Дар замони муосир нерӯи асосии энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ 5190 МВТ аст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ 527 млрд. кВТ соатро ташкил медиҳад. Бо иқтидори энергетикаи барқи обӣ Тоҷикистон ҷойи 8-умро дар ҷаҳон пас аз Чин, ИМА, Русия, Бразилия, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Дар шароити имрӯза энергетикаи кишвар аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ иқтидори 4,4 милион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ, садҳо зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трансформаторӣ иборат мебошад. Аз ин миқдор 6%-и захираҳо мавриди истифода мебошанд. Иқтидори системаи энергетика 5190 МВТ-ро ташкил медиҳад. Дар замони муосир захираи энергетикаи барқии обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта, он 317 млрд. кВТ соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо айни замон истифода мешавад. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст. Аз ҷумла, ҳиссаи энергияи барқи обӣ 93,3%-и тамоми иқтидори муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 МГВТ, яъне танҳо 6,1%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби истгоҳҳои барқии обӣ мебошад, 20,1 млрд. КВт/соатро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки беш аз 98%-и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО, аз ҷумла 97%-и он аз нерӯгоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд. Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 19 млрд. 771 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 905,0 млн. кВт соат кам мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 2770 млн. кВт/соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 249,0 млн. кВт соат афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ нисбат ба соли 2018 ба андозаи 11,0 ҳазор Гакл коҳиш ёфта, дар соли 2019-ум 380,1 ҳазор Гаклро ташкил дод.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳамкориву сармоягузориҳои Русия ва Эрон НБО-и Сангтӯда-1 бо иқтидори 670 МВт ва НБО-и Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 МВт дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло чунин нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

  1. НБО-и Норак бо иқтидори 3000 МВТ дар дарёи Вахш;
  2. НБО-и Сангтӯда-1 бо иқтидори 670 МВт дар дарёи Вахш;
  3. НБО-и Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 МВт дар дарёи Вахш;
  4. НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт дар дарёи Вахш;
  5. НБО-и Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт дар дарёи Вахш;
  6. НБО-и Шаршара бо иқтидори 29,9 МВт дар дарёи Вахш;
  7. НБО-и Марказӣ бо иқтидори 15,1 МВт дар дарёи Вахш;
  8. НБО-и Қайроқум бо иқтидори 126 МВт дар дарёи Сир;
  9. Силсилаи НБО-и Варзоб (НБО-и Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3) бо иқтидори умумии 25,7 МВт дар дарёи Варзоб;
  10. НБО-и Хоруғ бо иқтидори 9 МВт дар дарёи Ғунд.

Ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони НБО-и Роғун бо иқтидори 3600 МВт ва якчанд НБО-и хурд идома ёфта истодаанд. Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн. кВт соатро ташкил додааст. Сохтмони НБО-и Роғун бо иқтидори 3600 МВт аз нав дар соли 2010 сар шудааст. Ба истифода супоридани якчанд НБО-и хурд ва махсусан НБО-и Роғун норасоии нерӯи барқро дар Тоҷикистон бартараф хоҳад кард. Лимити нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра аз байн рафта, таъмини солонаи аҳолӣ бо барқ ба роҳ монда шудааст.

Дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ фаъолгардонии агрегати сеюм ва чоруми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шарти муҳими рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ миллати тоҷик дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт, ки Қаҳрамони миллат дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод.

Бояд қайд кард, ки дар замони рушди босуботи техникаву технологияи муосир эҳтиёҷ ба манбаъҳои нерӯи барқ меафзояд. Тавре Пешвои миллат зимни суханрониашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» иброз доштанд: “Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, онҳо бойигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияи иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳаи НОБ-и Роғун ба дастгирии бевоситаи ҷаҳони имрӯза барои гузариш ба “иқтисоди сабз”, ки ҷавҳари онро самаранок истифодабарии нерӯи барқ ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи ин чорабиниҳо ба Ҷумхурии Тоҷикистон имкон медиҳад, на танҳо мушкилоти энергетикии минтақаҳои худро ҳал намояд ва истиқлолияти энергетики ба даст орад, балки масъалаи глобалии ҳифзи муҳити зист, партовҳои гази гулхонаӣ ба пуррагӣ аз бар карда шавад. Бинобар ин, дар мавриди сохтмони ин иншооти бузурги аср Ҳукумати ҷумҳурӣ аз техникаю технологияҳои муосир ба таври зарурӣ истифода карда, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ амал намудааст.

Бояд қайд кард, ки 27-уми августи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” таъсис ёфт. Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи асосноккунии техникиву иқтисодӣ тавассути эълон намудани тендери байналмилалӣ ширкатҳои бонуфузи сайёра барои иштирок дар корҳои сохтмонию васлгарии ин нерӯгоҳ даъват шуданд. Аз байни якчанд ширкатҳои байналмилалӣ дар ин тендер Ширкати “Салини Импре – ҷило”-и Италия, ки яке аз ширкатҳои  пуртаҷриба дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст, пирӯзӣ ба даст овард ва ба сохтмони сарбанди НБО-и Роғун шурӯъ намуд. Аз тарафи дигар, назорати раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар ба души ширкати бонуфузи дигар “Трактебел инҷиниринг”-и Фаронса, ки дар арсаи байналмилалӣ оиди ба корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ обрӯю нуфӯзи беҳамто дорад, вогузор шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмони ин иншоот ба сифати кор, масолеҳ ва таъмини стандартҳои байналмилалии бехатарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, таҷҳизоти муосири санҷиши сифат ва назорати корҳои сохтмон истифода шудааст. Ҳоло дар ин иншооти бузург зиёда аз 20 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, беш аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.

Бегмурод Холмуродов,

корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here