Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷроиши амру фармоишҳои Агентии Тоҷикстандарт, таъмини назорати давлатии риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартонӣ, талаботи стандартҳо, қоидаҳои метрологӣ, шартҳои техникӣ, Регламентҳои техникӣ Маркази ташхиси минтақавӣ дар шаҳри Истаравшан  дар семоҳаи якуми соли 2021 фаъолияти хешро ба самти рушди соҳа равона намудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрока ва кишоварзии Марказ барои аз ташхис гузаронидан 494 намуна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ворид гардидааст, ки миқдори умумии маҳсулот 45647,707 тонна мебошад ва нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 99,8 %-ро ташкил медиҳад. Иҷроиши корҳо нисбати семоҳаи якуми соли 2020-ум 129,4 % ва нисбати нақшаи аз ҷониби Агентӣ муайянгардида 91,72 %-ро ташкил менамояд.

Аз миқдори умумии маҳсулоти мавриди ташхис қарор додашуда 51 намуна ба миқдори 155 кг ҳамчун маҳсулоти ғайристандартӣ муайян карда шудааст. Аз ҷумла, 17 намуна ба миқдори 42 килограмм аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 34 намуна ба миқдори 155 кг аз тарафи бахши нозироти савдо ба озмоишгоҳ пешниҳод карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 аз ҷониби шӯъбаи баҳодиҳии мутобиқат барои маҳсулоти гуногун 807 адад сертификати мутобиқат дода шудааст, ки миқдори умумии он 143647,91 тоннаро ташкил намудааст. Иҷроиши корҳои ба сомон расонидашуда нисбати соли 2020-ум 122,5 % буда, нисбати нақшаи аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт муайянгардида 81,86 %-ро ташкил додааст.

Дар ин давра аз тарафи бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ ба миқдори 285 адад шаҳодатномаҳои хизматрасонӣ дода шудааст. Аз ҷумла, савдои чакана – 203 адад, хӯроки умумӣ – 42 адад, сартарошхона – 3 адад, НФС (АЗС) – 21 адад, НФГМ – 7 адад, меҳмонхона – 1 адад, таъмири техникии нақлиёт – 2 адад, бозор – 1 адад, дигар намудҳои хизматрасонии ихтиёрӣ – 5 адад.

Иҷроиши корҳои ба сомон расонидашуда нисбати соли 2020-ум 108,4 % буда, нисбати нақшаи аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт муайянгардида 100,34 %-ро ташкил додааст.

Дар бахши санҷиш ва назорати воситаҳои ченаки Марказ дар давоми се моҳи аввали соли 2021 барои аз ташхис гузаронидан 3822 адад воситаҳои ченак ворид гардидааст, ки маблағи умумии корҳои ба сомон расонидашуда 117088,01 сомониро ташкил медиҳад. Аз онҳо 3422 адад воситаҳои ченаки барқӣ ба маблағи 103063,14 сомонӣ, 182 адад воситаҳои ченаки механикӣ ба маблағи 5077,63 ва 218 адад воситаҳои ченаки гармидиҳӣ – техникӣ ба маблағи 8947,24 сомонӣ мебошад. Аз воситаҳои ченаки аз санҷиш гузаронидашуда 66 адади онҳо ҳамчун воситаҳои ченаки корношоям муайян карда шудаанд.

Иҷроиши корҳои ба сомон расонидашуда нисбати соли 2020-ум 117,4 % буда, нисбати нақшаи аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт муайянгардида 110,25 %-ро ташкил медиҳад.

Аз тарафи нозири давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак дар ин давра дар 4 адад (аз ин 1 адад тибқи нақшаи дохилиидоравӣ) субъектҳои хоҷагидор назорати давлатӣ гузаронида шуда, санадҳо тартиб дода шудаанд. Ҳангоми санҷишҳои гузаронидашуда 73 адад воситаҳои ченаки объектҳои мавриди санҷиш қароргирифта аз санҷиши давлатии метрологӣ гузаронида шудаанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 ба озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ 113 адад намунаҳои маҳсулоти гуногуни нафтӣ ба миқдори 11688,881 тонна ворид гардидааст, ки дар натиҷа ташхиси сифати маҳсулоти нафтӣ гузаронида шуда, пайнавиштҳои ташхисӣ дода шудааст. Аз ҷумла, 35 адад пайнавишти ташхисӣ ба сӯзишвории намуди бензин ба миқдори 6566,49 тонна, 34 адад пайнавишти ташхисӣ ба сӯзишвории дизелӣ ба миқдори 2662,475 тонна, 36 адад пайнавишти ташхисӣ ба равғанҳои моторӣ ба миқдори 2063,996 тонна ва 8 адад пайнавишти ташхисӣ ба моеъи хунуккунанда ба миқдори 395,92 тонна.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли 2020 ҳамагӣ 22 адад пайнавиштҳои ташхисӣ зиёд дода шудааст, ки аз ин 16 адад ба маҳсулоти нафтии воридотӣ ва 6 адад ба маҳсулоти нафтии бозори дохилӣ мебошад.

Мутаносибан маблағи воридгардонида дар семоҳаи якуми соли 2021 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7671,19 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши корҳои ба сомон расонидашуда нисбати соли 2020-ум 141,4 % буда, нисбати нақшаи аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт муайянгардида 109,14 %-ро ташкил додааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи мутахассисони бахши нозироти савдои Марказ 106 адад санҷишҳо дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, нуқтаҳои савдои чакана, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва санҷиши фаъолияти бозорҳо гузаронида шудаанд.

Дар рафти гузаронидани санҷиш аз ҷониби нозирон 15 адад нуқтаҳо бо шаҳодатномаи хизматрасонӣ ва 25 нафар соҳибкор бо шаҳодатномаи воситаҳои ченак таъмин карда шудаанд. Инчунин, 34 намуна ба миқдори 88,455 кг маҳсулоти гуногуни хӯрока, 30000 дона тухми мурғ, 81,9 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12 дона бозичаҳои бачагона, 28 литр нӯшокиҳои ташнагишикан ва 7 дона маҳсулоти парфюмерӣ барои ташхис ба озмоишгоҳҳои Марказ ворид карда шуда, дар натиҷаи ташхисҳои гузаронидашуда маҳсулоти зикргардида ғайристандартӣ дониста шудаанд.

Дар рафти гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ бинобар риоя накардани қоидаҳои савдо ва қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ 77 нафар соҳибкорон мавриди ҷаримабандӣ қарор дода шудаанд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 11700 сомониро ташкил менамояд. Ҳамзамон, мутахассисони бахш маводҳои аз тарафи мақомот воридгардидаро баррасӣ намуда, нисбати 155 нафар ҷаримаҳо бо моддаҳои 624, 626, 627, 633, 634, 641 ва 643 КҲМ ҶТ татбиқ намудаанд, ки маблағи умумии ҷарима дар ин самт 14100 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи умумии ҷаримаҳои аз тарафи мутахассисони бахши нозироти савдои Марказ басташуда 25800 сомониро ташкил додааст.

Мутахассисони бахши бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 ба самти тибқи дархости озоди соҳибкорон гузаронидани корҳои сертификатсионӣ вобаста карда шудаанд. Дар давраи мазкур аз тарафи мутахассисони бахш ба маҳсулоти истеҳсолии 62 субъекти хоҷагидор дар асоси корҳои баҳодиҳии мутобиқат сертификатҳои мутобиқат дода шудааст, ки маблағи умумии он 112631,97 сомониро ташкил намудааст.

Дар давра семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар 3 субъекти хоҷагидор омӯзиши Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 маротиба омӯзиши ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ бевосита дар корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Дар натиҷаи рейдҳои муштарак аз тарафи мутахассисони бахш нисбати ду субъекти хоҷагидор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи ҷаримаҳо 840 сомониро ташкил додааст.

МТМ дар шаҳри Истаравшан дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2021 дар тамоми самт нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 120,5 % ва нисбати нақшаи истеҳсолӣ ба ҳаҷми 86,69 % нақшаҳоро иҷро намуда, баҳри пардохти андозҳои мухталиф 568420 сомонӣ (аз ҷумла пардохти 50 %-и даромади маблағи сертификати мутобиқат 246246 сомонӣ) пардохт намудааст. Дар ин давра Марказ аз истифодаи қувваи барқ, об, алоқа ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ қарз надорад. Дар ин давра аз тарафи Марказ ба маблағи 73500 сомонӣ кумакҳо расонида шудааст.

Бояд қайд кард, ки чун ҳамешагӣ бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолии мардум аз маҳсулоти пастсифат ва инчунин тариқи қочоқ ворид гардидани маҳсулоти ғайристандартӣ ба бозори дохилӣ, дар Марказ барномаҳо таҳия карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт тариқи васоити ахбори омма (шабакаи телевизионии «Тоҷикистон», радиои маҳаллии «Дунё FM», радиоузелҳои бозорҳо) мунтазам пешкаши аҳолӣ карда мешаванд. Дар ин раванд мутахассисони шӯъба ва бахшҳо мунтазам байни соҳибкорон, фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ корҳои фаҳмонидадиҳию профилактикиро баргузор менамоянд. Аз тарафи мутахассисони Марказ моҳи март, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истъмолкунандагон барномаи телевизионӣ таҳия гардида, тариқи шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» пахш карда шудааст.

Вобаста ба ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат мутахассисони Марказ бо мақомоти назоративу қудратӣ ҳамкориро зич ба роҳ мондаанд. Дар ин раванд мутахассисони Марказ мунтазам барои иштирок дар рейдҳои муштарак сафарбар карда мешаванд. Инчунин, бо мақсади робитаи мустақим бо истеъмолкунандагон телефонҳои боварии (8-34-54) 2-38-79, (8-34-54) 2-47-53 ва (+992) 92-705-07-01 барои муроҷиати шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

Маъмурият ва кулли кормандони МТМ дар шаҳри Истаравшан кӯшиш бар он доранд, ки минбаъд низ самти фаъолияти хешро баҳри амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармоишҳои директори Агентии «Тоҷикстандарт» равона сохта, барои рушди соҳа талош намоянд.

МТЖТ

«ТОҶИКСТАНДАРТ» ОГОҲ МЕКУНАД!

Истеъмолкунандагони гиромӣ!

Ҳангоми харидории ҳама гуна маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳои гуногун ҳатман ба сифатнокию мӯҳлати кафолат, рӯзи истеҳсол, мӯҳлати истеъмоли онҳо ва дақиқию низоми воситаҳои ченак (тарозуҳо) диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамзамон, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.

Аз харидории молу маводи шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон (фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, кам чен кардан, кам баркашидан ва ғайра) ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2

Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Рақами вайберӣ: 988-50-22-22

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь