Имрӯз низоми бонкӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим ва муассир дорад. Дар ин асно, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” низ тайи 20 соли фаъолият дар тамоми бахшҳо рушд карда, дар байни мизоҷони худ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, обрӯ ва мақому манзалати хоса касб кардааст. Аз ин рӯ, Бонк бо таваҷҷуҳ ба рушд тасмим гирифтааст, ки барои иҷрои нақшаҳои васеъ ва густурдатаре дар бахши бонкдорӣ дар Тоҷикистон фаъолтар бошад ва ба сӯи як ниҳоди молиявии қавитар ва устувортаре ҳаракат намояд.

Бинобар ин, номи Бонк ба тариқи зайл тағйир дода мешавад:

Бо забони точикӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи

“Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон”

Бо забони русӣ

 

Закрытое Акционерное Общество

“Инвестиционно-Кредитный Банк,Таджикистан”

Бо забони англисӣ Closed Joint Stock Company

“Investment and Credit Bank, Tajikistan”

 

Бренд-номи Бонк ICB бо талаффузи “Ай-Си-Би” мебошад.

Тағйири расмии ном аз санаи 21 Октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” бо тағйири ном ба ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҳозир аст, ки ба ин ҳадафҳои дарпешгузоштаи худ устуворона ва бо ҷиддияти том қадам биниҳад.

Тағйири ном

Бо тағйирёбии ном ҳар амалиёте, ки ба мизоҷон рабт дорад, бетағйир мемонад ва танҳо дар баъзе бахшҳои коргузорӣ, ки дар поён хоҳем овард, тағйиротҳои ночизе ворид карда мешаванд.

Мо дар ин матлаб ба шарҳи одӣ ва зермавзуъҳо хостем барои мизоҷон ва умуман истифодабарандагон, минбаъд – ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ва бренд-номи нави он “ICB” ҳақиқати тағйири номро бифаҳмонем, то барои ҳама ин тағйирёбӣ возеҳу рӯшан бошад.

Нахуст, бояд қайд намуд, ки тағйирёбии ном ба харид, ҳамроҳшавӣ ва ё якҷояшавии Бонк тааллуқ надорад ва сохтори моликон (саҳомон), Шурои директорон, Роҳбарият ва тамоми кормандони он бетағйир хоҳанд монд.

Тамғаи Бонк (логотип)

Маъно ва фалсафаи тамғаи нави Бонк

Симои зоҳирии Бонк бар анъанаҳои чандинасра, фалсафа ва арзишҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим асос ёфтааст. Абрешим тавассути корвонҳо бо масирҳои гуногун интиқол дода мешуд ва он дар натиҷа, бо пайроҳаву роҳҳои бешуморе, ки тамаддунҳои ғарбу шарқро ба ҳам мепайваст, ба худ номи умумиро соҳиб гашт. Роҳи Абрешим бузургтарин шабакаи ҳамлу нақли замони худ буд, ки Ҷумҳурии мардумии Чин, Осиё ва Аврупоро пайваст намуда ва дар рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои гуногун нақши бузург бозидааст. Он дар афзоиши тиҷорат ва сарват низ саҳми арзандае бар ҷой гузоштааст. Роҳи афсонавии Абрешим, инчунин, ба омезиши фарҳанг, тиҷорат ва эҷодкорӣ мусоидат намуда, ба табодули дониш, фалсафа ва кашфиётҳои илмие, ки аз он тамоми ҷаҳон манфиат мебаранд, замина гардидааст. Баъзе аз муҳимтарин марказҳои он дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон (имрӯза) низ ҷойгир будаанд.

Баргҳои тут ҷузъи тарҳи логотипро ташкил медиҳанд. Ин баргҳо, ки дар он кирмакҳо зиндагӣ мекунанд, дар истеҳсоли абрешим унсури муҳим ба ҳисоб мераванд ва то имрӯз ҳам қимат ва ҳам арзиши баланди худро аз даст надодаанд. Баргҳо тавре ҷойгир карда шудаанд, ки ситора ва қутбнаморо тасвир намуда, самтҳои асосӣ ва фосилавӣ (шимол, шимолу шарқ, шарқ ва ғайра)-ро нишон медиҳанд. Ситораҳо ва қутбнамо ба мардум дар муайян намудани масир, ҷустуҷӯйи самтҳои нав ва роҳнамоии онҳо барои расидан ба ҳадаф кумак мерасонанд.

Логотип бо таҷассуми принсипҳои эътимоднокӣ, гуногунсамтӣ ва эҷоди арзиш дар ташаккули симои зоҳирии бренди “ICB” нақши муҳим мебозад. Баргҳои ба берун нигаронидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки Бонк ба мизоҷон, шарикони дохилӣ ва хориҷӣ руҷӯъ карда ва муносибатҳои мутақобилан судмандро равнақу ривоҷ медиҳад. Онҳо, инчунин, ҳамкории Бонкро бо ҷаҳон, пайгири дастовардҳои охирини соҳаи бонкӣ, иқтисод ва истифодаи онҳоро дар якҷоягӣ бо анъанаҳои беҳтарини тиҷорат, инъикос мекунанд.

Бахши пасандоз ва амонатҳо

Шартномаҳои пасандоз ва амонатҳо бо Бонк иваз намешаванд ва зарурати тағйир додани шартномаҳои мизоҷон бо Бонк вуҷуд надорад, зеро ҳама пасандозҳо ба таври муқаррарӣ идома пайдо мекунанд. Яъне Бонк уҳдадориҳои худро пурра ва мисли қабл иҷро хоҳад кард.

Шартномаҳои қарзӣ

Ҳама шартномаҳои қарзӣ бо Бонк чун қабл боқӣ мемонанд ва аз ҷониби мизоҷон зарурати иваз кардани шартномаҳои қарзӣ бо Бонк вуҷуд надорад. Мизоҷон метавонанд, қарзҳои худро мисли пештара тавассути филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ, онлайн ва терминалҳо пардохт намоянд.

Кортҳо: “Корти миллӣ” ва ВИЗА

Ҳама кортҳои мавҷудбудаи бонкӣ (“Корти миллӣ” ва “ВИЗА”) то ба охир расидани муҳлати эътибор чун қабл фаъол мебошанд. Яъне, дар системаи кортии Бонк барои азнавсозии корт ва ё кортҳои дигаре дар ин бахш барои мизоҷон зарурате вуҷуд надорад. Кортҳои нав аз ҷониби “ICB” дода мешаванд.

Интиқол маблағҳо

Дар интиқоли маблағҳо (тавассути Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR)) баъди тағйири ном дар Бонк ягон дигаргуние ба амал намеояд. Мизоҷон метавонанд, интиқоли маблағҳоро мисли қабл аз филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ гиранд ва ё интиқол диҳанд.

Ҳамёни мобилии “FMFB Mobile”

Ҳамёни мобилии “FMFB Mobile” аз рӯйи ном ва интерфейси нав ба “ICB Mobile” тағйир дода мешавад ва барои мизоҷон тағйироте ворид намегардад. Истифодабарандагон метавонанд бе ягон дигаргунии иловагӣ ва сабти ном “ICB Mobile”-ро истифода баранд. Мизоҷонро танҳо зарур аст, ки дар “FMFB Mobile” навсозӣ (обновить/update)-ро гузаронанд ва замима ба таври автоматӣ ба “ICB Mobile” мегузарад.

Филиалҳо ва Марказҳои хизматрасонии бонкӣ

Дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ тағйирот ба назар гирифта нашудааст. Ҳамаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ чун қабл бо риояи пурраи уҳдадориҳояшон фаъолият мекунанд.

Мушаххасоти бонкӣ барои амалиётҳо бо пули миллӣ тавассути суратҳисоби муросилотӣ

Рамзи мушаххаси бонкӣ (БИК) ва рақами суратҳисоби муросилотии Бонк тағйир намеёбанд, аммо дар қисмати унвон мизоҷон бояд номи Бонкро аз ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ба ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” иваз кунанд. Мизоҷон метавонанд, мушаххасоти нави бонкиро дар дилхоҳ филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ё аз сомонаи (вебсайти) Бонк дастрас намоянд. Мизоҷон бояд шарикони худро, яъне интиқолдиҳандагонро дар бораи иваз намудани номи Бонк дар мушаххасоти бонкӣ огоҳ созанд, то дар супоришномаҳои пардохтии худ номи нави Бонкро истифода баранд.

Интиқоли байналмилалӣ тавассути “SWIFT”

Рамзи “SWIFT” (свифт-код) иваз карда намешавад, вале дар қисмати ном, номи Бонк аз CJSC “The First MicroFinanceBank” ба CJSC “Investment and Credit Bank, Tajikistan” табдил дода мешавад. Мизоҷон метавонанд, тафсилоти нави бонкиро дар дилхоҳ филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ё аз сомонаи Бонк дастрас кунанд. Мизоҷон бояд шарикони худро, яъне интиқолдиҳандаҳоро дар бораи иваз намудани номи Бонк дар мушаххасоти бонкӣ огоҳ созанд, то онҳо дар супоришномаҳои пардохтии худ номи нави Бонкро истифода баранд.

Банкоматҳо

Ҳамаи банкоматҳои Бонк чун қабл бемамоният фаъол хоҳанд буд.

Сомонаи нави Бонк

Сомонаи Бонк ба намои пешрафта ва замонавӣ иваз карда шуда, “www.icb.tj” номгузорӣ мегардад. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки маркази тамоси Бонк ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунад ва чун қабл бо рақами 0909 дастрас хоҳад буд. Мизоҷон метавонанд, ба маркази тамос занг зада, маълумоти иловагиро дастрас намоянд.

ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” бо ҳадафҳои нави худ талаботҳои мизоҷонро пурра қонеъ намуда, барои пешрафти кишвар ва рушду нумуи иқтисоди миллӣ устуворона қадам мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь