Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод дар шашмоҳаи аввали соли 2021 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Собирзода Ш. А. суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз Собирзода Ш. А. изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Собирзода Ш. А. иброз намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод Қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”, инчунин барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Мавсуф изҳор дошт, ки аз ин ҳисоб нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ ба андозаи 124% таъмин гардида, ба ҷойи 11416823 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 14129372 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 2712549 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2272749 (14129372-11856623) сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бо назардошти хароҷотҳо ба андозаи 111% таъмин гардида, ба ҷои 2811823 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети дахлдор 3121459 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 309636 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 289817 (3121459-2732584) сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши ҳамаи намудҳои андоз ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.

Хизматрасонӣ ба андозсупорандагон

Собирзода Ш. А. қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботии шашмоҳаи аввали соли 2021 аз ҳисоби пардохти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 9919591 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1777769 (9919591-8141822) сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, дар давраи таҳти ҳисобот қарордошта аз тарафи кормандони Шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорагон тибқи талаботҳои моддаи 37-и КАҶТ дар фаъолияти 40 субъекти хоҷагидорӣ назорати камералӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 1005200 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҳисоб карда шудааст, ки аз тарафи андозсупорандагон дар ин давра ба маблағи 682288 ҳазор сомонӣ эъломияҳои андоз пешниҳод карда шуда, ба маблағи 501203 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт шуда ва ба маблағи 52783 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шудааст. Андозҳои ҳисобкардашуда ба ҳар як назоратҳои каммералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 25130 сомонӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботии шашмоҳаи аввали соли 2021 аз соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 423129 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

Мавсуф зикр намуд, ки воридоти андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда дар шашмоҳаи аввали соли 2021 маблағи 442520 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботии шашмоҳаи аввали соли 2021 аз соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 1006625 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

Аз ҳисоби 341 адад соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ин давра ба маблағи 1150461 ҳазор сомонӣ андозҳо ворид карда шудааст.

Инчунин, аз ҳисоби 3769 адад хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ба маблағи 749537 ҳазор сомонӣ андозҳо ворид карда шудаанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод 17 маротиба бо андозсупорандагон ва дар баъзе деҳаҳои аҳолинишини ноҳия семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Аз ҷониби Шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ба миқдори 8 санҷиши маҷмӯи андоз (барҳамдиҳӣ) гузаронида шуда, маблағи андозҳои ошкоргардида 8739 сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи зикргардида пурра ба ҳисоби буҷети дахлдор ворид гардидааст.

Мавсуф илова намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2021 бо мақсади дарёфти сарчашмаҳо ва манбаъҳои иловагии андоз, бақайдгирии шахсони беқайд ва шахсоне, ки ба меҳнати кироя машғул мебошанд, 3 маротиба дар ҳудуди ноҳия санҷиши амалиётӣ гузаронида шуда, дар натиҷа манбаъҳои иловагии андозбандӣ ба маблағи 25116 сомонӣ ошкор карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумора 2 адад зиёд буда (3-1), маблағи иловагии ошкоргардида 10944 (25116-14172) сомонӣ зиёд мебошад.

Нисбати мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фиксалӣ бошад, дар ин самт дар ҳудуди ноҳия дар нуқтаҳои савдои тавассути пули нақд хизматрасонӣ менамоянд, ба ҷои 18 адад МНХ ба ҳолати 01.07.2021 ба миқдори 24 адад МНХ-и дорои хотираи фиксалӣ насб карда шуда, нисбат ба нақша ба миқдори 6 адад зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар давраи нимсолаи аввали соли 2021-ум 15 адад хариди назоратӣ гузаронида шуда, барои вайронкунандагони тартиби истифодабарии МНХ мутобиқи моддаи 614-615-и Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 70800 сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 52600 сомонӣ ба буҷет пардохт карда шудааст.

Ташкили андозбандии шахсони воқеӣ

Номбурда зикр намуд, ки мувофиқи маълумотҳои шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия азнавбаҳисобгирӣ (инвентаризатсия) гузаронида, аз объектҳои ғайриманқул аз шумораи 12154 ба барномаи компютери СМИИА 12154 адад дохил карда шудааст, ки 100%-ро ташкил медиҳад. Шумораи объектҳои замин 12788 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 13964 адад ба барномаи СМИИА ворид карда шудааст, ки 109%-ро ташкил медиҳад.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 нақшаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул дар маҷмуъ ба маблағи 812000 сомонӣ татбиқ гардидааст ва дар ин давра ба буҷет ба маблағи 838521 сомонӣ ворид шудааст, ки ин 103,3% иҷроиши нақшаро ташкил дода, ба маблағи 26521 сомонӣ нисбати нақша зиёд мебошад.

Оид ба баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт мутобиқи маълумотҳои шуъбаи бозрасии автомобили ШВКД-и ноҳия шумораи воситаҳои нақлиёти дарқайдбуда 4125 ададро ташкил медиҳад ва нақшаи пешбинишудаи ин намуди андоз 385000 сомониро ташкил дода, иҷроиши он 422833 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда 110% иҷроиши нақшаро дар бар гирифта, 37833 сомонӣ зиёда аз нақша мебошад.

Мавсуф изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2021 иҷорадиҳандагони молу мулки шахсони воқеӣ 114 нафаро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 нафар (114-92) зиёд мебошад. Ба ҳолати 01.07.2021 бошад, шумораи иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул 114 ададро ташкил медиҳад. Нақшаи пешбинишуда дар 6 моҳи соли 2021 маблағи 108000 сомониро ташкил дода, иҷроиш дар ин давра 94788 сомониро ташкил додааст.

Вазъи қарзи андозҳо

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти бақияи қарзи андозҳо оид ба кам намудани шумораи андозсупорандагони қарздор ва маблағи бақияи қарзи андозҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз он ҷумла, ба ҳолати 01.01.2021 бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби 163 адад андозсупорандаи қарздор, ки 699435 сомониро ташкил медод, ба ҳолати 01.07.2021 бошад, бақияи қарзи андоз аз ҳисоби 100 андозсупорандаи қарздор 684193 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2021 шумораи қарздорон 63 (163-100) адад ва маблағи қарзи андозҳо бошад, 15242 (699435-684183) сомонӣ кам карда шудааст.

Ҷиҳати пешгирии қарзи андозҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи зарурӣ ташкил гардида, дар ин давра ба 103 андозсупорандагони қарздор ба маблағи 2301200 сомонӣ сари вақт огоҳинома ирсол карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 221100 сомонӣ ворид карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 5 андозсупорандаи қарздор 12 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 539000 сомонӣ қарор қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарорҳо 9 (21-12) адад кам ва маблағи қарорҳо 1943500 (2482500-539000) сомонӣ кам буда, аз ҳисоби қарорҳои мазкур ба буҷет 397400 сомонӣ ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони нозироти андоз тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ нисбати 59 ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 120431 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи протоколҳо 13 (59-46) адад ва маблағи ҷарима 32028 (120431-88403) сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин маблағ ба буҷет 43669 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6029 (43669-37640) зиёд ворид карда шудааст.

Аз шумораи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартибдодашуда 15 ададаш дар асоси талаботҳои моддаҳои 614-615-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба хариди назоратӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он 70800 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 (15-6) адад ва маблағи ҷарима 44120 (70800-26680) сомонӣ зиёд мебошад, ки аз ин ҳисоб дар ин давра ба маблағи 32400 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бақайдгирии давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти онҳо ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба зимма дошта, барои супоридани рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххас ба шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Аз рӯи маълумотҳои бахши бақайдгирӣ шумораи хоҷагидории бақайдгирифташуда дар нозироти андоз ба ҳолати моҳи апрели соли 2021 ҳамагӣ 4966 ададро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ 358 адад, соҳикорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 341 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 3769 адад ва соҳибкорони инфироди тибқи патент фаъолияткунанда 498 адад мебошанд. Танҳо дар давоми 6 моҳи соли 2021 дар бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳамагӣ 189 андозсупоранда, аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 5 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 12 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 121 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 51 адад ба қайд гирифта шуда, 82 андозсупоранда, аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 4 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 64 адад, соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 5 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 9 адад барҳам дода шудааст.

Баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо

Ҳамчунин, номбурда изҳор дошт, ки мутобиқи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо ба баҳисобгирии даромадҳо ва таҳлили даромадҳо, инчунин ба коркарди эъломияҳо машғул буда, барои дуруст муайян намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо андозсупорандагоне, ки дар қайди нозироти андоз мебошанд, санадҳои муқоисавӣ тартиб медиҳад.

Айни ҳол дар нозироти андоз дар маҷмуъ 4966 андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 358 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 498 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 341 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3769 адад мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз шумораи 4966 андозсупоранда нисбати 3350 андозсупоранда санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст. Аз он ҷумла бо шахсони ҳуқуқӣ 218 адад, бо соҳибкорони инфироди тибқи патент фаъолияткунанда 173 адад, бо соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 244 адад ва бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 2715 адад санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст.

Масъулони баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо айни замон баҳисобгирии маблағҳои ҳисобшуда ва пардохташударо хуб ба роҳ монда, дар самти тартиб додани санади муқоисавӣ ҷиҳати аз байн бурдани изофапулиҳо ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Собирзода Ш. А. дар охир изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод уҳдадор ҳастанд, ки минбаъд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ оид ба корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон пурзӯр намуда, баҳри иҷрои нақшаи андозҳои давраҳои ояндаи соли 2021 саҳми арзандаи худро гузоранд.

– Бояд зикр намоям, ки дар воқеъ кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод масъулиятшинос буда, дар кори худ содиқона хидмат менамоянд ва албатта, баҳри пешрафти соҳа тамоми донишу малакаи худро истифода мебаранд,- гуфт ӯ.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь