Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода ошно месозем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо мақсади шарҳи мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 66 вохӯрӣ ва сӯҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ гузаронида шудааст.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3 озмун, 5 фестивал ва 71 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардидаанд.

Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 478 қарор ва 53 амри раиси шаҳр ба имзо расидааст. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, муроҷиати 160 шаҳрванд ба таври мустақим ва 23 муроҷиати дигар, ки тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар умум 1973 арзу шикояти шаҳрвандон оид ба мавзӯҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 1 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардида, дар он 11 масъала баррасӣ ва 11 қарори раиси шаҳр тасдиқ гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 613,1 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Соҳаи савдо 19,8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 6,1 фоиз, соҳаи сохтмон 2,6 баробар, кишоварзӣ 0,8 фоиз рушд ёфтааст.

Буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100 фоиз иҷро гардида, 42,1 млн сомонӣ ворид шудааст. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷетро нозироти андоз 106,9 фоиз ва нозироти андозсупорандагони калон 81,1 фоиз иҷро намудаанд. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба андозаи 93 фоиз иҷро гашта, барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона шудааст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёна аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 6646 нафар ба маблағи 86,9 млн сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,9 млн сомонӣ зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 222 млн 925,5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 96,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 9 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Тибқи нақша то охири сол беш аз 20 км таъмири асосӣ ва зиёда аз 115 км роҳ таъмири ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 250 ҳазор гулҳои гуногуни ороишӣ барои ободу зебо гардонидани шаҳр шинонида шудааст. Айни ҳол дар гармхонаҳои муассиса зиёда аз 170 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта истодааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 31 млн 631,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 242,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр дар майдони 13532 га кишти зироатҳо гузаронидаанд. Аз ҷумла, 11040 га ғалладонагиҳо, 1029 га сабзавот, 1012 га картошка, 328 га зағир, 97 га хӯроки чорво, 15 га лӯбиёгиҳо ва 11 гектари дигар зироатҳо кишт гардидаанд.

Дар хоҷагиҳои шаҳр 35088 сар барра гирифта шуда, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор 74640 сар, чорвои майда 188848 сар, асп 730 сар ва паранда 187045 дона парвариш ёфта истодааст.

Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳр 11 ҳазору 182 бех ниҳол шинонида шуда, аз ин ҳисоб 4 ҳазору 91 бех мевадиҳанда, 7 ҳазору 91 бех ороишию сояафканро дар бар гирифта, илова бар ин, 175 ҳазору 350 бех қаламчаи гули садбарг ва 431 ҳазору 431 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Дар шаҳр 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 66386 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон дар давраи ҳисоботӣ ба 5337 нафар расида, 4459 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади муайян намудани қобилияти зеҳнии хонандагони болаёқат дар моҳи марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Олимпиадаи байналмилалии FISO аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО аз фанҳои математика, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ гузаронида шуд, ки дар он 301 нафар хонандагони шаҳр иштирок ва 13 нафар ҷойи 1, 34 нафар ҷойи 2 ва 84 нафарашон ҷойҳои 3-юмро ишғол намуданд. Илова ба ин, хонандагони синфҳои 7 – 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 71 медал гардиданд.

Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр дорои 106 синфхонаҳои компютерӣ буда, бо 1760 компютер, 14 тахтаи электронӣ, 25 проектор ва 269 принтер таъмин мебошанд.

Соли ҷорӣ аз 3205 нафар хонандагони синфи 11-ум 1850 нафар ва аз 5281 нафар хатмкунандагони синфи 9-ум 520 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд ва ҳуҷҷатсупорӣ ҳоло идома дорад.

Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои дар паёми навбатӣ баёншуда дар самти фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаҳои норасоии ҷойи нишаст бунёди 135 синфхонаи иловагӣ, 3 толори варзишӣ ва 1 маҷлисгоҳ дар назди 14 муассисаи таълимӣ идома дорад.

Айни ҳол дар шаҳр 5 муассисаи таълимии касбӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар Коллеҷи омӯзгорӣ аз рӯи 7 ихтисос 993 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар Коллеҷи металлургии шаҳр 53 нафар омӯзгор ба 502 нафар донишҷӯ аз рӯи 6 ихтисос таълим медиҳанд. Дар Литсейи касбии металлургӣ 620 донишҷӯ аз рӯи 7 ихтисос таълим мегиранд. Шумораи донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳр 2356 нафарро ташкил дода, муассиса аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, фармасевтӣ, дандонсозӣ, момодоягӣ, тиббии ташхисӣ ва тиббии профилактикӣ мутахассис омода менамояд. Ба 1137 нафар донишҷӯи Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ҷиҳати омӯзиши ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, момодоягӣ, дандонсозӣ ва табобатӣ 52 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа диққати махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ дар шаҳр 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 1 маркази саломатии шаҳрӣ бо 28 маркази саломатии деҳавӣ ва 50 бунгоҳи саломатӣ, 10 маркази махсусгардонидашудаи пешгирии бемориҳо ва 23 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ фаъолият доранд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар беморхонаҳои шаҳр ба 5885 нафар бемор хизмати тиббӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта аз 6362 нафар иборат буд.

Дар самти сайёҳӣ низ як қатор корҳои амалӣ ба анҷом расида, дар ин давра дар шаҳр 1 семинари омӯзишӣ вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди он  баргузор гардидааст. Дар ин давра 5242 нафар сайёҳон ба шаҳр ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб 102 нафари онҳоро хориҷиён ва 5140 нафарро сайёҳони дохилӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар давраи ҳисоботӣ 71 чорабинии гуногуни фарҳангӣ баргузор гардидааст.

Дар ҳудуди шаҳр 33 китобхона фаъолият дошта, дар онҳо 192618 нусха китоб маҳфуз буда, дар ин давра 51720 нусхаи он дар гардиш қарор гирифтааст.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон 332 чорабинӣ, аз ҷумла 176 вохӯриву мулоқотҳо, 144 чорабинии варзишӣ, 4 семинар – машварат ва 8 мизи мудавварро ба анҷом расонидааст.

Дар ин давра варзишгарон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 47 медал, аз ҷумла 15 медали тилло, 11 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 фармон ва 4 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 фармоиш ва 20 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 37 банди супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 203 мактуби ҷумҳуриявӣ, 121 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 683 мактуби шаҳрӣ (дохилӣ), 71 барқияҳо ва 1657 аризаи шаҳрвандон ворид гардидааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар давоми солҳои 2018, 2019, 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021-ум 290 иншоот ба истифода дода шуда, дар 92 иншоот кор бомаром идома дорад. Танҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 24 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Турсунзода мӯҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам, «давоми солҳои охир шаҳри Турсунзода дар тамоми самтҳои фаъолият ба натиҷаҳои беназир ноил гардидааст, ки ин ҳамагӣ аз файзу баракат ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин лиҳоз, кулли мардуми сарбаланди шаҳр аз Пешвои муаззами миллат розиянду ифтихор доранд».

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь