Ё чаро соҳибкор Далерҷон Каримов мехоҳад бо матлаби дурӯғу тӯҳматомезаш соҳибкори муваффақи тоҷик, муассиси ҶДММ “МТ Суғдиён” Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуровро бадном созад?

Муассиси ҶДММ “Маркази тиҷоратии Суғдиён” Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров истгоҳ бо нуқтаи савдои соҳибкор Далерҷон Каримов, воқеъ дар шафати шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров”-ро ғасб накардааст ва нақшаи азонихудкуниро низ надорад. Ин қитъаи замин  дар канори роҳ ҷойгир буда, худи соҳибкор Каримов Д. бар хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда ва бе риояи таъмини хатти сурху меъёрҳои шаҳрсозии имрӯз истгоҳ бо нуқтаи савдоро бунёд ва ба “бозори хурд” табдил додааст. Ғайриқонунӣ будани қитъаи замини марбут ба ин соҳибкорро чанд марҳилаи мурофиаҳои судӣ ва хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ  исбот кардааст. Маълум шуд, ки қаблан аз ҷониби собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар хилофи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва дар хатти сурх ба ӯ ин қитъаи замин вобаста шудааст.

Мурофиаи судӣ бо шикояти худи Далерҷон Каримов оғоз шуд. Мо барои чизе даъво надоштем. Вале муассиси ҶДММ “МТ Суғдиён”-ро ба он муттаҳам карда истодааст, ки мақомоти дахлдор ва судяҳо гӯё бо дахолати ӯ баҳсро ба манфиати мо ҳал карда истодаанд, ки комилан нодуруст мебошад. Вақте соҳибкор Каримов Д. эҳсос кард, ки ҳақ будани худро наметавонад исбот кунад, имрӯзҳо даст ба паҳну интишори матлабҳои бардурӯғ дар рӯзномаву сомонаи интернетии “Фараж” ва шабакаҳои иҷтимоӣ задааст.

Ин соҳибкор, ки худро “муҳоҷири меҳнатӣ” муаррифӣ мекунад, аммо дар асл тайи чанд соли охир дар Амрико аст, намехоҳад асли воқеаро таҳаммул кунад. Ӯ дар чанд матлаб ба кори “МТ Суғдиён” дахолат карда, маълумоти бардурӯғ атрофи фаъолияти моро интишор мекунад. Мо нангу номус дорем, ба моликияти касе чашм надӯхтаем ва дар  чаҳорчӯби қонун амал мекунем.

Ӯ ободиро нахост, пас чи ҷойи адоват?  

Соли 2020 мо дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров иншооти “Маркази савдои Суғдиён”-ро бунёд кардем, ки саҳни он нообод буд. Рӯзи 23 сентябри соли 2020 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иншооти ҷашнии “Маркази савдои Суғдиён” дидан намуда, ба раиси ноҳия супориш дод, то саҳни иншооти мо, ки дар қатори иншооти ҷашнӣ буд, ободу зебо гардонида шавад. Инчунин раиси ноҳия вазифадор гардид, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин масъалаи ба расмият даровардан ва ба тасвиб расонидани қарори дахлдор бобати вобаста намудани заминҳои муқарраршудаи назди “Маркази савдои Суғдиён”-ро моҳиятан баррасӣ намояд.

Инҷо гап сари ба тасвиб расонидани қарор оид ба ҷудо ва вобаста намудани замини саҳни ҳавлии марказ, сафолакпӯш ва аз нав панҷарабандӣ кардани ҳудуди саҳни он ва инчунин барканор намудани истгоҳи барқӣ ва болопӯши гузаргоҳи зеризаминии ҳамшафат меравад.

Қаблан, собиқ раиси ноҳия Зариф Назирӣ ба Раҳматҷон Каримов, падари соҳибмулки гузаргоҳи зеризаминӣ Далерҷон Каримов, супориш дода буд, ки ҳамин мавзеъро обод кунад. Аммо ӯ супориши раиси ноҳияро сарфи назар намуда, сатҳи болоии гузаргоҳи зеризаминиашро дар мавзеи ҳамшафат ба иншооти ҷашнии мо ободу зебо накард. Мо, ки бо корҳои бунёди иншооти ҷашнии “МС Суғдиён” даст ба кор будем, баъдан амалишавии ин корҳои ободониро аз мо хоҳиш карданд. Мо бо харҷи маблағҳои худӣ ин мавзеъро ободу зебо сохтем.

Дар пайи эродҳои мақомоти давлатӣ ва собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия истгоҳи барқии марбут ба гузаргоҳи зеризаминӣ ва болопӯши даромадгоҳи он, ки шафати роҳро нозеб мекард ва бар хилофи меъёрҳои бехатарӣ буд, барчида шуд. Аммо соҳибкор Далерҷон Каримов даъво дорад, ки истгоҳи барқӣ ва болопӯши даромадгоҳи гузаргоҳаш аз ҷониби кормандони “МТ Суғдиён” барканда шудааст, ки нодуруст мебошад. Мо бар ивази панҷараҳои кӯҳнаву фарсуда панҷараҳои наву замонавӣ васл кардем.

Панҷараҳои кӯҳнаву фарсударо падари молики гузаргоҳи зеризаминӣ Раҳматҷон Каримов бо худ бурд.

Баъдан дар пайи қарори собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ  аз 12 октябри соли 2020, таҳти №514 қитъаи замин ба масоҳати 952,90 м.м, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров, шафати шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” ба ҶДММ “МТ Суғдиён” барои ободонӣ ва нигоҳубин бе ҳуқуқи сохтмони асосӣ ба истифодаи бемӯҳлат вобаста шуд. Ин як қисми болоии гузаргоҳи зеризаминӣ аст. Қисми зиёди сатҳи болои он, ки зиёда аз 5000 м.м. мебошад, дар мувозинаи муассисаҳои давлатӣ буда, нигаҳдорӣ ва корҳои ободонӣ дар зиммаи Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ва идораи ободонӣ мебошад.

Ин қитъаи замин барои мо ба манфиати дарёфти фоида аз тиҷорат ё бунёди ягон иншоот вогузор нашудааст, балки мо барои ободу зебо гардонидани он, фароҳам сохтани муҳити зебо ба мардум маблағ сарф мекунем. Мо саҳни болоии қитъаи замини гузаргоҳи зеризаминро сафолакпӯш кардем, курсиҳо гузошта, дар зарфҳои махсус дарахтони ҳамешасабз мондем ва атрофаш бо панҷара иҳота шуд. Ҳоло мардум бароҳат дар саҳни васеъ ва зебо ҳаракат мекунанд ва дар курсиҳо истироҳат менамоянд. Аммо Далерҷон Каримов бо интишори чанд мақола ва баҳсҳои судӣ иддао дорад, ки гӯё мо ин қитъаи заминро ба манфиати худ ғайриқонунӣ ғасб кардаем, ки комилан нодуруст мебошад.

Роҳи зеризаминӣ танҳо барои тиҷорат! Ё чаро онро аз рӯйи таъиноташ истифода намебаранд?

Мақсад аз бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ он аст, ки пиёдагардон аз убури шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров”, ки мошинҳо якмаром дар ҳаракат аст, худдорӣ кунанд ва аз роҳи бехатари зеризаминӣ ба он сӯи канори роҳ гузаранд. Аммо кор то ҷое расидааст, ки худи соҳибкор Далерҷон Каримов роҳи гузаргоҳи зеризаминияшро бо растаҳои фурӯш танг кардаааст. Ҳазорҳо пиёдагардон, вақте дар “роҳи бехатар” барои қадамзанӣ ҷой намеёбанд,  маҷбуранд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, роҳи рӯйизаминиро убур кунанд.

Дар ин гузаргоҳи зеризаминӣ даҳҳо дӯкони фурӯши молу маҳсулот мавҷуд аст. Аммо соҳибмулконаш, ки дар талоши пайдо кардани фоидаи бештар ҳастанд, дар роҳи пиёдагузар растаҳои фурӯш ташкил карда, ба ҳаракати одамон мушкил пеш овардаанд. Мардумро маҷбур сохтаанд дар роҳи паҳноияш ҳамагӣ 1-1,5 метра, ки байни дӯкону растаҳои фурӯши молу маҳсулот мондааст, бо душвориҳои зиёдгузаранд. Агар ба ин навиштаи мо шубҳа доред, метавонед омада, бо чашмони худ бубинед!

Соҳибмулки гузаргоҳ Далерҷон Каримов иддао дорад, ки ба 300 нафар ҷойи корӣ ташкил кардааст ва онҳо ризқу рӯзӣ меёбанд.

Ин соҳибмулк дар ин иншоот бо баҳонаи гӯё зиёд намудани шумори ҷойҳои корӣ бар хилофи таъинот иншоотро ба фоидаи худ истифода мебарад. Растаҳои фурӯш ин нуқтаи савдо нест. Далерҷон Каримов даъво дорад, ки аз моҳи сентябри соли 2020 бо сабаби кандани истгоҳи барқӣ 300 соҳибкори гузаргоҳи зеризаминияш ба мушкилии бебарқӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Вале ин фиреби дурӯғини ӯ мебошад, ки гузаргоҳ давоми ин сол ягон рӯз аз барқ маҳрум набуд ва бо барқи бозори “Баракат” таъмин аст.

Ӯ иддао дорад, ки гӯё муассиси “МТ Суғдиён” ба ин иншооташ “чашм ало намудааст”, ки комилан нодуруст буда, Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров ҳамчун як соҳибкори банангу номус ҳеҷ гоҳ талоши ғасби иншооти касеро накардааст ва нахоҳад кард.

Чаро истгоҳро ба “бозорча”табдил доданд?

Дар асоси қарорҳои собиқ раисони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сараввал соли 2012 ба шаҳрванд Ғафуров Шоҳманазар аз ҳисоби заминҳои шаҳраки Ғафуров, дар канори шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” қитъаи замин барои сохтани истгоҳ ва нуқтаи савдо ҷудо шуда буд. Аввал ба мӯҳлати панҷ сол ва баъдан ин қитъаи заминро барои истифодаи бемӯҳлат ба ин шахс вогузор кардаанд. Он солҳо Ғафуров М. дар қафои ин истгоҳ 7-8 нуқтаи савдо сохт ва то соли 2015 бо чанд қарори собиқ раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода ҳудуди қитъаи замини истгоҳро васеъ кард. Соли 2015 Ғафуров Шоҳманазар нуқтаҳои савдои дар ин қитъаи замин сохтаашро ба фурӯш гузошт ва онро соҳибкор Далерҷон Каримов харидорӣ намуд. Ин ҳамон истгоҳ бо нуқтаи савдое мебошад, ки қарори парвандаи заминсозӣ дар мурофиаҳои судӣ моҳиятан баррасӣ ва бекор карда шуд. Баъди он, ки истгоҳ бо нуқтаи савдо ба дасти Каримовҳо афтод, нуқтаи савдо аз 7-8 адади пешина ҳоло як баробар зиёд шудааст.

Қаблан дар ин истгоҳ мусофирон интизори нақлиёти ҷамъиятӣ мешуданд. Аммо баъди он, ки истгоҳ бо нуқтаи савдоро ба як “бозорча” табдил доданд, на мусофир ба истгоҳ меояд, на нақлиёти ҷамъиятӣ вориди истгоҳ мешавад. Чунки байни шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” ва истгоҳ як девори бетонӣ гузошта, дар он кунҷи истгоҳ даромадгоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ сохтанд. Ин боис шуд, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дигар наметавонад вориди истгоҳ шавад. Ронандагон маҷбуранд дуртар аз истгоҳ аз канори роҳи асосӣ мусофиркашонӣ кунанд, ки пайваста боис ба тамбашавии нақлиёт дар шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” дар ин мавзеъ мешавад.

Чунин тарзи истифодаи истгоҳ бо нуқтаи савдо борҳо боис ба эродҳои ҷиддӣ шудааст. Ба раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ супориш шуд, то ин истгоҳ бо нуқтаи савдояшро аз канори роҳ тоза кунанд.

Чандин марҳилаи мурофиаҳои судии Суди ноҳиявӣ ва вилоятӣ исбот кард, ки қитъаи замин барои истгоҳ бо нуқтаи савдо қаблан бар хилофи талаботҳои шаҳрсозӣ ва дар пайи қарорҳои собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба соҳибкор вобаста шудааст. Дар пайи хулосаҳои дахлдори чандин идораи давлатӣ ва экспертизаву санҷиши лоиҳакашони  ҷумҳуриявӣ қисме аз қарори қаблан баровардашуда аз ҷониби раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бекор карда шуд. Аммо Далерҷон Каримов дар мурофиаҳои судӣ иддао дорад, ки ин қитъаи заминашро мақомотҳои судӣ ғайриқонунӣ бо поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои ӯ гӯё ба манфиати ҶДММ “МТ Суғдиён” ҳал карда истодааст. Ӯ боре худ фикр кардааст, ки чаро қонунро дидаву дониста пушти по мезанад?

Мувофиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №214 аз соли 2006 дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгард дар ҳудуди хатти сурх танҳо иншоотҳои муассисаҳои роҳсозӣ, БДА, истгоҳ ё даромадгоҳу баромадгоҳи роҳи зеризаминӣ сохта шавад, на ин ки нуқтаи савдо ё бозорча!

Дар хатти сурх будани ин иншоот хилофи меъёрҳои шаҳрсозӣ буда, дар мурофиаҳои судӣ низ тасдиқи худро ёфтааст. Аммо соҳибмулконаш барои манфиати шахсии худ истгоҳеро, ки дар асл бояд барои мардум хизмат кунад, ба макони дарёфти фоида аз тиҷорат табдил додаанд.

Соли 2020 ҳангоми ифтитоҳи бинои наву замонавии “МС Суғдиён” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Марказ супориши шифоҳӣ доданд, ки боз як иншооти баландошёнаро сохта  ҷойи нави кориро барои мардум фароҳам созад. Ҳоло лоиҳаи ангории “Маркази савдои Суғдиён молл” омода аст ва барои тасдиқаш ба ҳукумати вилоят пешниҳод шудааст.  Дар сурати бунёд шудани иншооти мазкур беш аз 200 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Иншооти мо дар ҳудуди заминҳои марбут ба худи мо бунёд мешавад ва дуртар аз истгоҳ аст. Чи тавре, ки соҳибкор Далерҷон Каримов иддао дорад, қитъаи заминашро гӯё мо ғасб карда истодаем, беасос аст.

Далерҷон Каримов бо омори бардурӯғаш худ назарфиребӣ мекунад

Як сол пеш мо бинои сеошёнаи “Маркази савдои Суғдиён”-ро бо тарҳи зебо дар шафати шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” сохта ба истифода додем. Ин иншоот санаи 15 октябри соли 2020 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар бинои сеошёнаи “МС Суғдиён” мо ба соҳибкорон, дӯзандагон ва корхонаҳои саноатӣ ҷойи корӣ фароҳам сохта пешниҳод кардем, ки молу маҳсулоташонро ба фурӯшу муаррифӣ гузоранд, худ аҳолиро дар ин марказ бо ҷойи корӣ таъмин кунанд.

Ҳоло дар қабати якум ва дуюми иншоот ҶДММ “Қолин ТҶ” молу маҳсулоти истеҳсоли ватаниро ба фурӯш гузоштааст ва даҳҳо кормандонашро дар “МС Суғдиён” ба кор ҷалб кардааст. Шумораи кормандон ё чи тавр ба кор ҷалб кардани онҳо дар зиммаи ин корхона аст. Ҳадафи мо бунёди иншоот ва фароҳам сохтани макони ҷойи корӣ ба чунин корхонаву ширкатҳо буд, ки кардем. Дар иншооти мазкур ва нуқтаҳои дигари савдои “МТ Суғдиён” беш аз 350 соҳибкорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин ҳастанд ва онҳо ҳоло аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ зиндагияшонро пеш мебаранд.

Аммо Далерҷон Каримов дар мақолае бо ном “Назарфиребӣ”, ки дар рӯзнома ва сомонаи “ФараҶ” дарҷ шуд, нисбати фаъолияти бинои сеошёна комилан омори бардурӯғ овардааст.

Ӯ иддао дорад, ки дар “Маркази савдои Суғдиён” на 1000 нафар, балки шумори коргарон 1% -и ин рақамро ҳам ташкил намедиҳад ва ҳамагӣ 5 нафар дар ошёнаи 1 ва 2-уми бино кор мекунанд. Аммо ӯ худ ба фарқӣ омори 1000 коргар сарфаҳм нарафтааст, ки ин шумори ҷамъи коргарони ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” аст, ки 15 октябри соли 2020 директори генералии ин корхона Абдумуталиб Абдуллоев зикр кардааст. Дар ин сана ӯ гуфта буд, ки “соли 2013 дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” 250 нафар кор мекарданд ва айни ҳол бо баланд бардоштани иқтидори корхонаи қолинбофӣ теъдоди коргарон ба наздики 1000 нафар расонида шуд. ”Ин дар расонаҳои даврӣ ва гузориши шабакаҳои телевизионӣ як сол пеш зикр шудааст. Гап сари ин аст, ки мо ошёнаи 1 ва 2-уми “МС Суғдиён” барои ин корхона пешниҳод кардем ва ҳамаи фурӯшандагони қолин кормандони ҶДММ “Қолин ТҶ” мебошанд.

Мо ошёнаи сеюми иншоотро ҳамчун коргоҳи дӯзандагӣ ба занони ҳунарманд пешниҳод кардем, ки ҳам дар хонаҳояшон ва ҳам дар ин ҷо метавонанд омада кор кунанд. Ин хоҳиши занони ҳунарманд аст, ки мо дасти кӯмак ба онҳо дароз кардем, марҳамат ҷойи корӣ фароҳам сохтем биёянд кор кунанд. Соли гузашта мо аз ҳисоби маблағҳои худ барои ин гурӯҳи занон 30 адад мошинаҳои чокдӯзиро бо харҷи беш аз 67 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда додем, то каме бошад ҳам саҳми худро барои беҳбудии зиндагияшон гузорем. Ин мошинаҳои чокдӯзӣ давоми як сол аст, ки аз коргоҳи дӯзандагӣ ба ҳеҷ куҷое бурда нашудааст ва ҳамарӯза занони ҳунарманд аз он истифода мебаранд. Онҳо барои худ дар ошёнаи сеюм фурӯшгоҳ ташкил карда як сол мешавад, ки дастранҷи худро, ки асосан навъҳои гуногуни пардаворӣ мебошад, дӯхта ва ба фурӯш мегузоранд. Аз ин ҳисоб ба худ даромади молӣ меёбанд.

Далерҷон Каримов муҳоҷири корӣ дар Амрико ё…?  

Ин соҳибкори ҷавон, ки бечораҳолӣ ва худро “муҳоҷири азиятдида” муаррифӣ мекунад, дар Амрико ба сар мебарад ва бо корҳои тиҷорат машғул аст. Аммо бо чӣ тиҷорат ва бо чӣ кор машғуд аст?

Далерҷон Каримов, ки худро соҳибмулки гузаргоҳи зеризаминӣ меҳисобад барои Тоҷикистон ва некӯаҳволии мардуми тоҷик чӣ коре кардааст? Ин ҷавон, нисбати фаъолияти муассиси ҶДММ “МТ Суғдиён” Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров матлабҳои бардурӯғ ва дар пайи хусумат навишта шудаашро дарҷ карда, мехоҳад бо ҳар роҳу васила адоваташро ошкор кунад. Муассиси ҶДММ “МТ Суғдиён”-ро, ки алҳол дар вилояти Суғд зиёда аз 10 коргоҳ бунёд кардааст ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси созандаи худро идома дода ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамчун соҳибкори муваффақ дар Тоҷикистон хуб мешиносанд. Мо бо бунёди коргоҳҳои нав ҳамеша барномаҳо дорем ва саҳми худро дар рушди иқтисодиёти кишвар гузошта истодаем ва боз мегузорем. Ҳадафамон фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ба мардум ва бо ин васила беҳтар кардани зисту зиндагонии аҳолӣ ва коҳиши сафи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Далерҷон Каримов дар матлабҳои қаблан дарҷкардааш ишора ба худ ва бародари номаълумаш карда гуфтааст, ки “гузаргоҳи зеризаминро аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ бо арақи ҷабин меҳнат карда, пул кор карда, се сол қабл бунёд карда будем, монеъ шуда, мехоҳад ғайриқонунӣ ва бо роҳи ғасби рейдерӣ онро азони  худ намояд.” Аммо маълум аст, ки гузаргоҳи зеризаминӣ бо маблағи соҳибкороне сохта шудааст, ки имрӯз дар он ҷой соҳиби дӯкон шудаву аз ҳисоби маблағҳои онҳо бунёд гардидааст. На аз ҳисоби маблағҳои бо арақи ҷабин ҷамъ намудаи Далерҷон!

Ин соҳибмулки гузаргоҳ ва ё ба гуфтаи худаш “муҳоҷири меҳнатӣ” аз тасмими бунёди чанд корхонаҳои нав ва вуҷуди лоиҳаҳои махсус гуфта мегӯяд, ки гӯё мо ғайриқонунӣ ба амволаш чашм дӯхтаву монеъи амалишавии ин корҳояш шудаем. Аммо ин ҷавон, ки гузаргоҳи зеризаминияшро соҳибони дӯконҳо аз ҳисоби маблағҳои худ сохтаанд, бо кадом маблағ мехоҳад коргоҳ ё корхона созад?

Муассиси ҶДММ “МТ Суғдиён” Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр, ки ҳамчун соҳибкори муваффақ шинохта шудааст, ҳеҷ гоҳ моликияти касеро азони худ накардааст ва азонихудкунии гузаргоҳи зеризаминии марбут ба ин соҳбкорро низ дар нақша надорад. Ӯ чун як соҳибкори баору номуси кишвар то имрӯз чандин иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ ва корхонаҳоро сохта дар онҳо ҳоло беш аз 1,5 ҳазор нафар мардумро бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин кардааст. Минбаъд низ нақша дорад, ки дар идомаи иншооти “Маркази савдои Суғдиён” боз як бинои хуштарҳу баландошёнаи “Суғдиён молл”-ро бунёд намуда,  иловатан барои беш аз 200 нафар аҳолии вилоят ҷойҳои нави корӣ фароҳам орад.

Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр ба ҷузъ як соҳибкори муваффақ будан инчунин бори шашум аст, ки бевоситаи аз ҷониби худи мардум депутати Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд интихоб шудааст. Дар ин кор ӯ бо  мардум кор мебарад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо ҳиссагузор буда,  ташаббусҳои созандаи аҳолиро дастгирӣ мекунад.

Тоҳир Ғафуров, директори ҶДММ “МТ Суғдиён” Тоҳир Ғафуров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь