Иқтисоди рақамӣ ва рушди он имрӯз дар ҷаҳон давраи наверо фаро мегирад, ки ба инкишофи техникаю технология ва интернет алоқаманд мебошад. Яке аз модели нави иқтисодӣ ин иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ аҳамияти калон дорад.
Дар шароити кунунӣ гузаштани тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимoию иқтиcoдии ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ ва технoлoгияҳoи муocири иттилooтию кoммуникатcиoнӣ саривақтӣ буда, пешгирикунандаи омилҳои коррупсионӣ мебошад. Давоми чанд соли охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия тавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузорем.
Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28-уми декабри соли 2024) ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки бояд дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
- Такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
- То шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
- Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
- Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- Истифодаи васеъи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
- Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
- Ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Инчунин, пешниҳод гардид, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин, пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.
Бо мақсади расидан ба чунин ҳадафҳои созанда ва ба ин васила рушд бахшидан ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҷиҳати амалигардонии самтҳои дар Паёми имсола пешниҳодгардида ва рушди рақамикунонӣ моро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ намоем. Зеро, ташкили технологияҳои рақамии ватанӣ имкониятҳои нави рушди иқтисодиётро фароҳам оварда, боиси пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахасисони самти технологияҳои рақамӣ қайд намуданд, ки “….муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.
Ин аст, ки имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурдаро пеш гирифта, айни замон бо зиёда аз 122 муассисаҳои илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар давоми соли 2024 донишгоҳ шартномаи дутарафаи ҳамкориро бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи барномаи таълимӣ, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ, курсҳои такмили ихтисос, мубодилаи олимон, аспирантон, донишҷӯёну магистрон, таҳияи маводҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, ба курси забономӯзи равон кардани донишҷӯён ва омӯзгорон ба имзо расонид, ки ин аз қабили донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Молдова мебошанд.
Рақамикунонии иқтисодиёт бо автоматикунонии амалиётҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва истеҳсолот алоқамандии зич дошта, тавассути барномасозиҳои компютерӣ ва расонаҳои интернетӣ амалӣ карда шуда, имкон медиҳад, ки арзиши аслии молу маҳсулотҳо паст ва мониторингҳои арзёбии сатҳ ва сифати онҳо гузаронида шаванд. Инчунин, самаранокии онҳо таъмин ва таҳлилу муқоисаҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, хулосаю пешниҳодҳо бароварда шаванд.
Вобаста ба пешрафти инноватсия бояд қайд кард, ки мафҳуми “инноватсия” (аз калимаи англисии “innovation”) навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон вобаста ба рушди инноватсия ба ҷавонони кишвар такя намуда, қайд намуданд, ки “…ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Ин аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди ихтирооти худ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Масалан, дар соли 2024 Соҳибназарзода Шамсиддин – донишҷӯи курси 3-юми факултети технология бо пешниҳоди ихтирооти худ бо номи “Мошинаи аэроамбифия” дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” сазовори ҷойи сеюм гардид.
Рушди инноватсия имрӯз аз ҳар як нафар, бахусус, аз омӯзгорони мактабҳои оливу таҳсилоти умумӣ тақозо мекунад, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд ва аз технологияҳои инноватсионӣ самаранок истифода бурда, шогирдонро бо сохту таркиб ва истифодаи ин технологияҳо ошно созанду дар ихтироъкориву навоварӣ ба онҳо дасти кӯмак дароз намоянд.
Ҳамидов Бобоҷон АБДУАҲАДОВИЧ