Дурӯғҳо дар шарҳу тафсири осори адабӣ зиёданд; баъзе аз онҳо умри чандинасра доранд ва бо он ки дурӯғ буданашон дигар ҷойи тардид надорад, ҳоло ҳам ин ҷову он ҷо такрор мешаванд ва иддае ҳам ба онҳо бовар доранд… Барои намуна байти зайли Ҳофизро меоварам:

Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Ки “дигарон” дар ин байтро “мурғе будааст (ба номи “дагар”) хуш месуруда ва бо сурудаш парандагони дигарро ба сӯйи худ ҷалб карда, шикор мекардааст”, тафсир кардаанд. Дар ҳоле, ки “дигарон” дар байти шоир ҷуз ҳамон “қаҳрамон”-и  риёкори ӯ – пири ҷоҳил ва шайхи гумроҳ  касе ва чизе дигар нест.

Хуб бигзарем, ки сухан дар ин боб ба дарозо мекашад ва ба асли ҳадаф меоем.

Намедонам, маншаъи  ин “кашф”, ки Хоникей – ҳамсари Манас аз достони ҳамноми қирғизӣ – тоҷикдухтар аст, дар  куҷост: дар Қирғизистон ва ё Тоҷикистон, намедонам бори аввал ин суханро кӣ гуфта! Вале баъдан ончунон такрораш карданд, ки ба вижа дар Тоҷикистон забонзади хосу ом шуда ва ҳатто боиси ифтихори бархе ҳамқавмони мо ҳам гардидааст… Ва ман аслан намедонам сабаби ин ифтихори аблаҳона, ки тоҷикдухтаре зани фалон шоҳ буда, чист? Чӣ ҷойи ифтихор аст, ки Рухшона зани Искандар буда, се зани амир Олимхон аз тоҷикони Файзободу Ҳисор буда ва зани паҳлавон Манаси қирғизҳо низ тоҷик буда?!

Вале тоҷик будани зани Манасро “интернасионалист”-ҳои тоҷику қирғиз хеле истифода карданд; Ҷомию Навоӣ рамзи дӯстии тоҷику ӯзбек буданд ва Манасу занаш -Хоникей рамзи дӯстии ҷовидони тоҷику қирғиз, ки ба умқи асрҳо мерасад…

Аммо ин ки Хоникей – зани Манас тоҷик бошад, аз беху бунёд дурӯғ аст ва бофтаи замони шӯравӣ, ки ба дарди идеологияи дурӯғини дӯстии халқҳо мехӯрду бас…

Ягона чизе, ки шояд нахусткашшофи тоҷик будани Хоникей иттико ба он кардааст, ин аст ки ин духтар – духтари хони Бухоро будааст… дигар ҳеч далеле…

Аммо, бо он ки аҳолии Бухоро ва гирду атрофи он ҳама тоҷиканд, ба форсии тоҷикӣ гап мезананд, 1) пас аз Сомониён ҳеч хоне ва подшоҳе дар Бухоро тоҷик набудааст.  2) Манас тибқи пажуҳишҳои донишмандон воқеоти асрҳои 15-17-ро дар бар мегирад, ки дигар аз салтанати Сомониён дар Бухоро панҷ қарн сипарӣ шуда буд. 3) Хоникей духтари  хон аст ва “хон” унвони ҳукмравоёни турку муғул аст;  ва дар замони Чингизхон ҳеч касе ҷуз аз дудаи ӯ ҳақ надошт, ки худро “хон” биномад. Ба ин далел аст, ки Темури Ланг, ҷуръат накард худро “хон” эълом бидорад ва хешро “амир” хонд ва аз он ки домоди Чингизиён буд – гуракон (домод) буд, ифтихор ва иктифо мекард. 4) Падари Хоникей – хони Бухоро Темур ном дошт, ки хушбахтона, дар он замон тоҷикон фарзандони худро Темур наменомиданд. 5) Ниҳоятан, Хоникей на “Хоннигоҳ” чунонки баъзе “донишмандон”-и тоҷик шарҳ доданд, балки “завҷаи хон” (яъне Манас) маъно дошт…

Хулоса, тоҷикдухтар будани Хоникей ҳеч асосе надорад ва дурӯғе беш нест. Ва онро набояд такрор кард!

Р.S. Биандешед: чаро бародарони ӯзбекамон, ки ҳама мероси  фарҳангии моро чун моли падаронашон аз худ кардаанд ва шарм ҳам намедоранд, ҳеч талош намекунанд, ки барои соҳиб шудан ба Хоникейи зани Манас даъво пеш оварданд!

Абудқодир РУСТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь