Моҳи июл дар Душанбе мизи мудаввари сиёсии минтақавӣ оид ба истеъмоли устувор ва истеҳсолот баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони соҳаи тиҷорат, сохторҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

 Лоиҳаи REAP: ҳадафҳо ва дастовардҳо

Мизи мудаввар ба як майдони баррасии масъалаҳои асосӣ, аз қабили рушди иқтисодиёти сабз, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта барои истеҳсолот ва истеъмоли устувор, инчунин, ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор табдил ёфт.

Лоиҳаи “Самаранокии захираҳо дар истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ” (REAP) соли 2020 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом мерасад. Лоиҳа таҳти роҳбарии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи SWITCH-Asia амалӣ карда мешавад. Дар ифтитоҳи чорабинӣ қайд гардид, ки кори чорсолаи лоиҳаи REAP оид ба баланд бардоштани устувории истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба охир мерасад.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳибкории хурду миёна зоҳир карда шуд. Дар маҷмуъ ба ин лоиҳа беш аз 400 ширкатҳои истеҳсолӣ ва коркардкунандаи маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷалб карда шуданд. Дар натиҷа дар фаъолияти корхонаҳои молик (бенефитсиар) таҷриба ва технологияҳои истифодаи самараноки захираҳо татбиқ карда шуданд, ки ба беҳбудии муҳити зист ва коҳиш додани сатҳи ифлосшавии он мусоидат намуданд.

 Дастгирии назаррас

Кормандони лоиҳа, яъне мушовирони техникӣ дар 2 самти асосӣ корбарӣ карданд: дастгирии мустақими истеҳсолкунандагон ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор (ассотсиатсияҳо, муассисаҳои молиявӣ). Вазифаи онҳо аз дидани заводҳо ва баҳодиҳӣ ба кори онҳо, инчунин, пешниҳоди тавсияҳо иборат буд. Илова бар ин, онҳо тренингҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар гузаронида, дар татбиқи усулҳои устувори истеҳсолоту истеъмол ва гирифтани кӯмаки молиявӣ мусоидат намуданд.

Тавассути ин лоиҳа 228 корхонаҳои Тоҷикистон ба ҳамкорӣ ҷалб карда шуданд ва айни ҳол 175 ширкат дар татбиқи лоиҳа фаъолона иштирок мекунанд. Дар доираи лоиҳа зиёда аз 700 тавсияҳо ҷорӣ карда шуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории равандҳои истеҳсолӣ нигаронида шудаанд. Тавассути барномаи “Дастрасӣ ба молия” 29 ширкат дастгирӣ ёфта, 22-тои онҳо барои татбиқи лоиҳаҳои худ маблағҳои зарурӣ дарёфт карданд. Дар Ӯзбекистон дар аввал 285 корхона бо ин лоиҳа ҳамкорӣ мекарданд, ҳоло бошад шумораи онҳо 252 ададро ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо дар кори худ таҷриба ва технологияҳои пешқадамро фаъолона татбиқ мекунанд.

 Мисолҳои муваффақ

Дар доираи лоиҳа, масалан, дар яке аз корхонаҳои шаҳри Душанбе ба туфайли ворид кардани тағйиротҳои одӣ миқдори зиёди захираҳо ва нерӯи барқ сарфа карда шуд. То ҷалб кардани мушовирони лоиҳа, ҳарорати яхдонҳо (камераҳои хунуккунӣ) танзим карда намешуд, ки ин сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди нерӯи барқ ​​мегардид. Пас аз муносибгардонӣ (оптимизатсия) ҳарорати камераҳои хунуккунӣ вобаста ба талаботи нигоҳдории маҳсулотҳои муайян муқаррар карда шуда, масофаи байни камераҳои хунуккунӣ ва деворҳо таъмин гардид. Дар натиҷа, сарфаи солона қариб 1600 сомонӣ ва сарфаи энергия 2326 киловатт/соатро ташкил дод. Илова бар ин, татбиқи ин тағйиротҳо хароҷоти зиёдро талаб намекунад (хароҷоти минималиро талаб мекунад).

Боз як мисоли мусбати дигар, ки боиси хушҳолӣ шуда метавонад, ба ширкати молик (бенефитсиар) дар вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Кормандони ин ширкат бо кӯмаки машваратчиён дарк карданд, ки партовро низ ҳамчун захира истифода бурдан мумкин аст. Масалан, қаблан пас аз тозакунии пиёз пӯсташро мепартофтанд. Акнун аз он пору тайёр мекунанд, ки сабзиши токи ангурро метезонад. Ягон хел хароҷот нест, илова бар ин, сарфаи солонаи корхона аз истифодаи партовҳо аллакай 600 сомониро ташкил додааст, ки ба шарофати ин акнун корхона метавонад дар як сол аз харидории 100 кг поруҳои маъданӣ маблағ сарфа кунад.

Дар мисоли боз як ширкати дигар баҳрабардорони лоиҳа дарк карданд, ки то чӣ андоза минтақасозӣ дар коргоҳҳои истеҳсолӣ муҳим аст. Дар истеҳсолоти яке аз корхонаҳо ҳамагӣ бо маблағи 17000 сомонӣ минтақасозӣ анҷом дода шуд ва коргоҳи бастабандии ҳавоӣ (вакуумӣ) аз қисми боқимонда ҷудо карда шуд, дар натиҷа ифлосшавии маҳсулот ва шикояти муштариён коҳиш ёфт. Сарфаи солона 42 ҳазор сомониро ташкил дода, миқдори партовҳо аз бастабандӣ низ ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт.

Яке аз роҳҳои осон ва самараноки кам кардани хароҷоти корхона беҳтаркунии (муносибгардонии) системаи равшанидиҳӣ мебошад. Мушовирони лоиҳа маслиҳат медиҳанд, ки рӯзона ва дар вақти ғайрикорӣ чароғҳо хомӯш карда шаванд, инчунин, чароғҳои каммасраф истифода бурда шаванд. Дар яке аз корхонаҳо ин иқдом имкон дод, ки дар як сол 1140 сомонӣ сарфа гардида, истеъмоли нерӯи барқ то 1628 киловатт/соат кам карда шавад.

Дар як корхонаҳои дигар, аз сабаби дар байни контейнер ва барабани даврзананда мавҷуд будани тарқиш, зардолуи коркардшуда ба замин афтода, дар натиҷа дар як моҳ то 110 килограмм маҳсулот талаф меёфт. Бартараф кардани ин камбудӣ имкон дод, ки дар як сол 29645 сомонӣ сарфа карда шавад.

Чунин мисолҳои мусбат дар давоми 4 соли охир хеле зиёд мебошанд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар дастовардҳои лоиҳа, инчунин, натиҷаҳои чорабиниҳои гузаронидашуда ва тадқиқотҳои мавзӯӣ баррасӣ карда шуданд. Якчанд ташаббусҳо, аз ҷумла таъсиси ду гурӯҳи REAP дар Тоҷикистон ва имзои қарордодҳо пешниҳод карда шуданд. Дар моҳи август мутахассисон нақша доранд, ки барои кормандони техникии ин гурӯҳҳо дар Хуҷанд таҳсили иловагӣ ташкил кунанд.

 Коркард ва прототипсозии сиёсати миллӣ

Дар чорабинӣ чолишҳо ва барномаҳои миллии дастгирии соҳибкории хурду миёна барои татбиқи истеъмоли устувор ва истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, раванди коркарди прототипҳои сиёсати миллии дастгирии корхонаҳои хурду миёна баррасӣ карда шуд. Дар Тоҷикистон аввалин бор чунин чорабинӣ моҳи июли соли 2022 баргузор гардида буд. Он замон дар ҷараёни мизи мудаввар нақшаи миллии амалҳо оид ба истеъмоли устувор ва истеҳсолот бо таваҷҷуҳ ба дастрас будани технологияҳо таҳия карда шуд. Моҳи июли ҳамон сол дар Ӯзбекистон низ чунин як мизи мудаввар баргузор гардид. Моҳи апрели соли ҷорӣ мақомотҳои маҳаллии ҳарду кишвар бо мақсади паҳн ва аниқ кардани прототипҳои сиёсати миллӣ мулоқотҳо баргузор намуданд.

Дар рафти ин мулоқотҳо муаммоҳои машваратчиёни техникӣ, аз ҷумла дониши нокифояи технологӣ дар маҳалҳо ва норасоии мутахассисон қайд гардиданд. Барои ҳалли ин муаммоҳо бояд бо дастгирии ҳукумат барномаҳои таълимии дастрас барои баланд бардоштани сатҳи азхудкунии идоракунии корхонаҳои истеҳсолӣ ҷорӣ карда шаванд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар менеҷери лоиҳавии ширкати “Adelphi” Амарнат Муннолимат оиди моделҳои таълимии якҷоя бо вазоратҳои меҳнат, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои обӣ таҳияшуда ҳадс зад. Дар рафти муҳокима масъалаҳои аттестатсияи сабзи корхонаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо ба миён гузошта шуданд.

Дар охири чорабинӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд, ки муаммоҳои мутобиқсозии истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахши саноатро муайян кард. Якчанд муаммоҳои асосӣ муайян карда шуданд, аз ҷумла номувофиқатӣ ва набудани меъёрҳо ва стандартҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногун, набудани ҳудудҳои институтсионалии минтақавӣ барои ҳамкорӣ, фарқият дар зинаҳои рушди иқтисодӣ, мушкилоти дастрасии маблағҳо ва сармоягузориҳо барои татбиқи технологияҳои муосири сабз, маҳдуд будани захираҳои молиявӣ ва имтиёзҳо, дастрасии нобаробар ба технологияҳои муосири сабз ва ғайра.

Ду гурӯҳ прототипи ин технологияҳо ва тавсияҳоро барои ҳамкории минтақавӣ таҳия карданд. Пешниҳод шуд, ки тавассути ташкили вохӯриҳои мунтазам ба муколамаҳои сиёсӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиёти сабз таҳким бахшида шуда, стандартҳои минтақавии экологӣ таҳия карда шаванд, инчунин, агентии минтақавии экологӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар бахши рушди устувор ва иқтисодиёти сабз таъсис дода шавад.

Дар хотима бояд таъкид кард, ки ба шарофати лоиҳаи REAP дар самти истеъмоли устувор ва истеҳсолот ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидем. Ба туфайли татбиқ намудани технология ва таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳо, инчунин, омӯзиш ва дастгирии корхонаҳо тавонистем, ки хароҷотро кам карда, нишондодҳои экологиро беҳтар гардонем. Идома додани кор дар ин самт ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба рушди устувори иқтисодиёт ва тараққиёти кишварҳоямон мусоидат хоҳад кард.

МИРЗОЕВА А.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь