира расидем, болои бом пур аз Толибон буданд, онҳо кӯшиш мекарданд, ки чеҳраи Масъудро бубинанд. Қайд кардан, ҷоиз аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотири ғалабаҳое, ки бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст оварда буд, барои кулли мардуми Афғонистон ба як қаҳрамон мубаддал гашта буд.

Зикри ин нукта мусаллам аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд яқин медонист, ки музокира бо Толибон натиҷа намедиҳад, ҳатто қарори Шӯрои уламо низ ба ҷанг хотима гузошта наметавонад. Толибон масти пирӯзиҳои пайдарпайи хеш буданд ва ҷуз касб кардани қудрати куллӣ ба ҳеҷ чизе рози набуданд, аммо ҳадафи Аҳмадшоҳи Масъуд аз ташкили Шӯрои уламо чӣ буд? Масъуд мехост, ки каме вақтро кашол дода, таҷдиди қувва намояд. Ӯ ба фармондеҳонаш гуфта буд, ки агар як маротиба Толибонро шикаст надиҳем, ҷангро мебозем, чун Омир Соҳиб хеле хуб мутаваҷҷеҳ гашта буд, ки рӯҳияи ҷангии сарбозони давлатӣ ба хотири овозаҳое, ки дар мавриди пирӯзиҳои Толибон, сари забонҳо шоеъ шуда буд, заиф гаштааст.

Қобили зикр аст, пас аз ҷустани тадбирҳои зиёд, Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист, ки Толибонро шикаст дода, онҳоро чанд моҳ дар пушти дарвозаҳои Кобул нигоҳ дорад. Аммо бо шурӯъ шудани ҳуҷуми ҷадиди Толибон, Омир Соҳиб ба хотири вайрон нашудани шаҳри Кобул, талаф нашудани мардум ва ҳифз намудани нерӯҳои хеш аз Кобул ақибнишинӣ намуд. Ин амалкарди ӯро бисёриҳо ба ақибнишиии Кутузов аз Москав дар баробари императори Фаронса Наполеон Бонапарт монанд намуда, тактикаи ҷангӣ унвон намуданд. Аммо худи Аҳмадшоҳи Масъуд аз даст рафтани Кобулро “заъфи маънавиёт” номид.

Хулласи калом Масъуд аз кулли шикастҳо ва иштибоҳоташ дарс мегирифт. Масъуд мегуфт: “Шикаст чизи бад ва талх аст. Шояд ҳеҷ талхӣ ба андозаи шикаст ранҷовар набошад. Махсусан шикаст дар ҷанги мусаллаҳона дар баробари душмани оштинопазир. Шикаст бо ҳама андӯҳ ва бадбахтӣ, ки бо худ дорад, барои баъзеҳо сароғози пирӯзиҳои бузурге буда, ки ислоҳи қабл аз он тасаввураш номумкин будааст”.

Юсуфзода АБДУВОСИТ,

донишҷӯи курси 4 факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here