Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ бузурги Тоҷикистон буда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он таъмин шуда истодааст. Мардуми шарафманди вилоят нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллиро, ки аз дастуру ҳидоятҳо ва ташаббусу ибтикороти инфиродии Пешвои миллат бармеоянд, сармашқи кору амали ҳамешагии худ қарор дода, бо чунин хислатҳои неку созандаи худ талош меварзанд, то бо иқдомоти беш аз пеш Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳанд.

Дар доираи як сафари корӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд, ки аз минтақаҳои муҳимми саноативу кишоварзӣ ва сайёҳии мамлакат ба шумор рафта, мардуми заҳматқарину меҳанпарасташ бо обилаи дастони пурэъҷози хеш баҳри ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо намуд. Инак гузориши ӯ аз дастовардҳои ин диёри диловезу замини зархез ва дорои инфрасохторҳои саноатии ҳамеша дар ҳоли рушд тайи соли сипаригардидаи 2021 ва сатҳи таҷлил аз ҷашни фархундаву таърихии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури қазовати хонандагони рӯзномаи “Фараж” мегардад.

Талош барои зиндагии шоиста

Тавре аз нишондиҳандаҳои омории рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2021, ки Маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мо пешниҳод намуд, бармеояд, нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2021 ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3277,1 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 192,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят 2435,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 157,1 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 106,9 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 2414,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2379,9 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 98,6 фоизи нақша мебошад.

Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1097,5 млн. сомонӣ, тандурустӣ 543,3 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23,1 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 215,4 млн. сомонӣ ва дар маҷмӯъ 1879,3 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 79,0 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 572,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, 593,5 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки баробари 103,7 фоизи нақша мебошад.

Рушди соҳибкорӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ

Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1 январи соли 2022 аз аввали бақайдгирӣ 112954 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 4167 нафар зиёд шудааст. Аз ҷумла, шумораи субъектони тибқи шаҳодатнома фаъолиятбаранда  якҷоя бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар давраи ҳисоботӣ 77286 ададро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 3998 адад афзудааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузории қарзӣ нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2020 ба андозаи 40,0 фоиз зиёд шуда, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ба 3774,1 млн. сомонӣ расонида шуд. Нисбат ба соли қаблӣ маблағгузории соҳаҳои кишоварзӣ 1,4 баробар, саноат 2,3, хизматрасонӣ 1,6, савдои хориҷӣ 1,4 ва қарзҳои истеъмолӣ 1,4 баробар афзуда, дар ин давра ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ 930,4 млн. сомонӣ, саноат 587,0 млн. сомонӣ, хизматрасонӣ 297,5 млн. сомонӣ, савдои хориҷӣ 499,0 млн. сомонӣ ва барои тақвияти қобилияти харидории аҳолӣ 1181,6 млн. сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тайи моҳҳои январ – сентябри соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 млн. доллари ИМА  сармоя, аз ҷумла 238,4 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 1,84 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 131,5 млн. доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 87,3 млн. доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд.

Феълан мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №358 “Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025” дар вилоят татбиқи 140 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 млрд. доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо ворид карда шудааст.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 12299,6 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8919,3 млн. сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 3380,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 106,0 ва 110,0 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 234812,0 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44943,5 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Бояд қайд намуд, ки  дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидории  вилоят 121417,0 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 54936,6 гектар гандум, 50449,4 гектар ҷав ва 9198,3 гектар шолӣ кошта шудааст. Нисбат ба соли қаблӣ майдони кишти гандум 4780,6 гектар ва шолӣ 5,0 гектар афзудааст. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6437,2 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 42773,3 гектарро ташкил намудааст.

То ин давра майдони кишти картошка ба 25459,0 гектар расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба кишти воқеии соли 2020-ум 2107,2 гектар зиёд мебошад.

Кишти асосии сабзавот дар масоҳати 17679,7 гектар гузаронида шуд. Аз ин масоҳат майдони кишти пиёз 4937,9 гектарро дар бар мегирад. Полезиҳо дар майдони 5622,1 гектар кишт карда шуд.

Дар соли 2021 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 27962 гектар, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масоҳати 18450 гектар пешбинӣ шуда, дар ин давра масоҳати умумии кишти такрорӣ 32419 гектар, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 19355 гектарро ташкил намудааст. Афзоиши масоҳати кишт нисбат ба дурнамо 4457 гектар, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 905 гектарро ташкил намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка барои дон 328664,6 тонна, аз ҷумла гандум 138701,4 тоннаро ташкил додааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 530000,0 тонна картошка, 572841,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 172110,5 тонна пиёз,  93340,7 тонна мева, аз ҷумла 37506,0 тонна зардолу ва 33779,6 тонна себ, 54734,3 тонна ангур, 155373,9 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 17930,9 тонна, сабзавот 11654,6 тонна, себ 5176,7 тонна, ангур 4161,1 тонна  афзудааст.

Дар вилоят нисбати рушди соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар соли 2021 бо вазни кондитсионӣ 112607,6 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки баробари 100,1 фоизи нишондиҳандаи соли қаблӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 75859,7 тонна, гӯшти моҳӣ 890,6 тонна, шир 276695,5 тонна, тухм 637,9 млн. дона, пашм 1581,1 тонна, пилла 163,0 тонна ва асал 1466,3 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 113,9 фоиз, моҳӣ 102,4 фоиз, шир 101,4 фоиз, тухм 107,3 фоиз, пашм 102,0 фоиз, пилла 114,1 фоиз ва асал 100,5 фоиз таъмин гардидааст.

Бунёди боғу токзор

Дар соли 2021 тибқи дурнамо бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор пешбинӣ гардида, амалан дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда мутаносибан 4,6 ва 1,4 баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар доираи барномаи мазкур барқароркунии 700 гектар боғ ва 72 гектар токзор назардошт шуда, амалан дар масоҳати 1280 гектар боғ ва 72 гектар токзор барқарор карда шуд, ки мутаносибан 182,9 ва 100,0 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар доираи таҷлили Иди Сада дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди 31,0 гектар боғи интенсивӣ аз ҷониби Сарвари давлат оғоз бахшида шуд. Дар маҷмӯъ, то ин давра 84,9 гектар, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 33,0 гектар, Конибодом 3,0, Ашт 7,5, Айнӣ 2,4 ва Бобоҷон Ғафуров 39 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.

Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.

Рушди саноат

Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Ин аст, ки ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20940,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3428,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,3 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55,0 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 ба миқдори 1393,9 ҳазор тонна семент ва 1692,8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 117,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 109,6 фоиз таъмин гардида, дар маҷмӯъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4634,9 тонна калоба ва 7712,5 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба миқдори 5206,0 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 2325,5 тонна ё 80,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли орд 495,8 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 4132,8 тоннаро ташкил намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ, аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 1303,8 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 116,5 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 5860,1 тонна ё 117,6 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 6083,2 тонна ё 157,6 фоиз, профилҳои металлӣ 24718,1 тонна, профилҳои пластикӣ 1620,5 тонна ё 102,2 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 66,4 млн. дона ё 7,8 баробар, бомпӯши оҳанин 106,2 ҳазор метри тӯлонӣ ё 126,3 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 38,0 ҳазор метри мураббаъ таъмин карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2021 дар миқёси вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар соли 2021 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома дода шуда, 17 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 222 ҷойи нави корӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ давоми соли 2021 дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии вилоят ба маблағи умумии 256,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш 114,8 фоизро ташкил намудааст. Ҷиҳати дар соли таҳсили 2021-2022 бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дӯхтани либоси мактабӣ тақвият дода шуда, давоми соли 2021 873900 адад либоси мактабӣ дӯхта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,7 баробар зиёд мебошад.

Дар вилоят фаъолияти 8 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 истеҳсоли пойафзол ба 375,2 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 200,5 ҳазор ҷуфт ё 2,1 баробар зиёд аст.

Вазъи соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ

Дар соли 2021 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 950,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1451,2 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки 125,8 фоизи нишондиҳандаи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар соли 2021 ба маблағи 1723,0 млн. сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 130,7 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 405,2 ҳазор  метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ ба масоҳати 15,9 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 4230 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 740 ҷой дар кӯдакистон, 172 кат дар шифохона ва барои 10 қабул дар як баст дар дармонгоҳ иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Таъмини захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин  соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ  дода мешавад. Дар оғози соли таҳсили 2021-2022 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 207 муассисаи тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 14 муассисаи тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 57 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият дошта, 42239 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят  ташкил  ёфтаанд. Ин марказҳо аз 661 гурӯҳ иборат буда, дар онҳо 13531 кӯдак таълиму тарбия мегирад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 20,7 фоизро ташкил медиҳад.

Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579504 нафар, аз ҷумла  283544 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 шумораи муассисаҳо 6 адад ва хонандагон 14273  нафар зиёд мебошад.

Шумораи омӯзгорони вилоят 39523 нафар, аз ҷумла занон 26516 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 33740 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1383 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4400 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омӯзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омӯзгорон расонида шудааст.

Солимии ҷомеа – боигарии давлат

Дар вилоят 181 муассисаи сохтори госпиталӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпиталии давлатӣ, 980 муассисаи сохтори КАТС, аз ҷумла 797 муассисаи давлатӣ, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд. Ба аҳолии вилоят 5304 табиб ва 18151 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд.

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 503 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, тайи солҳои 2018-2021 сохтмон ва таъмиру  азнавсозии 503 иншоот ба итмом расонида шуд, ки ба 100,0 фоизи нақша баробар аст.

Зимнан, дар ҳудуди вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 кат фаъолият дошта, бар илова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. Ҳамзамон, 21 муасисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд. Дар ин давра шуъбаҳои наҷот ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивии муасисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят бо 100 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 367 оксигенератор, 59 кардиомонитор, 755 пулсоксиметр таъмин гардида, айни ҳол 225 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 547 оксигенератор, 217 кардиомонитор, 965 пулсоксиметр ва 12 дастгоҳи оксигени тиббӣ дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус, корҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбати пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Фарҳанг –ҳастии миллат

Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад. Дар вилоят 362 китобхона, 133  муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 21 қасру кох, 74 хонаи фарҳанг, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар шаҳру ноҳияҳо, 6 хона – осорхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 22  боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5  театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли шашмақом, 2 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 6 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли “Фалак”, 1 ансамбли дойранавозон, 1 ансамбли карнайнавозон, 18 ансамбли рақсӣ, 6  ансамбли эстрадӣ ва 2 студияи сабти овоз фаъолият доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.

Таваҷҷуҳ ба рушди соҳа сол аз сол бештар гардида, Қасри фарҳанг дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо сарфи 12,0 млн. сомонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду азнавсозӣ гардида, бо иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ шуд.

Ҷавонони номовари Суғд

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2798 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1928 майдончаи варзишӣ, 617 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 67 иншооти варзишӣ, аз ин 15 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 49 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 15306,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 20286,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 44 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 3 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст.

Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо, дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 3820 варзишгар, аз ҷумла 751 нафар бонувон, дар 106 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 800 медали тилло, 695 медали нуқра ва 886 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар ҳайати 165 нафар, аз ҷумла 12 бону дар ҳайати дастаи мунтахаб дар 31 мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии вилоят 72 медал, аз ҷумла 15 медали тилло, 22 нуқра ва 35 биринҷӣ оварданд.

Дар соли 2021 дар миқёси вилоят 3924 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла оид ба футбол 1182 мусобиқаю чорабинӣ, волейбол 1146, гӯштини миллӣ 587 ва шашкаю шоҳмот 1009 мусобиқаю чорабинӣ бо усули деҳа ба деҳа ташкил ва баргузор  карда шуд, ки дар он 80268 нафар ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар давраи ҳисоботӣ 12507 чорабинӣ бо иштироки зиёда аз 800,0 ҳазор нафар ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуда, 107876 маводи иттилоотӣ дастрас гардид.

Рушд соҳаи сайёҳӣ

Соли 2021 2 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ 40 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд. Ҳамин тариқ, соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуданд.

Бояд иброз дошт, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2018-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 боғи фарҳангию фароғатӣ, 48 гулгашт, 518 маркази савдо, 702 маркази хизматрасонӣ ва 44 меҳмонхона бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда, барои афзун намудани иқтидорҳои сайёҳии вилоят замина фароҳам оварданд.

Ҳамчунин, дар вилоят ду муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода мекунанд.

Инчунин, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа, сомонаи сайёҳии вилоят  www.welcomesugd.tj фаъол гардида, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст.  Барои манзур кардан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят “Туризм и ремесло” (Северный Таджикистан) бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва чоп гардид. Инчунин, маҷаллаи  “Tajikistan`s guide” дар таҳрири нав  нашр шуд.

Имтиёз ба духтарону бонувон

Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъол буда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз 1392,5 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 19298 нафарашон занони роҳбарикунанда ва 1167 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд. Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоат интихоб гардидаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 13 доктори илм ва 356 номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи вилоят бошад, 26106 нафар занон фаъолият дошта, аз онҳо 2887 нафар кадрҳои роҳбарикунанда ва 713 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд.

Дар баробари ин, 506 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 77 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол мебошанд.

Айни ҳол, аз шумораи умумии зиёда аз 40,0 ҳазор нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил доранд, 488 нафар донишҷӯдухтарон тибқи квота таҳсилро идома дода истодаанд.

Вусъати шуғли пурмаҳсул

Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгӯйи сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Музди миёнаи маош дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 дар вилоят 1396,96 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 174,13 сомонӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2390,31 сомонӣ, Панҷакент 2068,03, Айнӣ 1809,10, Хуҷанд 1649,28, Истиқлол 1239,31, Истаравшан  1235,51,  Бӯстон 1201,56 ва Исфара 1088,88 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2021 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 18900 нафар шаҳрвандони корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 15 декабри соли 2021 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 20290 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 107,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Меҳнат ва муҳоҷират

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 269 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 2052 нафар корҷӯён ва бекорон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1713 нафар ба касбомӯзӣ ва 452 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.Дар маҷмӯъ, ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 4217 нафар шаҳрвандони бекор ба шуғл ҷалб карда шуданд. Ҳамагӣ дар мақомоти шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 7823 нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд.

Дар соли 2021-ум 73669 нафар шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 21200 нафар занон мебошанд. Шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта 64001 нафар, аз ҷумла занҳо 18439 нафарро дар бар мегирад. Дар ин давра шумораи шаҳрвандони ба хориҷа сафаркарда 181109 нафар, аз ҷумла занон 42030 нафар ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 160884 нафар, аз ҷумла 38062 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ

Бо солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир гардида, дар миқёси вилоят фаъолияти 282 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 88 маркази атласу адрасбофӣ ва 194 маркази дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин марказҳо бо назардошти ҳунармандоне, ки дар хона фаъолият доранд, зиёда аз 25,0 ҳазор нафар ҳунармандон, бахусус занону духтарон, ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар марказҳои таълимӣ ва устохонаҳои омӯзишӣ 1585 дастгоҳу таҷҳизоти ҳунармандӣ насб карда шудаанд.

Бунёду барқарорсозии иншооти ҷашнӣ

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии 7577 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои вилоят, ки бо қарори раиси вилоят тасдиқ шудаааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва аз нав барқарор кардани фаъолияти 292 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, 468 маркази савдо, 620 маркази хизматрасонӣ, 50 меҳмонхона, сохтмон, таъмиру тармими бинои 363 муассисаи таҳсилоти миёна ва 108 кӯдакистон, 78 беморхона, 120 бунгоҳи тиббӣ, 92 маркази саломатӣ, 20 таваллудхона, 93 нуқтаи хатна ва 122 дорухона, сохтмон ва азнавбарқароркунии 261 варзишгоҳ ва майдончаи варзишӣ, 120 толори варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, 94 майдонча барои бозии кӯдакон, ташкил ва сохтмони 219 сартарошхона, 147 кошонаи ҳусн, 107 ҳаммом, азнавсозӣ, сохтмон ва таъмиру тармими 57 клубу қасри фарҳанг, 25 боғи фарҳангию фароғатӣ, 41 гулгашт ва 56 китобхона, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони пулу истгоҳҳо  ва 4024 иншооти дигари таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар солҳои 2018 – 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 8138 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 107,4 фоиз таъмин шудааст.

Бо азми ҷазм ба сӯи зиндагии шоиста

Мусалламан кулли дастовардҳои имрӯзаи аҳли заҳмати вилоят натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро маҳз ба василаи ғамхориҳои пайваста ва мусоидати ҳамешагии Пешвои миллат соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар маҷмуъ марҳила ба марҳила рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар ин замина сатҳи некуаҳволии аҳолӣ боло рафта истодааст. Ба ҷуз ин, Суғди бостонӣ дар фаъолияти хеш виҷдонро маҳаки кору пайкор ва номусро сармояи зиндагӣ мешуморанд. Зимнан, маҳз ҳамин ду арзиши волои инсонӣ сол ба сол ин диёрро ба як гулистони воқеӣ табдил дода истодааст.

Ба ин комёбиҳо иктифо накарда, дар навбати худ, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ҷавобан ба ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар меҳвари ҳамин масъулият ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда, рисолати хизматии худро ба таври кофӣ ба иҷро мерасонад ва манфиатҳои давлати соҳибистиқлолу миллати тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намуда, бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди бунёдкорӣ, азму иродаи мустаҳкам манбаи шарафу ифтихори ватани биҳиштосоямон боқӣ хоҳанд монд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь