Дар давоми 15 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳи Душанбе – Чаноқ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.
Нуқтаи муҳими дигар он аст, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Қобили зикр аст, ки зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум- мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакс бошад.
Ҳарчанд ба уҳдадориҳои “IRS” ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои низ маҳаллӣ мусоидат менамоянд. Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе – Чаноқ амалӣ гардида, баро мисол чанде пеш аз ҷониби «IRS» бо харҷи 496,4 тонна асафалт 3958 метри квадратӣ роҳи самти Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардид. Лозим ба ёдоварист, ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи “IRS” вогузор набуда, амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.Тибқи муқаррарот, бояд вобаста ба болоравии сатҳи таваррум ҳар сол тарифҳо намоябандӣ (индексатсия) шаванд. Вале «IRS» дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративӣ дар 15 сол аз ин кор худдорӣ намуд.
Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони “IRS” шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд. Ҳамасола боришоти шадиди барф, тармафароӣ, лағжиши сангпораҳо, бориши пуршиддати борон сарбории кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, онҳоро ба маънои томаш шабзиндадор мекунад. Роҳбарияти филиали Ширкат низ ин шабҳо дар паҳлӯи кормандон қарор доштанд ва умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе – Чанок кушода аст. Танҳо ба хотири ба вуҷуд наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт бо назардошти вазъият барои муҳлати кутоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад. Масъулин борҳо гуфта буданд, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсия – дар бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбаранда, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари «IRS» мерезанд, ҳол он ки мо рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаем.
Аз ҷониби дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо боришот шадид аст, сафарбар шаванд. Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гуфтаҳои мазкурро ҷиддӣ қабул накарда, аксар маврид онро худсафедкунӣ арзёбӣ менамоянд.
Бо фаро расидани гармо сарбории кормандони он зиёдтар шуда, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, насби аломатҳои он, соҳилмустаҳкунӣ, бунёди пойдеворҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанебе – Чаноқ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ва ҷалби мутахассисони болаёқат амалӣ шуда истодааст. Илова бар ин, аз ҷониби филиали Ширкат нигоҳдории 36 пули масири мазкур дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардида истодааст. Месазад аз таъмири пурра пули азими воқеъ дар километри 267 – уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ ёдовар шавем.
Пули мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад, соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гашта буд. Нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.
12 сентябри соли 2022 корҳо дар ин иншоот шурӯъ шуда, дар марҳилаи аввал, тибқи тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид. Бо назардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву азнавсозии пул ба зиммаи ширкати муътабари “Чайна Роуд” вогузор шуда, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардид.
Ба сохтмони мазкур 45 мутахассиси ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди азнавсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр (бо назардошти пайроҳаи пиёдагард) расид.
Аҳамияти роҳи Душанбе- Чаноқ ба сифати пойгоҳи асосӣ барои таъмини фаъолнокии иқтисодии мамлакат низ зиёд аст. Барои мисол, солҳои 2009 – 2018, замони мавҷудияти маҳдудияти марзӣ тамоми молу мавод ва маҳсулот тавассути ин роҳ интиқол дода мешуд. Аз ин бармеояд, ки роҳи моҳияти стратегидошта дар раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.
Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат, бо вуҷуди он ки маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, барои гузариши нақлиёти гаронвазне, ки ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ангиштинтиқол менамоянд, чунин маҳдудият ҷорӣ нашуд. Ҳол он ки ин иқдом боиси осеб дидани масофаи зиёди роҳ ва хароҷоти бениҳоят зиёди «IRS» гашта истодааст. Бо ин амал «IRS» дар омодагӣ ба зимистонгузаронии сокинони пойтахт то андозае мусоидат намуд.
Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки то он замон 7-то буд, коҳиш ёфта, ба 6 адад расид. Дар ин замина, плазаҳои толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ мутаносибан панҷ километрӣ дуртар аз макони ҳозираашон ҷойгир шуда, бо зебогиву имконоти васеи худ, ки ҷавобгӯи талаботи байналмилалист, ҷаззобияти минтақаи Варзобро барои сайёҳону истироҳаткунандагон афзун намуданд. Эътироф бояд кард, ки қаблан баъзан дар плазаҳои толлингӣ тамбашавии нақлиёт ба вуҷуд омада, боиси нороҳатии ронандагону мусофирон мегардид. Шароит дар плазаҳои зикршуда боис гардид, ки тамбашавӣ пурра аз байн равад.
Дар маҷмӯъ, роҳбарияти “IRS” масъулиятшинос, кормандонаш соҳибкасбу заҳматпеша, пойгоҳи техникиаш пурқувват, фаъолияти корхонаҳои таъсисёфта муназзам, равобит бо шарикон густурда ва дар ҷодаи рушд собитқадам аст. Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ комёб бошад.