Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ёздаҳмоҳаи соли 2022 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Ҳакимзода Дилшод сӯҳбат анҷом дод.

Дар оғози сӯҳбат сардори Нозироти андоз Ҳакимзода Д.Ҳ. изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи шакли нави хизматрасонии электронӣ – тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Ҳакимзода Д.Ҳ. иброз намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Стандартҳои ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон фаъолият намуда, кӯшиш намуданд, ки вазифаҳои хизматии худро баҳри иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» иҷро намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар маҷмӯъ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Иҷроиши нақша

Номбурда  қайд намуд, ки иҷроиши нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои 11 моҳи  соли 2022 аз тарафи нозироти андоз таъмин гардид ва аз рӯи контингенти умумӣ бо дар назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 116,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 157,5 млн. сомонӣ ба буҷет 184,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 26,6 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо дар ин давра ба андозаи 119,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 135,4 млн. сомонӣ ба буҷет 161,9 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 26,5 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,3 фоиз иҷро шуда, ба ҷои 22,1 млн.  сомонӣ ба буҷет маблағи 22.2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 0,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Дар умум мувофиқи нақшаи тасдиқшуда  ҳамаи намуди андоз иҷро гардиданд. Аз тарафи Нозироти андозсупорандагони калон нақшаи қисми даромади буҷет дар маҷмӯъ ба андозаи 119,2 фоиз иҷро карда шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 20,0 млн сомонӣ  ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи нозироти андоз бошад, нақша ба андозаи 116,6 фоиз иҷро карда шуда, нисбат ба нақша ба буҷет 23,3 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,6 млн. сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.

Вобаста ба иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо бояд қайд намуд, ки дар ин давра иҷроиши ҳамаи намуди андозҳо таъмин карда шудааст.

Уҳдадориҳо

Ҳакимзода  иброз дошт ки, пардохти саривақтии уҳдадориҳои андозӣ бошад, аз дарки баланди  маърифати  андозии андозсупорандагон  вобастагӣ  дошта, мутаассифона, бархе аз андозсупорандагон, бархилофи муқарраротҳои моддаҳои дахлдори Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз  ҷумла,  моддаҳои  34,  119, 120  ва  334-и  Кодекси  мазкур   амал   намуда,  пардохти  уҳдадориҳои  андозияшонро  сари  вақт  ва  дар   ҳаҷми   пурра   ба   буҷети   давлатӣ   таъмин   наменамоянд.

Бо мақсади саривақт ба буҷет пардохт намудани уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон, тибқи талаботҳои моддаҳои 132-134 Кодекси  андози  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  аз  тарафи  Нозироти  андоз  дар  ёздаҳ моҳи   соли   ҷорӣ   ба  674  адад  андозсупорандагони    қарздор  огоҳиномаҳо  ба  маблағи  умумии  14 435,3  ҳазор  сомонӣ  ирсол гардидааст, ки аз маблағи мазкур  пардохти 12 553,4  ҳазор сомонии   он   ба   буҷет,   таъмин   карда   шудааст.

Ҳамзамон,  тибқи  талаботҳои  Боби  18-и Кодекси андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Чораҳои  маҷбуран  ситонидани қарзи андозҳо»,  дар  давраи  ҳисоботӣ, бо мақсади пешгирии ҳолати зиёдшавии бақияпулиҳои андоз ва андешидани чораҳои пешбининамудаи  қонунгузории  андоз  дар  самти  маҷбуран ситонидани  қарзи  андозҳо,   ҳамагӣ   84 – адад  қарорҳои  дахлдор  нисбати  58 – адад  андозсупоранда  ба  маблағи  умумии   7170,2   ҳазор   сомонӣ   қабул   гардида,   аз  ин  маблағ       5910,5 ҳазор  сомонии  он  ба  буҷет   ворид   гардидааст,  ки  82,4  фоизи   маблағи   қарорҳоро   ташкил   дода,   иҷроиши   65 – адад     қарор   ба   маблағи   3383,7   ҳазор   сомонӣ   бо  пуррагӣ  таъмин  гардида  (73,2  фоизи   шумораи  қарорхо),  таъмини   иҷроиши    қарорҳои    дигар    идома   доранд.

Бо  мақсади  дарки  баланди  масъулият  ва  маърифатнокии  андозсупорандагон,  пешбурди  корҳои  фаҳмондадиҳию  таблиғотӣ,  ки  самти  муҳим ва афзалиятноки фаъолияти Нозироти андоз ба ҳисоб меравад, ҳамзамон, тибқи  муқарраротҳои  қисми  3,  моддаи  116  ва  зербанди  14,  қисми  1,  моддаи  168  Кодекси  андози      Ҷумҳурии   Тоҷикистон,   аз   тарафи  Бахши   ситонидани   қарзи   андозҳо   якчанд  маводу мақолаҳои судманд  дар  нашрияи  Кумитаи  андози   назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Боҷу хироҷ”   ва   нашрияи   Мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  ноҳияи   Рӯдакӣ   «Насими  айём»   аз   чоп  баромада,  мавриди   омӯзишу   баҳрабардории    хонандагони    закӣ     гардида    буданд.

Бо дастрасии талаботи моддаи 157 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри таъмини  муқарраротҳои моддаҳои алоҳидаи Кодекси  ҳуқуқвайронкунии  маъмурии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  бинобар   сабаби   содир   намудани  ҳуқуқвайронкунии  андоз,  дар 11 моҳи соли 2022 нисбати 188 адад андозсупоранда протоколи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ ба маблағи 748 590 сомонӣ тартиб  дода  шуда,  пардохти  407 716  сомонии  он  ба  буҷет  ворид  карда   шудааст.

Аз протоколҳои маъмурии тартибдодашуда,  23  адади  он  тибқи  талаботи қисми  1,  моддаи  620  ва 3 адади он тибқи талаботи қисми 1, моддаи 602 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабаби саривақт  ба  буҷет  пардохт  накардани  уҳдадориҳои  андозӣ,  аз   ҷумла,   андози   иҷтимоӣ,   таҳия    гардидаанд.

Корҳо  дар  самти  кам  намудани  бақияи  қарзи  андозҳо  ва  ба  ин  васила  таъмин  намудани  иҷроиши  нақшаи  қисми  даромади  буҷети   давлатӣ,   бомаром   идома   доранд.

Баҳисобгирӣ

Маврид ба қайд аст, ки вобаста ба фаъолияти Шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ бояд қайд намуд, ки дар шуъба 10 нафар кормандон ва 3 нафар кормандони шартномави кору фаъолият  доранд. Масъалаи муҳими фаъолияти шуъба, ин дуруст ба роҳ мондани аз навбаҳисобгирии қитъаҳои замин, объектҳои ғайримақул ва воситаҳои нақлиёт мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2022 №55 «Оиди аз навбаҳисобгирии объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ва амалӣ намудани баҳисобгирии пурраи ҳамаи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва пурра ба андозбанди ҷалб намудани онҳо, ташкил намудани Ферҳисти ягонаи давлатии объектҳои молу мулки ғайриманқул ба тавсиб расид, ки дар асоси фармоиши мазкур аз тарафи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 17.02.2022 №10, фармоиши иловаги қабул карда шуд.

Дар натиҷаи азнавбаҳисобгири гузаронидашуда ба ҳолати 01.12.2022 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмуъ баҳисобгирии 59042 адад хоҷагиҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ таҳти азнавбаҳисобгирӣ қарор дода шуд, ки 100 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҳолати имрӯза маълумотҳои 59042 адад хоҷагиҳо ба барномаи компютерӣ дохил карда шудааст, ки масоҳати молу мулки ғайриманқули онҳо 118 фоиз ва масоҳати замин 126 фоизро аз шумораи умумии андозсупорандагон дар ноҳия мавҷудбуда ташкил менамояд.

Инчунин дар ноҳия гурӯҳи корӣ фаъолияти кории худро дар асоси дастури методӣ «Оид ба тартиби гузаронидани баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаи нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба роҳ мондааст. Мутобиқи маълумотҳо аз аввали аз навбаҳисобгирӣ 6446 адад хоҷагиҳо бидуни қайд дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия мавҷуд буда ошкор карда шуд. Дар натиҷа оиди кам нишон додани масоҳати молу мулки ғайриманқули дар асл истифода шавандаи соҳибмулкон ошкор карда шуд, ки масоҳати замини наздиҳавлигии онҳо 3001,0 м2, масоҳати биноҳои истиқоматӣ 46,7м2 ва масоҳати биноҳои ёрирасон 23,4 м2-ро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон дод, ки то давраи баҳисобгирӣ ба ҳар як андозсупоранда дар маҷмуъ 140,0 м2 масоҳати молу мулк рост меомад, ки баъди аз навбаҳисобгирӣ ин нишондиҳанда ба як андозсупоранда ба 180,4 м2 баробар гардида истодааст.

Шаҳраку деҳот

Сардои нозирот қайд кард, ки дар ҳудуди ноҳияи 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавҷуд мебошад, ки нақшаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва замини шахсони воқеӣ барои 11 моҳи соли чори 5,7 млн. сомонӣ муқаррар шуда, иҷроиши он 7,3 млн сомонӣ ё 128% -ро ташкил менамояд.

Мутобиқи талаботи моддаи 180 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба даромад аз иҷораи молу мулк» дар 9 моҳи соли 2022 ҳисоботӣ 620 нафар шахсони воқеӣ, ки молу мулки ғайриманқули худро тариқи шартномаҳои ду тарафа ба иҷора додаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба аввали сол 96 адад зиёд буда, маблағи даромади умумии иҷорапулӣ аз ин ҳисоб дар 11 моҳ 3,4 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби иҷорадиҳандагон ба буҷет маблағи 3,4 млн сомонӣ ворид гардида, аз ҳисоби бақияи солҳои сипаришуда бошад, маблағи 93,2 ҳазор сомонӣ дохил шуд. Ҳамзамон, барои саривақт пешниҳод накардани эъломияи андоз аз даромад нисбати 36 нафар иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул ба маблағи 6912 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Шахсони ҳуқуқӣ

Номбурда қайд кард, ки дар гуруҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқии Шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз ба ҳолати имрӯза 7 нафар корманд фаъолият намуда, ба онҳо 927 андозсупорандагон бо назардошти филиалу намояндагиҳо ва РСБ вобаста карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як корманд 132 андозсупоранда рост меояд. Аз шумораи умумии андозсупорандагони мазкур 201 адад ташкилотҳои буҷетӣ, 469 адад ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва 257 адад филиалу намояндагиҳоро ташкил менамояд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ба гуруҳи мазкур дар 11 мохи соли 2022 ҷамъоварии 110,9 млн. сомонӣ андозҳо вобаста карда шуда, дар ин давра маблағи 120,6 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи вобасташуда 102,1 фоизро ташкил менамояд.

Иҷроиши нақшаи вобасташуда дар ин давра аз ҷониби  Асадуллозода Х 112,5 фоиз, Қаюмов Н. 100,6 фоиз, Кароматов Ф 100,8 фоиз, Қаюмов Ш. 100,6 фоиз, Чобиров И 100,1 фоиз, Ҷумаев Б. 100,8 фоиз ва Абдуалимов К 104,3 фоизро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳо аз барномаи компютерӣ маблағи андозҳои ҳисобнамудани андозсупорандагон бе назардошти андози иҷтимоии буҷети маблағи 111,1 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 14,5 млн. сомонӣ ё ин, ки 15,0 фоиз  зиёд карда шудааст.

Маблағи андозҳои пардохтгардида бошад, 110,6 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 21,1 млн. сомонӣ ё ин, ки 23,4 фоиз зиёд карда шудааст. Инчунин, бақияи қарзи андозҳои андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ ба ҳолати 1 декабри  соли 2022 маблағи 2,9 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол ба андозаи 1,6 млн сомонӣ кам карда шудааст.

Вазни қиёсии маблағҳои хисобшуда нисбати даромади умумӣ дар 11 моҳи сипаригардида 10 фоиз ва маблаги пардохшуда низ 10 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии андозсупорандагони дар ин гуруҳ ба қайд гирифташуда 217 адад ё 23,4 фоизи он андозсупорандагони бефаъолият мебошанд ва ин шумора нисбат ба аввали сол ба андозаи 0,3 фоиз кам шудааст.

Соҳибкорони инфиродӣ

Боло зикр изҳор дошт, ки дар гуруҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз 8 нафар корманд фаъолият намуда, ба онҳо 6383 андозсупорандагон вобаста карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як корманд 798  андозсупоранда рост меояд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ба гуруҳи мазкур дар 11 мохи соли 2022 ҷамъоварии 13,2 млн сомонӣ андозҳо вобаста карда шуда, дар ин давра маблағи 13,7 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи вобасташуда 103,7 фоизро ташкил менамояд.

Нақшаи вобасташудаи ҷамъоварии андозҳо дар ин давра аз ҷониби шахсони мутасаддӣ Рахматшоев Шарофиддин 109,2 фоиз,  Насронов Махмадисуф 102,7 фоиз, Хасанов Фариддун 104,4 фоиз, Умаров Шуҳрат 102 фоиз, Қурбонов Шеравган 102,7 фоиз, Азизов Фаридун 104,5 фоиз, Камолов Бахтовар 102,2 фоиз ва Исмоилов Оятулло 102,8 фоизро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботии сипаригардида тибқи маълумотҳо аз барномаи компютерӣ маблағи андозҳои ҳисобнамудаи андозсупорандагон 11,7 млн сомониро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 3,5 млн   сомонӣ зиёд карда шудааст.

Маблағи андозҳои пардохтгардида бошад, 11,7 млн  сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 3,5 млн сомонӣ зиёд карда шудааст.

Инчунин, бақияи қарзи андозҳои андозсупорандагон ба ҳолати 1 декабри соли 2022 маблағи 1,1 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол ба маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст.

Вазни қиёсии маблағҳои хисобшуда нисбати даромади умумӣ дар 11 моҳи сипаригардида 9,7 фоиз ва маблағи пардохшуда низ 10,2 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар гуруҳ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ 5163 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 362,0 нафар ё 6,8 фоиз андозсупорандагони бефаъолият мебошанд. Аз ҷумла 452,0 нафар ё 8,8 фоизи соҳибкорон ҳисоботҳои андозро умуман пешниҳод наменамоянд ва 401 нафар ё 7,8 фоиз бошад ҳисоботҳои андозро тариқи сифрӣ пешниҳод менамоянд.

Дар фароварди сӯҳбат Ҳакимзода Д.Ҳ.  қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бо иштироки 401 нафар намояндагони андозсупорандагон 13 семинар – машваратҳо дар мавзӯҳои гуногун доир гардиданд. Дар 11 моҳи соли 2022 дар маҷмӯъ муроҷиати 1087 шаҳрвандон ва муассисаву ташкилотҳо ба нозироти андоз ворид гардида, муроҷиатҳои мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳамаи онҳо дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ ҷавобҳои дахлдор гардонида шуданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь