Ҳамасола бо фаро расидани ҳар иду ҷашнҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар аз ҷумла вилояти Хатлон нархи маҳсулоти ниёзи аввала бамаротиб  гарон мешавад.  Имсол низ бо омадани моҳи Рамазон аз сабзавот то меваҷоту маҳсулоти хӯрокворӣ ва гӯшту шир низ нархашон  боло рафта, нигаронии аксар сокинонро ба бор овардааст.

 Соҳибкорон: “Гур сӯзаду дег ҷӯшад”!

 Сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон агарчи аз омодани моҳи шарифи Рамазон шод шуда бошанд ҳам, вале муттаассифона шиква аз он доранд, ки нархи  маҳсулоти хӯрокворӣ,  гӯшту сабзавот, меваҷоту шир, қанду шакар ва ҳатто нишоллоҳ низ имсол дар моҳи шарифи Рамазон қимат шудааст.

Агар қабл аз Рамазон нархи  як кило гӯшт 65  сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он ба ивази 68-70 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамин гуна, қимати пиёзу картошка, сабзӣ, бодирингу помидор ва дигар сабзавот дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, хосса  маркази вилоят шаҳри   Бохтар  аз 10 то 20 дарсад боло рафта, ҳоло биринҷ 18 сомонӣ,  шакар 11 сомонӣ,  нархи як литр равған 18-20 сомонӣ  ва навъҳои гуногуни меваҷот, аз қабили себу қулфинай  аз  15 то 40 сомонӣ нарх дорад. Ҳатто як қутии нишоллоҳ, ки соли гузашта бар ивази 5-7  сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло ба 15-20 сомонӣ расидааст.

Чунин ба назар мерасад, ки баъзе соҳибкорон ба хотири ба даст овардани суди молиявии бештар ба таври сунъӣ нархи маводи ғизоиро дар ин моҳ боло мебаранд.

 Сокинон аз гаронии нархҳо мегӯянд

Ин нарху навои баланди бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят дар моҳи Рамазон, ҳоло нигаронии аксар аз сокинони маҳаллиро ба бор овардааст. Ҳилолбӣ Қурбонова, зани солхӯрдаро дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар вохӯрдем, ки бо алам мегуфт:

“Дар моҳи Рамазон ин соҳибкорони мо инсофашонро аз даст додаанд. Зеро нархи гӯшт, орд, равған, қанду шакар, пиёзу картошка ва ҳатто сабзиро низ  хело қимат кардаанд. Чунин нархҳо барои мо нафақахурон, ки ҳамаги 250 сомонӣ нафақа мегирем мушкил аст.”,-гила кард ин зан.

Як омӯзгор, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт “нархҳои имрӯза дар бозорҳо дандоншикан мебошанд.  Дар ин моҳи Рамазон бояд хӯроки хуб истеъмол кунӣ, аммо бо маоше, ки мо мегирем, агар орду равған ва картошкаву пиёз харӣ, ба гӯшту қандат намерасад. Чаро ин соҳибкорон дар моҳи мубораки Рамазон нархҳоро чунин қимат мекунанд, намедонам” – афзуд ӯ.

Моҳрухсор Алиева, сокини бознишастаи дигари  вилояти Хатлонро гаронии нарху навои баланди маҳсулоти ғизоӣ дар бозор нороҳат карда, бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон тавони хонаводаи ӯ барои хариди маводи ниёзи аввалия маҳдуд шудааст: «Агар дар тамоми дунё нархи бозор ба хотири моҳи Рамазон арзон шавад, дар мо баръакс, гарон мешавад. Фурӯшандаҳои бозор ҳар хел баҳона мекунанд; «ин бор аз Амрико омадааст, ё аз Хитой, қимат омадаааст» мегӯянд. Мехоҳем арзонӣ шавад, фурӯшандаҳо ҳам савоби мардумро бигиранд, ба одамон ҳам ин қадар зулм нашавад”,-гуфт Ҳилолбӣ Қурбонова ва афзуд, ки барои сокинони шаҳр, ки ҳама маводи ғизоиро аз бозор мехаранду худашон барои парвариши маводи кишоварзӣ имконият надоранд, нархҳо «дандоншикан» шудаанд.

Маҳмадхӯҷа, истиқоматкунандаи дигари вилоят мегӯяд, “пеш аз Рамазон як каме арзонтар буд нархҳо. Ҳатто матоъ ва дигар маҳсулоти ғайрихӯрока ҳам акнун гаронарзиш шудааст. Аз ҳама аламовараш ин ки баъд аз Рамазон ҳам нархҳо ҳамин хел бетағйир мемонанд. Ҳар сол ҳамин хел мешавад. Ба мардум ҷабр аст ин…»

Ҳуснигул Ҳакимова, харидори дигаре дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар, низ ба гуфтаи худаш, аз болоравии қимати маводи ғизоӣ ба ваҳшат афтодааст. «ҳоло қассобон медонанд, ки дар Рамазон ҳама кӯшиш мекунад таоми гӯштӣ тановул кунад, нархи онро аз пеши худ боло бурдаанд. Инсоф кардан даркор… Бо пуле, ки дар ҳамёнам дорам, бояд барои ифтор чанд намуд ғизо мегирифтам, лекин ба фикрам пулам ба ҳамааш намерасад. Ҳатто тухми порсиён, ки аз шаҳри Левакант ба Бохтар меояд,  нархи як ячейкааш 50 сомонӣ арзиш дорад. Аз ин ҳисоб муҳимтарин чизҳоро мегираму халос», – афзуд ӯ.

Сулаймон Султонов,  як корбари шабакаи “Фейсбук” дар саҳифааш чунин навиштааст: “Бо омадани моҳи шарифи Рамазон нархи гӯшт дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар аз 65 сомонӣ ба 68 сомонӣ расид.  Муборакамон бошад, ин аст мусулмонии тоҷирон дар ин  моҳи Шариф. Дар бузургиашон ҷонам, аксарияти ин тоҷирон боз ҳоҷианд”.

Болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон натанҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои шахри Бохтар, балки дар фурӯшгоҳҳои навоҳии дигари вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад.

 Тоҷирон дигар чи гуфтанашонро намедонанд

Солҳои пеш фурӯшандагон, омили болоравии нархро дар қиматии сӯзишворӣ, баланд будани нархи кунҷора,  баста будани роҳҳо ва дигар омилҳо арзёбӣ мекарданд. Аммо имсол нархи сӯзишворӣ арзон шуда, роҳҳо кушода, хӯроки чорво низ арзон шудаст, дигар чӣ баҳона мекофта бошанд?

Зимни суҳбат чанде аз онҳо  дар бозорҳои вилоят дигар баҳона наётфа, мегуфтанд, ки “худатон медонед,  моҳи Рамазон омад, талабот ба маҳсулот аз ҷумла гӯшт зиёд мешавад. Аз ин ҳисоб нархҳо баланд мегардад. Масалан пеш аз рамазон нархи гӯшт 65 сомонӣ буд, ҳоло бо 68 сомонӣ расидааст ва бо ин нарх гӯшти равғандор метавонӣ харӣ, агар   гӯшти хуб гирӣ,  нархаш аз 70 сомонӣ болост”,-қайд кард  гӯштфурӯши “баинсоф”.

Тоҷири дигари бозори Бохтар (нахост номаш зикр шавад) иқрор кард, ки гурӯҳе аз соҳибкорон ба хотири ба даст овардани даромади бештар дар моҳи Рамазон (ки одатан бозори маводи озуқа «ҷӯш мезанад») қимати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Ба иддаои ӯ, азбаски маъмулан маводи фурӯшии бозор моли дасту дуввуму саввум аст, контрол кардан ё ба таври иҷборӣ поин бурдани қимати он имконнопазир мебошад. «Ин нархҳоро мо аз пеши худ баланд накардаем. Аз боло ба чӣ қимате ба мо борро меоранд, ҳамин қадар мефурӯшем. Лекин, агар маҳсулот, ки сифати хуб дошта бошад, қиматаш ҳам боло меравад. Албатта, фарорасии моҳи Рамазон ҳам сабаби болоравии нархҳо аст. Чунки бозор гарм мешавад, соҳибкорон аз ҳамин моҳ истифода мекунанд», – афзуд соҳибкор.

Хайру саховатро зиёд бояд кард

Роҳбари давлат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд кардаанд, ки “Моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини мубини ислом моҳи нузули Қуръон, айёми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват мебошад.

Яъне ҳар як мусулмон дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ даъват намояд.

Яке аз анъана ва суннатҳои неке, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, дароз кардани дасти хайру саховат ба ниёзмандон аст.

Мусулмонон бояд ҳамеша ва хусусан, дар ин моҳи муқаддас рисолати имонӣ ва виҷдонии худро барои оромиву субот ва рушди ҷомеа, аз ҷумла дастгирии эҳтиёҷмандон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ анҷом диҳанд.

Бо дарназардошти он ки ҳадафи дини мубини ислом тарбияи инсони солеҳ аст, моҳи Рамазон беҳтарин фурсат ва накӯтарин мактаби ахлоқӣ дар роҳи расидан ба ин мақсад мебошад.”

«Аз оташи ҷаҳаннам бояд тарсид…»

Донандагони дини Ислом дар хусуси ба таври сунъӣ баланд бурдани нарху наво дар моҳи Рамазонро аз нигоҳи ислом чунин  шаҳр доданд: «Баъзе «ҷавонмардон»-е ҳастанд, ки моҳи Рамазонро бесаброна интизор мешаванд. Шумо гумон мекунед, ки барои дарёфти савоб? Не, хато кардед. Барои худсарона гарон кардани нархи маҳсулот. Агар дар тамоми дунё мардум рӯзадоронро ҳурмат намуда, молҳояшонро арзон кунанд, дар бозорҳои мо баръакс, нарху наво аз ҷониби баъзе  «савобҷӯён» баланд карда мешавад. Оё ин нишонаи мусулмонист? Магар ин савдогарон аз баракати моҳи Рамазон баҳрае мебаранд? Чунин ашхос аз Рамазон танҳо савоби ташнагиву гуруснагӣ ҳосил мекунанду халос. Дар ин маврид паёмбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Боқи аз имони худи фурушандагони бозору мағозаҳо поён бурдани нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум  вобастагӣ  дорад. Худо худатонро инсоф диҳад тоҷирони муҳтарам!

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,  “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь