Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,

Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.

Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Ин мисраҳо мароми кору ҳадафи рӯзгори қаҳрамони моро дар худ нек таҷассум кардаанд. Кист ӯ? Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон. Фарди оддист, аммо рисолати худро дар зиндагӣ нек дарк кардаву дар ҷодаи хеш басо масъулиятшинос аст.

Шояд ҳамин хоксориву фурӯтанӣ, ҳалолкориву ҳалимӣ ва сабуриву бовиҷдонияш боис гашта, ки на танҳо зердастон, балки тамоми корафтодагон номи ӯро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Дунёи донишу фаҳмиш ва дарки маърифати ба наздаш меомадагон гуногун аст, вале Комил Ҷумъахон бо хираду меҳрубонии ба худ хос, малакаву дониши тахассусӣ ва фазилати касбии худ бо ҳар як корафтода ба қавле забон ёфта, ҳам лаъли мақсуд ба каф меораду ҳам одамонро бо эҳсоси хушиву қаноатмандӣ гусел мекунад.

Зимни суҳбати сарироҳӣ назари мавсуфро дар мавриди одаму одамият пурсидем. Номбурда чунин посух дод:

«Шайх Саъдӣ фармуда:

Одамият чист, худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Одамият аз нигоҳи ман эҳтироми одамӣ, дасти афтодаеро гирифтан, шарики ғаму шодии мардум будан, накӯ гуфтану накӯӣ кардан аст».

– Пас рисолати инсониро дар чӣ мебинед?

– Рисолати инсонӣ дар зиндагӣ созандагию бунёдкорист. Зиндагӣ маҷмӯи пайванди ҳалқаҳои дирӯзу имрӯз ва фардост. Пас ҳар кадоми мо масъулем, ки бо меҳнату садоқати худ ин ҳалқаҳоро ҳарчи бештар мустаҳкам бисозем. Мазмун: агар ҳар як фард дар ҷодаи худ бо ҳисси муҳаббату садоқат, дилсӯзиву масъулиятшиносӣ меҳнат кунад, бинои саодати ҷомеа устувортар хоҳад гашт.

– Сирри муваффақиятҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар чист?

– Фикр мекунам, ки ин ҷо сирри ниҳон вуҷуд надорад. Асоси пешрафт ва комёбиҳои пай дар пайро ман дар низоми хуби кор, якдигарфаҳмиву аҳлу тифоқ будани кормандон мебинам. Тавре дар урфият мегӯянд, “ёр агар аҳл бошад, кор саҳл мегардад” ва ин масал миёни кормандони мо шоҳбайти рӯзгори ҳар яке гардида. Баъдан, муваффақият он вақт ба даст меояд, ки корманди на танҳо Роҳи оҳан, балки корманди тамоми бахшҳо бояд савияи баланди донишу маҳоратро доро бошаду онро тавонад дар амал татбиқ намояд. Агар сатҳи донишу ҷаҳонбинии корманд ба дараҷаи олӣ бошад, нуран алонур мегардад. Ва ман фикр мекунам, ки кормандони КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” соҳиби ин гуна хислатҳои ҳамидаанд ва шояд асоси муваффақиятҳои моро ҳамин нукта тасдиқ намояд. Баъдан, мо бо дигар сохторҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондаем ва дар ҷои лозима бо мадади ҳамдигар аз вазъияти баамаломада бо осонӣ мебароем. Ва билохира миёни кормандони мо ва шаҳрвандон якдигарфаҳмӣ ва фазои дӯстиву рафоқат танинандоз гардидааст.

Комил Ҷумъахон маҳорату малакаи хуби сарварӣ дошта, нозукиҳои касби худро ба кормандонаш низ меомӯзонад. Ва фикр мекунем хушбахт аст, зеро соҳибэҳтироми умум гардидаасту сарварии як ниҳоди калидиро ба ӯ бовар кардаанд.

Бузургон дар ҳаққи ин зумра фармуда:

Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол,

Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол.

Соҳаи роҳи оҳан дар таҳкими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва равобити иқтисодию фарҳангӣ бо давлатҳои дуру наздик нақши калидиро мебозад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи мазкур таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, сарварии ин бахши ҳаётан муҳимро, ки барои гардиши савдои хориҷӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад, ба шахси масъулиятшинос ва кордон – Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон бовар кардааст.

Тавре рақамҳо собит месозанд, давоми чанд соли охир новобаста аз мушкилоти ҷойдошта аҳли КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ки барои гардиши савдои хориҷӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад, тавонистанд бо сарварии Мирзоалӣ Комил аксари нақшаю уҳдадориҳои худро ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ, инчунин ҷалби шаҳрвандон барои содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавассути роҳи оҳан саривақт ва босифат иҷро намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон хуб медонад, ки ба ҷуз узви корхонаи Роҳи оҳан будан, дар навбати аввал сокини пойтахти кишвар аст, ки ба дӯши ӯ масъулияти басо бузургу ифтихориро мегузорад. Чи тавре, ки дар “Маромномаи сокини шаҳри Душанбе” омадааст: “Ободонии кӯчаю гулгашт, хонаю муассиса вазифаи ҷонии ҳар як сокини пойтахт аст. Ҳар шахс аз хурд то бузург бояд дар озодаву зебо гардонидани он саҳми худро дошта бошад”.

“Аз ин хотир,- мегӯяд Мирзоалӣ Комил,- мо кормандони КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вазифадор ҳастем, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дар шукуфоӣ ва ба шаҳри намунавӣ табдил додани пойтахти ҷумҳуриамон ҳиссаи хоксоронаи худро гузорем”.

Ногуфта намонад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аҳли КВД “Роҳи оҳани Тоҷикисчтон” ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифанд. Таҷдиду навсозии пулҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», бунёди гулгашт дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт, гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, воқеъ дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғи ба номи Аҳмади Дониш, гулгашти назди истгоҳи роҳи оҳани пойтахт, таъмиру навсозии гулгашти атрофи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ ва ғайра аз ҷумлаи корҳои ободониву созандагии аҳли коргоҳи мазкур мебошад, ки як гӯшаи диёрро муҷалло сохта.

Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон дар баробари пешбурди кори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, ки кори саҳлу сода нест, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоӣ ва шароити будубоши муассисаҳои таълимии кӯдакона ва мактаб-интернатҳо, хонаи пиронсолон, маъюбону бепарасторон, ниёзмандону дармондагон дасти ёрӣ дароз менамояд ва новобаста аз иду ҷашнҳо то ҷои имкон барояшон кумакҳои моддӣ ва молиявӣ мерасонад. Зеро хуб медонад, ки хайру саховат намудан ба нафарони ниёзманд амали хайру савобест, ки аз ҷониби инсонҳои комил амалӣ мегардад.

Роҳи тайнамуда ва таҷрибаву малакаи ӯ ҷавононро дарси ибрат аст. Новобаста аз серкорӣ ӯ пайваста меомӯзад, дилбастаи адабиёт асту асарҳои шоирон ва нависандагонро доимо мутолиа менамояд ва ба меҳнати пурмашаққати нафароне, ки бо қалам сарукор доранд, арҷ мегузорад. Таманно дорад, ки ҷавонон низ ҳамеша биомӯзанд ва такя ба малакаю таҷрибаи бузургон намоянд. Зеро дар урфият мегӯянд: «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд».

Ногуфта намонад, ки 18-уми августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи ҷашни миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатиро бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ, ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи II, медали шоиста, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 қадрдонӣ намуданд, ки сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар интиҳо сарвари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва раиси комиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ Мирзоалӣ Комил Ҷумъахонро барои сазовор гардидан ба мукофоти давлатӣ самимона таҳният гуфта, умед бар он дорем, ки ин марди наҷиб ва кордон дар оянда низ баҳри шукуфоӣ ва ободии Тоҷикистон азиз саҳми арзандаи худро мегузорад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь