Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Башорат Бобохонзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкашӣ хонандагон мегардад.
Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Ва албатта, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.
Аз ин фурсати муносиб истифода карда, барои дастгириву раҳнамоии бемисл ба Пешвои муаззами миллат миннатдорӣ мекунам ва ҳамчунин ба масъулине, ки барои пешрафти соҳаи молия мусоидат мекунанд арзи эҳтироми худро мерасонам.
Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд: «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад». Ва мо кормандони соҳаи молия тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар раванди корӣ дар амал татбиқ мекунем, зеро садоқат ба кори худ ин садоқат ба давлату Роҳбари давлат мебошад.
Иҷрои буҷет
Мавсуф изҳор дошт, ки аз тарафи Раёсати молия дар шаҳри Конибодом дар ҳашт моҳи соли 2024 баҳри таъмини иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Конибодом барои ҳашт моҳи соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 90 906 666 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он тибқи маълумоти пешаки 93 308 428 сомонӣ ё худ 102,6%-ро ташкил намуд, ки нисбати нақша ба маблағи 2 401 762 сомонӣ ва нисбати воридоти ҳамин давраи соли гузашта 11 692 650 сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.
Ҳамзамон, нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр барои ҳашт моҳи соли 2024 бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ (контингент) ба маблағи 72 359 334 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 73 956 977 сомонӣ, ё худ 102,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбати нақша ба маблағи 1 597 643 сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.
Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 ҳамагӣ ба маблағи 9 973 283 сомонӣ ворид гардидааст.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳалии шаҳри Конибодом дар ҳашт моҳи соли 2024 ба маблағи 55 127 334 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 56920290 сомонӣ, ё худ 103,3 фоизро ташкил намуда, ки нисбати нақша ба маблағи 1 792 956 сомонӣ зиёд маблағ ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 7 995 840 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи ҳиссагузорӣ ба буҷети ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли 2024 бо назардошти тағйиру иловаҳо ба маблағи 17 232 000 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 17 136 687 сомонӣ ташкил намуд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 1 820 710 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра ба маблағи 35 037 664 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 35 402 315 сомонӣ, ё худ 101, 0 фоизро ташкил намуд, ки нисбати нақша ба маблағи 364 651 сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.
Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 18 547 332 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 19 351 451 сомонӣ, ё худ 104,3 фоиз, ба маблағи 804919 сомонӣ зиёд ва нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ ба маблағи 16 490 332 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 16 050 864 сомонӣ ташкил дод.
Хизматгузорӣ
Номбурда афзуд, ки нақшаи мусоидати молиявӣ дар ҳашт моҳи соли 2024 ба маблағи 27824000 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба санаи ҳисоботӣ буҷети вилоятӣ ба маблағи 23140000 сомонӣ ворид гардид.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ҳашт моҳи соли 2024 ботағйироту иловагиҳо ба маблағи 86 806 375 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он дар ин марҳила 80 206 308 сомонӣ ташкил дод.
Дар ин давра ба соҳаи иҷтимоӣ ба маблағи 75 661 752 сомонӣ харҷ карда шуд. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет (музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа кӯмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ) ба маблағи 72 683 964 сомонӣ равона карда шуд. Қарздорӣ дар самти пардохти маблағҳо барои музди меҳнат мавҷуд нест.
Дар ҳашт моҳи соли 2024 ба маблағи 70 273 463 сомонӣ музди меҳнат ва андозҳои иҷтимоӣ ҳисоб ва ба пуррагӣ ин маблағҳо пардохт карда шуда, қарздорӣ дар самти пардохти музди меҳнат мавҷуд нест.
Мо дар оянда талош хоҳем кард, ки ба воситаи манбаъҳои иловагӣ ва тарзи боз ҳам беҳтаргардонии коргузорӣ соҳаи молияро рушд диҳем ва ба ин васила барои пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро бирасонем.
Нигора САИДБЕКОВА