Нишондиҳандаҳои гуногуне барои муайян кардани ҷойгоҳи як кишвар дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии он истифода мешаванд. Маҷмуи маҳсулоти дохилии саронаи аҳолӣ яке аз асоситарини онҳо мебошад. Чунки ин нишондиҳанда даромади умумии як кишварро бар сари аҳолии он нишон медиҳад ва тариқи тақсими ММД ба шумораи аҳолӣ ба даст оварда мешавад. Ба воситаи он метавон ба таври тақрибӣ шароити маишии инсонҳоро муайян кард. Албатта, ин ҳам як нишондиҳандае нест, ки дар он шароити зиндагии аҳолӣ сад дар сад инъикос ёбад. Чунки даромади миллӣ метавонад тақсимоти нобаробар дошта бошад ва як қисми кучаки аҳолӣ бештари даромадро аз худ кунаду аксар мардум даромади ночиз дошта бошанд. Тақсимоти даромади миллиро дар иқтисод бо коэффисенти Gini муайян мекунанд, ки ҳар қадар ин коэффисент баланд бошад, ҳамон қадар тақсимот нобаробару ноодилона аст. Дар ин матлаби кутоҳ ба ин тақсимот намепардозем, балки ММД-и саронаи аҳолии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро мавриди таҳлил қарор дода, тамоюли ин нишондиҳандаро дар бист соли охир таҳлилу баррасӣ менамоем.
Солҳои охир раванди ҳамгироии иқтисодӣ дар қаламрави пасошуравӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё суръати бештар пайдо кардааст. Намояндагони расмии кишварҳои аъзои иттиҳоди номбурда пайваста аз манфиат ва ояндаи умедбахши он сухан мегӯянд. Барои санҷидани ин иддао аз додаҳои оморӣ метавон истифода кард ва муайян намуд, ки то чӣ андоза пайвастан ба ин иттиҳод ба рушди иқтисодии кишварҳои аъзои он таъсиргузор будааст ва Тоҷикистон, ки ба он пайваст нест, то кадом андоза дар даҳ соли сипаришуда суръати рушди фарқкунанда дорад. Дар ин ҷо ММД-и саронаи аҳолӣ ба мо кумак карда метавонад. Чунки ҳаҷми кишварҳои муқоисашаванда аз ҳам фарқи калон доранд ва ММД мувофиқ бар он фарқи калон мекунад ва муқоисакуниро мушкил месозад.
Додаҳоро аз сарчашмаҳои гуногун метавон дастрас намуд ва сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ (www.data.worldbank.org) яке аз боэътимодтарини онҳо мебошад. Чунки ин ниҳоди байналмилалӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкории зич дошта, бо роҳҳои гуногуни илмӣ онҳоро ҷамъоварӣ мекунад. Додаҳо дар бораи ММД-и саронаи аҳолӣ барои панҷ кишвари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистонро аз сомонаи мазкур барои солҳои 2005-2023 ба даст овардем ва дар ҷадвали зер қисман пешкаши хонандагон мегардонем:
Маҷмуи маҳсулоти дохилии саронаи аҳолӣ (бо доллари ИМА)
Кишвар | 2005 | 2010 | 2015 | 2020 | 2023 |
Арманистон | 1 608,16 | 3 143,03 | 3 666,14 | 4 505,87 | 8 715,77 |
Белорус | 3 126,07 | 6 034,68 | 5 967,07 | 6 542,86 | 7 829,05 |
Қазоқистон | 3 771,28 | 9 070,49 | 10 510,77 | 9 121,64 | 13 136,62 |
Қирғизистон | 476,55 | 880,04 | 1 121,08 | 1 256,93 | 1 969,87 |
Федератсияи Русия | 5 323,46 | 10 674,99 | 9 277,71 | 10 108,33 | 13 817,05 |
Тоҷикистон | 333,71 | 740,28 | 970,36 | 852,33 | 1 188,99 |
Сарчашма: Хазинаи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ
Аз ҷадвали боло маълум аст, ки Русия ва Қазоқистон аз рӯи ММД-и саронаи аҳолӣ дар миёни кишварҳои мавриди назари мо мутаносибан дар ҷойи якум ва дуюм меистанд. То соли 2022-юм Белорус дар ҷойи сеюм буд, вале дар соли 2023-юм Арманистон ҷойи онро гирифтааст. Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯи ин нишондиҳанда дар зинаҳои пойинӣ қарор доранд. Ҳамин тариқ, дар соли 2023 Федератсияи Русия бо ММД-и саронаи аҳолии баробар бо 13 817,05 доллари ИМА дар ҷойи аввал, Қазоқистон бо 13 136,62 доллари ИМА дар ҷойи дуюм, Арманистон бо 8 715,77 доллари ИМА дар ҷойи сеюм, Ҷумҳурии Белорус бо 7 829,05 дар ҷойи чорум, Қирғизистон бо 1 969,87 дар ҷойи панҷум ва Тоҷикистон дар миёни ин кишварҳо бо ММД-и саронаи аҳолии баробар ба 1 188,99 доллари ИМА дар ҷойи шашум қарор гирифтаанд. Дар як ҷадвал ҷой додани ҳама додаҳо мушкил аст ва барои пурратар дидани тамоюли ММД-и саронаи аҳолӣ дар ин кишварҳо намояеро дар асоси додаҳои солҳои 2005-2023 дар зер меоварем:
Дар намояи боло ба осонӣ дида метавонем, ки тули солҳои 2005-2023 Федератсияи Русия аз рӯи ММД-и саронаи аҳолӣ дар ҷойи аввал меистад. Танҳо соли 2015-ум Қазоқистон онро гузаштааст, ки дар солҳои баъдӣ боз ҳарду ба ҷойҳои худ бармегарданд. Дар ин намоя низ айён аст, ки чӣ тавр Ҷумҳурии Белорус солҳои зиёд дар миёни ин кишварҳо ҷойи сеюмро ишғол мекард, вале дар соли 2023-юм Арманистон аз он гузаштааст. Қирғизистон тайи ин солҳо дар ҷойи панҷум қарор доштааст. То ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суръати рушди ин кишвар ба Тоҷикистон наздик ба назар мерасад, вале аз соли 2016 он зиёдтар шудааст, ки фарқро миёни ду кишвар аз рӯи нишондиҳандаи мазкур бештар гардондааст.
Чуноне ки мебинем, ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ дар соли 2010-ум ба се кишвар- Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Белорус дар солҳои 2010-2013 таъсири мусбати муваққатӣ расонидааст ва иқтисоди онҳо дар ин давра рушди бештар доштааст. Аммо баъдан ин таъсир камранг шуда, дар солҳои баъдӣ, ҳатто баъди фаъол шудани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсиргузории он назаррас нест. Ҳамзамон ду кишвари дертар воридшуда- Арманистону Қирғизистон ҳамин гуна таъсири манфиро ба иқтисоди худ баъди соли 2016-ум, яъне дар солҳои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷриба кардаанд. Тоҷикистон дар ин давра рушди камтар, вале устувор доштааст. Бо вуҷуди ин, кишвар натавонистааст мавқеи худро аз рӯи ММД-и саронаи аҳолӣ дар миёни мамлакатҳои мавриди омӯзиши мо тағйир диҳад.
Хулоса, таҳлили додаҳо аз рӯи нишондиҳандаи Маҷмуи маҳсулоти дохилии саронаи аҳолӣ нишон медиҳанд, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар 15 соли охир аз пайваст шудан ба ин иттиҳод манфиати муваққатӣ гирифтаанд. Дар ин давра танҳо кишвари Арманистон тавонистааст, ки рушди босуръаттару устувор дошта бошад. Бинобар ин, бештар омӯхтани таҷрибаи ин кишвар барои истифодаи он дар тасмимгириҳо ҷиҳати пайвастан ва ё напайвастан ба иттиҳоди мазкур аҳамиятнок ба назар мерасад. Албатта, дигар нишондиҳандаҳо ҳастанд, ки ба хулосаи дуруст баровардан таъсир мерасонанд, ба монанди тақсимоти одилонаи даромади дохилӣ, вале дар маҷмуъ, ММД-и саронаи аҳолӣ як нишондиҳандаи аҳамиятнок аст ва аз рӯи он кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбати Тоҷикистон пешравии бештар дошта, мавқеи баландтарро ишғол намудаанд. Умедворем, чораҳои андешидашудаву амалишуда дар солҳои 2022-2026, яъне “Солҳои рушди саноат” ва дар амал татбиқ намудани Ҳадафи чоруми стратегии кишвар-Саноатикунонии босуръати иқтисоди мамлакат таъсири назарраси худро ба рушди иқтисодӣ дар кишвари мо мерасонад ва мо метавонем, мавқеи иқтисодии мамлакатро боло бурда, сатҳи зиндагии аҳолиро боз ҳам беҳтар намоем.
Лутфулло Баротов,
ходими калони илмии АМИТ