Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

 Эмомалӣ Раҳмон

 Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷети, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлати ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона намуда, соли ҷорӣ ба натиҷаҳои назарас ноил гардидаанд. Дар соли 2025-ум низ онҳо фаъолияти худро бозҳам бештар намуда, саҳми арзандаи худро барои таъмини иҷрои бучети давлатӣ мегузоранд.

 Хатлон: Қисми даромади буҷет барзиёд иҷро шуд

Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло Иззатулло, гуфт, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ ин вазифаҳои ассосии кормандони молия ба ҳисоб меравад.

Номбурда илова кард, ки бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилояти Хатлон мувофиқи маълумотҳо иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2024 ба андозаи 104,8 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 104, 3 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 2220,0 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда 2316,5 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 96,6 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 300,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботи нақшаи андозҳо ва пардохтҳои маҳаллиро ноҳияи Ёвон аз ҳисоби андозҳои умумидавлатӣ 10 фоиз ба маблағи 39,2 млн сомонӣ ва аз ҳисоби даромадҳои маҳаллӣ 3 фоиз ба маблағи 6,4 млн сомонӣ таъин карда натавонистанд. Дар вилоят маҷмуъан намуди андозҳо аз 101 то 140 фоиз таъмин гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботи иҷрои нақшаи андозҳои иҷтимоӣ буҷетӣ дар сатҳи 107 дарсад таъин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 661,0 млн сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда, (616,5 млн сомонӣ) 44,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияи қарзи андоз кам шуд

Қайд гардид, ки барои кам кардани бақияи андозҳо аз ҳама имкониятҳо истифода бурда шуда, соли гузашта бақияи қарзи андоз то андозае кам карда шуд. Аз руйи маълумотҳо ба ҳолати 1 январи соли 2025 бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ маблағи 165,5 млн сомониро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба аввали сол 1,1 млн сомонӣ кам гардидааст. Дар соли 2025 низ кушиш ба харҷ медиҳем, ки бақияи қарзи андозҳо кам карда шавад,-илова кард ӯ.

 90 дарсади маблағҳои буҷет ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст

Гуфта шуд, ки хароҷоти мабағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 3805,2 млн сомонӣ равона карда шудааст, ки 99 дарсади нақшаи хароҷоти буҷети маҳалии вилоятро дар соли сипаришуда ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 147,8 млн сомонӣ 99 дарсад, мудофиа 36,3 млн сомонӣ 99 дарсад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 37,8 млн сомонӣ 99 фоиз, маориф 2295,6 млн сомонӣ 99 дарсад, тандурустӣ 958,4 млн сомонӣ 98 дарсад, ҳифзи иҷтимоӣ 21,9 млн сомонӣ 98 фоиз, хоҷагии манзилию камуналӣ 73,8 млн сомонӣ 100 дарсад, фарҳанг ва варзиш 112,7 млн сомонӣ 96 дарсад, хоҷагии қишлоқ 21,6 млн сомонӣ 90 дарсад, сохтмон 29,3 млн 98 дарсад, нақлиёт ва коммуникатсия 27,4 млн сомонӣ 99 фоиз, ва хароҷотҳои ғайра 16,9 млн сомонӣ 93 фоиз маблағгузори карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маҷмӯъ 3405,5 млн сомонӣ ё ин, ки 90 дарсади маблағҳои буҷет дар вилояти Хатлон ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст.

Пардохти фонди музди меҳнат ва дигар модаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷети маҳалли дар давраи ҳисоботӣ 3168,6 млн сомониро ташкил дода 83,8 фоизи хароҷоти умумии буҷетро дар бар мегирад.

Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 2486,0 млн сомонӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 602,7 млн сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 65,6 млн сомонӣ, идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 14,3 млн сомонӣ равона карда шудааст.

Иззатуллозода Ҳабибулло афзуд, ки соли 2024-ум дар вилояти Хатлон қарздори ва қафомонии музди меҳнати кормандони ташкилоту идораҳои буҷетӣ вуҷуд надошт ва дар соли 2025 низ мо талош мекунем, ки қарздори ва қафомонии музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетӣ ба амал наояд.

Иҷрои дастуру супоришҳо дар амал

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш, ташкил карда шуда, мутахассисон доими аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Дар Раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват мешавад ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024-ум тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Роҳбарияти Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифтанд ва марҳила ба марҳила кормандони Сарраёсат ва раёсатҳоро ба забономӯзӣ фаро хоҳанд гирифт.

Бунёдкориҳо

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати молияи кишвар ва МИҲД-и вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар баҳри беҳтари гардидани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои зарури андешида шуда истодааст. Аз ҷумла дар шаҳри Левакант бинои нави Раёсати молия бо тамоми лавозомоти корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин сохтмони бинои Раёсати молия дар ноҳияи Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷараён дошта, дар ноҳияҳои Балҷувону Вахш корҳои лоиҳакашии биноҳои Раёсатҳои молия идома доранд.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар роҳбарият ва кормандони Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар ободии ватан саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд ва ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назарас пешвоз хоҳанд гирифт.

Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2025-ум ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муазами миллат, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти таъмини иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои нақшаи қисми даромадӣ буҷети меҳаллӣ аз ҳисоби потенсиалӣ дохилӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ мондаанд.

 Нақшаҳо баҳри пешрафти кор аст

Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014, таҳти №159 дар арафаи иду ҷашнҳо оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеаро дастгири намуда, ба онҳо кумакҳои моддиву моли мерасонад. Ва ин иқдомро дар оянда низ идома хоҳан дод.

 Паёми Пешвои миллат, роҳнамои кори мо аст

Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ва қарору қонунҳои ба имзорасонидашуда моро зарур аст, ки аз моҳи аввали соли молиявӣ сар карда,  бо мақомотҳои дахлдор ҷиҳати таъмини нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандозӣ намуда маблағҳои аз ҳама сарчашмаҳои андоз воридгардида, маблағҳои барзиёдӣ, бақияи озод ва сарфи моддаҳои хароҷотии буҷетҳои маҳаллиро дар соли 2025 барои зиёдшавии музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷети равона кунем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь