Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳо, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, рушди соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст.
Ҳадаф – таъмини зиндагии шоиста
Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мулки биҳиштосо ба ноҳияи Варзоб сафар намуд. Дар идомаи ин гузориши муфассал мо ҳамчунин аз дастовардҳои мардуми меҳнатқарини Варзоб дар 3 моҳи соли ҷорӣ ва ташаббусу сатҳи омодагии шарафмандони он ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаберо манзури хонандагони ҳафтанома хоҳем намуд.
Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло Умар иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.
Иҷрои буҷет
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети Варзоб бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,6 фоиз иҷро гардидааст, ба буҷети ноҳия 10 338 231 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида (10 269 500) 68731 сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳияи Варзоб 91,2 фоиз иҷро гардидааст. Нақша 12 522 732 сомонӣ муқарраршуда, аз ҳисоби буҷет 11 422 608 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки баробар ба 91,2 фоиз мебошад.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 3 600 000 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 100 фоиз иҷроиши он ворид шудааст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» дар 3 моҳи соли 2022 дар миқёси ноҳияи Варзоб 60 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 19 адад ва ё 46,3 фоиз зиёд гардидааст.
Дар давраи моҳҳои январ-марти соли 2022 аз тарафи бахши бонки “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба маблағи 1 млн 525 000 сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 1 млн 427 800 сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ ва истифодабарии замин
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9 662 100 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 -ум 122300 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 1,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 37427 сар, моли майда ба 153245 сар, саршумори паранда 39982 сар ва асп 475 сар расонида шуд.
Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ) дар майдони 506,61 га кишти баҳорӣ гузаронида шуд, ки 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла 415,31 га ғалладонагӣ, 85 га зағер, 6 га беда ва картошка 1,8 гаро ташкил менамояд.
Кишти зироатҳои тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ 1002 га иҷро гардид, ки 100,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Варзоб дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 234,8 тонна- 107 фоиз, шир 866,6 тонна 100,2 фоиз, тухм 101 ҳазор дона 97,8 фоиз таъмин гардид.
Дар 3 моҳи соли соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 4 гектар боғҳои нав бунёд гардид.
Тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроия дар қаламрави ноҳия шинонидани 14178 (9586) бех дарахтони гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки мувофиқи маълумотҳо ба ҳолати 30 марти соли 2022 ба миқдори 10568 (10955) бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд, ки аз он 2700 (2302) бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 2128 (1510) бех ниҳолҳои сояафкан ва 5740 (7143) бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ мебошад.
Соҳаи саноат
Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 15 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 2 адади он фаъолияти доимӣ доранд.
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Варзоб дар 3 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 4 млн 261 500 сомонӣ таъмин намуданд.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар 3 моҳи соли 2022, 3678,6 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, дигар иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла минтақаҳои истироҳатӣ ба маблағи 3 млн 782 ҳазору 480 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Маориф
Дар ноҳияи Варзоб 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 84 кӯдак фаъолият менамояд.
Дар ноҳияи Варзоб 68 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 гимназия, 6 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ бо фарогирии 19714 хонанда, аз ҷумла 9421 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1346 омӯзгорон (786 занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 1019 нафар, олии нопура 59 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 255 нафар фаъолият менамоянд.
Айни замон сохтмони бинои муассисаҳои таълимии №31, 37 ва бинои муассисаи таълимии № 66 иборат аз 6 синфхона дар мавзеи Суғдиёни ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ идома дорад. Инчунин бо ҷалби маблағҳои грантии давлати Ҷопон барои сохтмони муассисаи таълимии миёнаи умуми барои 400 ҷойи нишаст дар ду баст дар дехаи навбунеди Обқули Ҷамоати деҳоти Чорбоғ Шартномаи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроия ва сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон баста шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 26.01.2016 сол, №38 дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шудааст.
Оид ба амалӣ шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03. 04 2021 №113 “ Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдоҳо барои солҳои 2021- 2025” бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 26.04.2021сол, № 350, ки дар дарёфт намудани истеъдодҳо ва тайёр намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат мекунад. Дар даври ноҳиявии олимпиадаи мактаббачагон байни хонандагони синфи 11-ум 247 нафар иштирок намуда, 90 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд, хонандагони синфҳои 9 – 10, 585 нафар 70 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Хонандагони синфҳои 7-8, 520 нафар ва хонандагони синфҳои 5-6, 415 нафар дар асоси дархости директорони муассисаҳои таълими Олипиада гузаронида шуда, ба даври минтақавӣ 270 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 5 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 биринҷӣ бадаст оварда ба даври Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 «Дар бораи солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонидонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, № 1445 « Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» , Қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 18.09 соли 2020, № 481 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 26.10.2020, №97 дар шуъбаи маориф нақшаи чорабинҳо таҳия гардида, иҷрои бандҳои он давра ба давра амали гардида истодааст
Аз 1114 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия, ки 478 нафарашон духтарон мебошанд айни замон зиёда аз 600 нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд, бақайдгирии довталабон идома дорад.
Тандурустӣ
Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 таваллудхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 марказҳои саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи саломатӣ, 2 маркази миллӣ ва 5 нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар назди марказҳои саломатии деҳот фаъолият бурда, дар онҳо 77 нафар табибон ва 277 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Аз ҷониби кормандони тиббӣ ноҳияи Варзоб ба вояи 1-уми ваксинатсия 36713 нафар сокинони ноҳия фаро гирифта шуданд, ки 63,8 % – ро дар бар мегирад. Дар ин давра 13322 (23,3 %) нафар сокинони ноҳия, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо кор ва таҳсил менамоянд, ба иммунизатсияи вояи 1- ум ва 2-юм фаро гирифта шуданд.
Ҳифзи саломатии аҳолӣ маблағгузории саривақтии соҳаи тандурустии ноҳия дар мадди назари аввали роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Дар се моҳи соли ҷорӣ 243 (227) нафар беморон бистарӣ шудаанд, ки 1033 (1013) катрӯзро дар бар гирифта, 84,7%-и нақшаи семоҳа мебошад.
Фарҳанг
Дар ноҳия 25 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла Қасри фарҳанг, 1 хонаи маданияти деҳот, 5 муассисаи клуби деҳот, 1 китобхонаи марказонидашуда бо фонди умумии 70 ҳазору 941 нусха, 15 китобхонаи деҳот, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳангӣ – фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Инчунин дар назди мақомоти иҷроия китобхона бо теъдоди зиёда аз 600 адад китобҳои бадеӣ ва илмии соҳавӣ ташкил карда шудааст. Ҳамзамон дар ноҳия як маротиба фурӯши адабиётҳои тозанашр аз тарафи корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Шумораи умумии ҷавонони ноҳияи Варзоб 38720 нафарро (19205 нафар занон) ташкил менамоянд.
Дар ноҳияи Варзоб 27 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 20 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Варзоб мавҷуд мебошанд.
Дар 3 моҳи соли 2022 дар байни ҷавонон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст.
Маблағгузории Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Варзоб дар соли 2022 -юм 41000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ноҳияи Варзоб дар маҷмӯъ 74 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият дошта, 360 нафар варзишгарон дар мактаби варзишӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 67 медал, аз ҷумла 14 медали тилло, 23 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ноҳияи Варзоб вобаста рушди сайёҳӣ тадбирҳо андешида шуда, дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботҳо 1000 минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин фаъолияти 110 минтақаҳои истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншоотҳои муҳими сайёҳӣ ба монанди минтақаҳои истироҳаии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шуда, фаъолият доранд. Инчунин барои фароғату истироҳати сайёҳон меҳмонхонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти соҳа бунёд карда шудаанд.
Мувофиқи маълумотҳо дар 3 моҳи соли 2022, 17304 (соли 2021, 17843 ҳазор ) нафар сайёҳони дохилӣ ва аз ин шумора 3308 (соли 2021, 3589) нафар сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия ташриф оварданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 1 млн 375 ҳаз 816 сомонӣ (3 моҳи соли 2021, 854 982) сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки мутаносибан ба ҳамин давраи гузариш 529833 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия зиёда аз 182 нафар ҳунармандон, аз ҷумла зардӯз, дӯзанда, оҳангар, ҳайкалсоз, сабадбоф, табақтарош, попурзан, адрасбоф машғули ҳунарҳои хеш мебошанд ва бо маҳсули кори дастонашон имрӯз зиндагии худро аз маблағи ба дастоварда аз фурӯши маҳсулоти омоданамудаашон пеш бурда истодаанд.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 6654 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3217 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ, 1592 нафар нафақаи суғуртавӣ, 1845 нафар нафақаи иҷтимоиро дарбар мегирад.
Аз шумораи умумии нафақахӯрон 1571 нафарашон нафақаи маъюбӣ мегиранд. Шумораи ятимони кул дар ноҳия 15 нафар буда, шумораи нимятимон 804 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия як адад хона – интернати маъюбон барои наврасон хизматрасонӣ менамояд, ки шумораи онҳо 183 нафарро ташкил дода, дар таъминоти пурраи давлат қарор доранд. Талаботи моҳонаи нафақа дар ноҳия 2,2 млн сомониро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа ба 336,75 сомонӣ баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 295388 сомонӣ кумакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст. Ҳамзамон аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тавҳид ба оилаҳои бесаробон, камбизоат, маъюбон, эҳтиёҷмандон ва баъзе муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани давраи тирамоҳу зиминстони соли 2021-2022 ба миқдори 325 тонна ангиштсанг дастрас гардонида шуд.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»
Дар ноҳия як комиссияи доимии ноҳиявӣ, 7 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 108 комиссияи ҷамъиятӣ дар назди ташкилоту корхонаҳо ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият мебаранд.
Дар ин давра тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 124 тӯйи домодию арӯсӣ, 54 маросими чил, 20 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 198-торо ташкил дода, хароҷоти умумии онҳо 905200 сомониро дар бар гирифтааст, ки ба ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 7000 сомонӣ рост меояд.
Дар ноҳияи Варзоб 2 масҷиди ҷомеъ ва 67 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шуда, тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.
Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон
Дар 3 моҳи соли 2022 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб 740 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 263 муроҷиат кам мебошад.
Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Фармонҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон – 4 адад, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 адад, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –33 адад, Фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 адад, бо Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 20 адад, ҳуҷҷатҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 196 адад, аз вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 145 адад ва барқияҳо –12 адад ворид гардида, саривақт баррасӣ ва аз натиҷаи он ахбороти хаттӣ ирсол карда шуд.
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳамагуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва ҳамзамон тарғиби фарҳанги миллӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи ноҳия дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мерасад.
Бо пешниҳоди маълумоти фавқ раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло Умар иброз дошт, ки “Мо ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия чораҳои заруриро доимо роҳандозӣ менамоем.»
МТЖТ