Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори ниҳоди мазкур Изатуллозода Ҳабибулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғоз изҳор дошт, ки дар яке аз баромадҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд: “Ҷиҳати афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи сода намудани низоми андозбандӣ тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ба таври ҷиддӣ идома дода шавад”.

Ҳамчунин, номбурда қайд намуд, ки Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои он дар шаҳру ноҳиҳияҳо Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кории худ намудаанд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Дар замони Истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.

Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд”.

 Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми марти соли 2022, №133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022-2023 ” дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 барои харидорӣ намудани маводҳои зарурӣ 11,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои он дар шаҳру ноҳиҳияҳо пеш аз ҳама аз дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сари вақт ҷудо кардани маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои дахлдори вилояти Хатлон ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят изҳори минатдорӣ менамояд.

Кормандони Сарраёсати молия дар вилоят ва Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, мақсаднок ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона намудааст.

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қисми даромади буҷети вилояти Хатлон мувофиқи маълумотҳо бо назардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худи 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 794,1 миллион сомонӣ маблағи пешбинишуда 812,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 21,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 69,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Фаъолияти пурсамар

Изатуллозода Ҳабибулло сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон қайд кард, ки кормандони Сарраёсат ва Раёсатҳои молия дар вилоят баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода намудани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки пардохти саривақти музди маоши кормандони ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъмин намоянд, то қарздорӣ ва қафомони музди меҳнат ба миён наояд. Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то рӯзи 12-уми июли соли ҷорӣ рухсатии омузгорон беш аз 59 дарсад таъмин гардида, Сарраёсати молия дар вилоят ва Раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар кутоҳтарин муҳлат онро пурра пардохт намоянд. Гуфта шуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии кормандон аст, ки бо назардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби худӣ 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 21,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 миллион 69,7млн. сомонӣ зиёд ворид карда шуд. Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 1-уми июли соли 2022 бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмӯь маблағи 178,3 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,4 млн. сомонӣ кам гардидааст. Ҳамзамон, қайд менамоем, ки ҷиҳати ба танзим даровардани воридоти маблағҳо ба буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа корҳои муаян амалӣ карда шуд .

-Натиҷаи ҳамин буд, ки воридоти маблағҳо ба буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботи аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ 213,3 млн. сомониро ташкил дод, ки он ба 103 фоизи нақшаи таҳрезишуда баробар аст. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша дар давраи ҳисоботӣ 6,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад,- илова кард Изатуллозода Ҳабибулло ва ҳамчунин, илова намуд, ки хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ анҷом дода шуда, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят 1107,0 млн. сомонӣ равона карда шуд. Ҳамзамон, маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети маҳаллии вилоятӣ 100 дарсади нақшаи хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.

Молиёт ва хароҷоти он

-Ба соҳаҳои маориф 645,2 млн сомонӣ, тандурустӣ 263,9 млн сомонӣ, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 50,9 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 41,4 мл сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 27,6 млн сомонӣ мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 18,5 млн сомонӣ, сохтмон 16,0 млнӣ сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 8,7 млн сомонӣ, хоҷагии қишлок 4,0 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 4,6 млн сомонӣ ва хароҷотҳои ғайра 5,0 млн сомонӣ равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои соҳаҳои иҷтимоии вилоят 959,2 млн сомонӣ равона гардидааст, ки 87 фоизи маблағҳои буҷетиро дар давраи ҳисоботӣ ташкил менамояд,-гуфт Изатуллозода Ҳабибулло.

Бояд ёдрас шуд, ки аз ҳисоби буҷетӣ маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 918,5 млн сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 717,7 млн сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 181,6 млн сомонӣ, идрорпулӣ ҳазор сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 7,2 млн сомонӣ ва барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 12,0 млн сомонӣ равона карда шудааст, ки 83 фоизи хароҷоти маблағҳоро дар давраи ҳисоботӣ ташкил мекунад. Илова бар ин, аз буҷетӣ вилоятӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 85,7 милн сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардид, ки саддарсади нақшаро дар бар мегирад. Сарраёсати молия дар вилоят дар якҷояги бо мақомотҳои он дар маҳал ҷиҳати роҳ надодан ба қарздории фонди музди меҳнат тамоми чора ва имкониятҳоро роҳандозӣ намуда, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба хароҷотҳои дуюминдараҷа роҳ надиҳанд ва дар мадди аввал пардохти фонди музди меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба роҳ монанд. Бояд зикр кард, ки аз тарафи Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби маблағҳои барзиёдии буҷетҳои маҳҳаллӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ дар соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 5,6 млн сомонӣ гузаронида шудааст.

Ободонӣ

-Дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давалтии кишвар аз ҷониби кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон бинои маъмурӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, мувофиқ ба талаботи замон гардонида шудааст. Ҳамчунин, утоқҳои кории кормандон бо мизу таҷҳизот ва лавозимоти зарурии корӣ таъмин гардида, шароити созгор барои онҳо муҳаё карда шудааст. Дар баробари вусъати корҳои созандагӣ, дар Сарраёсат, инчунин дар Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо низ чунин иқдомҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Маблағҳои зимистонгузаронӣ сари вақт пардохт мешавад.

Масъулони Сарраёсати молияи вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандаги вусъати тоза бахшда, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назарас пешвоз хоҳанд гирифт.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here