Дунё паёми нав, ё гашти нав гирифт. Дар тахтаи шоҳмоти сиёсӣ. Аз Афғонистон. Ҳамон гуна, ки мегуфтанд: сиёсатҳои ҷаҳон то 11-уми сентябри соли 2001 тақвими дигар дошт ва баъди он дигар. Эҳтимол тақвими нави сиёсӣ аз 15-уми августи соли 2021 оғоз шавад.

 “Хатар”-и амрикоӣ

Тақвими 20 сол пеши сиёсӣ ҳам, ки дар борааш мегуфтанд, аз ҳаводиси Афғонистон оғоз гирифт. Воқеан, бо гузашти 20 сол президент Ҷо Байден дастур дод, ки санадҳои таҳқиқи ҳодисаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико дар давоми ним соли пешорӯ ошкор шаванд. Ӯ гуфтааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба ахбори махфии ин ҳодиса “хатар ба амнияти миллии кишвар аст”.

Бист сол пеш бошад Қасри Сафед мегуфт, ки “хатар ба амнияти миллӣ” – ро аз Афғонистон мебинад.

Саволи бисёр муҳим пеш меояд: чаро ҳоло маҳз аз шаш моҳ баъд мегӯянд ва оё ин маъноеро дорад, ки ин ҳолат гардиши наве дар ИМА хоҳад буд, ё фаротар аз он аст?

Боварнокарданист, ки як абарқудрат пас аз бист сол ҳам надонад, ки дар асл чӣ гузашта буд ва то ин замон чиро аз ҷомеаи дохилу хориҷ пинҳон мекарданд…

Хотиррасон мешавем, сухан дар бораи ошкор шудани розҳои ҳаводиси 11-уми сентябри соли 2001 меравад, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, пайравони гуруҳҳои тундрав ҳавопаймоҳои мусофирбариро гарав гирифтанд ва дар натиҷа ду ҳавопаймо ба бинои баландошёнаи Маркази тиҷорат дар Ню- Йорк бархӯрд. Дар ин ҳодиса, ҳамон тавре дар ИМА мегӯянд, се ҳазор нафар ба ҳалокат расид, ки пурқурбонитарин ҳодисаи террористӣ дар ҳудуди ин кишвар аст.

Ба зудӣ ҳодисаро гуруҳи террористии “Ал-Қоида” зери раҳбарии Усома Бен Лоден бар дӯш гирифт, ки дар Афғонистон ҷо дошт. Дар бораи ин ҳаводис назарҳо гуногунанд. Аз ҷумла, таҳқиқгарони фаронсавӣ мегуфтанд, ки дар асл воқеият ва ҳадафҳо дигар буданд…

Ҳарчӣ буд, ё не, “Толибон” он замон “террористи №1”-ро ба нерӯҳои ИМА таслим накарданд. Ин, ба гуфтаи Пентагону Қасри Сафед, боис ба вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон шуд. Аммо Бен Лоданро танҳо пас аз 10 сол тавонистанд ба қатл расонанд. Инак, расо пас аз 20 сол ИМА бо ҳампаймонҳояш аз НАТО хоки Афғонистонро тарк мекунанд.

Ҳама чиз мисли ҳисобшуда аст ва дар худ гӯё “ҷашнвора” (юбилей) дорад: 10, 20 сол. Ин шояд барои бархе як тасодуф намояд, аммо сиёсат тасодуф дорад?

Албатта, ин нукта ҳам ҳаст, ки сиёсати хориҷии ИМА мисле таҳия шудааст, ки ё ҷумҳурихоҳон онро тафсон мекунанду демократҳо нармтар. Ё баръакс. Дар натиҷа на танҳо сиёсати дохилии Амрико, балки хориҷиаш ҳам ба ин ё он тараф шакл мегирад…

Бештар аз ин, шояд акнун таъбири “мубориза бо терроризм”, ки махсусан дар 20 соли ахир дар маҳфилҳои сиёсӣ мавзӯи асосӣ буд, дар луғатномаҳои сиёсӣ – иқтисодӣ шарҳи нав пайдо мекунад. Ҳамон гуна, ки ин вожаро ҳар ҳукумати дунё то ин замон ҳам бо хости худ шарҳ медод.

Зимнан, “Толибон” барои бархе кишварҳо, аз ҷумла ИМА ҳоло “бачаи ганда” нест. Онҳо омодаанд ин гуруҳро, ки то ҳол дар рӯйхати аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун нерӯи террористӣ шинохта мешаванд, эътироф кунанд ва ҳамкорӣ дошта бошанд. Вашингтон ин назарро дорад, ки агар ин гуруҳ тағйир ёфта бошад ва “аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишвар таҳдид сурат нагирад”, омода аст бо он робита барқарор намояд.

Ҳарчанд Қасри Сафед бо “Толибон” солҳост сари мизи гуфтушунид мешинаду онҳоро хуб мешиносад, ҳарфи рӯзҳои ахирашонро дар мавриди “агар аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре таҳдид сурат нагирад”-ро мешавад гуногун тафсир кард. Суол якест: оё манзур ва ё хавфи ИМА ҳоло аз чист ва “ҳеч кишвар” куҷо буда метавонад?

Вақте “Толибон” “амрикоӣ”, “русӣ”, “эронӣ”, “туркӣ” мешаванд…

Ба назар мерасад, ки мавқеи Амрико дар ин қазия ниҳоӣ нест. Он ҳар лаҳза метавонад дигар шавад. Ҳамон тавре, ки пеш аз 15-уми август хоки Афғонистонро нерӯҳои амрикоӣ тарк карданд ва бо гузашти чанд рӯз дигарбора бо 3000 сарбоз баргаштанд. Мегуфтанд, ки ҳадафашон аз Афғонистон берун кардани шаҳрвандони амрикоист. Воқеан, андактар Кобулро боз ҳам тарк намуданд. Вақте Ашраф Ғанӣ фирор кард ва «Толибон” ба Арк ворид шуданду тамоми Афғонистонро, ғайр аз Панҷшер, зери назорат гирифтанд.

Ҳоло, махсусан пас аз ҳуҷуми “Толибон” ба Панҷшер, куштори мардуми бегуноҳ ва тазоҳуроти мардум, хоса занон дар Кобулу шаҳрҳои дигари Афғонистон ва кишварҳои гуногун масъулони Кохи Сафед мегӯянд, ки “ягон нафар дар маъмурияти президент Ҷо Байден бовар надорад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ касе ба “Толибон” эҳтиром қоил бошад”. Пештар аз ин, котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен, дар мулоқоти онлайн бо намояндагони Олмон ва 20 кишвари дигар гуфт, “маъмурияти “Толибон” бар асоси амалаш баҳогузорӣ хоҳад шуд”. Як муаммои нави сиёсӣ.

Ин нукта низ муҳим аст, ки дар муносибат бо “Толибон” абарқудратҳои дигар ҳам, чанд соли ахир шеваи хоси робита доранд. Ҳатто гуфта мешавад, ки ин гуруҳи барои аксар ҳоло ҳам дар варақҳои қонун ифротӣ, гароишҳои гуногун доранд. Ба ҳар сурат, акнун «Толибон»-ро ба гуруҳҳои “амрикоӣ”, “русӣ”, “эронӣ”, “туркӣ” ва дигарон ҷудо ҳам мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар абарқудрат дар ин кишвар манфиатҳое дорад ва онро ба гунаи худ бароварда карданист.

Дар натиҷа то рӯзҳои наздик бархе аз кишварҳои дигар ҳам ҳузури “Толибон”- ро воқеияти имрӯзи Афғонистон қабул карданӣ мешуданд…

 Пас воқеият чист?

Дар ҳақиқат баҳои қотеона додану хулоса кардан аз рухдодҳои ахири Афғонистон ҳоло ҳам осон нест. Он дар назари аввал хеле зуд ва ғайриинтизор сурат гирифт. Барои ҳамин, то ҳанӯз пешгӯинашаванда арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд гумон аст, ки чунин як ҳодисаҳои бузург бидуни сенария ва барномаҳое хос анҷом мешаванд.

Гуфтан ҳам душвор аст, ки то 11-уми сентябри пешорӯ кадом иттифоқи дигаре пеш меояд, ё не. Ба ҳар сурат, “11 сентябр” сар аз соли 2001 ҳамеша аз худ дар ин ё он шакл  дарак додааст. “Толибон”, ки пас аз бисту чанд рӯз ниҳоят “ҳукумати худро” шакл доданд, мегӯянд маҳз рӯзи 11-уми сентябри пешорӯ муаррифӣ мекунанд ва маъракаи “савгандёдкунӣ” анҷом медиҳанд.

Ҳоло маълум нест, ки онҳо ба чӣ қасам мехӯранд. Ба Қуръон, ки фаъолияти худро ба пояи он ва суннат нисбат доданӣ мешаванд, ё Қонуни асосии Афғонистон, ки ҳоло маълум мешавад барои “Толибон” арзише надорад. “Сарпараст”-ҳоеро, ки дар “ҳукумат” таъин кардаанд, мегӯянд на дар пояи коршиносиву ҳирфавият, балки “садоқат” ва “мутаддайин” буданашон интихоб кардаанд.

“Аморати исломии Афғонистон” унвон кардани Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷониби “Толибон” дар худ аслан бояд маъниҳои сиёсӣ ва геополитикӣ дошта бошад. Ҳарчанд онҳо мӯътакиданд, ки ҳадафашон сохтани низомест танҳо бар пояи Қуръону суннат. Оё ин гуна давлат дар асри 21 имкон дорад? Хоса дар як кишвари ҷангзада ва баҳсҳо дар бораи исломи сиёсӣ дар ҷаҳон…

Барои онҳое, ки ин маъно ва сиёсатҳои атрофи онро мефаҳманд, дарк кардан душвор нест, ки масъала дигар аст. Як чиз яқин аст: “аморат” дар ҳудуди як давлат тамом намешавад. Ин ҳам, ки раҳбарашон Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро “амиралмӯъминин” (яъне барои тамоми мусалмонҳои дунё) эълон кардаанд, дар худ паёми ҷиддӣ дорад. Фақат барои Афғонистон не…

Аслан ҷанг дар Афғонистон ҳамеша сиёсӣ – иқтисодӣ буд, на исломӣ. Ба сиёсатҳои ин кишвар ҳам рабти камтар дошт. Бозингарони аслӣ нақшаву дурнаморо дақиқан барвақт кашидаанд.

Вақте Чин ҳам ба баҳсҳои низомӣ ҳамроҳ мешавад…

Бо ин вуҷуд, гуфтан мумкин нест, ки “11 сентябр” аз “15 август” фарқ надорад. Тирамоҳи соли 2001 вазъ дигар буд. Гӯё ҳама мутмаин шуданд, ки Афғонистон хатарзо шудааст ва ҳамагӣ дастбагиребон гаштанд. Ҳатто кишварҳои Осиёи Миёна, ки он замон таъсири Русия аз ҳоло бамаротиб бештар дар онҳо буд, омода шуданд, ки бо ҳар васила таъсире ба ҳодисаҳо гузошта бошанд ва ҳам манфиати молие дарёбанд. Путин як шаб ба Душанбе омаду зуд ба Маскав баргашт. Гуфта мешуд ҳамаи масъалаҳои вобаста ба минтақа дар ҳамин “сафари шабона” ҳалли худро ёфт.

Соли 2021 чунин нест, ҳарчанд “омилони хатар”-и соли 2001 акнун гуфтан мумкин тамоми Афғонистонро дар ихтиёр доранд. Путин аввали аввал ба Шавкат Мирзиёев занг зад. Танҳо пас аз чанд рӯзи дигар ба Эмомалӣ Раҳмон, ки Лукашенко мегӯяд ҳич касе дигар аз роҳбарони дунё мисли ӯ ҳодисаҳои Афғонистонро сарфаҳм намеравад. Шояд Путин дар масъалаи вобаста ба бозгашти сарҳадбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мувофиқа ҳосил накард ва “ранҷид”?

Ато Муҳаммади Нур ва Дӯстум ҳам аввал ба Ӯзбекистон фирор карданд. Аммо чанд рӯз пас маҷбур шуданд, ё Тошканд “воқеиятҳоро фаҳмид”, ки онҳоро аз ин кишвар берун кард. Зеро хатарҳои воқеиро эҳсос намуд…

Пеш аз ин ҳодисаҳо ИМА “гила” кард, ки ҳеч кишваре дар Осиёи Марказӣ, ҳатто Покистони ҳампаймонаш, чӣ расад ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, ё Қирғизистон, ки бештар ба ҳарфи Русия гӯш меандозанд, барои бунёди пойгоҳи низомӣ розӣ нашуд. Ҳол он ки соли 2001 дар минтақа ҳади ақалл дар ду кишвари Осиёи Миёна чунин пойгоҳро дошт. Мисле, ки Кремл ин бор розӣ нашуд.

Аммо чаро Покистон ҳам “гапнодаро” гардид? Мегӯянд Исломобод ҳоло бо Пекин “моҳи асал” дорад ва ба манфиатҳояш Чин дар вазъи феълӣ наздиктар аст. Чине, ки то ҳамин наздикӣ, масалан то қазияи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ҳич гоҳ ба ҳодисаҳои ҷангӣ ҳамроҳ намешуд. Аввалин аломати худро дар ин росто он вақт маълум кард ва инак, дар қазияи ахири Афғонистон онро бармало намуд. Шояд мутмаин шудаанд, ки сиёсатҳои бузург дар минтақа танг омадааст ва дермонӣ мекунад.  Дуруст, ҳоло ҳам мегӯянд Пекин таъсири низомӣ надорад, танҳо иқтисодӣ ва молиявӣ. Аммо ин ки муваффақ шуд Покистон ба Пентагон барои сохтани пойгоҳи низомӣ иҷозат надиҳад, дар сиёсати калон ҳарфи андак нест. Як нукта набояд фаромӯш шавад: Чин дар Афғонистоне, ки то имрӯз ягон кишвар роҳи оҳан насохтааст, онро сохтанӣ буд ва ин ниятро албатта, дорад. Дар Афғонистоне, ки гуфта мешавад захираҳои бузурги табиӣ дораду онро бо сабабҳои ҷанги чилсола касе берун бурда натавонист!

Фарзияҳо дар доираи “Чаро ин тавр шуд?

Ин ки ҳамаи ҷангҳои асри 21 геополитикианд, гапи нав нест. Аммо сабабу омилҳое зарур. Дар қазияи нави Афғонистон ҳам чандин фарзияҳо метавонад ҷо дошта бошад.

Як фарзия ин буда метавонад, ки вақте нерӯҳои амрикоӣ дар ҳеч кишвари минтақа ҷой барои пойгоҳи низомӣ пайдо накарданд, “қасд” гирифтанд: аслиҳаи худро аз Афғонистон берун набурданд ва онро “Толибон” бидуни мушкил аз худ карданд! Яъне, ҳушдор ба кишварҳои минтақа: “акнун Шумо медонеду онҳо”!

Ин ки дар оянда ин гуруҳи ифротии акнун бо аслиҳаи навтарин муҷаҳҳаз барои худи ИМА дигарбора “хатар” (он чи ки дар Кохи Сафед гуфтанашро дӯст медоранд) нахоҳад шуд, аз варианти дуюми ҷараёни ҳодисаҳо, ки дар чунин қазияҳо ҳамеша ҷо доранд, вобаста хоҳад буд.

Варианти дуюм ба он иртибот мегирад, ки варианти якум чӣ натиҷа медиҳад. Феълан он як ё ду буда метавонад: 1) “Толибон”-ро кишварҳои дигар ахиран ба расмият мешиносанд, ё не?; 2) Ин гуруҳи ифротӣ, ки акнун гароишҳои гуногун ба абарқудратҳо дорад, то куҷо ҳадафҳои ба ИМА наздикашро бароварда месозад.

Фарзияи дигар шояд ин бошад, ки бо рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон, дар Вашингтону Пентагон мунтазир буданд, ки Русия, Чин ва Эрону Туркия чӣ фаъолмандӣ нишон медиҳанд. Эҳтимол барои ин ҳолат барномае ҷо дошт. Аммо то имрӯз мебинем, ки ҳич кадоме аз ин абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ талоши аз ҳад беш надоштанд ва бисёр эҳтиёткорона бархӯрд карданд. Кишварҳои минтақа ва ҳамҷавори Афғонистон ҳам. Ҳатто баёнияи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамовозиҳое пайдо кард, мисли суханрониаш дар соли 1993 аз минбари СММ бо ҷуръати зиёд набуд. Эҳтимолан вазъият он вақт ин қадар печида набуд, ё ӯ, ки як сиёсатмадори навкор ба ҳисоб мерафт, на ҳама бозиҳои сиёсиро медонист. Шояд ҳарфҳои сахташро барои ҷаласаи ШОС ва СПАД, ки дар Душанбе ҳафтаи дигар зери роҳбарии ӯ мегузаранд, ҳифз кардааст. Аммо фаромӯш намекунем, ки ҳодисаҳои Афғонистон соат ба соат метавонанд тағйир ёбанд. Хоса, пеш аз 11 сентябр ва ҳам ҷаласаҳои ШОС ва СПАД, ки муҳимтарин ҷаласаҳои вобаста ба Афғонистон хоҳанд буд. Ин гапи андак нест, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои абарқудрати минтақа ҷамъ биёянд ва кишварҳои дигари абарқудрат, ки аз ин маҳфил берунанд, танҳо назорат кунанд. Пас, гардиши дигаре дар қазияи Афғонистон метавонад пас аз нишстҳои Душанбе сурат гирад, агар пеш аз он иттифоқе наояд.

Фарзияи сеюм, метавонад аз фарзияи ду барояд ва ба бархӯрдҳои қавмиву миллӣ дар минтақа вобаста бошад. Ҳатто мазҳабӣ ҳам. Дар ин гуна бархӯрд ҳайати ғайриафғонии “Толибон” ҳам метавонанд нақш бозанд, ки зодагони кишварҳои минтақаанд ва намояндагӣ аз “аморати исломӣ” мекунанд.

Паёмҳои қазияи Афғонистон

Ҳоло шояд дар маҳфилҳои сиёсии кишварҳои гуногун паҳлӯҳи мусбату манфии ҳодисаҳои Афғонистонро барои худ чен мекунанд. Назари мо ин аст, ки дар ин қазия ҳич касе наметавонад подоши мусбат бигирад, ҳатто тарроҳонашон.

Зеро Афғонистони пас аз 15-уми август:

Созмонҳои байналмилалиро батамом беобрӯ кард, ки нақше бештар аз як тамошобин надоранд;

Кишварҳое, ки демократияву озодиҳои инсонро байрақ мекарданд, ба сифати бозингарони паси парда рӯнамо шуданд (воқеан, Байден ҳамин рӯзҳо гуфт, ки Амрико аз ин пас “бозии демократиясозӣ” дар дунёро нахоҳад дошт);

Машрӯият касб кардани ҳар ҳукумат осон мешавад. Вагарна чаро таркиби “ҳукумати” ”Толибон” ҳоло мавриди баҳсҳост, аммо касе масъала намегузорад, ки онҳо ҳукуматро ғасб кардаанд, ғайриқонунӣ худро дар қудрат ҷилва медиҳанд? (Танҳо як ишораи нозук дар бораи бо овоздиҳӣ интихоб шудани ҳукумат дар баёнияҳои Тоҷикистон дида мешавад);

Мансабдорону шахсиятҳои пуртаъсири ришвахор барои худ сабақ гирифтанд, ки воқеият дигар аст ва халқ онҳоро дӯст намедорад, на он тавре пештар дигаргуна хаёл мекарданд. Ҳодисаҳо дар чанд рӯз метавонад батамом дигар шавад;

Гуруҳҳои ифротӣ дар ҳар гӯшаи дунё шавқманд шуданд, ки дар як лаҳза метавонанд аз “рӯйхати сиёҳ” берун гашта, “бачаи хуб” ва ҳатто ҳукумат шаванд;

Диктатору режимҳои худкома акнун барои чанд вақт ифтихор мекунанд, ки “сахтгириҳояшон” кори дуруст аст;

Ҳукуматҳои ғайридемократӣ паём мегиранд, ки маълумоти ба онҳо мерасида, ҳатто аз ниҳодҳои дар назар вафодорашон метавонад дурӯғ ва ҳатто иғво бошад.

Ҳукуматҳо танҳо як шарик дошта метавонанд ва он ҳам самимияти халқаш аст, на ҳеч кишвари дигари абарқудрат, ки манфиатҳояш ҳар замон метавонад дигар шавад…

Хулоса, гуфтан мумкин аст, ки ба ҳар сурат тақвими сиёсӣ бо паёмҳои ҳоло номаълум кушода мешавад. Аз он кӣ барои худ чӣ бардошт мекунад, ҳарфи баъд аст.

Ин маъноеро дорад, ки “Толибон” “дигар” нашудаанд, он тавре дар ибтидо гуфтан мехостанд, балки воқеиятҳо дигар шудаанд!

Ба онҳо кӣ омода аст ва кӣ не, гаштҳои нави шоҳмотбозони сиёсӣ маълум хоҳанд кард. Шояд санааш ҳам акнун муҳим нест: 11-уми сентябр, 16 сентябр, ё ҳар моҳи дигар…

Раҷаб МИРЗО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь