“Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.

Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест. Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва ифтихор мекунанд аз якпорпчагӣ, аз осоиштагӣ, аз сулҳу ваҳдат, аз истиқлолият.

Мо тоҷикон бояд ифтихор аз ин сарзамини биҳиштосо дошта бошем ва шукрона аз ин неъматҳои беназир кунем. Чунки дар ин муддати кӯтоҳ соҳиби Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот гаштем. Зиёданд нафароне, ки дур аз оилаву хонаву ватани худ, дар ғарибиҳо бо оҳу сӯзи ҳиҷрат зиндагӣ мекунанд. Ин ҳама таҷрибаҳои рӯзгор омӯзгорест барои ибрати ашхоси солимақли ин диёр, то қадри ин неъмати бебаҳоро донанду ба қадраш бирасанд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ, ваҳдату якпорчагӣ бузугтарин неъматҳоеанд, ки инсоният метавонад онро дар тӯли зинагияш ба даст орад. Бузургии ин неъматро натанҳо имрӯз, балки аз гузаштаҳои дур низ васфу ситоиш мекарданд. Бузургони ҷодаи назм мафҳуми дӯстиву якпорчагиро ба таври образноку мушаххас ба тасвир гирифтаанд. Яке аз бузургтарин шоирони таърихи адабиёт Ҳофизи Шерозӣ дӯстиву бародариро аз афзалтарин неъматҳо шумурда, мардумонро ба ин ҷодаи неки зиндагӣ ташвиқ намудааст. Инчунин, самараи якдиливу якпорчагӣ ва дӯстиву иттиҳодиро аз беҳтарин ва лазизтарин баҳри ҳаёт донистааст ва таъкид низ намудааст, ки барои чашидани ин меваи лазиз, пеш аз ҳама, бояд ниҳолашро шинонему парваришаш диҳем:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Дар ҳақиқат, рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. Натанҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда то пири кор — ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои танги ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Ин аст мафҳуми ваҳдат, ин аст мафҳуми якпорчагиву якдилӣ. Бузургони ҷодаи илму адаб оқибати мустаҳкам набудани пояҳои ваҳдатро дар давлат чунин ба тасвир гирифтаанд:

Миллате, ки нест бо ҳам муттаҳид,

Бори зулми дигарон хоҳад кашид.

Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори Истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

Меҳрона НУРАЛИЕВА,

шаҳри Ҳисор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here