Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатӣ ва истеҳсолии Тоҷикистон буда, масоҳаташ 24,560 км² мебошад. Он дар 65 км ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст ва диёри кӯҳҳои баланди пурбарф ва водии гулгулшукуфон аст. Аҳолии шаҳри Турсунзода соли 2016 зиёда аз 52 800 нафарро ташкил медод. Дар шаҳр намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Номи қаблии ин макони зебоманзар «Регар» буд ва соли 1978 ба хотири гиромидошти номи шоири забардасти Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шаҳри Турсунзода унвон гирифт.

Хабарнигори МТЖТ ҷиҳати шиносоӣ бо нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри овозадори Турсунзода дар се моҳи аввали соли 2022 бо раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои амру фармонҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар соли 2022 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва баҳри истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, дар ин самт корҳо идома доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳр дар семоҳаи якуми соли равон чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин давра бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 63 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқот гузаронида шуд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба он аҳамияти ҷиддӣ равона месозад, масъалаи баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4 фармон ва 5 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, се фармоиш ва сию ду қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қарори Маҷлиси миллӣ ва чордаҳ қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, се Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, сию ҳафт банди супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 193 мактуби ҷумҳуриявӣ, 132 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 557 мактуби дохилишаҳрӣ, 55 барқия, 1583 ариза ва муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, дар муҳлати муқарраршуда санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ иҷро ва аризаҳои шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби раиси шаҳр дар ин давра оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва қонеъ гардонидани муроҷиати шаҳрвандон 391 қарор ва 88 амр ба тасвиб расид.

Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр ба роҳ монда шуда, дар ин давра 176 нафар қабул ва муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2022 ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Натиҷаи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли ҷорӣ нишон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 666 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 миллион сомонӣ (9 %) зиёд мебошад. Дар ин давра соҳаи саноат 12,3 фоиз, кишоварзӣ 1,1 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 11,1, сохтмон 2,1 ва соҳаи савдо 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 98 фоиз иҷро гардида, 44 миллион сомонӣ ворид шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи нозироти андоз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллион сомонӣ маблағ бештар ворид карда шуд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 435 нафар бекор ба қайд гирифта шуда, 194 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногун бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамкорӣ бо соҳибкорон

Дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо соҳибкорон давоми семоҳаи аввал дар шаҳр 674 ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Ба ҳолати 1-уми апрел 25074 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуданд, ки талаботи нафақа 26 миллион сомониро ташкил дода, пурра маблағгузорӣ гардид.

Аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони маҳаллие, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, тавассути филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд 238 миллион сомонӣ интиқол дода шудааст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёнаи шаҳр аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба маблағи 79 миллион сомонӣ  қарзҳои хурд ҷудо гардид.

 Саноат

Дар шаҳри Турсунзода, ки яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, барои иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар шаҳр 51 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 247 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 милллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 91 иншоот, тандурустӣ-35, варзиш-30, хизматрасонии маишӣ-4, саноат-21, марказҳои хизматрасонӣ-32, таъмири асосии роҳ дар 45 мавзеъ ба миқдори 130 км, сохтмони 6 пул, кашидани хатти об дар 7 мавзеъ ва 137 иншооти самтҳои дигар ба нақша гирифта шуд. Дар се моҳи аввали сол аллакай 26 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.

Боиси зикр аст, ки имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ таъмири асосии 40 км ва таъмири ҷории 120 км роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, бо мусоид омадани боду ҳаво корҳо дар ин самт оғоз мегардад.

Таъминоти аҳолӣ бо барқ

Дар семоҳаи якуми соли 2022 барқчиёни шаҳри Турсунзода барои таъмини аҳолӣ ва корхонаву ташкилот бо нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар ин давра 118 миллион кВт/соат қувваи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллион кВт/соат бештар мебошад.

Дар ин давра аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Турсунзода” барои таъмини хушсифат ва мунтазами барқ ба истеъмолкунандагон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар хатти ҳавоии 10/0,4 кВт ба миқдори 4040 метр симҳои лучи алюминӣ, 52 адад сарбанд ва 21 адад сутунпояи оҳанию бетонӣ иваз гардид.

Аз тарафи Минтақаи истеҳсоли техникии шаҳр ба истеъмолкунандагон 950 ҳазор метри кубӣ оби ошомиданӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181 ҳазор метри кубӣ зиёд мебошад.

Хуррамгардонии шаҳр

Ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр аз ҷониби муассисаи манзилию коммуналии шаҳр дар минтақаҳои хуррамгардонӣ зиёда аз 32 ҳазор гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуд.

Айни ҳол дар гармхонаҳои муассиса зиёда аз 25 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва 47 ҳазор гулҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта истодаанд, ки барои боз ҳам зебову гулпӯш гардонидани шаҳр равона карда хоҳанд шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва безараргардонии партовҳо, инчунин таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар шаҳри Турсунзода ду лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардида истодааст, ки лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода» ба андозаи  90 фоиз ва лоиҳаи “Барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ” 98 фоиз татбиқ гардиданд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори шаҳр дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ вобаста ба таъмиру азнавсозии роҳҳои марказ ва таъмири шабакаи гармидиҳии шаҳр ду дархости лоиҳавӣ омода ва ба Барномаи сармоягузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ворид карда шуда, ҳамчунин, ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод гардид. Дар ин давра бо масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои мазкур даври якуми музокирот баргузор шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзони шаҳр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар се моҳи соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 346 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кишоварзон дар майдони 13 972 га кишти зироат гузаронида шуд. Аз ҷумла 11156,3 га ғалладонагиҳо, 1114,3 га сабзавот, 1003,5 га картошка, 603,1 га зағер, 10 га тухмии сабзавот ва 84,8 га хӯроки чорво кишт гардидааст.

Дар се моҳи аввали сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот 390,1 тонна, гӯшт 541,3 тонна, шир 5961,4 тонна, моҳӣ 200 кг ва тухм 488,7 ҳазор донаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 4 тонна, гӯшт 500 кг, тухм 1300 дона ва шир 88,9 тонна зиёд истеҳсол гардид.

Гармхонаҳои доимӣ

Майдони умумии гармхонаҳои доимӣ дар соли ҷорӣ 38,4 гектарро ташкил дода, дар давраи зимистони соли 2021-2022 ҷиҳати таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тоза кишоварзони шаҳр дар майдони 14,1 га помидор, 10,1 га бодиринг ва 6 га дигар зироатҳоро кишт намуданд. Дар майдони 4 га лимон ва 1,7 га гулҳои рангоранг парвариш ёфта истода, инчунин, дар майдони 390 га кишти зироатҳои зериплёнкагӣ аз қабили помидор, бодиринг, карам, гулкарам ва ғайра гузаронида шуд.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 аз шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 7576 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар шаҳру ноҳия ва берун аз кишвар содирот шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4427 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ берун аз кишвар 4726 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4344 тонна зиёд аст.

Сардхонаҳо

Барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистонгузаронӣ дар шаҳр 55 сардхона бо ғунҷоиши 11542 тонна мавҷуд мебошад, ки айни ҳол дар онҳо 3797 тонна сабзӣ захира карда шудааст.

Ҷиҳати хуррамгардонӣ ва ободу зебо намудани муҳити зист дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 25333 бех гулҳои мавсимӣ, 11729 бех ниҳоли дарахт, аз ҷумла 5841 бех мевадиҳанда ва 5888 бех сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, 3410 бех қаламчаи дарахтони сояафкан ва 159260 қаламчаи гули садбарг шинонида шуд.

 Чорводорӣ

Дар хоҷагиҳои шаҳр 35569 сар барра гирифта шуда, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор 75774 сар, чорвои майда 198984 сар ва асп 749 сар парвариш ёфта истода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 1134 сар, чорвои майда 10136 сар ва асп 19 сар зиёд гардид. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 191557 сар парранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4512 сар парранда зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мутахассисони маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ бо мақсади пешгирии касалиҳо 30 ҳазору 770 сар чорвои калон ва 12 ҳазору 484 сар чорвои майда эмгузаронӣ карда шуд.

Дар ин давра Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ба маблағи 1 миллиону 392 ҳазор сомонӣ шартнома баста, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар давраи ҳисоботӣ 19 га замини ҳолати мелиоративии ғайриқаноатбахш ба ҳолати қаноатбахш баргардонида шуд.

Дар ин давра 16 ҳазору 558 метри кубӣ ба дарозии 7255 метр шабакаҳои обтаъминкунии байнихоҷагӣ ба миқдори 2090 метри кубӣ ба дарозии 1460 метр заҳбуру заҳкашҳои байни хоҷагӣ тоза гардида, дар масофаи 180 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд. Инчунин 3 адад иншооти гидротехникӣ ва 4 адад обченкунаки гидротехникӣ аз таъмирӣ ҷорӣ бароварда шуд.

 Маориф

Аз ҷониби соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба самти рушди ҷомеа, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона шудаанд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт 63 вохӯриву корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар шаҳри Турсунзода 128 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 68155 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 33000 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд.

Бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 24 мактаб сохтмони 239 синфхонаҳои иловагӣ барои 5640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома дорад.

Дар шаҳр 13 муассисаи томактабӣ барои 2722 тарбиятгиранда фаъолият намуда, инчунин, бунёди 3 муассиса барои 460 кӯдак ба нақша гирифта шуда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 Тандурустӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 1 маркази саломатии шаҳрӣ, 21 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ ва бистаринамоӣ, 28 маркази саломатии деҳавӣ, 50 хонаи саломатӣ ва 10 маркази махсусгардонидашудаи пешгирии бемориҳо фаъолият доранд. Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ 2385 нафар кормандон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои шаҳр ба 6387 бемор хизмати тиббӣ расонида шуд, ки теъдоди беморон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 502 нафар зиёд мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 дар беморхонаҳои шаҳр 1967 кӯдак таваллуд шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230 кӯдаки навзод зиёд мебошад. Шумораи умумии фавт ба 260 нафар расида, нисбати соли гузашта 58 нафар кам гардидааст. Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сохтмон ва таъмири 11 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 4 маркази саломатии деҳавӣ ва 7 хонаи саломатӣ дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар арафаи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз 1 бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 2 маркази саломатии деҳавӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Фарҳанг

Дар соҳаи фарҳанг 51 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ  фаъолият менамояд. Аз ҷумла 1 хонаи фарҳанги марказӣ, 1 муассисаи кӯдаконаи санъат, 3 боғи фарҳангию фароғатӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 3 клуби деҳотӣ, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 2 клуби сайёр ва 3 ансамбл мавҷуд буда, дар он 181 нафар кормандони соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд.

Фонди умумии китобхонаҳои шаҳр 190161 нусхаро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ гардиши китоб ба 52605 нусха расид. Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи ҷавонони шаҳри Турсунзода 104600 (51870 нафарашонро духтарон) нафарро ташкил медиҳад.

Варзиш

Дар давраи ҳисоботӣ 175 чорабиниҳои варзишию оммавӣ баргузор гардид.

Ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар шаҳр 201 иншооти варзишӣ амал карда, дар ин давра 128 нафар варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 100 медал, аз ҷумла аз мусобиқаҳои баналмилалӣ 1 медали тилло ва 1 медали нуқра аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бошад, 38 медали тилло, 27 медали нуқра ва 33 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Таъминот бо кор

Ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 435 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат намуданд, ки 215 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра аз ҷониби Раёсат 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 194 нафар бо ҷойи  кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, 80 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 107 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб шуданд.

 Анъана ва ҷашну маросим

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии сарфу хароҷоти барзиёд ҳангоми гузаронидани маросимҳои милливу динӣ аз ҷониби масъулин тавассути васоити ахбори омма баромадҳо гузаронида, дар нашрияҳои маҳаллӣ оид ба муҳтаво ва моҳияти қонунҳои миллӣ, иҷрои амалҳои хайру эҳсон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, назари ислом ба масъалаҳои хушунат ва зуроварӣ дар оила ва тарғиби фарҳанги либоспушӣ 8 мавод ба табъ расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1073 тӯйи домодиву арусӣ, 50 маросими чил ва 56 маросими сол ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ 1179 маърака гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154 маърака зиёд мебошад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь