Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар самти чорводорӣ дигаргуниҳои назарррас пеш омаданд, вале боз ҳам норасоиҳои зиёди ислоҳталаб дар рушди соҳа мавҷуданд ва имрӯз аз рӯи нуқтаи назари доштаам, бояд вакилони парлумони касбии мардумӣ, мутахассисон ва олимони соҳа сари ин масъалаҳо баргаданд ва заминаҳои ҳуқуқӣ ва механизми хоҷагидории навро баҳри таъмини рушди босуботи он таъмин намоянд.

Барои маълумоти хонандаи муҳтарам оварданӣ ҳастам, ки мувофиқи нишондоди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар як нафар инсон дар муддати моҳ бояд миқдори 6,25 кг гӯшту маҳсулоти гӯштӣ ва миқдори 28,3 литр шир истеъмол намояд ва ин нишондодро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мамлакат дар мавриди худ нисбати гӯшт ба миқдори 3,4 кг ва нисбати маҳсулоти ширӣ ба миқдори 9,5 литр муайян сохтааст. Дар мавриди имрӯза қайд намудан лозим аст, ки ин меъёр на ба ҳар як шаҳрванди мамлакат дастрас мебошад ва инчунин, дигар нархи гӯшт ва шир рӯй бар афзоиш доранд ва дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи килои гӯшт то ба 55 сомонӣ ва нархи як литр шир баробари 5 сомонӣ мебошад.

Аз нуқтаи назари доштаам, масъалаи ҳалталаби асосӣ дар ҷумҳуриамон надоштани қонуни хуб ва дорои механизми иҷроиши дуруст ва одилона дар бобати истифодабарии чарогоҳҳо ва шароитдиҳандаи инкишофи соҳа аст. Дар ин бобат оварданӣ ҳастам, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи чарогоҳ” мавҷуд аст, вале он дар худ механизми иҷроиши муайянро надорад ва дар таркиби он мухолифатҳои мазмунии зиёд нисбати амалисозии қонуни мазкур нисбати рушди соҳа мавҷуд мебошанду ин норасоиҳо дар қонуни мазкур имкон намедиҳанд, ки он дар амал татбиқ гардад ва соҳа хуб пеш равад. Барои мисол, мувофиқи муайяндошти қонуни мазкур, барои чорводорон имконот фароҳам мегардад, ки Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ташкил ёбад ва бояд ин ҷамъият чорводоронро дар бобати истифодабарии самаранок ва мақсадноки чарогоҳҳо ва рушди соҳа бо ҳам муттаҳид намояд. Дар баробари ин уҳдадории доштаашон, ҷамъиятҳо мувофиқи қонуни мазкур гарчанде ҳуқуқӣ бошанд ҳам, вале аз рӯи нишондоди қонун барои гирифтани чарогоҳ ҳамчун истифодабарандаи якумдараҷа ҳуқуқ надоранд ва қонун барои онҳо танҳо ҳуқуқи гирифтани иҷораи замини чарогоҳҳоро барои истифодабарӣ муайян сохтааст. Дар ин сурати кор савол бармеояд, ки барои чӣ дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқи якумдараҷаи истифодабарии замини чарогоҳҳоро доранд, вале Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ аз доштани ин ҳуқуқ маҳрум мебошанд?

Мисоли дигар, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ”, Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ҳуқуқи гирифтани иҷораи чарогоҳҳоро доранд, вале дар ин сурати коргузорӣ бар дӯши онҳо дар қатори пардохти андози замин боз пардохти маблағи иҷораи чарогоҳ, ки андозаи ҳадди ақали он то ба андозаи меъёри дукаратаи заминавии андози чарогоҳ баробар аст, бор мегардад. Масъала сари он аст, ки Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар худ саршумори чорво надоранд ва онҳо мувофиқи оинномаи доштаашон аз рӯи қонун барои таъмини эҳтиёҷоти чорводорони деҳот барои гирифтани чарогоҳи иловагӣ аз рӯи таносуби саршумори чорво ба мақомоти маҳал муроҷиат менамоянд. Дар ин сурат, чаро чорводорон, ки барои беҳсозии шароити кориашон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳро ташкил намуданд, бар замми пардохти андози истифодаи чарогоҳ боз пардохти иҷораи чарогоҳҳоро уҳдадорӣ намоянд?

Норасоии дигари қонун нисбати фаъолияти Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ сари он аст, ки агар шахсони алоҳидаи чорводор дар худ сертификати истифодаи чарогоҳҳоро дошта бошанд, онҳо заруриёти хизматрасониҳои ҷамъиятро надоранд ва ҷамъият барояшон нодаркор аст, зеро дар вақти ташкили муносибатҳои иҷоравӣ бо ҷамъияти мазкур истифодабарандагони якумдараҷаи замин дар асоси талаботи Қонун «Дар бораи чарогоҳ” уҳдадор мегарданд, ки аз рӯи муносибатҳои иҷоравӣ бо Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ барои истифодаи замин ду намуди пардохт – пардохти андози замини чарогоҳ ва пардохти иҷораи онро ба уҳдадорӣ гиранд ва дар ин асос истифодабарандагони алоҳидаи чарогоҳ хоҳиши муттаҳидшавиро бо ҷамъият дар худ надоранд.

Норасоии дигари Қонун “Дар бораи чарогоҳ” дар муносибатҳои заминистифодабарӣ аз он иборат аст, ки дар он механизми доштани сертификати истифодабарии чарогоҳ аз рӯи мувофиқати саршумор бо майдони замини чарогоҳ муайян гаштааст, вале дар мавриди дигар дар муқобили ин механизм боз қонун барои дорандаи сертификати замин иҷозат медиҳад, ки онҳо замини чарогоҳро бо салоҳияти мустақилона барои истифодабарӣ ба дигар шахсон ба иҷора диҳанд. Савол ва мухолифат дар механизми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” инҷост, ки агар гирифтани сертификати истифодаи чарогоҳ мувофиқи саршумори доштаи чорво бошад, пас онҳо аз куҷо замини иловагиро нисбати саршумори доштаашон пайдо сохтанд, ки онро ба иҷора барои дигар чорводорон медиҳанд? Аз ин муносибат ҳақиқати ҳол бармеояд, ки ин қабил шахсиятҳо дар худ чорво надоранд ва бо ин муносибатҳои судхӯронаашон ҳадафашон аз гирифтани даромади муфт аз иҷораи чарогоҳҳо иборат мебошад. Яъне дар ин ҳолатҳо Қонун “Дар бораи чарогоҳ” дар тарҳи имрӯзаашон барои шахсиятҳои алоҳида шароит медиҳад, ки ҳаракатҳои ноҷӯри меркантилистонаро истифода намоянд ва аз ин ҳисоб манфиатҷӯӣ созанд ва нисбати рушди дигарон дар самти чорводорӣ монеаи калон гарданд.

Аз рӯи хулосаи доштаам, дар нисбати истифодабарии замини чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳамзании низоми сертификаткунонии чарогоҳҳо зарур мебошад ва бояд ташкили муносибатҳо дар заминистифодабарӣ танҳо дар асоси муносибатҳои иҷора аз рӯи саршумор ва вақти муайян дар асоси шартномаҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳар як ноҳия ба роҳ монда шавад. Дар сурати ба роҳ мондани чунин механизми идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳҳо дар ҷомеа муносибатҳои одилона нисбати рушди соҳаи чорводорӣ, идоракунии чарогоҳҳо ва эҳтироми маҳал пеш меоянд ва таносуби истифодаи замини чарогоҳ ҳамасола аз рӯи эҳтиёчот ва саршумор дуруст истифода ва назоратшаванда мегардад.

Инчунин, дигар мақомоти иҷрояи маҳал аз рӯи дарёфти маблағҳои шартномавии чарогоҳҳо шароит пайдо менамоянд, ки нисбати беҳсозии ҳолати чарогоҳҳо, инфрасохтори зарурии чорводорӣ дар шароити чарогоҳҳо кори амалӣ баранд ва муносибатҳои экологии истифодабарии чарогоҳҳо дуруст таъмин гардад.

Мизроб АМИРБЕКОВ,

таҳлилгари масоили кишоварзӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь