28-уми майи соли ҷорӣ аз рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон (ҶДО) якумин давлати парлумонӣ дар Шарқи мусулмонӣ – 104 сол пур мешавад.

Ҳалқи Озарбойҷон, ки дорои анъанаҳои бостонӣ ва ғании давлатдорӣ буд, дар давраҳои муйяни гузашта бо амри сарнавишт беихтиёр дар таркиби абарқудратҳо қарор дошт. Ҳамчун натиҷаи мантиқии рушди баланди маданияти Озарбойҷон дар охири асри XIX ибтидои асри ХХ маҳз дар давраи азнавсозии тартиби сиёсии ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон ба вуҷуд омад.

Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон 28-майи соли 1918 таъсис ёфт. Эълон ва фаъолият намудани ин ҷумҳурии ҷавон рамзи амалишавии орзую умеди озодихоҳии халқи Озарбойҷон гардид, ки ҳаётан бо давлатдории худ алоқаманд мебошанд. Асосгузорони ҶДО бо фаъолияти пайваста дар роҳи озодӣ ва истиқлоли Ватану халқи худ номи худро дар таърихи Озарбойҷони соҳибистиқлол абадӣ сабт намуданд.

28-майи соли 1918 бо қабул шудани Эъломияи истиқлол,  истиқлолияти Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон эълон шуд. Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷони навтаъсис ба қадри имкон фаъолият намуда, вазифаи душвори таърихии ба ӯҳда гирифтаашро ​​бошарафона иҷро кард. Аввалин парлумон, ҳукумати Озарбойҷон ва дастгоҳи давлатии он ташкил шуданд, сарҳадҳо муқаррар, парчам, суруди миллӣ ва нишони кишвар таъсис ёфта, забони модарӣ чун забони давлатӣ эълон шуд ва дар соҳаи сохтори давлатӣ тадбирҳои ҷиддӣ иттихос гардид.  Тамомияти арзӣ ва амнияти миллии кишвар таъмин шуд, дар як муддати кӯтоҳ қисмҳои низомии дорои қобилияти баланди ҷангӣ таъсис ёфтанд, мақомоти давлатӣ ҷавобгӯ ба манофеи миллӣ ва усулҳои демократӣ ташкил шуда, рушди маориф ва фарҳанг мавриди таваҷҷӯҳи хосе қарор гирифт. Аввалин донишгоҳи Озарбойҷон таъсис ёфта, маориф миллӣ гардонида шуд, корҳое ба анҷом расиданд, ки аз ҷиҳати таърихи тафаккури ҷамъиятӣ аҳамияти истисноӣ дошта ба пешравии фарҳангии халқ дар солҳои минбаъда асос гузоштанд.

Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон аз рӯзхои аввали мавҷудияти худ бар усулҳои демократӣ ва баробарҳуқуқии инсон асос ёфта, ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат баробарҳуқуқӣ дода, нобаробарии нажодӣ, миллӣ, динӣ ва синфиро бартараф намуд. Қонунҳое, ки парлумони чумҳурӣ дар давоми якуним соли фаъолияти худ қабул намуд, барои мустаҳкам гардидани истиқлолияти давлатӣ, пешрафти сиёсию иктисодӣ, ва рушди босуръати соҳаи маданияту маърифат имконият фароҳам овард. Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон сиёсати сулҳҷӯёнаро пайваста амалӣ намуда, саю талош дошт, ки бо ҳамаи давлатҳо ҳамкории тарафайн барқарор намояд ва муносибатҳоро дар асоси эҳтироми  ҳамдигарӣ барқарор созад.

Овохири моҳи апрели соли 1920 қисмҳои низомии Артиши XI Сурх аз сарҳади Озарбойҷон гузашта, ба истилои он шурӯъ намуда, 28 апрель ба Боку даромаданд. Ҷумҳури суқут кард. Парчаме, ки соли 1918 барафрохта шуд, соли 1920 поин шуд ва танҳо пас аз 71 сол, 18 октябри соли 1991, пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев онро дар Нахҷувон барафрохт. Парчами Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон дар Шӯрои Маҷлиси Олии Нахҷувон ҳамчун парчами давлатӣ қабул карда шуд.

Ҳарчанд Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон 28-уми апрели соли 1920 дучори таҷовуз гардида, ба ҳадафҳои худ пурра нарасидаву суқут кард, ғояи истиқлолият дар шуури он фаромӯш нашуд. Дар давраи гузашта халқи Озарбойҷон тавонистааст бисёр хислатҳои давлатдории миллиро ҳифз намояд. Сиёсати бомуваффақияте, ки пешвои миллат Ҳайдар Алиев дар ҷумҳури амалӣ намуд ва хотираи фарҳангию таърихии халқи Озарбойҷонро баргардонид, равнақи худшиносии миллии онро таъмин намуда, барои тақвияти ормони истиқлолиятхоҳӣ дар партави мафкураи озарбойҷонӣ ва бозсозии он дар ояндаи наздик замина гузошт.

Пешвои бузург ба нақши ҶДО дар таърихи Озарбойҷон баҳои баланде додааст: «Рӯзи ташкилёбии аввалин Ҷумҳурии Демократӣ барои мо арзишманд аст, бинобар ин мо онро Рӯзи истиклолияти давлатии Озарбойҷон — Рӯзи Ҷумҳурӣ эълон кардем, ва ин ҷашни миллии мост».

Баъди барқарор намудани истиқлолият Озарбойҷон аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ боз ҳам тавонотар шуда, дар ҷаҳон обрӯю эътибори баланд пайдо карда, ва ба рушду суботи бузург ноил гардидааст.

Ҳамаи ин ва албатта, ягонагии халқу ҳукумат боиси Ғалабаи бузурги Озарбойҷон дар Ҷанги 44-рӯзаи Ватанӣ гардид. Имрӯз парчами серангаи Озарбойҷон, ки бори аввал соли 1918 барафрохта шуд, дар тамоми сарзамини озодшудаи Озарбойҷон бо ифтихор парафшон аст.

Президенти Озарбойҷон, Сарфармондеҳи Олӣ Илҳом Алиев ба фаъолияти ҶДО баҳои баланд дод: «Мо дар ҳақиқат ифтихор  дорем, ки ин Ҷумҳуриро халқи Озарбойҷон бунёд кардааст. Ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки халқи Озарбойҷон – халқи бузург, озодидӯст ва тараққипарвар аст».

Озарбойҷони имрӯза бори дигар нишон медиҳад, ки истиқлолият бузургтарин дастоварди мардуми Озарбойҷон аст. Имрӯзҳо озарбойҷониҳо дар Озарбойҷони озоду муқтадир зиндагӣ мекунанд ва муҳимтарин вазифаи наслҳои имрӯзу оянда ҳифзу таҳким бахшидани истиқлолият аст.

Чунин орзӯ доштанд асосгузорони ҶДО!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here