Ноҳияи Вахш яке аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии мамлакат буда, саҳми кормандони корхонаҳо ва кишоварзони ноҳия дар таъмини нақшаҳои дурнамои пешрафти давлат ва фаровонии дастархони мардуми кишвар хеле назаррас аст. Зимни як сафари корӣ ба ин ноҳия Сарвари давлат ҳам пас аз шиносоӣ бо пешравиҳои чашмраси иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳия бо эътимоди қавӣ ва заршиносона иброз дошта буданд, ки мардуми заҳматпешаву ватандӯсти ноҳияи Вахш минбаъд низ барои ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон талоши бештар намуда, дар самти амалӣ шудани нақшаҳои созандаамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ҳадаф – таъмини зиндагии шоиста

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин замини зархезу овозадор ба ноҳияи Вахш сафар намуд. Дар идомаи ин гузориши муфассал мо ҳамчунин аз дастовардҳои мардуми меҳнатқарини Вахш дар 5 моҳи соли ҷорӣ ва ташаббусу сатҳи омодагии шарафмандони он ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаберо манзури хонандагони ҳафтанома хоҳем намуд.

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Вахш Юсуфов Қурбоналӣ Қувватоҷич иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Вахш ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Дахлу харҷи буҷет

Қурбоналӣ Қувватович дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки тайи 5 моҳи аввали соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 23 миллиону 553,5 ҳазор сомонӣ, ба буҷет 24 миллиону 26,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 473,1 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 66,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Музди маош ва нафақа сари вақт пардохт гардида, вобаста ба маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа дар ноҳия қарздорӣ вуҷуд надорад.

Кишоварзӣ

Тибқи маълумоти омор дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 102,7 фоиз ё ин ки ба маблағи 169 миллиону 657,9 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 милиону 480,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Иброз гардид, ки ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар майдони 16 ҳазору 195 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда шуда, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ:

– 16 ҳазору 830 тонна сабзавот;

– 1 ҳазору 25 тонна мева;

– 1 ҳазору 936,3 тонна гӯшт;

– 7 ҳазору 375 тонна шир;

– 1 миллиону 89,3 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуда, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан аз 100,5 то 166,6 фоизро ташкил медиҳад.

Содирот

Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда тайи панҷ моҳ 4 ҳазору 309,2 тонна мева ва сабзавот содирот карда шуд, ки 100,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 5 ҳазору 698 гектар заминҳои наздиҳавлиғӣ ва 1 ҳазору 336 гектар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи истифодаи самараноки замин, корҳои саҳроӣ, кишти такрорӣ, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигии               27 ҳазору 162 оила ва захираи дусолаи маводи истеъмолӣ  барои ҳар як оила, бо ҷалби фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳалла зиёиён ва собиқадорон гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, бо усусли “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Кишти такрорӣ

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 15 июни соли 2022 дар ноҳия маҷмуан дар 1779 гектар замин кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки 89 фоиз (аз рӯйи нақша 1998 га) -ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар 1216 гектар кишти ғалладонагӣ, аз қабили ҷуворимаккаи дон (427 га), шолӣ (563 га), мош (126 га), ғалла ва лӯбиё (100 га) гузаронида шуд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақша бояд дар майдони 475 га сабзавот кишт мегардид, ки то имрӯз дар 275 гектари он кишт гузаронида шудааст. Ҳарчанд дурнамои парвариши бодирингу помидор, маҳсулоти хуроки чорво, зироатҳои техникӣ ва дигар сабзавот иҷро гардида бошад ҳам, мутаассифона, кишту парвариши сабзиву карам ва картошка ба таври кофӣ роҳандозӣ нагардид. Корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Дар баробари ин майдони 2244 гектар ҷаву гандум ба пуррагӣ дарав гардида нақша ба пуррагӣ ба иҷро расонида шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 85,4 миллион сомонӣ расонида шуда,  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 миллион сомонӣ зиёд ё ин ки 137 фоиз мебошад.

Дӯхти либоси мактабӣ

Аз тарафи 65 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 3 адад коргоҳу корхонаи дӯзандагии ноҳия барои дӯхти 75 ҳазор адад сару лисбоси мактабӣ шартнома баста шудааст.

Ба ҳолати 15 июни соли 2022, 45 ҳазору 282 адад либос ба хонандагон дастрас карда шудааст, ки 64,7 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият

Ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 5 иншооти нав бо ташкили 60 ҷойи корӣ сохта мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.

Инчунин, аз 150 адад иншооти ҷашнӣ дар 29 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, аз ин миён 5 адади онро корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, корхонаи нассоҷии “Вахш-Ваҳдат-текстайл” ба маблағи 12 миллион доллар бо 460 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ба мабоағи 200 ҳазор доллар, бо 25 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Нуфузи Вахш” ба маблағи 3 миллион сомонӣ, бо 24 ҷойи корӣ, коргоҳи қанноддӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, бо 15 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли карбоси ҶДММ “Ситора” ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ, бо 10 ҷойи корӣ мебошад.

Садоқат ба раҳнамоиҳои Пешвои миллат

Қурбоналӣ Юсуфов бо пешниҳоди маълумоти фавқ дар фароварди суҳбат зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд ва пуршукӯҳ таҷлил намудани ҷашнҳои муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тантанаҳои давлативу миллӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳиягардидаро идома бахшида, тибқи онҳо корҳои ободонию созандагиро амалӣ намуда, талошу такопӯи хешро ба он равона месозанд, то ин тантанаҳои таърихиро дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.

Бо ҳамин рӯҳия Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо сокинони зафарманди он иҷрои фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ гардонида, баҳри иҷрои пурраи онҳо аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода хоҳанд бурд. Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия ва сохторҳои марбутаи он кӯшиш менамоянд, ки қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти вилояти Хатлонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ намуда, ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь