Татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Молия сутуни давлат аст

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи дар ноҳияи Ҷайҳун хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Гурезода Давлат, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

 Номбурда афзуд, ки давоми соли 2024-ум Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, Сарраёсати Вазорати молияи дар вилояти Хатлон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд корҳои зиёдеро ба сомон расонида, нақшаи қисми даромади буҷетро барзиёд иҷро карда, соли 2025-ро низ бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст хоҳанд кард.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”-ро имзо расонид.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаааст. Махсусан ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъмини нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошад.

Гурезода Давлат, афзуд, ки лоиҳаи Буҷети маҳаллии ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2025 маҳз дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи манбаҳои андоз ва нишондиҳандаҳои асосии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун таҳия карда шудаааст.

Номбурда афзуд, ки дар соли 2025 сиёсати молиявӣ ба мақсади мунтазам паст кардани сатҳи тавварум, суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ба низом дарории механизми ҷамъоварии пурраи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷет ва ба роҳ мондан, ба пайдо гардидани бақияпулиҳо аз рӯи андозҳо мусоидати ҳамаҷониба барои рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, давом додани ислоҳоти музди меҳнат дар соҳаҳо ба назар гирифта шудааст.

Қайд гардид, ки дар соли 2025 ҷамъи умумии даромад ба маблағи 68 984 000 сомонӣ ва хароҷот 155 480 628 сомонӣ, бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 82 669 028 сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 1 200 000 сомонӣ ва қасри буҷет барои мувозинати қисми даромад ва хароҷот 2 627 600 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷамъи умумии буҷети ноҳия дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 аз руйи даромад ба маблағи 12 253 700 ё 21,6 фоиз ва хароҷот 42 905 701 ё ин, ки 38,1 дарсад афзоиш меёбад.

Гуфта шуд, ки агар дар соли ҷорӣ воридшавии даромад ба буҷет ҳар моҳ ба мабалағи 4 727 525 сомонӣ баробар бошад дар солҳои оянда танҳо даромадҳои ҷории буҷет 5 748 667 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли ҷорӣ 1 021 142 сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин ба мо лозим аст, ки сифатнок иҷро гардидани қисми даромади буҷетро таъмин намоем. Аз ин лиҳоз сол то сол дар Буҷети маҳаллӣ ҳаҷми умумии хароҷот барои соҳаҳои ичтимои ва таъмини нафақа зиёд карда мешавад ва дар соли ҷорӣ низ ҳамин тамоюл нигоҳ дошта мешавад.

 Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ зиёдаст

Номбурда илова кард, ки аз ҷумла барои соҳаи маориф дар буҷет 106 642 341 сомонӣ нисбати соли 2024, 31 850 323 сомонӣ зиёд ё ин, ки 141,6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет равона карда мешавад.

Соҳаи нигоҳдории тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва солимгардонии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, дар буҷети соли 2025 барои ин соҳа 38 831 092 сомонӣ ё ин, ки 127,7 фоизи ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет дар назар дошта шудааст. Хароҷоти ҳифзи иҷтимои бошад 906 526 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дасгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, ба иштирокчиён, маъюбон, кӯдакони маъюб ва оилаҳои бесаробонмондаи садамаи Чернобел ба маблағи 248 696 сомонӣ кӯмаки яквақтаинаи моддӣ пешбини шудааст. Хароҷоти соҳаи фарҳанг 1 668 900 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 ба мбалағи 401 055 сомонӣ зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Дар соҳаи Хоҷагии манзилию комуналӣ хароҷотҳои буҷет оид ба ободонии маркази ноҳия ва шаҳрак ба маблағи умумии 53 000 сомонӣ пешбини шудааст. Дар соҳаи Нақлиёт ва комуникатсия хароҷотҳои буҷет оид ба таъмири роҳҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба маблағи 100 000 ҳазор сомонӣ пешбини гардидааст. Ҳамчунин барои дигар соҳаҳо низ маблағҳо пешбини карда шудааст.

Нақшаҳо баҳри пешрафти кор аст

Гурезода Давлат афзуд, ки Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад. Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард: “Мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Президенти кишвар аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.”-қайд намуд Гурезода Давлат.

 Кормандон ба забономӯзӣ фаро гирифта шуданд

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024-ум тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Роҳбарияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои заруриро руйи кор гирифта, кормандони Раёсатро ба забономӯзӣ фаро гирифт.

 Масъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь