Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд». 

Новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.

Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хабарнигори МТЖТ бо сардори ниҳоди мазкур Фарҳодзода Файзалӣ Фарҳод суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз  чунин изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Мавсуф афзуд, ки мақомоти андоз имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият корҳои назаррас анҷом дод, аз ҷумла барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар айни замон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.

Иҷрои нақша

Мавсуф дар идомаи суҳбат иттило дод, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 8 моҳи соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ 107.1 % иҷро намуда, ба ҷои 81 млн 826 ҳазор сомонӣ, ба буҷет дар асл 87 ҳазор сомонӣ ворид намудааст, ки  нисбат ба нақша 5 млн 844 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми деромади буҷети ноҳия бе назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар 8 моҳи соли 2024 ба андозаи 107,6% иҷро гардида, ба ҷои 66 млн 714 ҳазор сомонӣ ба буҷет 71 млн 784 ҳазор сомонӣ ворид намудааст, ки нисбат ба нақша 5 млн 70 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 8 моҳи соли 2024 ба андозаи 105,1% иҷро гардида, ба ҷои 15 млн 112 ҳазор сомонӣ  ба буҷет 15 млн 886  ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 774 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзситонӣ

Номбурда афзуд, ки бақияи қарзи андозҳои андозсупорандагон ба санаи 01.08. 2024 ба маблағи 2 млн 600 ҳазор сомониро ташкил медод, ки нисбати 01.01.2024 ба маблағи 842 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, қарз ба якуми январӣ соли равон 1 млн 757 ҳазор сомониро ташкил медод. Шумораи андозсупорандагони қарздор ба моҳи афгусти соли ҷорӣ 522 нафар андозсупоранда дар назди буҷет қарздор мебошанд.

Аз маблағи бақияи қарзи умумӣ ба соҳибкорони инфиродӣ 65.4%-и он ё ин ки ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ тааллуқ дорад. Аз маблағи умумии  бақияи қарзи андозҳо фақат ҷарима ва фоизҳо барои сари вақт  напардохтани қарзи андозҳо 454 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 17,5%-ро ташкил медиҳад.

Бақияи қарзи корхонаҳо, муассисаҳо ва хоҷагиҳо аз ҳисоби андози  иҷтимоӣ ба санаи 01.08.2024 ба маблағи 1 млн 380 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол  ба маблағи 623 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст (бақия ба санаи 01.01.2024 маблағи 756 ҳазор сомониро ташкил медод).

Назорат

Мавсуф ҳамзамон тазаккур дод, ки инчунин, аз ҷониби Нозироти андоз дар 8 моҳи соли 2024 дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ нисбати андозсупорандагоне, ки ба қонуншикании соҳаи андоз  роҳ додаанд 174 – адад протоколҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 598601 сомонӣ тартиб дода шуда,  аз ин ҳисоб ба маблағи 420282 сомонӣ ба буҷет рӯёнида шуд.

Андозсупорандагон

Номбурда изҳор дошт, ки дар Нозироти андоз шумораи андозсупорандагон 6416 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 716 адад шахсони ҳуқуқӣ, 5700 нафар соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла: соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд 561 нафар, хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахсони  ҳуқуқӣ 2858 адад ва тибқи патент фаъолияткунанда 1157 адад, соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатномаи махсус фаъолияткунанда 1124 нафарро ташкил медиҳад.

Нозироти андоз дар оянда кушиш менамояд, ки бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монда, нақшаи пешбинигардидаи буҷети ноҳияро босифат иҷро намояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь