ё заминфурӯшию заминдиҳӣ дар ноҳия

 

Ба таваҷҷӯҳи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон

Нусха ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон,

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва

мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон,

 Суди олии иқтисодии Тоҷикистон

 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ

Кооперативи кишоварзию истеҳсолии “Деҳқон” нахустин ширкати  кишоварзию истеҳсолӣ дар ноҳияи Зафаробод буда, дар ҷумҳурӣ низ дар самти фаъолияти худ яке аз аввалинҳо ба шумор меравад.

Қисса кӯтоҳ, асли масъала аз он маншаъ мегирад, ки соли 2007 дар асоси аризаи ман ва бо пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳия, раиси ҳамонвақтаи ноҳияи Зафаробод Б. Сафаров бо қарори худ таҳти № 364 ҷиҳати бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ 31,97 га аз ҷумла 0,70 гектар заминҳои мазрааи обӣ, 31,27 га заминҳои барои хоҷагии қишлоқ истифоданашванда, обпартои ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба майдони умумии 15,98 га аз он ҷумла 0,70 га мазра ва 15,28 га дигар заминҳо, обпартои шаҳраки Гулистони ҷамоати деҳоти Равшан ба майдони умумии 15,99 га барои бунёди сохтмони ҳавзҳои моҳипарварӣ  кооперативи кишоварзию истеҳсолии “Деҳқон” барои истифодаи бемуҳлат вобаста карда буд.

Кооперативи “Деҳқон” лоиҳаи сохтмони ҳавзҳои моҳипарвариро худи ҳамон сол тайёр намуда, онро якҷоя ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро дастгирӣ намуда, солҳои минбаъда аз буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо кард. Азбаски барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи  31,97 га қитъаи замин бо сабабҳои номаълум ба мо дастрас нагардида буд, маблағҳои ҷудогардида бо дарназардошти истифодаи саривақтии онҳо ба хоҷагии давлатии моҳипарварии Тоҷикистон равона карда шуд.

Илова бар он, кооперативи “Деҳқон”, Вазорати кишоварзии ҶТ лоиҳаи “Парваришгоҳи  моҳиҳои хушзот”-ро ба пуррагӣ таҳия карда, санаи 26 декабри соли 2008 дар назди КВД “Моҳиҳои Тоҷикистон” он аз қайд гузашта, бо сертификат тасдиқ карда шуд.

Гарчанде то ҳол Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия бо ҳар баҳона кооперативи “Деҳқон” -ро бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва ё шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ таъмин накарда бошанд ҳам, кооператив  андозҳои замини майдони умумии 76,26 га аз  ҷумла 31,97 га заминҳои барои сохтмони ҳавзҳои моҳипараварӣ вобасташударо аз соли 2007  сол то имрӯз ҳамасола саривақт пардохт намуда истодааст.

Бо гузашти беш аз 11 сол раиси ҳозираи ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода аз номи худаш санаи 05.07. 2018 сол таҳти № 56 бо шаҳрванд Носиров Фирӯз аз ҳисоби заминҳои ба кооперативи мо вобасташуда дар ҳудуди шаҳраки Гулистони ҷамоати деҳоти Равшан, оиди ба иҷора додани қитъаи замини 13,06 га ва аз ҳисоби дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифодашаванда ба мӯҳлати 5 сол барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шартнома бастааст.

Ҳамчунин, худи ҳамон сол (санаи 27.11.2018 сол, таҳти №75) Раҷаб Ашӯрзода аз номи худаш аз ҳисоби заминҳои ба кооперативи мо вобасташуда дар ҳудуди шаҳраки Гулистони ҷамоати деҳоти Равшан бо шаҳрванд Низомов Мирсалим оиди ба иҷора додани қитъаи замини 2.0 га аз ҳисоби дигар заминҳои дар кишоварзӣ  истифоданашаванда ба мӯҳлати 5 сол барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шартнома бастааст.

Ғайр аз ин, соли 2019 раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба мо хабар надода, бо қарори худ таҳти № 1005 аз 13 декабри соли 2019, қарори  № 364 аз 5 ноябри соли 2007 – и собиқ раиси ноҳия Б. Сафаровро бекор кардаасту 31.97 гектар замини ба хоҷагии мо вобасташударо ба заминҳои захиравии ноҳия дохил кардааст.

Инчунин, ба ин нигоҳ накарда, соли 2020 Р. Ашӯрзода аз ҳисоби заминҳои кооперативи мо 9.79 гектарашро ба шаҳрванд О. Саидов ба муддати 20 сол ва 1.0 гектар замини корами обиро ба хоҷагии деҳқонии “Ш. Давлат” ба муддати 10 сол додааст.

Аз ин кор ман ҳамчун раиси кооперативи кишоварзии “Деҳқон” танҳо 15 апрели соли 2021 хабардор гардида, рӯзи дигар ба унвони раиси ноҳия дар ҳаҷми 10 варақи чопӣ бо якчанд замима мактуби расмӣ фиристодам. Мутаассифона, давоми ду моҳ аз раиси ноҳия мактуби ҷавобӣ наомад.

Бинобар ин, 24 июни соли 2021 ба Прокуратураи  ноҳияи Зафаробод бо 7 саҳифа мактуб ва 11 замима оиди бекор намудани Қарори ғайриқонунии Раиси ноҳия муроҷиат намудам. Прокурори ноҳия дар асоси аризаи ман ва санҷишҳои гузаронидашуда 9 июли соли 2021 ба қарори таҳти № 1005 – и раиси ноҳия аз 13 декабри соли 2019 эътироз овард.

Р. Ашӯрзода дар асоси  эътирози прокурори ноҳия бо қарори худ таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021 қарори қаблии худро таҳти №1005 аз 13 декабри соли 2019 бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор намуд.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бекор шудани ин ё он қарори раиси ноҳия ҳамаи қарорҳои минбаъд баромада, ки аз қарори бекоршуда сарчашма мегиранд, аз эътибор соқит дониста мешаванд ва дар давоми 3-5 рӯз оиди аз эътибор соқит дониста шудани онҳо қарори нави раиси ноҳия бароварда мешавад.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳия 8.09.2021 сол ба шаҳрванд Саидов О. огоҳнома фиристода, вайро огоҳ менамояд, ки дар заминҳои обпартои ҷамоати деҳоти Меҳнатобод корҳоро оиди парвариши моҳӣ боздорад.

Баръакс, шаҳрванд  О. Саидов корҳои парвариши моҳиро бознамедорад ва ба кормандони  идораи замини ноҳия мегӯяд, ки қарори раиси ноҳия таҳти № 382 аз  аз 10.04.2020 сол “Дар бораи ба шаҳрванд Саидов О. Ф, додани 9.79 қитъаи замин” ҳоло расман бо қарори раиси ноҳия аз эътибор соқит дониста нашудааст.

О. Саидов санаи 14.09.2021 сол ба раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ариза навишта, аз суд хоҳиш менамояд, ки Қарори раиси ноҳия таҳти № 834 аз 03.08.2021 сол бе эътибор мононида шавад.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода чанд сол пеш судяи Суди ноҳияи Зафаробод буд ва он вақт Р. Ашӯрзода ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳия фаъолият мекард. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи шаҳрванд О. Саидовро санаи 14 сентябри соли 2021  сол қабул карда, худи ҳамон рӯз дар асоси ин ариза парванда оғоз менамояд. Ба ин кор судя С. Гулзода вобаста карда мешавад.

Аз ин ҷо савол пайдо  мешавад, ки барои чӣ судя С. Гулзода аризаи даъвогии О. Саидовро ба истеҳсолот қабул намуда, оиди беъэтибор  мононидани Қарори раиси ноҳия таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021 бо  таъиноти худ санаи 8 октябри соли 2021 кооперативи “Деҳқон” -ро ҳамчун шахси манфиатдор ба муҳокимаи парванда ҷалб кардааст.

Судя С. Гулзода хуб медонад, ки Қарори  раиси ноҳия таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021, ки дар асоси он ба О. Саидов 9.79 га қитъаи замин дода шудааст, ҳоло расман аз эътибор соқит карда нашудааст. Пас, барои чӣ судя С. Гулзода аризаи О. Саидовро қабул карда, барои беэътибор мононидани қарори раиси ноҳия таҳти № 834 парвандаи № 1-483/2022 -ро оғоз кардааст? Магар ин ғайриқонунӣ нест?

Раиси ноҳия Ашӯрзода бошад,  то ин вақт бо баҳонаи он ки гӯё дар Суди иқтисодии вилоят парвандаи №1-483/2022 дар баҳси судӣ қарор дорад, бинобар ин ӯ ба қарор оиди аз беэътибор донистани Қарори раиси ноҳия таҳти № 382 аз 10 апрели соли 2020, ки ба О. Саидов 9.79 га қитъаи замин дода шудааст, имзо гузошта наметавонад, қӯрро болои кулчаи худ кашиданӣ мешуд.

Таври маълум, ин ба қавли мардум, “Аз пода пеш чанг” шудааст, яъне ариза пеш аз беэътибор донистани қарори қаблии раиси ноҳия таҳти № 382 ба Суди иқтисодии вилоят ирсол шуда, судя С. Гулзода парванда оғоз намуда, онро қариб 2 моҳ баррасӣ намудааст. Оқибат судя С. Гулзода санаи 9 ноябри соли 2021 маҷбур шуд, таъйиноти дар бораи бе баррасӣ мононидани аризаи О. Саидовро бароварда, бинависад, ки О. Саидов метавонад дар давоми як моҳ ба тариқи шикояти кассатсионӣ нисбати таъйиноти судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд С. Гулзода ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Баъди ин директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Зафаробод Тоҳир Қурбонзода ва дигарон ба раиси ноҳия бо баҳонаи беасос маслиҳат медиҳанд, ки ӯ ба ҳар ҳол ба қарорҳои навбатии худ оиди аз эътибор соқит донистани қарорҳои қаблияш имзо нагузорад.

Ман ба директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ  генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода аризаи даъвогии худро барои чораҷӯӣ нисбати шахсони масъул ирсол намудам. Маълум гардид, ки аризаҳои ман аз рӯи тобеият ба Прокурори генералии ҶТ барои баррасӣ ва чораандешӣ фиристода шудаанд.

Раиси ноҳия вазъияти корро дарк карда, пешниҳодҳои Кумитаи идораи замини ноҳияро аз нав тартиб дода, санаҳои онҳоро аз 30 сентябри соли 2021 ба санаи 8 декабри соли 2021 тағйир дода, санаи 17 декабри соли 2021 2 қарори қаблии раиси ноҳияро аз эътибор соқит кардааст. Гӯё пешниҳодҳои Кумитаи замини ноҳия ба унвони раиси ноҳия на 30 сентябри соли 2021, балки санаи 8 декабри соли 2021 ворид гардида бошанд.

Бо истодагарии ман раиси ноҳия Р. Ашӯрзода бо амри худ таҳти № 03 аз 3 январи соли 2022 шартномаҳои соли 2018 ғайриқонунӣ ба иҷора додани қитъаи заминҳоро аз сабаби ғайриқонунӣ баста шудани онҳо расман аз эътибор соқит кард.

Раиси идораи Кумитаи замини ноҳия санаи 8 сентябри соли 2021 ба шаҳрванд Саидов О. такроран огоҳинома фиристода, ӯро огоҳ намуда буд, ки заминҳои обпартои ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба ҳолати ававалаашон  баргардонида шуда, ҳавзҳоро аз об холӣ карда монад. Аммо Саидов О. ин амрҳоро то кунун иҷро накарда, даъво дорад, ки ҳоло бо қарори суд Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ӯро нисбати 9.79 га қитъаи замин аз эътибор соқит накардаанд.

Шаҳрванд соҳибкори инфиродӣ  О. Саидов бо маслиҳати раиси Кумитаи замини ноҳия Тоҳир Қурбонзода ва дастгирии раиси ноҳия Р. Ашӯрзода санаи 14 январи соли 2022 аризаи такрории худро боз ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ирсол намуда, аз суд хоҳиш кардааст, ки Қарори раиси ноҳия таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021 бе эътибор мононида шавад.

Ин навбат судяи дигари Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзооқил Ниёззода бо хатоиҳои ҷиддӣ аризаи О. Саидовро ба истеҳсолоти худ гирифта, санаи 14 январи соли 2022 парвандаи №1-72/2022 оғоз карда, бо таъиноти судӣ кооперативи “Деҳқон” – ро ҳамчун тарафи манфиатдор барои иштирок ба парванда ҷалб кардааст.

Ман такроран  ариза ва дархости худро ба директори Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода таҳти № 4 аз 21 январи соли 2021 ва аризаи  худро ба Прокурори генералии ҶТ, генерал – полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод таҳти № 5 аз 23 январи соли 2022 ирсол карда будам.

Судя М. Ниёззода омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ва маҷлиси пешакии судиро бе иштироки намояндаи кооперативи “Деҳқон” гузаронида, оқибат муҳокимаи судиро (моҳиятан баррасӣ кардани парвандаро) ба санаи 9 марти соли 2022 соати 15:00 таъин намудааст.

То имрӯз аз тарафи  муфаттиши Агентии мазкур дар вилояти Суғд Равшан Сафарзода зиёда аз 1 моҳ баррасии аризаю дархости ман давом ёфта, муҳлати баррасии онро то санаи 10 марти соли 2022 дароз кард. Ҳол он ки барои оғоз намудани парванда нисбати раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода ва дигарон 30 рӯз басанда буд, зеро ҳамаи маводи лозима ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаю раднашванда дар аризаю дархости ман замима карда шудааст.

Танҳо санаи 11 марти соли 2022 аз номи сардори Раёсати агентии мазкур дар вилояти Суғд Аваззода Ш.Т. ба ман мактуби ҷавобӣ омад. Маълум гардид, ки муффатиши раёсати мазкур Р. Сафарзода ба ҷои он ки ваҷҳҳои дар аризаю дархостҳои ман дарҷшударо санҷиши пурра гузаронида, қарори қонунии худро барорад, дар давоми 40 рӯз танҳо барои бегуноҳ сохтани раиси ноҳия ва дигар айбдорон хеле заҳмат кашидааст, ки санҷишҳои гузаронидаи ӯ ба аризаю дархостҳои ман қариб, ки умуман дахл надоранд. Ин муфаттиши “зирак” бо кашолакории вақт ва нисбати 4 нафар шахсони аз кор рафта бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 322 қисми 1 КҶ ҶТ чора дида, бо ҳамин ба санҷиш хотима гузоштааст.

Маълум мешавад, ки муфаттиш Р. Сафарзода танҳо санҷиши  фармоиши мақомоти ноҳияи Зафарободро иҷро кардааст, на супориши махсуси директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ С. Султонзодаро ҷиҳати чораҷӯӣ нисбати шахсони соҳибмақоми ноҳия ва дигар шариконашон.

Прокурори генералӣ дар навбати худ аризаи кооперативро санаи 31 январи соли 2022 ба Прокуратураи вилояти Суғд ҷиҳати баррасӣ ва чораандешӣ нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Зафаробод таҳти № 20/27-168 равона кардааст. Аммо дар давоми зиёда аз як моҳ ягон хабар ва ё ягон чораҷӯӣ аз ҷониби прокуратура нисбати мақомоти ноҳия ва дигарон дида нашудааст. Инчунин, раиси кооперативи “Деҳқон” ба номи раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ О.Н. Ҳоҷизода таҳти № 8 аз 25 январи соли 2022 ариза ирсол карда буд ва аз мақомоти фавқ танҳо намояндагони ин сохтор маро даъват  намуда, барои  ҳаллу фасл кардани баҳси замин роҳи хеле хуберо ба ман ва Кумитаи идораи замини ноҳия пешниҳод намуданду баъди вохӯрии онҳо бо раиси ноҳия ғайб заданду дигар пайдо нашуданд.

Айни ҳол баррасии парвандаи навбатӣ таҳти №1-42/2022 аз ҷониби судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т. Ш. идома дорад.

Ман барои бунёд намудани “Парваришгоҳи мукамалсохтори моҳиҳои хушзот” дар ноҳияи Зафаробод заҳмати зиёд кашида, бисёр мутахассисонро омода намудам. Аз бисёр корҳои даромаднок даст кашида, назди худ мақсад гузоштам, ки бо технологияи наву пешрафта ҳарчӣ зудтар фаъолияти ин коргоҳро ба роҳ монам.

То ин дам дар кооперативи кишоварзию истеҳсолии “Деҳқон” новобаста ба фишору сардардиҳои сунъӣ истеҳсоли 30 намуди равғанҳои табиии шифобахш ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин, Олмон, Фаронса, Италия, Туркия, Канада, Чин, мамолики арабӣ ва ғайра барои харидани равғанҳои табиии шифобахш бо мо шартномаи ҳамкорӣ баста истодаанд. Дар бораи фаъолияти кооперативи мо бисёр рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонидаанд. Ҳамаи намудҳои маҳсулоти истеҳсоли кооперативи мо кафолати сифати худро дорад ва алалхусус, равғани сиёҳдонаи моро бо бренди нави “Равғани сиёҳдонаи тоҷик” аксарияти давлатҳои ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Айни ҳол равғанҳои кооперативи моро  писарам Додоҷони Бахтиёрҷон аз ҳисоби худ дар намоишгоҳи ҷаҳонии “DUBAI EXPO – 2020”,  ки аз моҳи 26 октябри соли 2021 то 31 марти соли 2022 баргузор гашт, муаррифӣ намуда, дар ин замина бо харидорони яклухти ширкатҳои дигар мамлакатҳои хориҷа шартномаҳо баста истодааст.

Аммо барои чи танҳо роҳбарияти имрӯзаи ноҳия кӯшиш мекунанд, ки зимни баргузории намоишҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ  ва ҷумҳуриявӣ моро огоҳ насозанд ва намехоҳанд, ки кооперативи “Деҳқон” муаррифгари равғанҳои табиии шифобахши Тоҷикистони азизамон гардад?

Зиёда аз 1 моҳ мешавад, ки раиси ноҳия Р. Ашӯрзода баъди қарори қаблии худашро аз сабаби ғайриқонунӣ будан бекор намуданаш, инчунин, баъди қарорҳои қаблии худашро бо қарорҳои навбати худаш  аз эътибор соқит намуданаш ва Амри худашро оиди шартномаҳои ба иҷора додани қитъаи заминҳо беэътибор донистанаш ва  ба ҷои  31.97 га қитъаи заминро бо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ таъмин  намудани кооперативи мо, боз ҳам дар ҳамдастӣ бо директори Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” -и ноҳия аз номи шаҳрванд О. Саидов аризаи такрорӣ ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ворид намуда, мехоҳанд, ки судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд қарори раиси ноҳия  Р. Ашӯрзодаро таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021, ки дар асоси эътирози Прокурори ноҳия қарори қаблии раиси ноҳия таҳти № 1005 аз 13 декабри соли 2019 бо сабаби ғайриқонунӣ будани он бекор карда шудааст, бо ҳалномаи судӣ оиди беэътибор донистани қарори қаблии раиси ноҳия таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021 ва таҳти № 1269 аз 17 декабри соли 2021 ғайриқонунӣ бароварда диҳанду ҳамаашон ба ин минвол боз  соҳиби 31.97 га қитъаи замин гашта, аз ҳама гуна ҷавобгариҳо якбора озод шаванд.

Ҳоло парвандаи №1-72/2022 аз судя Ниёззода М. ба судяи дигари Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш. вогузор карда шудааст ва баррасии парванда идома дорад.

Агар судяи Суди иқтисодиии вилояти Суғд моддаи 349-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯирост ва барқасдона вайрон карда, парвандаро баррасӣ намуда, ҳалномаи судии худро дар бораи бе эътибор донистани қарорҳои раиси ноҳия Р. Ашӯрзода таҳти № 834 аз 3 августи соли 2021 бароварда диҳад, он гаҳ ин амали Суди иқтисодии вилояти Суғдро чи хел фаҳмидан мумкин бошад?

Дар ин ҳолат магар ин санади судӣ аз рӯи фармоишоти махсуси шахсони мансабдор ва манфиатдор ҳисоб намешавад?

Магар ҳамаи ин амалҳои мақомоти давлатӣ дастаҷамъона ва фармоишӣ нест?

Дар назди қонун  ҳама баробаранд бидуни мансаб.

Мо соҳибкорон, андозсупорандагони Тоҷикистон имрӯз кафил ва ҳимогари худ Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем.

Раисони шаҳру ноҳияҳо меоянду мераванд вале баъзеи онҳо ба хотири манфиатҳои шахсии худ чунон ба соҳибкорон ва деҳқонон халал мерасонанд, ки пешрафти ин ё он соҳаи мамлакат солҳои дароз ба қафо меравад на ба пеш.

Шояд баъди ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кардани роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва ё Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон кори Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ раванди дигар гирифта, ба муаммои сарбастаи 31.97 га қитъаи замини ғайриқонунӣ ғасбшудаи мо хотима гузошта шавад ва парда аз рӯи дигар асрори пӯшидаи муаммоҳои сарбастаи ноҳияи Зафаробод низ бардошта шавад?

Ҳайдар Додоҷонов, раиси Кооперативи “Деҳқон”, узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Клуби менеҷерони Ҷумҳурии Латвия, узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь