Хабарнигори МТЖТ бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо сардори ин ниҳод Давлатов Неъматулло Ҳикматуллоевич суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат чунин гуфт: Сараввал мехоҳам сокинони кишвари азизамонро бо Ҷашни 30-солагии Истиқлол муборакбод бигӯям ва таманно мекунам, ки миллати азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот, осоиштагӣ зиндагӣ намоянд. Барои ҳар фарди кишвар албатта, Истиқлол ва озодӣ азиз аст ва ин муқаддасотро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамзамон, баҳри боз ҳам пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашему ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва чунон ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии худ таъкид менамоянд, ки содиқона ва самимона баҳри миллату давлат хизмат намоем ва мо ҳамеша суханони боҳикмати Пешвои миллатро дастури фаъолияти касбии худ намудаему менамоем.
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати андоз дар шаҳри Душанберо оид ба баланд бардоштани самаранокии кори соҳа ба роҳбарӣ гирифта, кӯшиш ба харҷ доданд, ки вазифа ва уҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро намоянд.
Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти Нозиротро дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуданд:
Дар нуҳ сипаригардидаи соли 2021, нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 102,0% таъмин гардида, ба ҷои 283,6 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида, ба буҷет маблағи 289,2 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои тибқи нақша пешбинигардида, 5,6 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида дар ҳаҷми 79 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ба андозаи 100,5% таъмин гардида, ба ҷои 234 млн. сомонии нақшаи пешбинишуда, ба буҷет маблағи 235,2 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 108,9% таъмин гардида, ба ҷои 29,6 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи 54 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 4,4 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи сипаригардида, иҷроиши 3 намуди андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, андози низоми соддакардашуда ва андоз аз молу мулки ғайриманқул таъмин нагардид.
Инчунин, аз ҷониби соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда бошад, дар 558 ҳолат, 4,2 млн. сомонӣ маблағи ҳисобшуда ва 3,4 млн. сомонӣ маблағи пардохтшуда ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар фаъолияти Ашуров И. дар 44 ҳолат камшавии маблағҳои ҳисобшуда ба маблағи 234 ҳаз. сомонӣ ва пардохтшуда ба маблағи 164 ҳазор сомонӣ, Азизов П. дар 56 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 426 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда ба маблағи 292 ҳазор сомонӣ, Қодирзода Х. дар 51 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 549 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда 383 ҳазор сомонӣ, Маҳмадиев А. дар 53 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 434 ҳазор сомонӣ, пардохтшуда ба маблағи 355 ҳазор сомонӣ, Хайруллозода М. дар 74 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 619 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда ба маблағи 539 ҳазор сомонӣ, Ҳасанов Ф. дар 52 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 447 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда 381 ҳазор сомонӣ, Ҳомидов Х. дар 60 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 517 ҳазор сомонӣ, пардохтшуда ба маблағи 353 ҳазор сомонӣ, Чиллазода С. дар 103 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 499 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда 589 ҳазор сомонӣ, Шарифзода Ф. дар 65 ҳолат ҳисобшуда ба маблағи 473 ҳазор сомонӣ, пардохтшуда ба маблағи 354 ҳазор сомонӣ, мушоҳида мегардад.
Мавсуф илова намуд, ки ба санаи 01.10.2021 мутобиқи барномаи компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо дар Нозироти андоз (ба истиснои шахсони воқеӣ) 18250 андозсупорандагон, аз ҷумла 2021 шахсони ҳуқуқӣ, 3528 соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома ва 12701 соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда, ба қайд гирифта шудааст.
Аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқии дар қайдбуда, 242 секторҳои давлатӣ ва 1779 ғайридавлатӣ, аз шумораи умумии секторҳои давлатӣ бошад, 206 ададаш корхонаҳои буҷетӣ ва 7 ададаш корхонаҳои худмаблағгузор мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, дар маҷмӯъ 1428 андозсупорандагон, аз ҷумла 60 андозсупорандаи шахсони ҳуқуқӣ, 319 соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома ва 1050 андозсупоранда бо патент фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо рақами ягонаи мушаххас таъмин гардиданд.
Ба ҳолати 01.10.2021 дар Нозироти андоз 278 супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар сабаби зиёд гардидани даромади умумияшон, 20 адад андозсупорандагон аз низоми соддакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ гузаронида шуда, бо шаҳодатномаи супорандаи андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ (ба ҳолати 01.04.2021) аз 340 супорандагони андоз аз фоида, 322 субъект аз рӯи 821,8 млн. сомонӣ даромади умумӣ ва 778,4 млн. сомонӣ хароҷот, ки маблағи андоз барои камкунӣ 6,1 млн. сомониро ташкил медод, эъломияи фоидаи соли 2020-ро пешниҳод намуда буданд, аз ҷониби масъулин то инҷониб корҳои назоратӣ ва тавзеҳотӣ гузаронида шуда, маблағи андоз аз фоида барои камкунӣ 9,2 млн. сомонӣ кам ва маблағи даромади умумии ин андозсупорандагон 475,2 млн. сомонӣ зиёд карда шуда, маблағи андоз барои ҳисобкунӣ ба 3,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин метавонад дар давоми соли 2021 тибқи талаботи моддаи 157 Кодекси андоз барои ҳисобкунии маблағи андоз аз фоида таъсири мусбӣ расонад.
Аз шумораи умумии андозсупорандагони андоз аз арзиши иловашуда, 65 адад ё худ 23,9%-и онҳо бо сабабҳои гуногун эъломияҳои андозро ба Нозироти андоз сифрӣ пешниҳод менамоянд. Инчунин, 9 адад ва ё 3,3%-и шумораи умумии супорандагони ААИ аз фаъолият боз монда, умуман ба Нозироти андоз эъломия пешниҳод наменамоянд.
Номбурда изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли 2021 даромади умумии андозсупорандагони дар низоми умумии андозбандӣ фаъолияткунанда 1 миллиарду 203,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 336,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар нуҳ моҳи соли ҳисоботӣ маблағи умумии амалиётҳои супорандагони ААИ (бо назардошти субъектҳое, ки дар давоми нуҳмоҳа сертификати ААИ-ашон бекор гардидааст) 1 миллиарду 203,5 млн. сомониро ташкил намуда, аз он 66,7 млн. сомонӣ бо меъёри озод ва дар маҷмӯъ амалиётҳои андозбандишавандаи он бошад танҳо 1 милларду 139,8 млн. сомонӣ ё худ 94,7%-и даромади умумиро ташкил менамояд, ки бевосита амалиётҳои озод ва сифрӣ ба маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи ААИ таъсир расонидааст.
Андозҳои ҳисобшудаи супорандагони ААИ (бе назардошти субъектҳое, ки дар давраи ҳисоботӣ сертификати ААИ-ашон бекор гардидааст) дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли 112,3 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 16,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Андозҳои пардохтшудаи ин андозсупорандагон дар 9 моҳи сипаригардидаи соли 2021, дар маҷмуъ маблағи 103,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба 9 моҳи соли 2020, ба маблағи 31,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи сипаригардида, даромади умумии андозсупорандагони дар низоми соддакардашуда фаъолияткунанда, аниқтараш шахсони ҳуқуқӣ 121,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Андозҳои ҳисобшудаи андозсупорандагони дар боло зикршуда (бе назардошти буҷети ҷумҳуриявӣ ва иҷтимоӣ буҷетӣ) дар нуҳ моҳи соли 2021, маблағи умумии 49,3 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба нишондиҳандаҳои хамин давраи соли гузашта 14,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Андозҳои пардохтшудаи ин андозсупорандагон (бе назардошти буҷети ҷумҳуриявӣ ва иҷтимоӣ буҷетӣ) дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, маблағи умумии 53,1 млн. сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 17,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохт карда мешавад, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 7,9 млн. сомониро ташкил намуда, ба ҳисоби миёна дар нуҳ моҳ ба як андозсупоранда, бо назардошти андозсупорандагони бефаъолият, сифрӣ ва воҳидҳои алоҳида 4317 сомонӣ рост меояд.
Андозҳои ҳисобшудаи андозсупорандагон дар нуҳ моҳи соли 2021, маблағи умумии 36,6 млн. сомониро (бе назардошти буҷети ҷумҳуриявӣ) ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ ба маблағи 6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Андозҳои пардохтшудаи ин андозсупорандагон бошад, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, маблағи умумии 28,9 млн. сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Андозҳои ҳисобшудаи соҳибкорони тариқи патент фаъолияткунанда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маблағи 23,6 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҳисобшуда, ба маблағи 8,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки инчунин, маблағҳои пардохтгардидаи ин андозсупорандагон, дар давоми нуҳ моҳи соли 2021, маблағи умумии 23,3 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида, 11.4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ҳолати 01.10.2021 дар Нозироти андоз, 25,2 млн. сомонӣ изофапулии андозҳо ҷой дошта, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба андозаи 3,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Татбиқи дуруст ва саривақтии муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими ҷорӣ намудани интизоми андоз дар байни андозсупорандагон ва ҳамчунин сарчашмаи ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ба ҳисоб меравад.
Бо ҳамин мақсад, ба ҳолати 01.10.2021 барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз, аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати 721 нафар субъекти андозсупор протокол ва қарорҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки дар маҷмӯъ маблағи ҷаримаи нисбати ҳуқуқвайронкунандагон тадбиқгардида 1,9 млн. сомониро ташкил менамояд. Ҷиҳати таъмини саривақтии пардохти ҷаримаҳои тадбиқгардида чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар натиҷа аз ин ҳисоб маблағи 1,1 млн. сомонӣ руёнида ба буҷет ворид карда шуд, ки 57,5%-и маблағи умумии ҷаримаҳои тадбиқгардидаро ташкил менамояд. Бақияи қарз дар ин самт ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021, маблағи умумии 813 ҳазор сомониро ташкил намуда, чораҷӯиҳо ҷиҳати руёнидан ва ба буҷет ворид намудани он, мунтазам идома дорад.
Дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, бо мақсади аниқ намудани дурустии маблағҳои ҳисобшуда, пардохтшудаи андозҳо, инчунин фоиз, ҷарима ва бақияи қарзи андозҳо аз тарафи кормандони Нозироти андоз бо 33402 адад андозсупорандагон (бо назардошти соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда) санадҳои муқоисавии дуҷониба тартиб дода шуда, дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ ба андозсупорандагон дар маҷмуъ маблағи 28,8 млн. сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ва 8,4 млн. сомонӣ изофапулиҳои шахсони ҳуқуқӣ соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ кам гардидааст.
Дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли 2021, ҷиҳати ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз гузаронидани андозсупорандагон, аз тарафи шахсони масъули Нозироти андоз чораҳои қатъӣ ва зарурӣ андешида шуда, дар маҷмӯъ 3967 нафар ё худ 75,5%-и шумораи умумии андозсупорандагон ба чунин шакли пешниҳоди эъломияҳо гузаронида шудаанд, ки бо истифода аз он имрӯз андозсупорандагон бе ташриф овардан ба Нозироти андоз эъломияҳои андозро ба тариқи электронӣ, пешниҳод намуда истодаанд.
Анҷом додани корҳои назоратӣ яке аз самтҳои муҳим ва назарраси фаъолияти мақомоти андоз буда, ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Кумита ва Нозироти андоз қарор дорад.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки қобили қайд аст, ки санҷиши андоз, яке аз шаклҳои асосии назорати андоз буда, ҷиҳати таъмини иҷрои қонунгузории андоз, дуруст ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти андоз, амалӣ карда мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Нозироти андоз нисбати фаъолияти 132 нафар андозсупорандагон, аз ҷумла, 5 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 127 нафар соҳибкорони инфиродӣ, дар асоси муроҷиати андозсупорандагон оиди қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 109,9 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, руёнида пурра ба буҷет ворид карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар асоси амрномаи сардори Нозироти андоз, дар ҳудуди ноҳия 10 маротиба санҷишҳои амалиётии андоз гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ, дар маҷмӯъ фаъолияти 402 нафар андозсупорандагон, аз ҷумла 55 адад шахсони ҳуқуқӣ, 264 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва 46 нафар соҳибкороне, ки бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз фаъолият менамуданд, таҳти санҷиш, таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ, барои риоя нагардидани қонунгузории соҳаи андоз, дар 106 ҳолат нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 211,4 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар 117 фаъолияти андозсупорандагон хариди назоратӣ гузаронида шуда, барои риоя нагардидани қонунгузории соҳаи андоз, аниқтараш талаботи моддаҳои 19, 38 ва 39-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 117 ҳолат протоколҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 490,4 ҳазор сомонӣ ҷарима тадбиқ карда шуд. Аз маблағи умумии ҷаримаи тадбиқгардида, дар ин муддат маблағи 265,1 ҳазор сомониаш ба буҷет ворид карда шуд.
Аз 5 намуд номгӯи андоз ва пардохтҳое, ки назорати иҷрои он ба зиммаи шӯъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ вогузор карда шудааст, дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши онҳо дар маҷмӯъ ба андозаи 105,6% таъмин гардида, ба ҷои 40 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда, ба буҷет маблағи 42,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида ба маблағи 2,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар нуҳ моҳи соли 2021 бо мақсади пурра ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани азнавбаҳисобгирии «Инвентаризатсияи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замини шахсони воқеӣ», дар барномаи компютерӣ нисбати 43235 нафар соҳибмулкон баҳисобгири гузаронида, аз ин 3832 нафар объектҳои бидуни қайд ошкоркардашуда, ин соҳибмулкон дар барнома компютери ба қайд гирифта шуда, ва 1,4 млн. сомонӣ андоз ҳисоб карда шуда, ба буҷет ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ пардохт карда шуд.
Дар Нозироти андоз ба ҳолати 01.10.2021, 1312 нафар шахсони воқеӣ ҳамчун иҷорадиҳандаи молу мулки ғайриманқул ба қайд гирифташудааст, ки масоҳати молу мулки ғайриманқули ба иҷорадодашуда 141,3 метри мураббаъро ташкил дода, даромади умумии онҳо дар як сол 33,5 млн. сомонӣ ва маблағи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ҳисобшуда 5,8 млн. сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин маблағи ҳисобшуда ба санаи 01.10.2021 ба буҷет 9,9 млн. сомонии он таъмин карда шудааст.
Инчунин, дар ин давра тибқи талаботҳои қисми 7 ва 8-и моддаи 104 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати аз ҳисоби афзоиши арзиш ҳангоми фурӯш ё дигар шакли бегона кардан ва дигар манбаъҳо аз ҳисоби 1950 нафар шахсони воқеӣ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ бо гирифтани эъломия иловагӣ ва андозҳо бо пуррагӣ пардохт карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки муроҷиатҳои ба суроғаи Нозирот воридгардида, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба расмият дароварда шуда, инчунин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонун ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст.
Дар анҷоми суҳбат мавсуф қайд намуд, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсиро бовар мекунонад, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияпулиҳои андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи касбии худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро пурра таъмин менамояд.
Бахтиёр АЛИМОВ,
МТЖТ