Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати кишвар амнияти озуқаворӣ ва таъминоти аҳолиро бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар ҷои аввал гузошта, аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал овардаанд, ки ҳар як оила захираи ғалладонагиҳо ва маҳсулоти ниёзи аввалияро барои на кам аз ду сол дошта бошад. Баҳри иҷрои ин қарори одилона аз тамоми роҳбарону вазирон, раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо тақозо карда шудааст, ки заминро самаранок истифода бурда, бозори истеъмолиро бо маҳсулоти ниёзи аввалияи арзону босифат таъмин намоянд.

Супориши Пешвои муаззами миллатро раиси ҷавону боистеъдоди шаҳри Душанбе ба инобат гирифта, соли 2017 заминҳои дар тавозуни захиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар собиқ мошинбозори Гипрозем бударо ба Корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе” дар майдони 3,74 га ҷудо намуда, аз роҳбарияти ин корхона даъват ба амал оварда шуд, ки кор дар тамоми самтҳои фаъолияти корхона ҷоннок карда шавад. Пеш аз ҳама, мардум бо гӯшт, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, орд, ғалла ва ғалладонагиҳо таъмин карда мешуданд.

Аз соли 2017 сар карда, Корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе” аз рӯи нақшаи муайяни корӣ фаъолият намуда, ба натиҷаҳои беназир ноил гардида, саҳми худро дар самти амнияти озуқавории кишвар ва таъмини на танҳо аҳолии шаҳри Душанбе, балки тамоми аҳолии кишвар бо маҳсулоти хӯрока ва ниёзи аввалия гузошта меояд. Бо ин мақсад бо истеҳсолкунандагони дохилӣ ва хориҷи кишвар дар асоси супоришҳои раиси шаҳри Душанбе шартномаҳои тарафайн баста шуда, маҳсулоти лозима то анборҳо ва сардхонаҳои корхона оварда мешавад ва баъдан ба нуқтаҳои фурӯш, ки қариб дар ҳамаи бозорҳои пойтахт мавҷуданд, барои фурӯш равон карда мешавад. Ин аст, ки аз соли 2017 сар карда, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия қариб ки боло нарафтааст, аз ҷумла нархи биринҷ, равған, шакар, пиёз ва картошка. Инро метавон сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи раиси ҷавону ояндадори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар баробари хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мардуми кишвар арзёбӣ намуд.

Корхонаи воҳиди давлати «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар 9 моҳи соли 2019 дар пешрафти рушди иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии шаҳр аз молу маҳсулот, инчунин пешгирӣ аз болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе саҳми назарраси худро гузошта, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар 9 моҳи сипаригаштаи соли 2019 корхона дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ харидорӣ ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гандум, орд, равғани растанӣ, шакар, биринҷ ва гӯштро ба роҳ монда, бо ин восита бозорҳои истеъмолии пойтахтро бо ин намуди маҳсулот таъмин намудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат корхона аз ширкатҳои молтаъминкунандаи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия, Белорус ва Ҷумҳурии Исломии Покистон шакар ба миқдори 25995,0 тонна, равғани растанӣ ба миқдори 8411,0 тонна, орд ба миқдори 1087,0 тонна, гандум ба миқдори 7000,0 тонна ва гӯшти гов ба миқдори 20,0 тонна харидорӣ намудааст.

Инчунин, бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ғанигардонии бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, бахусус орд, корхона коркард ва истеҳсоли орди ватаниро ба роҳ монда, аз ҳисоби гандуми воридотӣ айни ҳол ду навъи орд истеҳсол карда истодааст.

Дар нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2019 корхона ба миқдори 2880,0 тонна орди навъҳои 1 ва 2-юм бо номи “Баҳор” ва “Гирдача” истеҳсол намуда, пешниҳоди истеъмолкунандагони пойтахт намуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин муддат корхона вобаста ба иҷрои қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳо ва захираи мавҷудаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия бо воситаи ярмаркаҳои доимоамалкунанда ва баҳри пешвози ҳама иду ҷашнвораҳо, ки дар ин давра гузаронида шудаанд, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро дар ҷойҳои муайянгашта ташкил намуд. Дар ин ярмаркаҳо асосан аз ҳисоби корхона маҳсулоти зерин, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, гӯшт, шакар ва орд бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон карда шуд.

Баҳри пешгирӣ аз болоравии нархҳо ва ғанӣ гардонидани бозор аз маҳсулоти ниёзи аввалия, бахусус гӯшт, дар нуҳ моҳи соли 2019 корхона бо тариқи ғайринақдӣ чорвои зиндаро аз хоҷагиҳои кишвар харидорӣ ва забҳ намуда, дар ин муддат ба миқдори 440 тонна гӯшти гов ва 40,3 тонна гӯшти гӯсфанд бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон намудааст.

Инчунин, вобаста ба таҷлили Иди Қурбон аз тарафи корхона ярмарка- фурӯши чорвои зинда ташкил карда шуда, 1200 сар гӯсфанд бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.

Дар маҷмуъ, аз ҳисоби корхона дар давоми 9 моҳи соли 2019 андозҳо ба маблағи 4030498,0 сомонӣ ва хароҷотҳои гумрукӣ ба маблағи 3564010,0 сомонӣ пардохт карда шудаанд.

Ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия корхона дар нақша дорад, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда молу маҳсулоти хушсифатро истеҳсол, харид ва захира намуда, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон намояд.

Роҳбари Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» муҳтарам Хушвақтзода Фарух Ҳасан мегӯяд, ки “таърихи давлатдории ҳар миллати кӯчаку бузург қаҳрамонҳо ва бузургони худро дорад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик тӯли таърихи давлату давлатдориаш ва мавҷудияти ин халқ хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро касе накардааст ва нахоҳад кард. Инро дар мисоли аз парокандагию ноумедӣ наҷот додани миллат ва ваҳдати саросарию бунёди сохторҳои давлатдориро аз сифр оғоз намудан метавон арзёбӣ намуд. Дар кӯтоҳтарин муддат ба он дараҷаи ободию пешравиҳо ноил гардидем, ки онро дар гузашта дар хоб орзу карда наметавонистем. Итминон дорем, ки дар муддати кӯтоҳ таҳти ливои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо ба яке аз давлатҳои пешрафтаю тараққикарда мубаддал гашта, миллату халқамон зиндагии боз ҳам шоистаро ноил хоҳанд гашт. Дар баробари Пешвои муаззами миллат, раиси ҷавону ояндаи бузург доштаи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки мақсаду маромашон хизмат ба халқу ватани хеш мебошад, пеши мо масъулин супоришҳои басо ҷиддӣ гузоштаанд, ки баҳри хизмат ба ватану миллати хеш камари худро даҳчанд баста, корро дар самти пешравиҳо мусбату ҷиддӣ намоем. Гузашта аз ин, пеши роҳи баланд шудани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ва заруриро гирифта, ба таври кофӣ маҳсулоти заруриро дар анбору сардхонаҳои корхона захира намоем. Ин аст, ки то рӯзи 19-уми ноябри соли 2019 мо беш аз 4,5 ҳазор тонна пиёз, соҳибкорони бозори яклухтфурӯшии корхонаи мо бошанд, 4 ҳазор тонна, мо 2600 тонна картошка, соҳибкорон бошанд, 5 ҳазор тонна, мо 2 ҳазор тонна сабзӣ, соҳибкорон 8 ҳазор тонна, мо ҳазортоннагӣ шалғам, карам ва турб, соҳибкорон 8 ҳазор тонна захира намудем, то дар фасли сармо ва аввали баҳор ба фурӯш бароварда, пеши роҳи зиёдшавии нархҳоро гирифта, то як дараҷа зиндагии шоистаро барои мардуми хеш муҳайё намоем. Дар ин сурат, зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар осон гардида, бозори истеъмолии кишвар ҳифз карда мешавад.

Танҳо давоми моҳи Рамазони соли соли ҷорӣ мо бо супориши раиси шаҳри Душанбе бо нархи 35 сомонӣ 440 тонна гӯшти гов, 40,3 тонна гӯшти гӯсфанд ва 1200 сар гӯсфанд баҳри нигоҳ доштани нархҳои муътадил дар ин моҳи шариф ба савдо баровардем ва то як андоза дар кори худ муваффақ низ гардидем. Дар самти таъмини аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо бо гӯшт мо аллакай беш аз 20 тонна гӯшти босифатро , ки намояндагони мо дар Ҷумҳурии Белорус тариқи суннатӣ забҳ кардаанд, ворид намуда, ба савдо баровардаем. Имрӯзҳо намояндагони мо дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои ворид намудани моли калони шохдор ва майда кор карда истодаанд. Вақтҳои наздик шартномаҳо ба имзо хоҳанд расид ва мо дар самти амнияти озуқавории кишвару ғанӣ гардонидани буҷаи каишвар, ки то имрӯз беш аз 4,2 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои маҳаллӣ ва 3,5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ аст, саҳми худро мегузорем. Ин заррае аз хизматҳои мо дар пайравӣ аз корҳои созандагиву ободкориҳои раиси шаҳри Душанбе хоҳад буд. Дар навбати худ, мо низ амру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро сармашқи кори худ намуда, бозори истеъмолии Душанбешаҳр ва кулли ҷумҳуриро бо маҳсулоти тару тоза ва босифат таъмин хоҳем намуд”.

Саидмурод САИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь