Гардиши нав дар баҳси судии марбут ба “Тоҷпромбонк”

Адвокат вазоратҳои молияву адлия, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистонро барои беэътиноӣ ба қарори Суди конститутсионӣ муттаҳам кард. Ин изҳорот ҳангоми мурофиаи судии амонатгузорони “Тоҷпромбонк” алайҳи вазоратҳои молияву адлия дар Суди ноҳияи Шоҳмансур садо дод. Вазоратҳо барои ғайриқонунӣ беш аз як сол манъ кардани фурӯши амволи “Тоҷпромбонк” муттаҳам мешаванд, ки ба қавли даъвогар, ин далелро ҳатто Прокуратураи генералӣ низ муайян ва эътироф намудааст. Беш аз 400 амонатгузори “Тоҷпромбонк” соли дуюм аст, ки наметавонанд миллионҳо сомонии худро аз ин бонки муфлисшуда ситонанд ва онҳо бар инанд, ки дар ин амр вазоратҳои фавқуззикр низ дахил ҳастанд.

Солеҳҷон Ҷӯраев, узви Иттиҳодияи байнулмилалии адвокатҳо, даъвогари аслӣ мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ба бадбахтиву мусибати молиявию иҷтимоӣ ва руҳонӣ дучор шудани мардум мухолифати муқаррароти банди дуюми қисми 1, моддаи 65-и Кодекси гражданӣ бо сархати сеюми қисми 1, моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ” мебошад.

Кодекси гражданӣ мегӯяд, ки ташкилоти қарзии муфлисшуда дар навбати аввал бояд маблағи амонатгузорони қаториро пардохт кунад, аммо Қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ” онҳоро дар мақоми чоруми ҷабрдидаҳо қарор додааст.

Вазорати молия, ки дар “Тоҷпромбонк” 100 миллион сомонӣ сармоя гузоштааст, моҳи апрели соли 2017 ба теъдоди 117 иншооти бонкро, ки 572 миллион сомонӣ арзиш доранд, бо мусоидати Вазорати адлия ба ҳабс гузошт ва фурӯши онро қатъ кард. Аммо то ба ҳол ин суол посухи равшан наёфтааст, ки чаро Вазорати молия барои 100 миллион сомонӣ амволи бо арзиши 572 миллионро ба ҳабс гирифтааст?

Адвокат бар ин аст, ки сабаби ба ҳамчунин иқдом даст задани Вазорати молия қабл аз ҳама муқаррароти Қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ” аст, ки тибқи он, муассисаҳои буҷавӣ ҳақ доранд қабл аз шаҳрвандони қатории амонатгузор ҳаққи худро аз бонк ба даст оранд, ҳол он ки, Кодекси гражданӣ баръакс амонатгузорони оддиро дар навбати аввал мегузорад.

Солеҳҷон Ҷӯраев, ки худ амонатгузори “Тоҷпромбонк” низ мебошад, мегӯяд, ҳарчанд Суди конститутсионӣ ҳанӯз 22-юми майи соли 2018 таъиноти қатъӣ содир карда буд, ки ин мухолифатро қонунбарор – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бартараф кунад, на фақат Маҷлиси намояндагон, балки вазоратҳои молияву адлия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ онро нодида гирифтанд, ҳол он ки, қарори Суди конститутсионӣ бояд бечунучаро иҷро шавад ва ҳатто тибқи қонун, шикоят бурдан, онро ба баҳсу мунозира кашидан ва зери шубҳа гузоштан қатъиян мумкин нест. Вай мегӯяд, “Қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ” (аз соли 2011) пас аз қабули Кодекси гражданӣ (соли 1999) аз тарафи вакилони Маҷлиси Олӣ кӯр-кӯрона, бар зарари аҳолӣ қабул карда шудааст”. Вай гуфт: “То ҳол бартараф накардани ихтилофи мазкури қонунҳо аз тарафи худи қонунэҷодкунанда, ин нишон додан ва фароҳам овардани имкони мусоиди як роҳи дуздӣ ба коррупсионерҳо мебошад. Ва онҳо барои ғорат кардани мардум дар амал собит сохтанд, ки қонунро ба кадом тараф хоҳанд, ба ҳамон тараф тоб медиҳанд!?”.

Адвокат мегӯяд, беамалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳолест, ки худи Президенти Тоҷикистон чанд маротиба бар бартараф намудани ихтилоф миёни қонунҳо таъкид карда буд ва Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас ба бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқи конститутсиониии шаҳрвандон – амонатгузорон ба моликият ангушт гузоштааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев тавзеҳоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шариф Раҳимзодаро мисол меорад, ки ӯ талаботи моддаҳои номбурдаи Кодекси гражданиро, пеш аз ҳама моддаи 65-ро дар амал рад намуда, супориши Президенти кишвар ва қарори Ҳукуматро аз 7-уми сентябри соли 2017 комилан беэътибор гузоштааст. “Ҳатто Таъиноти Суди конститутсионӣ, ки иҷрои он қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест, худи вакили мардум ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон зери шубҳа гузоштааст. Зеро Қонунҳоро барои ҳама навиштаанд, онҳоро як хел, ҳам шоҳу гадо, ҳокиму тобеъ ва шахсони оддӣ бояд баробар риоя кунанд”,- гуфт ӯ.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар навбати аввал худи қонунгузор – Маҷлиси Олӣ вазифадор аст, ки мухолифати қонунҳоро бинобар номувофиқатӣ барҳам диҳад.

Аз суханронии адвокат Ҷӯраев дар суд:

“Оид ба беамалии Прокуратураи генералӣ!

1. Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон вазифаи конститутсионии худро оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, иҷро накардааст.

2. Аз соли 2017 ва пас аз қабули Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22-юми майи соли 2018) ҳам, то аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур оғоз нагардидани парвандаи гражданӣ оид ба амалҳои ғайриконстутсионии мансабдорони давлатии вазоратҳои адлия ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси вайрон шудани ҳуқуқу манфиатҳои ҳазорҳо шаҳрвандон – пасандозгузорон гардида, дар таҷриба ба таври дахлдор амалӣ шудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шахс ба моликият монеа гардидааст, дидаю дониста ягон чораҷӯӣ накардааст.

3. Ба беамалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Таъиноти қатъии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018 чашм пӯшида, то ҳол ихтилофи қонунҳо бартараф карда нашудааст.

4. Барои пешгирии ҷиноятҳои ошкор ва ба ҳама аёни Зиёев Ҷамшед (раиси собиқи “Тоҷпромбонк”) ва гуруҳи муташаккили ҷиноии ӯ дар давоми ду соли тӯлонӣ ба аризаи садҳо шаҳрванд ва ман нигоҳ накарда, чора наандешидааст.

а) Пас аз ҳабси Зиёев бошад (моҳи апрели соли 2018), ҷиноятҳои зиёди ӯ ва гуруҳи коррупсионии муташаккил оид ба тасарруфи маблағи садҳо шаҳрвандон, аз он ҷумла, дуздии маблағҳои ману писарамро рӯйпӯш намуда, ба Зиёев айб эълон ва моёнро ҳамчун ҷабрдида эътироф накардааст. Ҳатто ба аризаи чандкаратаи ман оид ба ин талабҳо, ба супориши Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, аз моҳи июли соли 2017 то имрӯз ягон ҷавоб надодааст.

б) Тафтишро бошад, ҳамаҷониба ва пурра ба манфиати ҳамаи ҷабрдидагони “Тоҷпромбонк” нагузаронида, бараъло интихобӣ, ба зарари шаҳрвандон ва ба манфиати Зиёев ва ҳаммаслакони ӯ гузаронида истодааст!

в) Роҳбари гуруҳи тафтишотии ӯ Саидов Рустам бошад, ба ҷое, ки дузди калон Зиёевро ба пушти панҷара андозад, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ бараъло берун баромада, бо нархҳои осмонӣ ба фурӯши молу мулки Зиёев машғул шуда, ҷиноятҳои бараъло ба худ аёни дуздонро рӯйпӯш кардааст!

Пешниҳоди ғайриоддӣ

Як воқеияти ҷолиби баҳси “Тоҷпромбонк” ин аст, ки амволи он аз сӯи экспертҳои Вазорати адлия аз буд зиёд нархгузорӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки раиси собиқи он Ҷамшед Зиёев ҳоло дар ҳабс қарор дорад ва раиси наваш ё вакили махсус Ташриф Шарипов аз роҳи ҳамтои қаблии худ пеш меравад. Аз ин хотир, адвокат Ҷӯраев мегӯяд, “факту далелҳои дар мурофиаи судӣ таҳқиқшуда нишон медиҳад, ки Шарипов на он ки ҳаммаслаки Зиёев будааст, балки худаш бо нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда амал намуда, ба тасарруфи маблағи амонатгузорон даст зада, мардумро фиреб, судро бошад кӯшиши гумроҳ кардан дорад ва бо мақсади ғаразнок ва пешниҳоди сохтакориҳои далелҳои қалбакӣ, ҷиноятҳо ба муқобили адолати судӣ содир менамояд”.

Ҷӯраев мегӯяд, Ҷамшед Зиёев ҳатто аз маҳбас истода, ҳамоно сарват меандӯзад, ки ба қавли ӯ, Остап Бендер, қаллоби маъруфро ба як нӯл задааст. Бино ба иттилои ӯ, роҳе, ки барои сарватандӯзӣ Зиёев пеш гирифтааст, ҳеҷ ақлгир нест, масалан, ӯ аз ҳисоби “Тоҷпромбонк” ба ширкатҳои мансуб ба наздиконаш («ТПБ АКВА», «ТПБ-ПЭТ», «Даҳбед-Д», «Даҳбед-Д» -2, «Даҳбед-М», «ТПБ АВТО») бидуни гарав 156 миллиону 122 ҳазору 615 сомонӣ (бо фоизҳои ҳисобшудаи пардохтнашудаашон 77 276 637 сомонӣ) дода, рӯирост 233 399 252 сомонии шаҳрвандон – амонатгузоронро аз худ кардааст. Пас аз муфлисшавии бонк ин қарзҳоро низ бо як маҳорати хос пӯшондааст, аз ҷумла бинои меҳмонхонаи “Сарбонк”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 22 «а»-и шаҳри Душанберо, ки ба 635 ҳазору 516 сомонӣ ба ширкати писараш ҶДММ «Азиз Ко ЛТД» (директори он Сайдинов Олег (додари ҳамсараш) фурӯхта буд, пас аз муфлисшавӣ ба 18 миллиону 511 ҳазору 239 сомонӣ ҳамчун пӯшиши қарз ҳуҷҷат кардааст ва бо ҳамин нарх ҳоло ба савдо гузоштааст. Ба ҳамин минвол, нархи бинои меҳмонхонаи “Сарбонк”, ҳамчунин бинои мағозаи «Моҳи нав»-ро 40 маротиба зиёд нишон дода, ба амонатгузоронаш пешниҳод кардааст, ки ба ҷои қарзашон гиранд (“Фараж” дар бораи нархгузориҳои ғайривоқеӣ ва ғайриқонунии амволи “Тоҷпромбонк” дар матлаби “Зиёев ва Ко” (№26 (552), аз 28-уми июни соли 2017) навишта буд. Лутфан, ба он руҷуъ шавад).

Адвокат Ҷӯраев мегӯяд, Зиёев бо ин гуна найранги моҳирона (комбинация) иншооти арзон фурӯхтаашро аз ҳисоби маблағҳои амонотгузорон ба нархи даҳҳо маротиба қиммат харида, ба ҷои пардохти маблағҳои амонатгузорон ба “Тоҷпромбонк” супорида, ҷиноятҳои тасарруф кардаашро бошад, бо мусоидати шахсони манфиатдори вазоратҳои молияву адлия ва Прокуратураи генералӣ аз ин ҳисоб пӯшонида, зиёда аз ин, якҷоя бо вакили махсус Шарипов Тақдир боз маблағҳои амонатгузорони Бонкро дуздидааст ва сӯиқасд ба тасарруфи он кардааст.

Ба қавли Ҷӯраев, Зиёев ин қаллобиҳояшро бо мусоидати “шахсони манфиатдор”-и ниҳодҳои давлатӣ анҷом медиҳад, аз ин хотир, ӯ ба судя пешниҳод кард, ки аз Вазорати молия пурсида шавад, оё омода аст ба 100 миллион қарзаш аз “Тоҷпромбонк” амволи бо нархҳои кайҳонӣ гузоштаи Зиёевро харад? Вай гуфт, вақте ниҳодҳои давлатӣ худ ин нархҳои ғайриқонуниро қабул мекунанд, бузургворӣ мекарданд, ки пеш гузашта, аввал худ онҳоро харанд. Вай афзуд, агар онҳо ин корро кунанд, аз даъво ва ҳатто маблағи худаш даст мекашад (суд Вазорати адлияро, ки эксперташ ин нархгузориҳоро анҷом додааст , муваззаф кард, то қазияро рӯшан кунад).

Дар охири суханронии худ адвокат Ҷӯраев аз Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷумла талаб кард, ки 1) ба супориши расмии муовини вазири адлияи Тоҷикистон Мирсайзод Ҳаким Саид аз 19-уми майи соли 2017 ва супориши муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед аз 18-уми майи соли 2017 баҳои ҳуқуқӣ дода, онҳоро ҳамчун амали ғайриконститутсионӣ беэътибор донад; 2) аризаи ӯро пурра қонеъ гардонида, Вазорати адлия ҳуҷҷатҳои 117 молу мулки ба ҳабс гузошташудаи “Тоҷпромбонк”-ро ба соҳибмулк баргардонад; 3) нисбати Зиёев Ҷамшед ва вакили махсуси “Тоҷпромбонк” Шарипов Тақдир ва дигарон парвандаи нави ҷиноятӣ оғоз карда, маводҳо барои тафтиш, якҷоя бо парвандаи Зиёев Ҷамшед, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад; 4) нисбати мутахассисони молшиноси Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи ҶТ, раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи ҶТ ва дигарон барои дидаю дониста додани хулосаи ғалат ба манфиати гуруҳи муташаккили ҷиноятии Ҷамшед Зиёев ва мусоидат барои содир намудани ҷиноятҳои нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандон – пасандозгузорони Бонк бо роҳи қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, нисбат ба беамалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷро мондани Таъиноти қатъии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Прокуратураи генералӣ барои сӯйистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ, рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои дуздии Зиёев Ҷамшед ва мусоидат ба содир намудани ҷиноятҳои нави тасарруфи маблағҳои амонатгузорон баҳои ҳуқуқӣ дода, ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти хусусӣ бароварда шавад; 7) нисбати вакили махсуси ҶСП “Тоҷпромбонк” Шарипов Тақдир ба унвони Раиси Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти хусусӣ бароварда, ӯ барои нобоварӣ, сӯйистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, аз вазифааш сабукдӯш карда шавад.

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь