ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» корхонаи калонтарини бисёрсоҳавӣ оид ба истеҳсоли қолинҳо ва маҳсулоти қолинӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми фаъолияти 60-солаи худ корхона дар соҳаи қолинбофӣ таҷрибаи бой ҳосил намуда, дорои анъанаҳои хеш гашта, худро ҳамчун ҳамкори поквиҷдон ва боэътимод муаррифӣ намудааст.

Нақшу нигор ва рангубори қолинҳои ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» таҷассуми табиати зебоманзар ва нотакрори Тоҷикистонанд. Ин қолинҳо, ки бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат истеҳсол мешаванд, ба аҳли ҳар хонавода таровату ҳаловат ва зебоию шодӣ мебахшанд. Қолинбофони корхона давомдиҳандагони анъанаҳои миллии қадимаи қолинбофӣ буда, зиёда аз ним аср инҷониб ба истеҳсоли қолинҳои хушсифату зебо машғуланд.

Дар қолинҳои корхона анъанаҳои қадимаю ҳозираи халқи тоҷик таҷассум ёфта, сирру асрори устодони машҳури асри миёна, ки аз насл ба насл гузашта, то рӯзҳои мо боқӣ мондаанд, нигоҳ дошта шудааст.

Баробари мунтазам ворид намудани технологияҳои нав ва аз худ намудани навъҳои нави маҳсулот, корхона ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ноил гашт. Маҳсулоти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» бо сифати баланд, зебогӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигор фарқ мекунанд.

Моҳи июни соли 2013 ва моҳи июни соли 2018 дар таърихи қолинбофон бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» хотирмон мебошад. Маҳз бо иқдому дастгириҳои Президенти кишвар соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рушд намуда истодааст.

Боис ба қайд аст, ки зимни сиёсату амалҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва дар ин ҷода ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки аз ҷониби Сарвари давлат рушди соҳаи саноат омили асосии пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон арзёбӣ карда шуда, бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд, ки саноатчиён ин иқдоми Пешвои миллатро пурра дастгирӣ менамоянд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ саноатчиён бояд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки тавассути ворид намудани техникаю технологияҳои муосир, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, коркарди ниҳоии ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва вусъат бахшидани ҳаҷми истеҳсолот саҳми босазои худро дар ин раванд гузоранд.

Қабул гардидани Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 ба рушди соҳаи қолинбофӣ мусоидат намуда, ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» имкон фароҳам овард, ки баробари аз нав намудани парки технологии корхона, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад. Парки технологии мавҷуда бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шуд.

Амалӣ намудани нақшаю чорабиниҳо имкон фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатнокии он дар бозори фурӯш таъмин карда шавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 то имрӯз ба корхона як адад дастгоҳи муосири тортании ширкати «Мир Макина»-и давлати Туркия, 7 адад дастгоҳҳои пешқадамтарини  бофандагии ширкати «Ван-де-Вил»-и давлати Белгия, хати экструзионӣ барои истеҳсоли риштаҳо ва дигар таҷҳизотю хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Русия зимни сармоягузории хориҷӣ ворид карда шуданд.

То ин дам тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуданд. Аз моҳи майи соли 2018 дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» истеҳсолоти ришта ба фаъолият шуруъ намуд.

Ташкил намудани истеҳсолоти ришта ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» имконият медиҳад, ки истеҳсоли риштаҳои пати қолин дар корхонаи ватанӣ ба роҳ монда шавад. Айни замон ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» имконият дорад, ки зиёда аз 60 фоизи ашёи хоми барои истеҳсоли қолин заруриро дар корхонаи худ истеҳсол намояд. Роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом ба таъмин намудани кори мунтазами истеҳсолот, коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулоти қолинӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, барпо намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.

Технологияҳои пешқадамтарине, ки дар ин сех васл карда шудаанд, бо иқтидор ва параметрҳои технологии худ нахустин дар қаламрави давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Технологияи мазкур имкон медиҳад, ки риштаҳои дорои сифати баланд истеҳсол карда шаванд.

Бо дарназардошти рақобатнокии шадид, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки тавассути беҳтар намудани сифати маҳсулот, ҳарчи камтар намудани арзиши аслии он, вобаста ба талаботи истеъмолӣ ба бозор пешкаш намудани навъҳои нави қолинҳо рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшавандаро таъмин намояд.

Вобаста ба талаботи бозор аз ҷониби мутахассисони ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ҳамарӯза нақшу нигор ва дизайнҳои нави қолинҳо таҳия карда мешаванд, ки онҳо аз ҷониби харидорон хуб пазируфта шуда истодааанд. Тавассути азнавсозии таҷҳизоти мавҷудаи истеҳсолоти тафтингӣ истеҳсоли рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии дуқабата ба роҳ монда шудааст, ки ин ба коҳиш ёфтани нархи чунин намуди қолинҳои аз Ҷумҳурии Беларус воридшаванда мусоидат менамояд.

Бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани қолинҳои истеҳсоли ватанӣ аз ҷониби ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» мунтазам дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоишгоҳҳо ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти қолинӣ ташкил карда мешавад. Зимни баргузории ин чорабиниҳо маҳсулоти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», аз он ҷумла навъҳои нави қолинҳо бо нархҳои нисбатан арзон бо тахфифи аз 20 то 30 фоиз ба харидорон пешкаш карда мешаванд. Боиси ифтихормандӣ аст, ки сатҳи ташкилии чунин намоишгоҳҳо аз ҷониби меҳмонону харидорон хуб пазируфта шуда истодааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба харидорон моҳи октябри соли ҷорӣ интренет-мағозаи Ҷамъият ба фаъолият шуруъ намуд. Минбаъд харидорон имконият доранд ба сомонаи kolin.tj ворид гардида, тариқи осон бо нархҳои дастрас қолин интихоб намоянд ва ин қолинҳои интихобгардидаву супоришдодаи онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин аз ҷониби мутахассисони ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» омода ва ба суроғаи онҳо дастрас карда мешавад.

ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дорои сертификати системаи менеҷменти сифати ИСО 9001 мебошад, ки ин аз сифати баланди қолинҳои истеҳсолшаванда шаҳодат медиҳад. Ғайр аз ин, маҳсулоти корхона маротибаи зиёд лауреати озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст.

Корҳои ба анҷом расонидашуда ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»  имкон фароҳам овард, ки сол аз сол ба нишондиҳандаҳои беҳтарини иқтисодию молиявӣ ноил гардад.

Ин аст, ки дар соли 2019 дар корхона ба миқдори 2737,6 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2018  457,25 ҳазор метри мураббаъ ва ё 20,0% зиёд мебошад. Инчунин, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли риштаҳо 2092,13 тоннаро ташкил намуд, ки нисбати соли 2018-ум 991,52 тонна ва ё 90,1% зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки бо баробари вусъат бахшидани ҳаҷми истеҳсолот ва васеъ намудани парки технологии корхона масъалаи беҳтар намудани шароити меҳнатию маишии кормандон ва некӯаҳволии онҳо ҳамарӯза дар мадди аввали назари роҳбарияти Ҷамъият қарор дода мешавад. Ин аст, ки соли 2018 пас аз гузаронидани таъмири капиталӣ ва азнавсозиҳо бинои маъмурии №2 бо ҳама шароитҳои муосир барои кормандон ба истифода дода шуд.

Моҳи августи соли 2019 бошад, пас аз амалӣ намудани корҳои таъмирию азнавсозӣ бинои маъмурии №2 мавриди истифода қарор дода шуд.

Азнавсозии биноҳои маъмурию маишӣ дар доираи лоиҳаҳо оид ба барпо намудани шароити бароҳату фароҳам ва татбиқи чораҳои бехатарии меҳнат роҳандозӣ карда шуданд. Дар рафти азнавсозии утоқҳои идора ҳамаи таҷҳизоти оргтехникӣ ва мебелҳои он аз нав карда шуданд.

Пайвастшавии шабакаҳои интернетии баландсуръати муосир бо IT-инфросохтори пойдори интиқоли баландсуръати маълумотҳо таъмин карда шуд. Бинои маъмурии №1 аз ошхона бо 162 ҷои нишаст, ҳуҷраи намоишгоҳи маҳсулоти тайёр, ҳуҷра барои посбонон, утоқҳои корӣ, толор барои гузаронидани машваратҳо, ҳуҷра барои гузаронидани гуфтушунидҳо, ҳуҷраи бойгонӣ иборат мебошад.

Бинои маъмурии №1 иборат аз ҳуҷраҳои барҳаво ва зебои либосивазкунӣ, ҳамомхонаҳо бо фарши гарм, ҳуҷраҳои либосшӯӣ, ҳуҷраҳои истироҳат, таҷҳизоти муосири маишӣ аст.

Инчунин, биноҳои маъмурӣ пурра бо шабакаҳои мутамаркази гармидиҳию хунуккунӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бинои маъмурии №1 ва №2 пурра бо системаи автоматикии рухсатномавӣ ва системаи автоматикии зиддисӯхтори муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар муқоиса бо солҳои пешина, имрӯзҳо шароити меҳнатию маишии кормандон куллан тағйир ёфтааст.

Ғайр аз ин, моҳи июни соли 2019 ду адад автобусҳои нави муосир барои бурдану овардани кормандон дастрас карда шуд.

Дармонгоҳи корхона бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва кадрҳои баландихтисос таъмин карда шудааст. Фаъолияти шабонарӯзии дармонгоҳ ташкил карда шуда, аз ҷониби табибон ба эҳтиёҷмандон кӯмаки саривақтии тиббӣ расонида мешавад.

Инчунин, дар соли 2019 ва 9 моҳи соли 2020 ба 39 нафар кормандони корхона роҳхатҳои имтиёзнок ба маблағи 58650 сомонӣ ба Осоишгоҳи «Шифо» бо пардохти 70 фоизи арзиши роҳхат аз ҳисоби корхона пешниҳод карда шуд. Яъне ин теъдод кормандон тавонистанд дар як вақт ҳам истироҳат намоянд ва ҳам саломатию қобилияти меҳнатии худро дар осоишгоҳ барқарор созанд.

Дар оянда низ корҳо дар раванди беҳтар намудани шароити меҳнати бехатару бароҳат, инчунин некӯаҳволии кормандони Ҷамъият идома дода мешавад.

Имрӯзҳо ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» бо соҳибихтиёрӣ ба иқтидори баланди истеҳсолию кадрӣ ба самти ҳадафҳои асосии худ, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вусъат бахшидани ҳаҷми истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, хизматрасонии сатҳи баланд ва ба тариқи пурра қонеъ намудани талаботи мизоҷон равона карда шудааст, фаъолияти худро амалӣ менамояд.

Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» нақша дорад, ки сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд. Роҳандозӣ намудани барномаҳои азнавмусаллаҳшавии техникӣ ва марҳила ба марҳила вусъат бахшидани ҳаҷми истеҳсолот ба ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» имкон медиҳад, ки ба амалишавии нақшаҳои стратегии худ ноил гардад.

Ба гуфтаи Директори генералии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” муҳтарам Абдуллоев Абӯмуталиб, “дар замони муосир, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудаву аз кулли вазирону роҳбарони вазоратхонаҳо, кумитаҳои давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф ҳисоботҳои муфассал пурсида мешавад, давлати мо дар кӯтоҳтарин муддат ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил хоҳад ёфт. Бунёдгузори давлати тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон дар соли 1992 барои худ хизмат ба Ватан-Модар ва миллат, ваҳдати саросарӣ ва муҳайё намудани зиндагии шоиставу амнияти куллро барои ҳар сокини кишвар ваъда дода буданд. Ин марди худо ва фарзонафарзанди миллат новобаста аз рӯзҳои сахти гузашта ба ваъдаи худ устувор истоданд, мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ бо бунёди беш аз 2000 (ду ҳазор) км роҳҳои сатҳи байналмилалию беш аз ҳазорон пулҳои хурду калон ва 203 нақбҳои гуногунии нақлиётӣ раҳонида, бо бунёди чандин нерӯгоҳи азим ва садҳо хурду модернизатсия ва таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии қаблан сохташуда имрӯз мамлакатро метавон гуфт пурра аз бунбасти энергетикӣ раҳонида, дар самти ваҳдати саросарӣ ва амнияти кулл барои кулли шаҳрвандон низ давлати мо ба натиҷаҳои беҳтарин дар сатҳи ҷаҳон ноил гардидааст. Он фазои хуби дастгирии соҳибкорӣ, ки аз тарафи Доҳии тоҷикони ҷаҳон дар сиёсати иқтисодиашон фароҳам омадааст, имкон дод, ки сар карда аз соли 2013 ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”зина ба зина истеҳсоли маҳсулоти рақобатназир ба бозори ҷаҳониро ба роҳ монда, танҳо давоми соли 2019 ба буҷаи кишвар зиёда аз 19 миллиону 632 ҳазор сомонӣ пардохтҳои давлатиро иҷро намуда, дар нуҳмоҳаи соли 2020 ин рақам аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ба 13 миллион сомонӣ расонида шудааст. Коргарони корхона бошанд, аз 2000 то 2,500 сомонӣ маош гирифта, барояшон дар ошхонаи корхона хӯроки бепул дода мешавад. Барои онҳое, ки ба табобат ниёз доранд, маблағҳои табобат аз тарафи корхона пардохт карда шуда, онҳое, ки ба осоишгоҳҳо барои истироҳату табобат мераванд, 70%-и маблағҳоро корхона пардохт менамояд”.

– Имрӯз корхонаи қолинбарорӣ бо 15 давлати дуру наздик робитаҳои тиҷоратию техникиро ба роҳ монда, сол аз сол дар тамоми самти фаъолият ба натиҷаҳои беҳтарину тасхиркунанда ноил гардида, дар асоси супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Шарифзода Фирдавс мо ният дорем дар иқтидорҳои зиёди саноатӣ, ки дар ихтиёр дорем, дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба рушди корхона то соли 2030-юм истеҳсоли дигар маҳсулоти бозоргири рақобатпазир ба бозори ҷаҳониро ба роҳ монда, нақши арзандаи худро дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегии кишвар гузорем ва дар дастгирии сиёсати иқтисодии Пешвои муаззам устувор бимонем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь