Тақрибан сеяки муштариён дар Тоҷикистон бо фарорасии 15-уми феврал, яъне муҳлати бақайдгирии дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои ID, метавонистанд бе алоқаи мобилӣ монанд, вале ин муҳлат боз тамдид карда шуд. Ин амал барои ширкатҳои мобилӣ ва дар оқибат барои буҷаи давлатии кишвар чӣ пайомадҳое дошта метавонад?

Бақайдгирии тӯлкашида

Бақайдгирии дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои ID 15 феврали соли 2019 оғоз ёфта, тақрибан се сол боз идома дорад.

Дар охири соли 2018 ҳукумати кишвар бо қарори худ тағйиру иловаҳо ба Тартиби пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳоро тасдиқ кард. Тағйироти мазкур ширкатҳои мобилиро муваззаф мекард, ки дар давоми шаш моҳ (то 15 августи соли 2019) симкортҳои ҳамаи муштариёни худро аз қайд бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1996 ба кортҳои ID-и намунаи соли 2014 гузаронанд. Ҳамзамон ба ширкатҳо дастур дода шуд, ки ба як шиноснома беш аз ду симкортро вобаста накунанд.

Муҳлати ниҳоят кӯтоҳ барои чунин як чорабинии васеъ боиси ба по хестани корбарони сершумори алоқаи мобилӣ гардид. Моҳҳои охири пеш аз санаи эъломгашта ба фасли гармтарини сол рост омаданд. Издиҳоми мардум дар гармои 40 дараҷа назди дарҳои мизҳои шиносномадиҳӣ бо умеди гирифтани ҳуҷҷати ормонӣ навбат мепоиданд. Кормандони идораҳои шиносномадиҳӣ дар он рӯзҳо баногаҳ ба «муҳтарамтарин» ашхос табдил ёфтанд ва дар ин шароит баъзеашон аз «лаҳзаҳои шуҳрат»-и худ истифода бурда, аз мукофотҳои пулии «мухлисон»-и худ рӯй намегардонданд. Тақрибан ҳамин ҳолат назди марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ ҳангоми бақайдгирии такрории симкортҳо бо шиносномаҳои нав низ мушоҳида мешуд.

Тавре интизор ҳам мерафт, дар чунин як муддати кӯтоҳ ба ҳамаи муштариён хизмат расондан муяссар нагашт ва зимомдорон маҷбур шуданд, ки муҳлати қайдро то 15 феврали соли 2020 тамдид кунанд. Аммо ҳатто шаш моҳи изофӣ мушкилро чандон осон накард. Аз ин рӯ,  санаи ниҳоии ба қайд даровардани симкортҳоро боз ақиб андохтанд, аммо ин бор ба муддати ду соли пурра – то 15 феврали соли 2022. Шояд яке аз сабабҳо ин буд, ки дари ҷумҳуриро хавфи нави дар муқоиса бо “террористҳои телефонӣ” воқеитару ҷиддитар – COVID-19 мекӯфт.

Сабаб – из?

Ҳукуматдорон ҳангоми эълони бақайдгирии ҳатмии ҳамаи симкортҳо бо шиносномаҳои ID талаботи мазкурро бо “ташкил кардани Пойгоҳи ягонаи маълумоти муштариёни алоқаи мобилӣ бо мақсади бехатарии давлат ва пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм” асоснок менамуданд.

Дар Хадамоти алоқа асоснок будани маъракаи баргузоршавандаро мушаххас карда, гуфтанд, ки “зарурати гирифтани изи ангуштони ҳар як муштарӣ ба миён омадааст”.

Ҳуқуқшиносони мустақил бошанд, барои гирифтани изи ангуштони шаҳрвандон роҳҳои дигари бештар босамару маъқули омро пешниҳод карданд. Аз ҷумла, “Ҳимоя”,  созмони дар кишвар маъруфи ҳуқуқӣ, як роҳи ҳалли содаеро пешниҳод кард: шаҳрвандони кишвар, ки ID-шиноснома надоранд, муваззаф карда шаванд, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ройгон изи ангуштонашонро супорида, маълумотномаи дахлдор гиранд. Ширкатҳои мобилӣ бар асоси ин маълумотнома метавонистанд симкортҳоро дубора ба қайд гиранд.

Бархе аз ҳуқуқшиносон исрор менамуданд, ки маҷбур кардани мардум дар шакли ултиматум (симкорт бар ивази шиносномаи ID) нақзи ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шаҳрвандон аст ва чунин иқдомоти иҷбориро ба шантаж баробар мекарданд. Аммо ҳамзамон онҳо мефаҳмиданд, ки аз болои қарори ҳукумат ба додгоҳ шикоят кардан имкон надорад, зеро дар қонунгузории ҷумҳурӣ механизми лозимаи арзкунӣ вуҷуд надорад.

Хадамоти алоқа: Пеш аз пода чанг набардоред! 

Муовини раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, 5 миллиону 400 ҳазор муштарӣ симкортҳои худро бо шиносномаҳои нав ба қайд дароварданд ва 2 миллиону 400 ҳазор симкорти дигар (ҳудуди 30%) то ҳол вобастаи шиносномаҳои коғазӣ боқӣ мемонанд.

Дар ҳоле, ки тақрибан сеяки муштариёни алоқаи мобилӣ, бино ба гуфтаи ӯ, бо шиносномаҳои нав барои қайди дубора муроҷиат накарда буданду дар ихтиёрашон танҳо каме бештар аз ду ҳафта боқӣ монда буд, И. Атоев ба рӯзноманигорон маслиҳат дод, ки шитоб накунанд,

«Мақоли халқиро меорам: пеш аз пода чанг набардоред. Ба одамон имкон диҳед, ки симкортҳояшонро дар марказҳои хизматрасонӣ ба қайд дароранд. То 15 феврал мо вақт дорем ва бояд аз қайд гузарем. Дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 500 нуқтаи замонавии хизматрасонӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо симкортҳоро ройгон аз нав сабт кардан мумкин аст», – гуфт Атоев.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ба ҳоли оғози соли нав ҳудуди 4 миллион нафар шаҳрванди кишвар бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 таъмин гардиданд. Дар ҷумҳурӣ 104 нуқтаи шиносномадиҳӣ фаъолият мекунад, ки ба онҳо дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна қариб 1,5 ҳазор кас муроҷиат менамояд.

Тамдиди нав?

Суханони бо оромии халалнопазир гуфтаи мансабдори соҳаи алоқа то андозае фикр дар бораи эҳтимоли тамдиди навбатии муҳлатро талқин мекунанд.

Аммо иддае аз иқтисоддонон аз аввал маъракаи эълоншудаи “Симкорт бар ивази ID”-ро як роҳи хеле хос ва ҳамзамон натиҷаовари ҷамъоварии пул ба воситаи фурӯши шиносномаҳои нав медонистанд. Онҳо иддао доштанд, ки дар муддати кӯтоҳ дубора ба қайд гирифтани кулли муштариён ғайриимкон аст, аммо корбарони дермондаи алоқаи мобилиро касе аз дастрасӣ ба алоқа маҳрум намекунад, зеро тавассути ширкатҳои мобилӣ ба буҷаи кишвар даромади зиёде ворид мешавад.

Аҳамияти даромади операторони мобилиро дар солҳои охир ба таври ғайримустақим роҳбарияти Кумитаи андоз чандин карат тасдиқ кардааст: дар нишастҳои матбуотӣ коҳиши ҷамъоварии андоз дар идора ҳамеша пеш аз ҳама бо коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ рабт дода мешуд.

Ҳаҷми солонаи даромади ширкатҳои хусусии алоқа, тибқи паёми нави Президенти ҶТ, то 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Вале ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамоварандагони интернет даъво доранд, ки то 48% аз даромади умумиашонро барои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ равона мекунанд.

Агар ҳамаи ададҳои болоро ҳисоб кунем, дар сурати баста шудани симкортҳое, ки то 15 феврал соҳибонашон онҳоро аз қайд нагузарондаанд, даромади солонаи ширкатҳои алоқа метавонад 1 миллиард сомонӣ кам шавад, яъне буҷаи кишвар то ним миллиард сомониро аз даст медиҳад!

Дигар дархости тамдид намешавад? Вале шуд!

Ширкатҳои алоқаи мобилӣ бори навбатӣ бо дархости тамдиди муҳлати қайди симкортҳо бо шиносномаҳои ID ба ҳукумат муроҷиат карданӣ нестанд.

«Ҳоло мо зарурати боз дигар кардани муҳлати ниҳоиро намебинем. Соли 2019 ширкатҳои мобилӣ бо ҷараёни зиёди муштариёне рӯбарӯ буданд, ки мехостанд симкортҳояшонро ба қайди нав дароранд. Он замон маълум буд, ки иваз кардани шиносномаҳо ва ба қайд гирифтани симкортҳо дар муҳлати аввалан таъиншуда имконнопазир аст. Дар натиҷа, ҳукумати Тоҷикистон муҳлатро ду сол тамдид дод. Дар ин муддат ҳар муштарӣ метавонист рақами худро бидуни ҳаяҷон ва навбатпоӣ дубора ба қайд дарорад”, гуфтанд дар “TT Mobile” (тамғаи тиҷоратӣ – “Мегафон”).

Раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон Ғафур Ирқаев низ ҳаминро гуфта, таъкид намуд, ки тайи як соли охир борҳо тавассути расонаҳо аз муштариён даъват кардааст, ки ин корро анҷом диҳанд, то бе алоқа намонанд.

Аммо бояд гуфт, зимни муроҷиати охирини худ дар интиҳои соли гузашта Анҷуман ба ҳукумат пешниҳод карда буд, ки маҳдудияти “на бештар аз ду симкорт барои ҳар як муштарӣ”-ро барои онҳое, ки аз қайд гузаштаанд, бознигарӣ кунад.

«Ин боиси таваҷҷуҳи аҳолӣ ба зудтар иҷро кардани тамоми талабот оид ба қайди дубора мешавад», – гуфта мешуд дар муроҷиати Анҷуман.

Дар ҳамин ҳол раиси Анҷуман дар мусоҳиба бо Nuqta.tj гуфт, алоқаи мобилӣ, интернет имрӯз як зарурат аст, ки бидуни он вуҷуд дар ҷаҳони муосирро тасаввур кардан душвор мебошад.

Ва инҷо вай ҳақ ҳам ҳаст: телефони мобилӣ кайҳо боз аз як нишонаи савлату давлат ба асбоби барои таҳсил ва кор, пардохти баъзе молу хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра заруре табдил ёфтааст.

Гузашта аз ин, қатъи эҳтимолии баъзе муштариён мухолифи нақшаҳои ҳукумат оид ба рақамикунонии кишвар мебошад.

Дилшод Шараф

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь