Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он дар арсаи байналмиллалӣ заминаи мусоид мегузорад. Муҳиммияти мавзӯи мазкурро ба назар гирифта роҷеъ ба чанд масъалаи қобили таваҷҷӯҳ бо Меҳрон Асроров мутахасиси пешбари Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва техлогияҳои нави кишвар ҳамсуҳбат гардидем.

– Соли 2018 дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Дар ин давра, ки чор сол сипарӣ шудааст, барои саноатикунонии босуръати кишвар кадом корҳо ба иҷро расонида шудааст?

– Вазорати саноат ва техлогияҳои нав дар ҳамкорь бо ҳамаи ниҳодҳои иқтисодии кишвар, ҳамчунин вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гурӯҳҳои фаъоли корӣ ташкил карда, нақшаи чорабиниҳои амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишварро таҳия намуданд, ки дар асоси ин нақша 27 майи соли 2020 Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи “Барномаи саноатикунонии босуръати ҶТ, барои солҳои 2020 – 2025” таҳия ва тасдиқ гардид ваиҷрои он дар сатҳи вазорату ниҳодҳои дахлдор таҳти назорат қарор дорад. Амалишавии барномаи мазкур барои рушди соҳаои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур арзёбӣ мегардад. Он бо ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум оварда мерасонад. Айни замон татбиқи барномаи болозикр бо назардошти вазъи иқтисодии кишвар ва омилҳои байналмиллалии ба он таъсиррасон амалӣ гардида истодааст.

– Мутобиқ ба иттилои сомонаи расмии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ пас аз эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ якчанд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ба истифода дода шудааст. Аз ин миён шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд ифтитоҳ гардидааст. Чаро дар минтақаи Рашту Бадахшон дар ин давра бунёди корхонаҳои саноатӣ кам ба назар мерасад?

– Танҳо дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ дар кишвар мувофиқи маълумотҳои оморӣ 125 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шудааст. Сабаби кам будани корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои Рашту Бадахшон ин кам будани сармоягузории хориҷӣ, мушкил будани коркарди ашёи хом бо сабабҳои мавқеи географӣ, яъне дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир будани манбаъҳо мебошанд. Бояд гуфт, ки рушди ҳар як минтақа аз вазъи мавҷудаи иқтисодии он вобастагӣ дорад.

– Чун сухан атрофи корхонаҳо саноатӣ аст, мегуфтед, ки пас аз ифитоҳи корхонаҳои саноатӣ чӣ қадар аҳолӣ соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд?

– Соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 162 корхона бо 2139 ҷойи корӣ ва 1447 коргоҳ бо 2991 ҷойи корӣ, дар умум 309 корхона ва коргоҳ бо 5130 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар моҳҳои январ-апрели соли равон дар ҷумҳурӣ аз 125 корхнаи саноатӣ, ки 88 корхона ва 37 коргоҳ бо 3416 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст. Имсол бошад, таъсиси 373 корхона ва коргоҳ бо 9397 ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.

– Оё ҳамаи он корхонаҳои саноатие, ки то имрӯз ифтитоҳ шуданд, фаъолияти худро дар самти муқарраргардида хуб ба роҳ мондаанд?

– Бале, ҳамаи он корхонаҳои саноатие, ки дар давоми моҳҳои январ – апрели соли равон ба истифода дода шудаанд, таҳти назорати Вазорати саноат ва технологияҳои нав қарор дошта ба пуррагӣ фаъолият намуда истодаанд. Мисол, корхонаи “Камоли Ворис” бо маблағи 13 млн 154 ҳазор сомонӣ комбикорм барои парандаҳо истеҳсол намудааст, корхонаи “Чарм”-и ноҳияи Темурмалик бо маблағи 1 млну 25 ҳазор сомонӣ пойафзол баровардааст ва корхонаи “Ваҳдат-текстил”, ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад, бо маблағи 7 млну 296 ҳазор сомонӣ ресмонӣ пахтагӣ истеҳсол намудааст.

– Тавре ба мо маълум аст, яке аз мақсадҳое, ки роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар пеши худ гузошта буданд, ин бунёди паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) мебошад. Мо медонем, ки доир ба ин масъала чандин вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои хориҷ ва барномаву лоиҳаҳои дахлдор қабул гардидааст. Мехоҳем, донем, ки дар ҷумҳурӣ оё то имрӯз пас аз ин ҳама корбариҳо ягон паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) таъсис ёфтааст?

– Вазорати саноат дар ин бора аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратии  назди Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нава супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи паркҳои технологӣ” пешниҳод намояд. Тавре маълум аст, МИҲД шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”, яъне “SMART CITY” аввалин IT Park-ро бунёд карда истодааст. Вобаста ба ин бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати таъмини рушди босуръати паркҳои иноватсионию технологияҳои иттилоотӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ як қатор лоиҳаҳои қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шудаанд, ки дар марҳилаи ҳамоҳангсозии вазорату идораҳои дахлдори салоҳиятдор қарор доранд.

– Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста ба масъулин супоришҳо медиҳанд, ки бояд ҷиҳати гузаронидани таҳлили имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди иловашуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот чораҷӯӣ карда шавад. Вобаста ба ин самт чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд ва ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ чӣ қадар афзоиш ёфитааст?

– Айни замон вазорат бо мақсади тақвияти корҳо дар самти рушди соҳаи саноат аз ҷумла зиёд кардани номгӯи маҳсулоти содиротӣ, хусусан молҳои то ҳадди ниҳоӣ дар дохили кишвар коркардшуда, диверсификатсияи воридоту содироти молу маҳсулот ва таъсису ба кор андохтани корхонаҳои фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ нигаронида шуда корбарӣ намуда истодааст. Дар соли 2021 савдои хориҷӣ 6 млрду 359 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 39,5% ё 1 млрду 801 млн доллари ИМА зиёд мебошад. Содирот 2 млрду 150 млн доллари ИМА-ро ташил намуд, ки нисбати соли 2020 743 млн доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Воридот бошад 4 млрду 209 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1 млрду 59 млн доллари ИМА зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар давоми моҳҳаи январ-апрели соли ҷорӣ савдои хориҷӣ 2 млрду 193,5 млн доллари ИМА буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,2 % ё ин ки 16,7 млн доллари ИМА кам мебошад. Содирот 6 млрду 444,3 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 394,6 млн доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Барои беҳтар кардани саноати кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекор дар оянда боз чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

– Ҷиҳати амали намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тақвияти сармоягузорӣ дар бахши воқеӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва инфрасохтори он дар бунёди паркҳои технологӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Барои расидан ба ин мақсад амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати онҳо, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав зарур шуморида шуда, пайваста корбарӣ карда мешавад.

– Чӣ хеле, ки мо медонем, дар Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон гардид. Доир ба рушди саноат дар ин панҷсола чӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд?

– Вобаста ба ин тадбир барои солҳои 2022-2026 нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди саноат” аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расид ва тибқи ин панҷсола бунёд ва ба истифода додани зиёда аз 1500 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

  Мусоҳиб Парвина Самандарзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь