Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бояд пеш аз ҳама барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (минбаъд – Консепсия) бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 маӣи соли 2019 баён доштанд (аз 20.06.2019), ҷиҳати дар доираи ислоҳоти иқтисодии кишвар идома додани ислоҳоти сиёсати андоз ва расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳия шудааст.

Аз ин лиҳоз, зарурати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории андоз бо роҳи дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз он бармеоянд, ба миён омада, лоиҳаҳои номбурда бояд тарзе омода карда шаванд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин рушди бахши хусусӣ мусоидат  намояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан  дар ёздаҳмоҳаи  соли 2022 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Иброҳимзода Иброҳим Мирзораҳмат  суҳбат анҷом дод.

Сардори нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан Иброҳимзода Иброҳим афзуд, ки мо кормандон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғдро роҳнамоии кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии кори соҳа кӯшиш ба харҷ дода, дар 11 моҳи соли 2022 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

 Нақша барзиёд иҷро шуд

Сардори нозирод қайд намуд, ки нақшаи умумии тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар давраи ҳисоботи ҷамъбастии 11-моҳи соли 2022  ба андозаи 103,1% таъмин гардида, ба ҷойи 229082,0 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоӣ гайрибучетӣ) 236202,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 7120,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда,  нисбат ба маблағҳои дар соли 2021 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 24309,7 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ  дар давраи ҳисоботи 11-моҳи соли 2022 ба андозаи 105,3% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишуда 30596,7 ҳазор сомонӣ, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 32207,8 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1611,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбат ба маблағҳои дар давраи 11- моҳи соли 2021 ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 1714,9 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

 Бақияи карзҳо

Боло зикр маълумот дод, ки бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 01.11.2022 дар миқёси шаҳри Истаравшан маблағи 7880,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли чори 371,4 ҳазор сомонӣ кам гаштааст.

Бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ва андозҳои давлатӣ асосан аз ҳисоби андозсупорандагони КДФО ва К. “Хоҷагии манзилию камуналӣ” -3665,0 ҳазор сомонӣ,  Х/Д “Ругунд” -1326,0 ҳазор сомонӣ,  КИХД “Ҷавкандак” -254,0 ҳазор сомонӣ,  ҶДММ “Шоҳин-2014” -2137,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Шоҳӣ” -280,0 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби Нозироти андоз бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз ва андешидани  чораҳои пешбини намудаи фасли 5 боби 12-и моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури методӣ ба 1106 адад андозсупорандагони карздор ба маблағи зиёда аз 6149,3 ҳазор сомонӣ огоҳинома дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет  4518,0 ҳазор сомони маблагҳо ворид карда шуд.

Дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, тибқи тартиби ғайрисудӣ нисбати андозсупорандагони қарздор 412 адад қарорҳо оиди маҷбуран ситонидани андозҳои давлатӣ аз суратҳисоби хазинавӣ ва аз ҳисоби пули нақдӣ андозсупоранда ба маблағи умумии 12806,8 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст.

Аз ҳисоби қарорҳои қабулгашта  дар ин давра ба маблағи  11572,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 90,4%-ро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 247 адад протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 612,2 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудаанд, ки маблағи 519,6 ҳазор сомонии он сари вақт ба ҳисоби буҷет ворид карда шудааст, ки  84,8%-ро ташкил медиҳад .

Омӯзиши сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи  андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар давраи ҳисоботӣ ба таври мукаммал фаъолият накардани корхонаву ташкилотҳо мебошад.

Ба монанди ҶДММ “Ваҳдат-2020”  ҳисоби андоз ба маблағи 108,0 ҳаз. сомонӣ, ҶДММ “Афзун” ҳисоби андоз ба маблағи 837,1 ҳаз. сомонӣ, ҶДММ “Шоҳин-2014” ҳисоби андоз ба маблағи 15411,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Таъминоти сохтмон” ҳисоби андоз ба маблағи 3751,0 ҳаз. сомонӣ, ҶДММ “Меваю Сабзавот” ҳисоби андоз ба маблағи 160,0 ҳаз. сомонӣ, ҶДММ “Рушд-2013” ҳисоби андоз ба маблағи 68,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Арчарос” ҳисоби андоз ба маблағи 103,0 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Бонки Эсхата” ҳисоби андози фоида ба маблағи 307,0 ҳазор сомонӣ, ҶСК “Ориёнбонк” ҳисоби андози фоида ба маблағи 520,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Имкон Гуруҳ” ҳисоби андоз ба маблағи 272,0 ҳазор сомонӣ, ҶСП “ТТ Мобайл” ҳисоби андози фоида ба маблағи 172,0 ҳазор сомонӣ ва дигарон кам намудаанд.

Омӯзиш ва корбарӣ

Иброҳимзода И.М. иттилоъ дод, ки омӯзишҳо нишон доданд, ки сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ин асосан аз ҳисоби кам гардидани шумораи коргарони кироя ва кам нишон додани музди миёнаи меҳнат ва ҷой доштани ҷойҳои кори холӣ (вакансия) дар аксарият ташкилоту корхонаву ташкилотҳо мебошад.

Масалан, таҳлилҳо тибки маълумотхои  барномахои компютерӣ  оид ба шумораи коргарон, фонди музди мехнат, музди миёнаи моҳона ва харочотхое, ки аз хисоби пардохти суғуртаи иҷтимоӣ анчом додаанд дар бар мегирад, ки дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 130 адад андозсупорандагон-шахсони ҳуқуқӣ шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнатро кам ҳисобӣ намудаанд, ки ин омилҳо боиси иҷро нагардидани нақшаи андози даромад аз шахсони вокеи  гардидааст.

Дар ҳақиқат камшавии шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнат, асосан  аз  ҳисоби  ҶДММ “Суғдбарқсохтмонлоиҳакаш”  24  нафар  ва фонди музди меҳнат 320,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Созанда” 11 нафар ва фонди музди меҳнат 1011,0 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Бунёдкор ва К” 8 нафар ва фонди музди меҳнат 31,0 ҳазор сомонӣ, ҳамин тавр  филиали  ҶСК  «Агроинвесбонк»-и ш.Истаравшан 11 нафар ва фонди музди меҳнат 51,0 ҳазор сомонӣ, ФҶСП «Бонки Арванд» 14 нафар ва фонди музди меҳнат 3115,0 ҳазор сомонӣ, МҒ ТМИ ба номи Н.Шораҷабов шумораи коргарони кирояро ба миқдори 20 нафар ва фонди музди меҳнатро ба маблағи 171,0 ҳазор сомонӣ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳо  ва сохибкорони инфиродӣ, ки нисбати  11-моҳи соли 2021 кам намудаанд.

Корҳои фаҳмондадиҳи

Иброҳизода И.М. дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 44 маротиба бо андозсупорандагон семинар-машваратҳо баргузор гардид ва дар ин семинар машваратҳо 1863 нафар андозсупорандагон иштирок намуданд.

Семинарҳо дар мавзӯъи тағӣиротҳои қонунгузори андоз, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №151 оиди пардохти андоз аз амволи молу мулк ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз оиди гузаронидани инвентаризатсияи молу мулк ва тартиби андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғаӣриманқул гузаронида шуданд.

Бо якҷоягии раисони маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои баландошёна (домком) бо аҳолӣ вохуриҳо ташкил карда, моҳияти гузаронидани инвентаризатсия, андозбандии молу мулки ғаӣриманқули шахсони воқеӣ, иҷорадиҳии амвол фаҳмонида дода шуд.

Ҳамчунин, тавассути телевизионҳо 5 маротиба маҳаллӣ барнома ва тавассути радио 2 маротиба гузоришҳо, эълонҳо оид ба пардохти андоз аз молу мулк ва андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ пахш карда шуданд.

Кормандони нозироти андоз дар оянда низ кушиш менамоянд, ки бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро мегузоранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here