Кормандони Раёстаи молияи ноҳияи Кӯшонниёни вилояти Хатлон баҳри иҷрои саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳо пайваста талош карда кӯшиш доранд, ки саривақт музди маоши кормандони ташкилоту идораҳоро пардохт намоянд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд. Заҳматҳои шабонарузии кормандони Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён буд, ки соли 2022-юм нақшаи андоз бо назардошти андози ғайри буҷетӣ дар ноҳия 109 дарсад таъмин гардидааст. Нақшаҳо неканд Чиллазода Аъзамҷони Қарахон, сардори Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар оғози суҳбат шукргузорӣ аз тинҷиву оромии кишвари азизамон Тоҷикистон ва дасгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон карда афзуд, ки кормандони Раёсати молияи ноҳия кор ва фаъолияти худро дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳумумати мамлакат, Вазорати молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба роҳ мондааст. Ӯ дар идома афзуд, ки нақшаи андоз бо назардошти андози ғайри буҷетӣ соли гузашта дар ноҳия 109 % таъмин гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Кӯшониён соли 2022 маблағи 57,494 300 ҳазор сомониро дар бар гирифта иҷроиши он бошад 61,895 067 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 108 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Боиси қайд аст, ки аз нақшаи пешбинишуда дар ноҳия 4,400 767 ҳазор сомонӣ маблағ барзиёд ба буҷети маҳаллӣ ворид гардидааст. Андози иҷтимои буҷети соли гузашта 22,400 001 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷроиши он бошад 26,646 874 ҳазор сомонӣ 119% мебошад, ки аз нақшаи пешбинигардида 4,246 873 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бақияпулии андоз кам карда шуд Дар маҷмӯъ бақияпулии андоз дар ноҳияи Кӯшониён дар аввали соли 2022 18,114355 млн сомониро ташкил медод, ки он ба ҳолати якуми январи 2023 ба 16 миллону 568 ҳазору 597 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба аввали сол бештар аз 1 миллиону 545 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Маблағҳои мақсаднок яъне (субвенсия), ки дар 12-моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи нақшаи пешбинишуда 46,436 744 млн сомонӣ ворид гардид, ки иҷроишаш бошад 46,436 744 млн сомониро ташкил медиҳад, ки 100% нақша мебошад. Ҳамчунин мавсуф илова кард, ки дар 12 – моҳи соли 2022 аз буҷети вилоят бошад бо роҳи ҳисоббаробаркуниҳо тибқи нақша 10,378 100 ҳазор сомонӣ иҷроиш 10, 378 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 100% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Номбурда қайд кард, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия 126,553 660 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷроиш бошад 126,409 923 млн сомонӣ 100% нақшаи пешбини шуда мебошад. Дар асоси санадҳои меъёри ҳукуқӣ дар мадди аввал ҷамоварии маблағҳои нақшаи андози маҳалии ноҳия истода ва маблағҳои мазкур мақсаднок ба пуррагӣ ба музди меҳнат ва фонди иҷтимоӣ, инчунин ба дигар уҳдадориҳо равона мегардад. Қарздории музди меҳнат ва қафомонии он нест. Маҳз бо чунин мақсад Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, умуман тамоми соҳаи буҷетиро дар 12 моҳи соли 2022 ба пуррагӣ пардохт намуд, қарздории музди меҳнат дар ноҳия вуҷуд надорад. Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ намуда истодааст, ки талаботи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2022, №1 банди 6 ва Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 феврали соли 2022, №23 доир ба таъмини иҷрои босифати буҷети давлатӣ дар соли 2022 ва роҳ надодан ба хароҷотҳои бе асоси дуюмдараҷа таъмин гардад. Maҳз ба чунин ҳадафҳо дар асоси нақша чорабинӣ оиди саривақт ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ бо нозироти андоз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт, – зикр дошт Чиллазода Аъзамҷони Қарахон, сардори Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд. Раёсати молияи ноҳияҳияи Кӯшониён пеш аз ҳама аз дастгириҳои доимии роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сари вақт ҷудо кардани маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти музди меҳнатӣ ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ изҳори минатдорӣ менамояд. Кормандони Раёсти молияи ноҳияи Кӯшониён ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона намудааст. Ва дар оянда низ талош мекунанд, ки саривақт музди меҳнати кормандони ташкилоту идораҳои буҷетиро пардохт намуда, қарздори ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд. Масъулони Раёстаи молияи ноҳияи Кӯшониён барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшда, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назарас пешвоз хоҳанд гирифт.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь