Тибқи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».

Дар талаби ҳамин адолати судӣ қариб даҳ сол мешавад, ки мо намояндагони ҷамъиятҳои доираи масъулияташон маҳдуди «Сафарӣ-Коттон-Инвест»-и ноҳияи Вахш ва «Сафарӣ»-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омадаем ва ҳеҷ не ки касе ба доди мо бирасад.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи хулосаи экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2015, ҶДММ «Тавонбахш» аз ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» ба маблағи 575725,888 сомонӣ қарздор буда, санади муқоисавии тартибдодаи санҷишгаронро сармуҳосиби ҶДММ «Тавонбахш» Холбердӣ Гулов бо имзои худ тасдиқ кардааст. Маҳз ҳамин қарздорӣ роҳбари ҶДММ «Тавонбахш» ва шарикони ӯро ба қонуншиканӣ тела додааст. Онҳо бо нусхабардории сканерӣ ба сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даст зада, бо далелҳои беасос кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳама бори айбро бар дӯши ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» афканда, баръакс ӯро қарздор намоянд. Бояд гуфт, ки шартномаи қалбакии номбурда 25.10.2005 тартиб дода шудааст, аммо ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» бошад, тибқи қарори муассиси он расо пас аз як моҳ – 25.11.2005 таъсис ёфта, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.

Инак, аз он сол инҷониб ҷиҳати барқарор намудани адолати судӣ мо ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоем, аммо ҳар дафъа судяҳои ин мақомоти судӣ таҳти раёсати муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – шахси бесалоҳият ва ғаразнок Ф. Комилӣ дар баррасии парвандаҳо дидаву дониста ба қонуншиканиҳо роҳ дода, ҳар дафъа масъаларо ба манфиати ҶДММ «Тавонбахш» ҳал менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки маротибаи охирин бо қарори коллегияи суди марҳилаи конститутсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раҷабзода П. Ш. ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми августи соли 2019 (таҳти раисии Наимзода Б. Р.) бекор карда шуд. Баъд аз ин мо хотирҷамъ шудем, ки дар шахсияти судяи Суди Олии иқтисодӣ Раҷабзода ҳақиқат, қонуният ва фазои адолатнок пойдор гардида, дар ин замина минбаъд фаъолияти истеҳсолии маҳсулоти саноатии ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» ба роҳ монда мешавад ва зиёда аз 78 нафар коргарони бекормондаи корхонаи пахтатозакунӣ имкон пайдо мекунанд, ки аз нав ба кор шуруъ намоянд. Мутаассифона, хурсандии мо дер давом накард. Парвандаҳо боз ба дасти судя Ф. Комилӣ афтода, ин дафъа низ ӯ масъаларо ба манфиати ҶДММ «Тавонбахш» баррасӣ намуд ва дар маҷлиси судӣ Ф. Комилӣ рӯирост ва беибо ба мо гуфт, ки «бо ҳам созиш кунед, чунки роҳи дигари ҳалли баҳси тарафайн вуҷуд надорад».

Мо дар давоми ин ҳама баҳсу талошҳо ба чунин хулоса омадем, ки ҳамаи гап дар сари масъалаи «тавонгарӣ»-и ҶДММ «Тавонбахш» аст. Зеро хешу табори раиси ин корхона ҳама шахсони мансабдори ҷумҳурӣ буда, дар аксар мақомоти қудратӣ ва назоратии кишвар кору фаъолият менамоянду бо роҳи ошнобозӣ мақомоти судҳои иқтисодиро ҳамчун восита истифода бурда, мақсад доранд, ки аз корхонаҳои мо маблағҳои калону муфт ба даст оваранд ва ё корхонаи моро бо зӯрӣ талаву тороҷ намоянд. Ҳамин аст, ки ба раиси ҶДММ «Тавонбахш» муяссар гаштааст, ки тавассути даъвоҳои беасос ва дастгирии пуштибонҳояш пай дар пай ба мақсадҳои ғаразноки худ комёб шавад. Яъне, ӯ тавонист, ки «дар асоси» ҳуҷҷатҳои бараъло сохтакоронааш бо чор ҳалномаи судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос маблағи калон – то 5,5 миллион сомонӣ қарзҳои мавҷуднабударо аз мо рӯёнад. Ҳалномаи навбатии судӣ оид ба рӯёнидани маблағҳои дар боло номбурда 13-уми августи соли 2020 таҳти раисии Ф. Комилӣ қабул гардид, ки ҳолати мазкур бори дигар аз дидаву дониста қонуншиканӣ, худписандӣ, хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифа, бесалоҳиятӣ, амалҳои ғаразноки Ф. Комилӣ шаҳодат медиҳад.

Инак, ба ин далел таваҷҷуҳ намуда, худ қазоват намоед, ки манфиатхоҳии судя Ф. Комилӣ дар кадом поя қарор дорад! Ӯ дар маҷлиси навбатии судӣ ба намояндагони корхонаҳои мо ҳатто навбати сухан надодаву бад-ин тариқ ҳуқуқи мурофиавиро поймол намуда, моро аз маҷлиси судӣ берун кард. Аз ин рӯ, мо тибқи талаботи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 20, 24-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ ба раисикунанда раддияи хаттӣ пешниҳод намудем. Аммо бинобар манфиатдор буданаш раддияҳои моро беасос рад ва ҳалномаро ғайриқонунӣ, бе иштироки мо ба фоидаи ҶДММ «Тавонгар» қабул кард. Дар ин ҳалнома дар асоси аризаи иловагии ҷониби ҶДММ «Тавонгар», ки онро ба мо ҳатто нишон надоданд, рӯёнидани 346327 доллари ИМА мутаносибан – 1721245 сомонӣ аз ҳисоби ҶДММ «Сафарӣ» ва 73070 доллари ИМА, мутаносибан – 363158 сомонӣ бо фоизҳо аз ҳисоби ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» зикр ёфтааст.

Тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, боби 3, моддаи 21, қисми 2, «судяе, ки дар суди иқтисодии марҳилаи кассатсионӣ дар баррасии парванда иштирок кардааст, наметавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, дуюм… иштирок намояд».

Чун ба таърихи ташкилёбии корхонаҳои мо ва ҶДММ «Тавонгар» назар афканем, бардурӯғ ва ғайриқонунӣ будани ҳалномаҳои қабулкардаи суди иқтисодӣ таҳти баррасии судяи қонуншикан Ф. Комилӣ боз ҳам равшантар маъмул мешавад. ҶДММ «Тавонгар» бо қарори раиси ноҳияи Вахш дар санаи 09.12.2002 таҳти рақами 361 таъсис ёфта, 14-уми марти соли 2003 бо сертификати истифодабарии замин таҳти №009746 соҳиби замин гардид ва М. Достиев роҳбари он таъин шуд. Яъне, ҷамъияти мазкур фаъолияташро маҳз аз ҳамин давра – соли 2003 оғоз намудааст. Пас, маълум мешавад, ки дар соли 2002 ҶДММ «Тавонгар» ҳуқуқи истифодабарии заминро надошта, пахта парвариш накардааст. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳои тартибдодаи М. Достиев оид ба шартномаи додугирифти маҳсулот бо корхонаи мо, моро қарздор кардани ӯ сохта ва беасос буда, даъвоҳои пешниҳодкардааш ба ҳолатҳои воқеии парванда мувофиқат намекунанд. Гарчанде дар марҳилаҳои судӣ, дар муддати 6 сол мо оид ба пешниҳод кардани шартномаи мазкур пурсон шуда бошем ҳам, аммо намояндагони ҶДММ «Тавонгар» ба мо шартномаро пешниҳод карда натавонистанд ва бо посухи бардурӯғ чунин мегӯянд, ки он дар қабати парвандаҳо мавҷуд аст. Мо ва намояндагонамон ҳарчанд паравандаҳоро варақ задем, мутаассифона, шартномаро пайдо карда натавонистем.

Сохтакории онҳо тибқи хулосаи Филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ дар вилояти Хатлон таҳти рақами 02/108/20, аз 19-уми марти соли 2015 ва рақами 1-02/5009/15, аз 12.02.2016 ошкор карда шудааст. Такроран бояд гуфт, ки онҳо бо мақсадҳои ғаразнок бо ҳам забон як карда, дар санаҳои 05.01.2008, 03.01.2009, 03.01.2010, 04.01.2011 ва 31.12.2011 санадҳои муқоисавӣ тартиб дода, дар санадҳои мазкур имзо ва муҳри ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест»-ро бо истифода аз техникаи компютерӣ бо роҳи нусхабардорӣ (сканер) месозанд. Ҳамин тавр, ин амали ноҷавонмардонаи онҳо, ки бо маслиҳат ва тавсияи роҳбари ҶДММ «Тавонбахш»-и ноҳияи Вахш М. Достиев сурат гирифтааст, барои роҳбарияту мутахассисони ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» оқибатҳои ногувор ба бор оварда, боиси баҳсҳои тӯлониву доманадори ҳар ду ҷониб гардид.

М. Достиев ба ҳамин ҳуҷҷатҳои қалбакиашон такя карда ва онҳоро далел оварда, даъво мекунад, ки дар санаи 25.10.2005 байни ҶДММ «Тавонбахш» ва ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» оид ба қабул, нигаҳдорӣ ва маблағгузории пахта шартномаи ҳамкорӣ (маҳсулотсупорӣ) баста шудааст. Аз ин рӯ, вай ҷониби ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест»-ро ба маблағи ҳангуфт қарздор ҳисобида, бо ариза ба Суди иқтисодӣ муроҷиат менамояд ва талаб мекунад, ки қарзҳояш, яъне 1049960,90 доллари ИМА, баробар ба асъори миллӣ – 521 885, 90 сомонӣ рӯёнида шавад. Ҳол он ки, мувофиқи хулосаи Филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ дар вилояти Хатлон ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест» аз ҶДММ «Тавонбахш» қарздор набуда, баръакс, ба маблағи 575 725 сомонӣ ҳақдор мебошад.

Ҳамин тавр, 6 сол инҷониб Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус судя Ф. Комилӣ бо маҷлисҳои судии бардурӯғ ва ҳалномаҳои ноадолатона моро сарсону саргардон карда, ҳар дафъа масъаларо ғайриқонунӣ, бо ҳуҷҷатҳои сохтакорона ба фоидаи ҶДММ «Тавонбахш» ҳал менамоянд ва бо ин восита ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи мо монеъ мешаванд.

Хонандаи гиромӣ! Худ қазоват намоед: Як парвандаи сохтакорона, панҷ ҳалномаи ғайриқонунии судӣ! Вой ба ҳоли соҳибкор! Пас, чӣ бояд кард?

Бо вуҷуди ин ҳама монеаэҷодкуниҳо мо иродаи ҳақталошии худро аз даст надода, билохира ба барқарор гаштани адолати судӣ умеди қавӣ бастаем. Зеро ҳамеша некӣ бар бадӣ, адолат бар ҷаҳолат, ҳақиқат бар ноҳақӣ ғолиб хоҳад омад. Инро таърихи инсоният борҳо собит намудааст. Ҳадафи мо аз ин вокуниши худ ошкор намудани поймолкунандагони қонун, фош кардани ашхоси бесалоҳияту ғаразноки ба мақомоти судӣ роҳёфта мебошад, ки манфиатҳои шахсӣ ва ошнобозию хотирбиниро аз волоияти қонун авло дониста, ҳамеша ба арзишҳои поки инсонӣ ва ҷамъият доғ меоваранд.

С. САИДОВ, директори ҶДММ «Сафарӣ-Коттон-Инвест»-и ноҳияи Вахш, ваколатдори Файзи Олии Забардаст,

Н. А. ҶАЛОЛОВ, директори ҶДММ «Сафарӣ»-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь