Ҳар гоҳ кас аз ин кӯча гузарад, беихтиёр таваққуф карда, ба навиштаҷоти дар санги мармари сафед сабт гашта, менигараду мехонад: «Ислом Ҷалолов. соли 1959 – 2006»

Нафарони ношинос аз роҳгузарон мепурсанд, ки ӯ кист ва чӣ хел корнамоӣ нишон додааст, чаро кӯчаро ба номи вай пайвастаанд?
Аммо ҳамаи сокинони шаҳри Истаравшан, ҳамкоронаш ӯро мешиносанд ва медонанд, ки Ислом Ҷалолов зиндагии хешро барои осоиши мардум нисор намудааст.
Ӯ 2 июни соли 1959 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1966 дар МТМУ № 14 – и шаҳр таҳсилашро оғоз менамояд ва соли 1975 онро ба итмом мерасонад. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980 ба итмом мерасонад.
Соли 1980 ба вазифаи сармуҳандиси идораи сохтмони ноҳияи Зафаробод ба кор қабул мекунанд. Соли 1981 ӯро ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба кор даъват менамоянд ва барои баланд бардоштани дониш И.Ҷалоловро ба Донишгоҳи махсуси такмили ихтисоси ВКД ба шаҳри Саратови Федератсияи Русия мефиристанд.
Соли 1982 баъди хатми донишгоҳи мазкур ба ШКД – и шаҳри Бӯстон сафарбар менамоянд ва бар дӯшаш вазифаи нозири БЭП (мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ) – ро мегузоранд.
Соли 1985 ӯро ба шаҳри Истиқлол мегузаронанд, он ҷо дар вазифаи ваколатдори БХСС – и ШКД – и шаҳр таъин мекунанд.
Соли 1992 роҳбарияти РКД пешрафти корҳои ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи сардори шуъбачаи БЭП – и РКД – и вилоят мегузаронанд. Соли 2003 аз сабаби барҳам хӯрдани хадамоти ОБЭП ба ӯ вазифаи нозири криминалии РКД – и вилояти Суғдро вобаста мекунанд.
Соли 2004 аз сабаби барқарор гардидани шуъбаи нав дар вилояти Суғд ӯро ба УБОП мегузаронанд ва сардори шуъбачаи зидди терроризм ва экстремизм таъин мекунанд.
Соли 2005 ба шаҳри Истаравшан ба ҳамин кор мефиристанд ва рутбаи подполковники милитсия медиҳанд.
Соли 2006 моҳи август ҳангоми адои вазифа дар шаҳри Исфара, вақти доштани ҷинояткор қаҳрамонона ҳалок мешавад.
Солҳои 2006 – ум дар вилояти Суғд аз тарафи гуруҳҳои тундрав ва ифродгар чанд ҷинояти вазнин, аз ҷумла куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ба қайд гирифта шуд. Чунин ҷиноятҳо асосан аз ҷониби ҳаракати «Ҳизб-ут-таҳрир» содир шуданд. Эшон дар минтақа ба амалиётҳои террористӣ даст зада ба амнияти мамлакат таҳдид намуданд. Аксари ҷиноятҳо аз Исфара ибтидо мегирифт ё ин ҷо таҳрезӣ мешуд ва дар он сокинони ин шаҳри бостонӣ ҷабр медиданд.
Чунончӣ 26 – и январи соли 2006 аъзоёни гуруҳи тундрав ба маҳкамаи муваққатии нигаҳдории шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) ҳуҷум карда, лейтенанти навбатдор Бобоҷон Гадойбоевро парронданд ва боздоштшуда, Фатҳулло Раҳимови Исфарагиро аз маҳбас бурданд.
Тахмин соати дуи шаби 12 майи соли 2006 гуруҳи афроди мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ҳуҷум карда, даҳҳо нафар сарҳадчиёни тоҷику қирғизро тирборон карданд ва яроқи зиёдро бурданд. Дар ҳайати даста сокини шаҳри Исфара бародари Фатҳулло Дилшод Раҳимов шомил буд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хавфнокии гуруҳҳои экстремистиро ба эътибор гирифта, муборизаро алайҳи онҳо ҷоннок намуданд.
Моҳи августи соли 2006 шабона ду нафар бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади содир намудани акти террористӣ ва тарсонидани аҳолӣ бо яроқи таркандаи норинҷак мусаллаҳ гашта, ба кӯчаи Бузургзодаи деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара равон гаштанд. Онҳо ба он маҳал омада бо кормандони Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД – и ҶТ дар вилояти Суғд И.Розиқов, И.Ҷалолов ва Ш.Наимов вомехӯранд. Рӯ ба рӯ шавӣ барои гуруҳи экстремистӣ ногаҳонӣ буд. Гумон надоштанд, ки афсарон аз нияту нақшаашон хабар ёфтанд ва барои боздоштани онҳо омаданд.
Нафаре аз террористон вазъиятро дарк намуд ва фаҳмид, ки илоҷи гурехта халос хӯрданро надорад, даст ба бағал хаст. Подполковник Ислом Ҷалолов тахмин кард, ки вай ҳозир норинҷакро мегираду ё худро метарконад ё сӯйи онҳо мепартояд. Агар тарафи дигарон ҳаво диҳад рафиқонаш ва шояд роҳгузарон зарар бинанд. Бояд фавран чора андешид, вагарна дер мешавад. Бе дудилагӣ Ислом Ҷалолов болои террорист ҷаҳид ва ӯро ба замин пахш кард.
Аввал садои таркиши воҳимаангез, баъд доду войи гӯшхароши роҳгузарон баланд шуд. Аз захмҳои гирифта террорист ва подполковники милиса Ҷалолов Ислом Бобоевич дар маҳалли ҳодиса ҳалок гаштанд. И.Розиқов ва Ш.Наимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд ва ҳардуро ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара бурданд. Ҳамшарики гумонбаршуда аз маҳалли ҳодиса ғайб зад, вале ду рӯз пас кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вайро дастгир намуданд. Дар натиҷа шахсияти норинҷакро тарконда аниқ гашт. Вай сокини кӯчаи ба номи С.Айнӣ, ҳавлии №302, деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара Ҷалолов Орифхон Илёсович будааст.
– Дар ин ҳодиса Ҷалолов Ислом Бобоевич нафаре, ки баҳри ҳифзи Ватан часпу талош дошт, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳама чиз боло медонист, 3 августи соли 2006 дар синни 47 солагӣ баҳри осоиши кишвар ва амнияти Ватан қаҳрамонона ҳалок шуд.
Ҳамкоронаш гуфтанд, ки ӯ яке аз кормандони беҳтарини мақомоти корҳои дохилии вилоят буд. Ӯ 21 сол дар сафи мақомот бенуқсон хизмат кард ва то вазифаи сардори бахши ШМАҶМ ВКД – и ҶТ дар вилояти Суғд расид ва сазовори рутбаи подполковники милитсия шуд. Ӯ фидоӣ буд, вақти иҷрои вазифа аз касею чизе наметарсид.
Аз байн марде рафт, ки таҳти мақоли бузургон «ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар» умр ба сар мебурд. Ӯ ташнаи зиндагӣ буд, корҳои нотамому нақшаҳои амалӣ нашуда дошт. Ҳанӯз фарзанди ноболиғашро ба камол нарасонда буд…
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин қаҳрамонии ӯ қадрдонӣ гашт ва подполковники милитсия Ислом Ҷалолов ҳамчун қаҳрамон бо ордени Спитамен дараҷаи 2 баъди маргаш мукофотонида шуд.
Инчунин, ҳукумати шаҳри Истаравшан хизматҳои шоистаи ӯро ба инобат гирифта, 15 ноябри соли 2011 барои абадӣ гардонидани номаш яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба номи Ислом Ҷалолов гузошт.

Л.Ҳусензода,
Р.Фирдавс 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь