Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф нахуст қайд намуд, ки Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” ба мо имкон медиҳад, ки соҳаи саноатро бештар рушд диҳем ва саҳми арзандаи хешро гузорем”.

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ фаъолияти ташкилоту муассиса, корхонаву идораҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона намуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 6 моҳи соли 2022 натиҷаҳои назаррасро ноил гардиданд.

Албатта, бовари дорем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бобати бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Иҷрои буҷет

Мавсуф дар рафти суҳбат тазаккур дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Панҷ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 16 млн. 346,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Иҷроиши он дар ин давра 16 млн. 375,4 ҳазор сомониро ташкид дод, ки 100,2%-и нақшаро дар бар гирифта, нисбати нақша ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 305 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи пардохти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра 4 млн. 423 ҳазор сомонӣ пешбинишуда буд, иҷроиш 4 млн. 551 ҳазор сомонӣ, ё 103%-ро ташкил дод, ки нисбати нақша 128 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 433 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100 % иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 20 млн. 770 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 20 млн 887 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки нибати нақшаи пешбинишуда 117 ҳазор сомонӣ ва нисбати соли гузашта 1 млн. 48 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия аз 17 млн. 286 ҳазор сомонӣ ҳамчун маблағҳои мақсаднок (субвенсия) пешбинишуда, ба буҷети маҳаллӣ 16 млн. 586 ҳазор сомонӣ  ворид гардид.

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардоштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 4 млн. 799,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 353,0 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Номбурда ҳамчунин, қайд намуд, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2022 аз тарафи нозироти андози ноҳия 1061 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 177 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1 млн. 232,7 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷет ворид гардидаанд. Ҳамзамон, имрӯз дар ноҳия 15 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва 5443 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.

Имрӯз дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо 382,8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳо дар 6-моҳи соли 2022 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди карздиҳӣ барои фаъолияти ҳама бахшу соҳаҳои ноҳия ва соҳибкорон 40,8 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 1,7 миллион сомонӣ ё ин, ки 4,3 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон бо тариқи бонкҳои дар болозикршуда дар ин давра 12,9 миллион доллари ИМА интиқол гардидааст.

Дар баробари ин, имрӯз Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 мавриди амал қарор дорад. Барнома бо маблағи 293,9 млн. сомонӣ ва 127 лоиҳаро дарбар гирифта, иҷроиш он ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 47 лоиҳа бо маблағи 48,4 млн. сомонӣ ё  37,0 фоиз аз ҳисоби лоиҳаҳо ва  16,5 фоиз аз ҳисоби азхудкунии маблағҳоро ташкил медиҳад.

Саноат

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷаъми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 50 млн. 684 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн. 128 ҳазор сомонӣ ё ин, ки суръати афзоиш ба 21,0 фоиз баробар мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 101,1 фоиз, нон ва маҳсулотҳои нонӣ 111,0 фоиз, маҳсулоти ширӣ 119,3 фоиз, сангу шағал 141,6 фоиз иҷро гардид. Истеҳсоли хишти сементӣ  235,9 ҳазор дона ва сафолакҳои ороишӣ ба 2600 дона расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан 29,3 ҳазор дона ва 0,9 ҳазор дона зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июни  соли ҷорӣ 12 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра 1 корхонаи истеҳсоли регу шағал бо 6 ҷойи кории нав, 1 сехи истеҳсоли хишти сементӣ ва 2 коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 21 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ  қарор дода шуданд.

Сохтмон ва меъморӣ

Ҳамзамон, номбурда қайд намуд, ки дар 6 моҳи соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ҳаҷми сармоя 11 млн. 339,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2021 1 млн. 909 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи фондҳои ба кор андохта шуда 6 млн. 836,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 287,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 5606 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Нақлиёт

Дар идомаи суҳбат мавсуф ҳамчунин, афзуд, ки масофаи умумии роҳҳои ноҳия 284,2 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ 45,1 километр ва аҳамияти маҳаллӣ дошта 239,1 километр мебошанд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 334,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон ворид шуда, аз он  барои пардохти музди меҳнат 227,9 ҳазор сомонӣ, барои нигоҳдории роҳ ва таъмири ҷорӣ 94,1 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои кабудизоркунӣ, таъмири пулҳо, аломатҳои роҳ, техникаҳои роҳсозӣ ва таъмири бинои маъмурӣ 12,2 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 420,0 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ бошад 940,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми боркашонӣ 58,0 ҳазор тонна зиёд ва мусофиркашонӣ 6,0 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Кишоварзӣ

Мавсуф қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 373,8 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 22,5 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш бошад 6,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ, дар майдони 5210 га ғалладонагӣ, сабзавот 621 га, аз он 380 га пиёз, картошка 518 га, пахта 6410 га, зироатҳои полезӣ 350 га, алафҳои бисёрсола 617 га кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1 то 45 га зиёд мебошад.

Дар ин давра чорводорони ноҳия гӯшт (дар вазни зинда) 1355 тонна, шир 8558 тонна ва тухм 3199 ҳазор дона истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс нисбати соли гузашта аз 3 то 7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони ноҳия 17575 тонна картошка, 32187 тонна сабзавот, 13457 тонна полезӣ, 2235 тонна меваҷот,  ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан аз 426 то 4540 тонна зиёд мебошад.

Дар мавсими кабудизоркунӣ 20,2 ҳазор ниҳол дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 315,8 ҳазор гулу гулбуттаҳо шинонида шуд, ки 112,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Инчунин, саршумори чорвои калон ба 45310 сар, моли майда ба 104403  сар, саршумори парранда  85111 сар ва асп 5764 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 2058 сар, моли майда 3853 сар, парранда 1801 сар ва асп 31 сар зиёд мебошанд.

Барои беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам корҳои муайяне ба сомон расонида шуда, ҳамзамон таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани шабакаҳои обдиҳӣ, заҳбуру заҳкашҳо, инчунин барқарорсозии иншоотҳои обтақсимкунӣ дар муҳлатҳои муайяншуда ба роҳ монда шуда, 46,4 километр шабакаҳои обтақсимкунӣ, 28,3 километр заҳбуру заҳкашҳо ба маблағи 305,4 ҳазор сомонӣ тоза карда шуд, ки дар натиҷа ҳолати мелиориативии 231 гектар замин беҳтар гардидааст. Ҳамзамон, 17 адад иншоотҳои гидротехникӣ, 21 адад иншоотҳои обченкунак ва 48 адад агрегатҳои истгоҳҳои обкашӣ дар натиҷаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистон аз таъмир бароварда шуда, айни ҳол кишти зироатҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ амалӣ карда мешавад.

Шуғли аҳолӣ

Инчунин, номбурд изҳор дошт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 765 нафар шаҳрвандони ноҳия барои пайдо кардани ҷойи корӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 195 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 708 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 180 нафари онҳо занон мебошанд. Дар ин давра бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 565 нафар бо кор таъмин шуданд.

Дар ин давра 9 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 78 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 35 корхона ва 476 корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин шумора 120 нафараш ба ҷойи кор роҳхат  гирифта бо кор таъмин шуданд ва 165 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 55 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 11 нафар бо маблағи 40000 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Маориф

Мавсуф дар бобати вазъи соҳаи маориф дар ноҳия чунин изҳор дошт, имрӯз дар 52 муассисаи таълимии ноҳия 28 ҳазору 831 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1867 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1345 нафар занон таълим медиҳанд. Бо маълумоти олӣ 1161 нафар, 650 нафар бо маълумоти олии нопурра, аз ин шумора 594 нафар омӯзгорони ғоибохони муассисаҳои олӣ ва 56 нафар ғоибхони коллеҷҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.

Дар 7 муассисаи томактабӣ 875 кӯдак дар 35 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 26 муассисаи таълимии ноҳия, иборат аз 36 гурӯҳ 875 нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб карда шудаанд.

Аз 1819  нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1363 нафарашон тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд, ки 75,2 %-ро ташкил медиҳад. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия ба 100 фоиз расонида шудааст.

Дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 712 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, дар ҷамъбасти олипиадаҳои даври вилоятӣ 23 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби роҳхат ба олимпиадаҳои даври ҷумҳуриявӣ гардида, дар он 7 нафар хонандагон соҳиби медал, ки 1 медали тилло, 2 медали нуқра  ва 4 медали биринҷӣ мебошад.

Тандурустӣ

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи тандурустии ноҳия 945 нафар кормандони соҳа фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 102 нафараш духтур, аз он ҷумла, 20 нафар бо категорияи олӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 64 нафар дар Беморхонаи марказӣ, аз он ҷумла, 4 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ, 5 нафар дар диспансери бемориҳои сил, 6 нафар дар беморхонаи пусту зуҳуравӣ ва 47 нафар дар маркази саломатии ноҳия, фаъолият карда истодаанд.

Беморхонаи марказӣ аз 13 шуъбаи бистарикунонӣ, 4 шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 2709 бемор бистарӣ карда шудаанд. Аз ин шумора 2685 бемор баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун ҷавоб дода шудаанд.

Тибқи супориши Пешвои миллат дар ноҳия таъмиру азнавсозии  беморхонаи сироятии калонсолон ва кӯдакона идома дорад.

Ҷавонон ва варзиш

Дар рафти суҳбат номбурда афзуд, ки шумораи ҷавонон 38653 нафар мебошанд, ки аз ин 8742 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 53 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 108 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Дар ноҳия 156 майдончаҳои варзишӣ ва 16 адад толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошанд. Давоми солҳои 2018-2022 дар ноҳия 8 майдончаи варзишӣ ва 4 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Имрӯз дар назди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои наву замонавии “Маркази ҷавонони ноҳияи Панҷ” идома дорад.

Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 дар ноҳия бунёди 25 майдонча ва 22 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯйи 12 намуди варзиш ба роҳ монда, 598 нафар кӯдакону наврасон ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори  9 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф махсус зикр намуд, ки итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсту шарафманди ноҳияи Панҷ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ва дар баробари ин, барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддасу воқеан бузурги миллиамон, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ ва ҳамзамон рушди соҳаи саноати кишвар саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь