Напурс, ки Ватан бароят чӣ мекунад, бипурс, ки барои Ватан чӣ кор карда метавонӣ.

Ҷон Кеннедӣ

Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Ховалинг кору фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Низомномаи Вазорати молияи ҶТ, Қонун дар бораи Буҷети давлатии ҶТ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда, пеш бурда истодааст. Дар Раёсати молия тибқи нақшаи тасдиқгардида 14 воҳидӣ корӣ, аз ҷумла 11 нафар хизматчии давлатӣ ва 3 нафар кормандони техникӣ кору фаъолият менамоянд. Раёсат ба 93 ташкилоту муассиса, аз ҷумла 10 муассисаи аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 83 муассисаи аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда хизмат мерасонад. Ҳамчунин 17 муассиса, аз ҷумла 10 ноҳиявӣ ва 7 ҷумҳуриявӣ дорои суратҳисоби маблағҳои махсус мебошанд.

Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 аз рӯи ҷадвали воҳидҳои корӣ ва тарификатсияҳо ҳамагӣ 3 550 воҳидӣ корӣ мавҷуд буда, музди меҳнати моҳонаашон маблағи 3 360 000 сомониро дар бар мегирад. Музди маоши миёнаи ҳар як корманди соҳаи буҷетӣ ба 946 сомонӣ рост меояд.

Буҷети маҳалии ноҳия барои соли 2024 дар қисми даромад ба миқдори 59 757 312 сомонӣ, аз ҷумла субвенсия аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 17 663 869 сомонӣ, аз ҳисоби андозу даромадҳои ноҳия 41 416 200 сомонӣ, касри буҷет 677 243 сомонӣ ва дар қисми хароҷот ба миқдори 59 757 312 сомонӣ, аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шудааст. Андозу даромадҳои худӣ 70 фоиз ва ёрии молиявӣ (субвенсия) бошад, 30 фоизи буҷети ноҳияро ташкил менамоянд.

– Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 100,1 фоизи нақша, яъне ба ҷои 20 080 000 сомонӣ 20 095 779 сомонӣ таъмин гардид. Як намуди андоз ин ҳам бошад, андоз аз даромад ба андозаи 88,4 фоизи нақша иҷро гардид, ки аз нақшаи тасдиқгардида 1 181 939 сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии иҷро нагардидани ин намуди андоз дар номусоид омадани баҳори имсола мебошад, ки аз ҳисоби омадани сел ва фаромадани ярч ба корхонаҳои саноатии ба коркарди метали рақами 1 фаъолияткунанда зарари ҷиддӣ расонида, корхонаҳо ба таври пурра фаъолият карда натавонистанд. Дар ноҳия 6 корхонаи истеҳсолии ба Нозироти андози андозсупорандагони калон тааллуқдошта фаъолият менамоянд, ки 55 фоизи нақшаи андозҳо ба онҳо тааллуқ дорад. Мутаассифона дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ бо сабабҳои болозикр иҷроиши нақшаро дар ҳаҷми 64 фоиз таъмин намуданд.

Дар ноҳия ба ҳолати 01-07-2024 корхонаҳои саноатӣ 21 адад, шахсони ҳуқуқӣ бо назардошти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 386 адад, соҳибкорони инфиродӣ 107 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2258 адад, соҳибкорони бо патенту шаҳодатнома фаъолияткунанда ва шахсони воқеӣ 9354 адад фаъолият менамоянд, ки дар ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия саҳми назаррас доранд. Маблағи мақсаднок аз ҳисоби буҷети вилоят ба миқдори 8 832 000 сомонӣ, 100 фоиз ворид гардид. Маблағҳои воридшуда пеш аз ҳама барои пардохти музди меҳнат, андози иҷтимоӣ ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет хароҷот карда шуда, дар соҳаҳои буҷетӣ ба таври зерин: мақомоти роҳбарикунанда 1463996 сомонӣ, мудофиа 265735 сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 637169 сомонӣ, маориф 17286702 сомонӣ, тандурустӣ 6860246 сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 255044 сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 597550 сомонӣ, фарҳанг 1034155 сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 206325 сомонӣ, нақлиёт 161269 ва дигар хароҷотҳо 69600 сомонӣ сурат гирифта, иҷрои нақшаи 6-моҳа ба андозаи 98 фоиз таъмин карда шудааст. Бояд гуфт, ки ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ музди меҳнат ва андози иҷтимоии буҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳо пурра пардохт гардида, қарздорӣ ва қафомонӣ дар ин самт мавҷуд нест.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати ВМҶТ дар ноҳияи Ховалинг барои ҳимояи ҳуқуқи кормандон дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонидааст. Барои фаъолияти босамар ва натиҷабахш кормандон дар якҷоягӣ бо сардори Раёсат ҳар сол ба саёҳати тобистона ва мавзеъҳои зебои таърихию фарҳангӣ ба истироҳат сафарбар карда мешаванд. Дар арафаи ҷашнҳои Соли нави мелодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ кӯдакони кормандон бо тӯҳфаҳои идона аз ҳисоби аъзоҳақиҳои онҳо қадрдонӣ карда мешаванд. – мегӯяд, Зоирзода Гулмуҳаммад, сардори Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Ховалинг.

Аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсат барои баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ ва омӯзиши Барномаи Вазорати молия ба муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ семинар ва курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Дар ин ҷода саҳми мутахассиси пешбари шӯъбаи хазинадорӣ Гадоев Раҳматуллоро метавон ёдовар шуд, ки нисбати вазифаи дар ӯҳда доштааш ниҳоят серталаб ва самимӣ мебошад. Ба кормандони ҷавон маслиҳатҳои касбӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва сайқал додани малакаи касбӣ тарбия менамояд.

Зоирзода Гулмуҳаммад иброз медорад, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, кормандони Раёсат ҳафтае ду маротиба ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҷалб карда шудаанд. Аз ҷониби роҳбарияти Раёсат дар арафаи иду ҷашнҳо вобаста ба имконият ба оилаҳои ниёзманд ёрии яквақтаинаи моддӣ расонида мешавад.

Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Ховалинг ҳамаи кӯшишҳоро ба он сафарбар менамояд, ки маблағҳои воридшударо пеш аз ҳама барои пардохти саривақтии музди маоши кормандон, пардохти андози иҷтимоӣ ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона намуда, иҷроиши сифатноки буҷети маҳаллиро таъмин намояд.

Билоли ШАМС,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь