Нозироти андоз дар ноҳияи Ашт ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридоти ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Ашт хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Рафиқзода Ш.  сӯҳбат анҷом дод.

Дар оғози сӯҳбат сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Ашт Рафиқзода Ш.  иброз дошт, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Ашт дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, бо дастгирии бевоситаи Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт кӯшиш ба харҷ дод, то ин ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро таъмин намуда, барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Иҷроиши нақша

Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2022 ба андозаи 104,1% таъмин гардида, ба ҷои 74 млн 140 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷет 77 млн 159 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3 млн 19 ҳазор сомонӣ ва нисбати маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоварӣ гардида ба маблағи 11 млн 730,0 ҳазор (74140 – 63901) сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз руи контингенти умумӣ аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 104,1% таъмин гардида, ба ҷойи 62 млн 540 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷет 64 млн 794 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2 млн 254 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоварӣ карда шуда 12 млн 847 ҳазор сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.

Инчунин, иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,6% таъмин гардида, ба ҷои 11 млн 600 ҳазор сомонӣ, амалан 12 млн 365 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  ворид карда шудааст, ки нисбати нақша  765 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоварӣ карда шуда 411 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2022 иҷроиши нақшаи ҳамаи намуди андозҳо, ки тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон дар таҳрири нав муқаррар гардидааст  таъмин карда шуд.

Бақияи қарзи андозҳо

Бақияи қарзи андозҳо дар Нозироти андоз ба ҳолати 1 январи соли 2023 маблағи 1 млн 977 ҳазор сомонӣ буда, аз он 616 ҳазор сомонӣ ё худ 31,0%-ашро фоизҳо ташкил медиҳад, ки нисбат ба  аввали соли ҷорӣ ба андозаи 66 ҳазор сомонӣ (2043 – 1977) коҳиш дода шудааст.

Шумораи андозсупорандагоне, ки бақияи қарзи калон доранд 102 ададро ташкил намуда нисбат ба аввали сол 1 адад кам гардидааст.

Дар соли 2022 вобаста ба муқаррароти фасли 4 боби 16-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Дастури методи «Дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо» бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андозсупорандагони қарздор як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст аз ҷумла:

Ба андозсупорандагони қарздор дар ин давра 570 адад огоҳномаҳо ба маблағи 2,9 млн сомонӣ равон карда шудааст. Аз он ҷумла нисбати шахсони ҳуқуқӣ 119 адад ба маблағи 1,9 млн сомонӣ ва нисбати соҳибкорони инфиродӣ 451 адад ба маблағи 1,0 млн сомонӣ огоҳиномаҳо дода шудааст.

Маводҳои 125 адад андозсупорандагони қарздор барои баррасӣ ва қабули қарор ба Раёсати андоз пешниҳод шуда, аз ин ҳисоб 120 адад қарор ба маблағи 3 млн 773 ҳазор сомонӣ қабул карда шуд. Аз он ҷумла: 47 адад  қарор оиди руёнидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда ба маблағи 618 ҳазор сомонӣ, қарор оиди бастани суратҳисоби бонкии андозсупорандагон 41 адад ба маблағи 2 млн 455 ҳазор сомонӣ ва 30 адад қарор оиди боздоштани амалиёти хароҷотии суратҳисоби андозсупоранда мебошад. Аз рӯи қарорҳои қабулгардида 80 адади он ба пуррагӣ ва 40 адад қисман иҷро гардида аз ин ҳисоб ба маблағи 3 млн 161 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ба буҷетҳои дахлдор ситонида шуда, дар маҷмуъ 67%-и иҷроиши шумора ва 84%-и иҷроиши маблағи қарорҳои қабулшуда таъмин карда шуд.

Протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз дар доираи ваколатҳои ба зиммаи мақомоти андоз вогузор гардида ва тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати андозсупорандагоне, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳои андоз роҳ додаанд, 155 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 349,0 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 189,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 76,0%-фоизи иҷроиши ситонидани маблағҳои ҷаримаҳоро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта шумораи протоколҳои маъмурӣ 2 адад зиёд мебошад.

Умуман нисбати шахсони воқеӣ -26 адад, шахсони ҳуқуқӣ -7 адад, нисбати соҳибкорони инфиродӣ -5 адад ва нисбати шахсони мансабдор -117 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Шахсони ҳуқуқӣ

Таҳлили ҳисоби андозҳо нишон дод, ки дар соли 2022 аз руйи ҳамаи намуди андозҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ пардохт менамоянд, бо назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ ба маблағи 60 млн 322 ҳазор сомонӣ андозҳо ҳисоб карда шуда ба маблағи 56 млн 155 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта аз ҳисоби андозҳои ҳисобшуда 11 млн 510 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби пардохтшуда 2 млн 151 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.(дар соли 2021-ум 48 млн 812 ҳазор сомонӣ ва 54 млн 30 ҳазор сомонӣ).

Шумораи коргарони кирояи шахсони ҳуқуқӣ

Дар ин давра 2378 нафар бо 34 млн 674 ҳазор сомонӣ даромади умумии дар шакли музди меҳнатро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71 нафар зиёд ва 5 млн 456 ҳазор сомонӣ фонди музди меҳнат зиёд мебошад (дар соли 2021-ум 2307 нафар 29 млн 218 ҳазор сомонӣ фонди музди меҳнат).

Мувофиқи нишондиҳандаҳои барномаҳои компютерии СМИИА ба санаи 01.01.2023 аз шумораи умумии 453 адад шахсони ҳуқуқии дар қайди давлатӣ буда 324 адад, ё ин ки 71,5%-и онҳо ба Нозироти андоз эъломияҳо пешниҳод менамоянд.

Шаҳодатнома

Дар давраи ҳисоботӣ андозҳои ҳисобшудаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, бо назардошти андози иҷтимоии гайрибуҷетӣ 16 млн 179 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда 14 млн 354 ҳазор сомониро ташкил намуда, назар ба ҳамин давраи соли 2021 ҳисобшуда ба маблағи 7 млн 310 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда ба маблағи 5 млн 638 ҳазор сомонӣ мутаносибан зиёд гардидааст. ( дар соли 2021 хисобшуда 6 млн 195 ҳазор сомонӣ ва пардохтшуда 5 млн 524 ҳазор сомониро ташкил додааст).

Шумораи коргарони кироя 11032 нафарро бо 13 млн 355 ҳазор сомонӣ фонди музди меҳнат ташкил намуда, нисбати хамин давраи соли гузашта, ки 8996 нафар бо фонди музди меҳнати 8 млн 804 ҳазор сомониро ташкил менамуд, 2036 нафар бо 4 млн 450 ҳазор сомонӣ фонди музди меҳнат зиёдтар мебошад.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои барномаҳои компютерии СМИИА ба санаи 01.12.2022 аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ бе назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки 424 ададро ташкил медиҳанд, 281 ё худ 68,7,0%-и соҳибкорон сари вақт эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд. Тариқи сифрӣ пешниҳодкунанда 37 нафар ва шумораи соҳибкорони инфиродии бефаъолият 91 нафарро ташкил медиҳанд.

Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифта баъд аз таҷдиди хоҷагиҳо ба ҳолати 01.10.2022 сол ба 5642 адад баробар буда, аз ин шумора 5550 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ сари вақт эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд, ки ин 98,4%-и хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташударо ташкил медиҳад.

Патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус

Шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи патент ба қайдгирифта шуда 873 нафарро ташкил намуда, аз ҳисоби онҳо дар маҷмӯъ 1 млн 473 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷет пардохт гардидааст. Шумораи соҳибкорони инфиродие, ки ба шаҳодатнома бо шартҳои махсус гузаронида шудааст ба ҳолати 01.01.2023 ҳамагӣ 650 нафарро ташкил медиҳад ва аз ҳисоби онҳо 2 млн 757 ҳазор сомони ба буҷет ворид гардидааст.

Дар соли 2022 ҳамагӣ 265 нафар соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда  фаъолияти худро бо сабабҳои гуногун қатъ намуда, ба 273 нафар шаҳрвандон барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ патентҳои нав дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба андозсупорандагон 654 адад огоҳномаҳо оид ба пардохти қарзи андоз равона карда шудааст, бақияи қарзи патент ба санаи 01.01.2023 дар маҷмӯъ 1 млн. 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Таҳлили андозбандии шахсони воқеӣ

Дар давраи ҳисоботӣ таъмини иҷроиши нақшаи андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ба андозаи 101,8% таъмин гардида, ба ҷойи 3706,4 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда 3774,5 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷет ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 68,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Таъмини иҷрои нақшаи замин аз шахсони воқеӣ 108,7% таъмин карда шуда, ба ҷои 1362,0 ҳазор сомонӣ дар нақша пешбинигардида дар асл 1480,0 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 118 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ 103,2% таъмин карда шуда, ба ҷои 4726,0 ҳазор сомонӣ нақшаи тасдиқшуда амалан 5144 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 418,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳисобгирии даромадҳо

Вобаста ба таъмини иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №524 аз 17 ноябри соли 2017 ва муқаррароти банди 2 моддаи 34 – и Кодекси андоз аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар давраи ҳисоботӣ бо андозсупорандагон, аз он ҷумла бо шахсони ҳуқуқӣ 435 адад (445) – 97,8%, бо соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 312 адад (382)-81,7%, ҳоҷагиҳои деҳқонӣ  4967 адад (5595) – 88,1% ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 1300 адад (1306) – 99,5% санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуданд.

Бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорӣ

Аз тарафи Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди баҳри татбиқи амалии Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфиродӣ» дар соли ҷорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар соли 2022 аз ҷониби бахши бақайдгирии  давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 1793 адад амалиётҳо вобаста ба бақайдгирӣ, воридоти тағйироту иловаҳо ва барҳамдиҳӣ, гузаронида шудааст, аз ҷумла:

  • Бақайдгирии давлатии таъсисёбии субъектҳо – 685 адад.

аз он ҷумла:

-Шахсони ҳуқуқӣ- 10 адад;

-Соҳибкорони инфиродии тибқи патент- 273 адад;

-Шаҳодатнома-180 адад

(аз он ҷумла -114 адад х/д ва шаҳодатномаи СИ-66 адад);

  • Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии субъектҳо- 521 адад

аз он ҷумла: -шахсони ҳуқуқи-4 адад;

-Соҳибкорони инфироди тибқи патент-350 адад;

-Шаҳодатнома(бо назардошти х/д)-46 (29 х/д) адад;

Корҳои назоратӣ

Аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар доираи ваколатҳои ба зиммаи мақомоти андоз вогузоргардида як қатор корҳои назоратӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ тибқи Фармоишҳо ва Амрномаҳои алоҳидаи сардори Нозироти андоз гурухҳои корӣ ҷиҳати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ таъсис дода шуда 2 маротиба дар 176 нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳои ҷамоатҳо санҷиш гузаронида шудааст. Дар натиҷа ба андозаи 657,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагии андоз ҳисоб карда шудааст. Нисбати андозсупорандагон 28 адад протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 93,6 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Инчунин 16 нафар бо шаҳодатнома ва патентҳои нав таъмин карда шудаанд.

Шумораи муоинаи хронометраҷӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасони дар ин давра 8 ададро ташкил додааст. Даромади умумии ин андозсупорандагон тибқи эъломияҳои пешниҳодгардида 255,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, баъд аз гузаронидани муоинаи хронометраҷӣ муомилоти андозбандишавандаи онҳо ба маблағи 313,8 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд, ки фарқияти мусбии он 58,4 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар натиҷа 2 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 12,8 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, дар ин давра нисбати 178 андозсупорандаҳо ба маблағи 3 млн 337 ҳазор сомонӣ назорати камералӣ анҷом дода шудааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ

Дар фароварди сӯҳбат Рафиқзода Ш. қайд намуд, ки давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон  Барои гуруҳи андозсупорандагоне, ки имконияти дастрасӣ ба интернет, ё имконият ва малакаи кофии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозро надоштанд, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нозироти андози ноҳияи Ашт терминали (утоқи) алоҳида ба истифода дода шудааст. Дар давоми давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ дар 28 адад семинар – машваратҳо наздик 518 нафар андозсупорандагон иштирок намуда, инчунин дар 9 ҷамоат вохурӣ ва машваратҳо вобаста ба азнавбаҳисобгирии амвол аз молу мулки ғайриманкул, замин ва нақлиёт аз шахсони воқеӣ гузаронида шуд. Мавзуъҳои асосии семинар-машваратҳо аз риояи муқаррароти қонунгузории андоз, пардохти бақияпулиҳои андоз, пардохти андозҳои маҳаллӣ, оиди стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузариш ба пешниҳоди эъломияҳо тариқи электронӣ, тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №151 аз санаи 31.03.2022 ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз дар бораи тасдиқи Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз иборат мебошад. Оиди тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, бо андозсупорандагон дар муҳлатҳои семоҳа ва нимсола корҳои фаҳмондаҳӣ гузаронида, пешниҳоди андоз аз даромади шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ бо воситаи радиои Ашт ба саҳми шаҳрвандон ва андозсупорандагони ноҳия расонида шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь