Шамсидин Шоҳин (номи пештарааш Шурообод), ноҳияи маъмуриест дар вилояти Хатлон. Номи таърихиаш Терай (аз авестоии тиряирост, баланд, тир), дар сарчашмаҳои таърихии асри 16 вомехӯрад. Бозѐфтҳои бостоншиносӣ аз Искӯлоб – Шаҳри Барбар ба он далолат мекунанд, ки ноҳия камаш таърихи 2000 – сола дорад. Шамсиддин Шоҳин дар бахши ҷанубу шарқи ҶТ дар канори дарёи Панҷ ҷойгир буда, атрофи онро қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ иҳота кардаанд. Маркази ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 2000 м ҷойгир аст. Масоҳоҳати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 228,4 км2 мебошад. Дар Шарқ бо Давлати Исломии Афгонистон (154 км), дар Шарқу Шимол бо ноҳияи Дарвози ВМКБ, аз шимол бо ноҳияи Мӯъминобод, аз Ғарб бо шаҳри Кӯлоб ва аз Ҷануб бо ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамсарҳад аст. Аҳолии ноҳия 57400 нафар мебошад.

Сарватҳои зеризаминӣ: ангишт, намак, кони тиллои Сариғор, оҳаксанг, гаҷ. Олами набототи ноҳия ғанӣ аст. Дар он ҷо писта, бодом, дӯлона, анор, шакунд, муруд, қаюм, себ, анҷир, олуча, олу, гелос, арча, бушол, заранг, ирғай, ҳамчунин тут, чормағз, анор, ангур ва ғайра мерӯянд. Аз ҷонварон гург, хирс, рӯбоҳ, шерпаланг, шағол, хук, харгӯш, суғур, ҷайра, қашқалдоқ, кабк, кабӯтар, уқоб мор, ва ғайра, сукунат доранд. Ду хоҷагии ҷангал дорад: «Шӯрообод» ва «Даштиҷум». Соҳаҳои асосии хоҷагии ноҳия: ғаллакорӣ, чорводорӣ, богу токдорӣ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои муаззами миллат ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолият намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Иқтисодиёт ва кишоварзӣ

Дар ҳафт моҳи соли 2022 иҷрои нақшаи андоз (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ноҳия ба андозаи 146% таъмин гардида, ба буҷет маблағи 10 миллиону 501 ҳазору 124 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 3 миллиону 300 ҳазору 435сомонӣзиёд мебошад. Иҷроиши пардохтҳои иҷтимоии буҷетӣ дар ин давра 4 миллиону 965 ҳазору 851 сомонӣ баробар ба 90% нақша ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1 миллиону 645 ҳазору 15 сомонӣ ё баробар ба 101%-инақшаро ташкил дод. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи 32 миллиону 617 ҳазору 543 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 32 миллиону 644 ҳазору 135 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 100 фоизи нақшаи аниқшуда мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ (субвенсия) ба буҷети ноҳия 24 миллиону 651 ҳазору 670 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 100% нақшаро ташкил медиҳад. Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетӣ мавҷуд нест.

Барои беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии ноҳия бо молҳои аввалиндараҷа, фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархи молу маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, тибқи ҳисоботҳои оморӣ, ба ҳолати 1 августи соли 2022 ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо, 31 миллиону 213 ҳазору 300 сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 18 миллиону 184 ҳазору 400 сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8,7 ва 5,4% афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 134 миллиону 269 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 67 ҳазору 500 сомонӣ ё ин ки 6,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра дар ноҳия дар майдони 14225 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 963 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла тули ин муддат, дар ноҳия дар майдони 11937 гектар ғалладонагиҳо, 385 гектар зағир, 252 гектар картошка, 100 гектар сабзавот ва 103 гектар полезӣ кишт карда шудааст.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли гуштию ширӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 30065 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 16389 ҳазор сар модагов, 77798 сар моли майда, 44774 сар парранда, 2872 сар асп ва 3571 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки афзоиши онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 0,6 то 0,9% ташкил медиҳад. Инчунин, дар соҳаи чорвопарварии ноҳия дар ин давра 1682 тонна гӯшт, 2952 тонна шир ва 1433,6 ҳазор дона тухм, 123,7 тонна пашм, 500 кг пила ва 43 тонна асал истеҳсол карда шуд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 3,1 то 7,8% дарбар мегирад.

Сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, ва энергетика

Дар ноҳия шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 1 августи соли 2022 тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ 278 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, 213 нафар ва шумораи субъектҳои бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда 65 ададро ташкил дода, дар маҷмӯъ, аз ҳисоби соҳибкорони болозикр ба буҷети ноҳия 589 ҳазору 235 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 5,6% ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ: лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин», лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯи барои модару кӯдак» ва лоиҳаи «фавқулодда бар зидди бемории COVID-19» амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи ин лоиҳаҳо 15,1 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 декабри соли 2020, №69 тасдиқ гардида, 121 лоиҳаро ба маблағи умумии наздик 361,8 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Айни ҳол аз шумораи умумии лоиҳаҳо15 лоиҳа иҷро гардида дар 22 лоиҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд. Маблағи умумии азхудшуда 33,8 миллион сомониро ташкил дода, рафти иҷрои Барнома аз рӯи лоиҳаҳои ба итмомрасида 12,1 фоизро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ноҳия сохтмон ва васлу насби таҷҳизотҳо дар  корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори 100000 дона хишт дар як шабонарӯз дар ҷамоати деҳоти Чагами ноҳия ба итмом расида ба фаъолият шурӯъ намудааст. Шумораи кормандон дар ин корхона 70 нафарро ташкил дода, аксарият сокинони маҳаллӣ мебошанд.  Инчунин, қайд менамоем, ки тули ин муддат дар ноҳия 3 коргоҳи хурди саноатӣ бо фарогирии 8 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.

Дар ҳафт моҳи соли 2022 ба истеъмолкунандагон ба миқдори 12 миллиону 685 ҳазору 391 кВт/соат нерӯи барқи фоиданок дода шуд, ки маблағи 2 миллиону 716 ҳазору 321 сомониро ташкил дод. Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ 88,5 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ ҷамъоварии барқ 97,7 %-ро ташкил мекунад. – мегӯяд, Гулзода Зафар, Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.

Сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт 

Давоми ҳафт моҳи соли 2022 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ ба маблағи 33 миллиону 994 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад ба маблағи 33 миллиону 722 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуда, ба маблағи 1 миллиону 587 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд. Ҳамзамон дар ин давра дар маркази ноҳия дар масоҳати 5700 метри квадратӣ сохтмони Боғи Нишони давлатӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад. Айни ҳол Нишони давлатӣ бо пояаш, ки баландии 20 метрро ташкил медиҳад омода буда, дар қитъаи замин корҳои сафолакпӯшкунии масоҳати роҳравҳо, гулшинонӣ ва равшаннамоии боғ идома дорад.

Дар натиҷаи истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ба кормандони соҳаи нақлиёту роҳдории ноҳия муяссар гардид, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро таъмин намоянд. Дар ин давра тавассути маҷмӯи нақлиёт 126,3 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 643 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 119,5 ва 100,5 фоизро ташкил медиҳад. Тули ин муддат дар ноҳия аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 12 км роҳҳои маҳаллию дохилӣ дар мавзеҳои ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум ва

Маориф ва тандурустӣ

Соли таҳсили 2021-2022 дар ноҳия 11 ҳазору 162 нафар хонандагон, аз ҷумла 5 ҳазору 476 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020 – 2021, 273 нафар зиёд мебошад. Айни ҳол дар ноҳия шумораи муассисаҳои таълимӣ 60 ададро ташкил дода, аз он 8 муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 кӯдакистон, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.  Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм дар давраи соли хониши 2021-2022, 80 нафар омӯзгорони ҷавон ба ноҳия фиристода шуда, аксарияти онҳо ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ, 140 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифта, аз ин 30 нафар дар озмунҳои даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 13 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Давоми соли ҷорӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд сохтмони 20 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №7 ва №30 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то соли 2023 сохтмони онҳо ба анҷом расонида шавад.

Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, беморхонаи бемориҳои сил, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 19 бунгоҳи тиббӣ ва 8 муассисаҳои дигари тандурустӣ бо фарогирии 57 нафар табибони маълумоти олидор ва 508 нафар маълумоти миёнаи тиббӣ дошта дар хизмати мардуми ноҳияанд. Сохтмони маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд сохтмони маҷмааи «Модару кӯдак» барои 50 кати хоб иборат аз ду ошёна оғоз гардидааст.

Варзиш ва  сайёҳӣ

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш наздик ба 264 чорабиниҳои варзишӣ фарҳангӣ ва 65 мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии 14800 нафар гузаронида шудааст. Дар ноҳия сохтмони бинои нави Маркази ҷавонон ва майдони варзишӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.  Давоми шаш моҳи соли 2022 дар ҳудуди ноҳия шумораи муасисаҳои варзишӣ 88 ададро ташкил намуда, аз он 76 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 6 толори варзишӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд. Дар ноҳия 1 муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ» фаъолият дошта дар он 20 нафар мураббиён ба 602 нафар варзишгар аз ҷумла 51 нафар духтарон аз рӯи 9 намуди варзиш машқу тамрин медиҳанд. Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаи сатҳи минтақавӣ аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук иштирок варзида сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ аз ҷумла 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд.

Айни ҳол дар ноҳия 7 ширкати сайёҳӣ шикорӣ фаъолият дошта, харитаи сайёҳии ноҳия бо забонҳои рӯсию англисӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин давра, мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро 2200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуда, аз хизматрасонии онҳо истифода бурданд.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва корҳои бундкорӣ дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлоияти кишвар

Дар давоми ҳафт моҳи соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 420 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардиданд, ки маблағи харҷи умумӣ барои баргузории ин чорабиниҳо 1 миллиону 312 ҳазору 550 сомониро ташкил менамояд. Инчунин, 2 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи ҷаримаи онҳо 6400 сомониро ташкил дод

Бо мақсади таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022 нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия таҳия гардид, ки тибқи он дар ноҳия сохтмону азнавсозии 216 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Қайд менамоем, ки дар соли 2022 тибқи нақша ба истифода додани 51 адад иншоот дар назар аст. Айни ҳол, ҳамагӣ 12 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз ҳисоби  нақшаи иншоотҳои дар соли равон ба истифода додашаванда ба 23,5%  ва дар умум ба 5,6% иҷрои нақша баробар мебошад.

С.Халилиён, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here