Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Сарраёсати молия дар вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Мирзозода Анвар Сайфиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Суғд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, дар семоҳаи якуми соли 2023 бо мақсади пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар миқёси вилоят ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” муқаррар кардааст, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Рушди минтақавии вилоят

– Давоми семоҳаи якуми соли 2023 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 6343,7 млн. сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 108,2 фоиз ва ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумӣ 27,4 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят (бо назардошти масрафи қувваи барқ, газ ва об) дар маҷмуъ ба 5892,4 млн. сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,1 фоиз таъмин гардид.

Аз 217 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар семоҳаи якуми соли 2023 истеҳсоли 138 номгӯй (63,3 фоиз) афзуда, 69 номгӯй (31,8 фоиз) кам шудааст ва 10 номгӯй (4,6 фоиз) истеҳсол нагардидааст, изҳор дошт Мирзозода Анвар Сайфиддин ва ҳамзамон афзуд, ки дар соҳаи саноат 933 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 37 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2023, 543 корхона ё 58,2 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардошта, 146 адад ё 15,3 фоиз корхонаҳо сатҳи истеҳсолро паст намуданд. Айни замон миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳод намуда 244 адад ё 26,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 1047,4 млн. сомонӣ ё 7,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо 4069,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 10,0 фоиз, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 1061,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд шудааст.

Ҳамзамон, гардиши савдои хориҷии вилоят 701,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 фоиз кам шудааст, аз ҷумла содироти маҳсулот аз вилоят 241,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ 6,2 фоиз кам ва ҳаҷми воридот 460,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 0,6 фоиз кам мебошад.

Нақшаи контингенти андозҳо 103,7 фоиз таъмин гардид

Мавсуф дар идома зикр кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 иҷрои нақшаи контингенти андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 103,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 971,0 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои гуногун ворид шуданд, ки аз нақша 34,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 120,4 млн. сомонӣ (14,2 фоиз) зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар семоҳаи якуми соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ иҷрои 4 намуд, Айнӣ, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Хуҷанд иҷрои 3 намуд, Зафаробод, Истаравшан, Конибодом иҷрои 2 намуд ва Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Исфара ва Шаҳристон 1 намуди даромад таъмин нашуда, дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 96,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷетҳои маҳаллӣ 26,5 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоятӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 ба андозаи 100,7 фоиз ё ба маблағи 242,6 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 1,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 млн. сомонӣ (+5,5 фоиз) зиёд мебошад.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 102,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 634,7 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 653,2 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 18,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 54,2 млн. сомонӣ ё 9,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра иҷрои нақшаи контингенти андозҳо ва уҳдадории даромадҳо ба буҷет ба истиснои ноҳияи Айнӣ (91,5 фоиз) дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таъмин гардид.

Тибқи маълумоти Раёсати андоз дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 ба андозаи 105,6 фоиз ва ба маблағи 254,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 105,3 фоиз ё ба маблағи 93,0 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 105,8 фоиз ё ба маблағи 161,1 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар ҳолати 1 марти соли 2023 (бо назардошти бақияи қарзи андозсупорандагони калон) 79,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 1,8 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 6,3 млн. сомонӣ кам карда шудааст.

Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 21,7 млн. сомонӣ (27,4 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 17,1 млн. сомонӣ (21,6 фоиз), андоз аз молу мулки ғайриманқул 7,5 млн. сомонӣ (9,4 фоиз), пардохтҳои ҷумҳуриявӣ 6,2 млн. сомонӣ (7,9 фоиз), низоми содакардашудаи андозбандӣ (андози ягона) 5,2 млн. сомонӣ (6,6 фоиз) ва ғайраҳо ташкил медиҳанд.

Хароҷоти буҷети вилоят

Дар идомаи суҳбаи номбурда оид ба хароҷоти буҷети вилоят дар семоҳаи якуми соли 2023 тазаккур дод, ки он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, дар ин давра мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба иқтисодиёти вилоят 633,4 млн. сомонӣ равона гардид, ки 95,4 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақшаи аниқшуда 30,3 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 90,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоятӣ дар ин давра 99,6 фоиз ё маблағи 147,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи аниқшуда 0,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 33,5 млн. сомонӣ ё 29,3 фоиз зиёд мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмуъ, ба соҳаҳои зикршуда 515,8 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 81,4 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 315,7 млн. сомонӣ равона гардид, ки 96,3 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 12,2 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 45,4 млн. сомонӣ ё 16,8 фоиз млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади амалӣ гардонидани ислоҳоти маблағгузорӣ дар соҳаи маориф, ҷиҳати истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ аз рӯйи меъёрҳои минималии маблағгузорӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №626 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» тасдиқ гардидааст, ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии 18 шаҳру ноҳия пурра ба маблағгузории сарикасӣ таъмин карда шудаанд.

Дар буҷети вилоят соли 2023 барои нигоҳдории 890 муассисаи таълимӣ бо теъдоди умумии 548,4 ҳазор хонанда, ба маблағи умумии 953,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, амалан дар семоҳаи якуми соли 2023 бо назардошти тағйиру иловаҳо барои маблағгузории мактабҳои таҳсилоти умумӣ 229,4 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки 72,7 фоизи хароҷоти умумии соҳаи маорифро дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ташкил медиҳад.

Баробари ин, тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №627 ҳамаи муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 1 январи соли 2017 ба механизми нави маблағгузории сарикасӣ гузаронида шуда, дар буҷетҳои маҳаллӣ барои соли 2023 ҷиҳати нигоҳдории 208 муассисаи томактабӣ, бо теъдоди 36280 тарбиятгиранда, аз буҷетҳои маҳаллӣ 22,5 млн. сомонӣ масраф гардид, ки ба 7,1 фоизи хароҷоти умумии соҳаи маориф баробар аст.

Дар семоҳаи якуми соли 2023 дар доираи маблағҳои пешбинишуда барои сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими иншооти соҳаи маориф мутаносибан 27,7 ва 6,4 млн. сомонӣ, инчунин хариди таҷҳизот ва беҳдошти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ 2,5 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд.

Барои нигоҳдорӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар ин давра 134,4 млн. сомонӣ равона гардид, ки 94,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар ин давра барои нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами 132 беморхона 79,9 млн. сомонӣ, 610 маркази саломатӣ 45,4 млн. сомонӣ ва 80 маркази ҳифзи саломатии аҳолӣ 7,0 млн. сомонӣ маблағ масраф гардид.

Ҳамзамон, масъалаи беҳтар намудани шароит ва заминаи моддии муассисаҳои тиббӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар марҳилаи ҳисоботӣ барои сохтмону азнавсозии иншоотҳои соҳа 2,3 млн. сомонӣ, гузаронидани корҳои таъмирӣ 7,8 млн. сомонӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ 1,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағгузории барномаҳои соҳа низ диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар асоси қарорҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои ройгон таъмин намудани кӯдакони синнашон то 3-сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо 56,5 ҳазор сомонӣ, ройгон таъмин намудани иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёзашон ба онҳо баробар бо дорувориҳо 42,6 ҳазор сомонӣ, таъмини муассисаҳои табобатӣ бо хуни донорӣ 66,7 ҳазор сомонӣ ва расонидани кумаки антенаталӣ ба занҳои ҳомила 42,9 ҳазор сомонӣ маблағ ба харҷ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ барои маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5,3 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки ин ба 97,3 фоизи нақша баробар мебошад.

Дар доираи ин маблағҳо барои нигоҳдории 17 муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ёрии иҷтимоӣ 2,1 млн. сомонӣ равона гардида, хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии соҳа пурра маблағгузорӣ гардид.

Барои пардохти кумакпулӣ ба 814 нафар иштирокчиёну маъюбони рафъи оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил дар буҷети соли 2023, 3270,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, амалан дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 549,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид.

Дар семоҳаи якуми соли 2023 аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бо мақсади қадршиносӣ ва дастгирии молиявии 1136 нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ва барқароркунии сохти конситутсионӣ, аъзои оилаҳои дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, шахсони дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати шоиста нишондода ва маъюбони садамаи Чернобил ба маблағи 347,0 ҳазор сомонӣ кумакпулиҳои ҳармоҳа пардохта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузориҳо бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ ба соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ 19,8 млн. сомонӣ ё 86,9 фоизи нақша, мудофиа 12,3 млн. сомонӣ ё 97,4 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 11,2 млн. сомонӣ ё 98,5 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 56,3 млн. сомонӣ ё 97,5 фоиз, фарҳанг ва варзиш 60,3 млн. сомонӣ ё 94,1 фоиз, кишоварзӣ 10,0 млн. сомонӣ ё 97,3 фоиз, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия 7,9 млн. сомонӣ ё 100,0 фоиз ва хароҷотҳои дигар 0,1 млн. сомонӣ ё 11,3 фоизи нақшаро ташкил дод.

Дар семоҳаи якуми соли 2023 аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоташонро намепӯшонад, ба маблағи умумии 87,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 16,6 млн. сомонӣ, Деваштич 19,2 млн. сомонӣ, Зафаробод 5,8 млн. сомонӣ, Истиқлол 0,8 ҳазор сомонӣ,  Исфара 10,1 млн. сомонӣ, Конибодом 8,0 млн. сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 6,9 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 2,6 ҳазор сомонӣ, Спитамен 4,0 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 7,8 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 5,9 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид, ки 95,8 фоизи нақшаи тасдиқшуда ва 18,1 фоизи хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.

Дар натиҷаи чораю тадбирҳои амалишуда дар ҳолати апрели соли 2023 дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷетҳои вилоятӣ ва маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат ва маоши кормандон пурра пардохт гардида, аз ин ҳисоб қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ истифодаи маблағҳои махсус қатъиян дар дохили низоми хазинадорӣ ба роҳ монда шуда, ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмуъ 49455,8 ҳазор сомонӣ ворид ва 39884,4 ҳазор сомонӣ хароҷот гардид. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рӯйи меъёрҳое, ки қисми 1-уми моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» муқаррар кардааст, ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҷамъ 1757,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби дар қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» пешбинишуда роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардидааст, ба маблағи 317,9 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақша (301,9 млн. сомонӣ) ба андозаи 105,3 фоиз ё ба маблағи 15,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 66,2 млн. сомонӣ ё 26,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ аз буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои мақсаднок, дар ҳаҷми 3150,0 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, мақсаднок истифода бурда шудааст.

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди мақомоти молия гузошта шудааст, назорати пешакии мақсаднок ва босамар истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ мебошад.

Санҷиши ташкилоту муассисаҳо

– Дар семоҳаи якуми соли 2023 дар натиҷаи санҷишҳои аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия дар 93 ташкилоту муассиса таҳлил гузаронидашуда, зарари молиявӣ ба маблағи умумии 1517,9 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст,  аз ҷумла хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ-264,1 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ-1063,3 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ-1,3 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ-75,7 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ-20,4 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо-93,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – зикр кард мавсуф ва афзуд, ки ғайр аз ин, дар рафти санҷишҳои аудиторӣ камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 74,7 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, пурра барқарор шудааст.

Ҳамзамон, дар ин давра 37 маводи аудиторӣ ба маблағи умумии 1383,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ин ҳисоб 401,9 ҳазор сомонӣ барқарор карда, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.

Дархост ва муроҷиатҳои шаҳрвандон

Тавре ҳамчсқҳбатамон иттилоъ дод, дар семоҳаи якуми соли 2023 ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ҳамагӣ 37 дархосту муроҷиати шаҳрвандон (бо назардошти муроҷиати шаҳрвандоне, ки дар рӯзҳои қабули Раиси вилояти Суғд ворид шудаанд) ба қайд гирифта шуда, аз тарафи мутахассисони сарраёсат дар муҳлати муқарраргардида омӯхта шуданд.

Дар давраи сипаришуда аз ҷумла оид ба ҷудо намудани маблағ барои гирифтани муолиҷа 14 муроҷиат, оид ба расонидани кумаки молиявӣ 9 адад, оид ба масъалаи беҳдошти шароити манзили зист 3 адад, таъмир ё кофтани чоҳи амудӣ 2 адад, оид ба таъминоти оби нӯшокӣ 2 адад, барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 1 адад, оид ба рӯёнидани қарз 1 адад ва дигар масъалаҳо 5 адад муроҷиати шаҳрвандон ворид ва тибқи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ гардиданд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь