Гарон шудани нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе миёни ҷомеа сарусадоҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Қарори боло бурдани нархи роҳкироро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул намуд. Мувофиқи ин қарор, сар аз рӯзи 10-уми ноябр ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути троллейбусҳо 1,5 сомонӣ бо корт ва 2 сомонӣ бо пули нақд, автобусҳо 1,80 сомонӣ бо корт ва 2,5 сомонӣ ба таври нақдӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тариқи таксӣ 3,00 сомонӣ боло бурда шуд. “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар иттилоияи худ сабаби қимат шудани нархи роҳкироро ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт дод.

Акнун саволе ба вуҷуд меояд, ки масъулин ҳангоми қабули қарори боло бурдани нархи роҳкиро манфиатҳои ронандагон ва ниҳоди дахлдорро ба инобат гирифта, нархи роҳкироро беш аз 50 дарсад қимат карданд, дар ҳамин маврид манфиат ва харҷи мардумро касе ҳаст, ки ба инобат гирад? Аз вазъияти иқтисодии мардум сухан нагуфтанамон беҳтар. Чанд вақти охир гарон шудани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия – орду равған, гӯшту шакар ва маводи сӯхт боиси нигаронии гаштааст. Болоравии нархи роҳкиро боз як дарди дигаре шуд, ки онро ҳам бояд мардум тоқат кунанд. Маълум нест, дар кишвар чанд фисади даромади хонаводаҳо барои роҳкиро масраф мешавад. Аммо баъди қимат шудани роҳкиро як нафар дар Душанбе барои рафтан ба ҷойи кор ва бозгашт ба хона ҳадди ақал панҷ сомонӣ харҷ мекунад, ки дар як моҳ 150 сомонӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол маоши миёна дар кишвар 1300 сомонӣ ва ҳаҷми миёнаи нафақа 321 сомониро ташкил медиҳад. Наход ниҳодҳои дахлдор аз вазъи муташанниҷи иқтисодии мардум огоҳ набошанд. Барои дидани ин ҳолат ба кӯча баромадани раисону вазирон шарт нест, танҳо кофӣ аст, ки як бор ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар бизананд ва аз нигарониву изтироби мардум нисбати гарониҳо огоҳ шаванд. Агарчӣ дар кишварҳои ҳамсоя низ гароншавии нархи роҳкиро ба назар мерасад, аммо ин ҷо ҳам бояд миқдори маош ва нафақаро дар он кишварҳо фаромӯш накунем.

Нархи роҳкиро қимат шуд, тартибу низомро кӣ танзим мекунад?

Ҳоло ки нархи роҳкиро боло бардошта шуд, арзон шудани он дар гумон аст. Аммо баъди он ки нархи роҳкироро баланд бардоштед, пас тартиботро ҳам ба танзим дароред. Ҳамоно ронандаҳои нақлиёт мусофиронро ба таври линчаҳои картошкаву пиёз бор мекунанд. Дар ин бора пайваста мегӯянду менависанд, вале вазъ тағйир наёфт, баръакс баъди қимат шудани нархи роҳкиро ин кор авҷ ҳам гирифта истодааст. Бо вуҷуди он ки нархи роҳкиро гарон шуд, аммо нафси ронандаҳо пастшавӣ надорад, балки бештар аз пештар баднафс шудаанд. Талаботи онҳо-ку қонеъ намешавад, аммо масъулинро чӣ шудааст, ки ин ҳамаро мушоҳида мекунанд, вале мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд?!

Муомилаи бади ронандаву пулчинакҳо бо мардум мисли пешина дағалона ва дурушт боқӣ монд. Ронандаҳо дар дилхоҳ макон нақлиётро боз медоранд ва то ҳадди ғунҷоиши сӯзан мусофир мегиранд. Гарчанде мардум эътироз ҳам кунанд, аммо ронандаву “кондуктор”-аш бо тамоми беэҳтиромӣ ва дӯғу пуписа ҷавоб медиҳанд, “намефорат, таксӣ бшин. Морам зиндагӣ дорем”. Бар замми ин ҳама, масъалаи “кондуктор”-ҳо, ки дар ҷойҳои серодам нақлиётро манъ карда, мардумро бо садои баланду гӯшхарош барои нишастан даъват мекунанд, боиси нигаронист. Магар ин ҳама вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нест? Фарҳанги шаҳрдориамонро ҳамин гуна пос медорем? Агар сайёҳ ё хориҷие ин ҳодисаҳоро бинад, чӣ бардошт мекунад?

Мушкили ҷадид болои ин ҳама мушкилиҳо

Мушкилии дигари нақлиёти мусофирбар суст ҳаракат кардани онҳо мебошад, ки тӯли чанд рӯзи охир ин вазъиятро бисёр мебинему мешунавем. Ин ҳолат бештар дар автобусҳо ба назар мерасад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар ин бора зиёд мегӯянд. Қаблан автобусҳову троллейбусҳои дохилишаҳрӣ танҳо дар истгоҳҳо таваққуф мекарданд, аммо имрӯз вазъият дигар шудааст.  Чуноне, ки журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ – Бобоҷон Шафеъ дар саҳифаи “фейсбук”и худ навишт:  “…Ва аммо автобусҳо муъҷиза: Соли аввали ҷорӣ шудани кортҳои пардохт, автобусҳои шаҳрӣ ва троллейбусҳо танҳо дар истгоҳҳо манъ мекарданд. Ҳоло чӣ? Ҳар ҷо ронанда хоҳад ва ҳар ҷо мусофире дар роҳ даст боло кунад. Айнан маршрутка. Дар ин бора устод Абдуқодири Рустам муфассал навишта буданд. Худам низ бевосита шоҳиди ҳолам. Автобуси 25 – рақами давлатиаш 6069ТТ (1224) субҳи имрӯз (11.11.2021) аз “Зарафшон” (Поликлиникаи 14) то “Дом печат” дар муддати 55 дақиқа расид. Дар роҳ ҳар ҷо мехост, одам савор мекард. Ман, ки пеш менишастам, як бор садо баланд кардам, ки аз маршрутка ҳам гузарондӣ. Ронанда ду истгоҳи дигар ором рафт. Аммо нашуд, ки нашуде… Боз сари ҳар қадам мусофир мегирифт.” Дар идомаи ҳамин матлаб устод Бобоҷон Шафеъ менависад: “Боло бурдани нарх боз ба фоидаи ҳамин гуна ронандаҳо шуд. Ҷайби онҳо пур мешавад ва боз ҳам ба ҷайби давлат намерасад. Чаро? Ҳоло дигар мардум медонанд, ки автобусҳо ҳар ҷо дилашон хосту даст бардоштанд, манъ мекунанд. Чӣ лозим, ки корт харанд ва пул гузаронанд? Ба ронанда медиҳанд ва роҳат аз ҷойе мехоҳанд савор мешаванд.

Яъне, боз ҳам мо фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишиниро фаромӯш мекунем. Магар масъулин намебинанд? Ҳатман мебинанд, аммо чашм мепӯшанд. Охир, онҳо низ зиндагӣ доранд ва бояд доля ситонанд. Вале агар чунин аст, даъвои созмонҳои нақлиётии шаҳр, ки мехосанд бо боло бурдани нарх ҳаҷми зарарро коҳиш диҳанд, то куҷо дуруст аст? Агар пул ба ҷайби ронанда равад, зарарро аз кадом ҳисоб мепӯшед? Ё соле баъд боз нархро боло мебаред?”.

Дар ин бора  рӯзи сеюми ноябр (қабл аз расман зиёд шудан нархи роҳкиро) нависандаи маъруфи кишвар устод Абдуқодир Рустам ҳам навишта буданд. Устод дар саҳифаи “фейсбук”-и хеш нақл мекунад: “Ман ба утубусу утубусҳои барқии мусофирбари шаҳр хеле кам савор мешавам, чун солҳои қабл хеле асабонӣ мешудам ва чанд бор бо ронандагонаш ҷанҷол ҳам карда будам…

Ин саҳар маҷбур будам бинишинам; пас аз интизории бесамари таксиҳои 7-сомона ва бо нигоҳ гусел кардани минибуси пуродами хатгардиши 25-ум, илоҷе ҷуз нишастан ба утубуси 25-ум (шумораи палакаш 0034ТТ09) надоштам. Нишастам. Соат 8.15 дақиқа буд. Пас аз ду-се дақиқа пушаймон шудам, вале сабр пеша кардам, оташи ғазабро фурӯ нишондам, ба худ гуфтам, ку, бибинем, чӣ мешавад… Аммо ҳеч чиз тағйир наёфта, балки бадтар шуда: дар фосилаи истгоҳи аввал то дуввум, ронанда, 6 бор (!) утубусро нигоҳ дошт ва мусофир гирифт. Дар фосилаи истгоҳи дуввум то севвум чаҳор бор. Ва минбаъд низ ҳар куҷо мусофире даст боло мекард, ронанда нигоҳ медошту дари пешро боз мекард; чанд бор дар масофаи даҳ метр аз истгоҳ ҳам таваққуф кард. Мусофироне, ки корт доштанд, корташонро ба дастгоҳ мегузоштанд, мусофироне, ки корт надоштанд, як сомонӣ ба назди ронанда мегузоштанду ворид мешуданд. Азбас остонаи дари аввал зуд-зуд аз одам пур мешуд, ронанда гоҳе бо илтимос ва гоҳе бо шиддату садои баланд аз мусофирон мехост, ки ба ақибтари утубус гузаранд ва ба мусофирони роҳинтизори дигар иҷозат бидиҳанд вориди утубус шаванд. Пас аз 20 дақиқа ва ҳудуди 2 км ба гардиши Калинин расидем ва пас аз 35 дақиқа ба Автовокзал. Пас аз автовокзал утубус нимахолӣ шуд ва ронанда боз шурӯъ кард ба нигоҳ доштани утубус дар фосилаи байни истгоҳҳо… Одамон медаромаданду мебаромаданд. 30 дар сад корт доштанд ва 70 дар сад ба ронанда пул медоданд… Ниҳоятан, соати 9.09 дақиқа, яъне пас аз 54 дақиқа ба истгоҳи “Танка” расидем; ман, ки ба манзили мақсуд расида будам, аз утубус фуромадам. Ба ҳисоби ман, зимни тайи ин масофа ронанда, ба ҷуз аз истгоҳҳо, дар 32 ё 33 маврид утубусро дар ҷойҳои ғайри муҷоз нигоҳ дошт ва пул кор кард…”.

 Масъулин ҷавоб намгӯянд. Чаро?

Мо аз редаксия ба масъулини МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” занг зада, хостем дар мавриди масъалаҳои мазкур савол бидиҳему посухи онҷонибро бигирем, аммо сухангӯйи ин ниҳод чунин гуфт, “Шумо аз муовини раиси шаҳри Душанбе ё сарпарасти шаҳр ва ё ин ки аз шуъбаи иттилоти дастгоҳи раиси шаҳр иҷозат мегиред, моро дастур медиҳанд, баъд мо дилхоҳ маълумотро ба шумо медиҳем. Тартиб ҳамин гуна аст”. Ҳарчанд мо исрор варзидем, то назари онҳоро гирифта бошем, вале иброз доштанд, ки “Мо бе иҷозати онҳо назарамонро ҳам намедиҳем”.

Акнун мо ба кӣ умед бандем? Кӣ ба саволҳои мо ҷавоб мегӯяд? Кӣ ин ҳама мушкилиҳоро ҳал мекунад? Аммо, сарфи назар аз ин ҳама, мо ба шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бовар дорем, ки ин мушкилиҳоро рафъ мекунанд.

Муҳаммадназар НАҶМИДДИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь