Дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баёнгардида, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани «Саноатикунонии босуръати мамлакат» ва солҳои 2022-2026 эълон шудани «Солҳои рушди саноат», ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинон ва коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида, нишондиҳандаҳои панҷ моҳи аввали соли сипаригардидаро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуданд.
Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра нишон дод, ки масъулини соҳаҳо аз камбудиҳои соли гузашта хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолияти корбариро ҷиҳати иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида такмил дода, бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти ноҳияро таъмин намуданд.
Нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2022 ба 242 млн 174 ҳазору 300 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 86 млн 862 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.
Дахлу харҷи буҷет
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Хуросон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷои 13 млн 775145 ҳазор сомонии нақшавӣ ба буҷет 13 млн. 779 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 46,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 11 млн 490 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 100 фоизи ба нақшаи пешбинишударо дарбар мегирад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардида, нақшаи солона 28 млн. 004 ҳазору 503 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 26 млн, 906 ҳазору 126 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 99 фоиз, маориф 96 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 97 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат 91 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг 99 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 95 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.
Ба ҳолати 1 июни соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 4 млн, 254 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 338 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Дар давраи моҳҳои январ – майи соли 2022 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 13 миллиону 630 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 7 млн. 654 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар панҷ моҳи соли 2022 аз тарафи нозироти андоз 43 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 5 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 79 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 3 шахси ҳуқуқӣ ва 20 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.
Ба ҳолати имрӯза 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 70,7 млн, доллари америкоӣ амалӣ шудааст.
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон имтиёзҳои давлатӣ муқаррар гардидаанд, ки дар ин давра ба 6 нафар занони ҳунарманд ва соҳибкори ноҳия барои гирифтани гранти раиси ноҳия ва ба 2 нафари дигар барои гирифтани гранти Президенти пешниҳод ирсол карда шудааст.
Соҳаи саноат
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 32 млн, 991 ҳазору 300 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 8 млн. 549 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ 103,6 фоиз, маҳсулоти ширӣ 100,5 фоиз, орд 100,2 фоиз, сангу шағал 108,1 фоиз, гушт 101,3 фоиз ва оҳак 101,7 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли хишти сементӣ бошад, ба 120,8 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 13,3 ҳазор дона ё ба 112,4 фоиз расонида шуд.
Аз 20 корхонаи саноатӣ ба ҳолати имрӯза 1 корхона фаъолият намекунад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармояи асосии иҷрокардашуда 81 млн, 047 ҳазору 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 60 млн 352 ҳазору 400 сомонӣ зиёд мебошад.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 78 млн 362 ҳазору 800 сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53 млн. 161 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар масоҳати 6352 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1461 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 128 млн. 163 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 млн. 961 ҳазору 500 сомонӣ зиёд ва афзоиш 116,3 фоизро ташкил медиҳад.
Кишти зироати асосӣ – пахта айни замон дар майдони 4326 гектар гузаронида шудааст.
Кишти зироатҳо, аз қабили ғалладона 5010 га, сабзавот 685 га, полезӣ 180 га, картошка 261 га, зироатҳои хӯроки чорво 150 га гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиш мутаносибан аз 100 то 110 фоизро дарбар мегирад.
Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда 30 ҳазор дарахт шинонида шуд, ки ин нишондиҳанда 120 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 38 ҳазору 483 сар, моли майда ба 103 ҳазору 400 сар, саршумори парранда ба 81 ҳазору 512 сар ва асп 6 ҳазору 491 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 995 сар, моли майда 2 ҳазору 916 сар ва парранда 2290 сар зиёд мебошад.
Шуғли аҳолӣ
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2022 393 нафар корҷӯён муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 194 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Дар панҷ моҳи соли 2022, 7 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст. Дар ярмаркаҳои гузаронидашуда 195 вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз тарафи 8 ташкилоту муассисаҳо пешниҳод карда шуд. Дар ин чорабинӣ 79 нафар бо кор таъмин ва 116 нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро ҷалб шуданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 9 нафар ба маблағи 46 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1021,2 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 37,2 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 103,7 фоизро ташкил додааст.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 9 ҳазору 75 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 ҳазору 654 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ, 2 ҳазору 633 нафар суғуртавӣ, 2 ҳазору 122 нафар аз рӯи нафақаи давлатӣ ва 666 нафар иҷтимоӣ мебошанд.
Ба ҳисоби миёна ба 9 ҳазору 75 нафақахӯр дар як моҳ 290,07 сомонӣ рост меояд. Шумораи ятимону бепарасторон 21 нафарро ташкил дода, дар панҷ моҳи соли 2022 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 51 ҳазору 500 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.
Маориф ва илм
Дар 62 муассисаи таълимии ноҳия 32 ҳазору 229 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 1 ҳазору 706 омӯзгор, аз ҷумла 847 нафар зан таълим медиҳанд. Аз ин шумора 1 ҳазору 52 нафар бо маълумоти олӣ, 493 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 142 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.
Дар 4 муассисаи томактабӣ 425 кӯдак дар 43 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 43 муассисаи таълимии ноҳия 1294 нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Аз 1 ҳазору 677 хонандагони синфҳои 11- 733 нафарашон тибқи ММТ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд.
Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 35,4 фоиз расонида шудааст.
Дар панҷ моҳи соли 2022 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шуда, аз ҷумла 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №51 барои 180 нафар хонанда, 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №21 барои 120 нафар хонанда, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17 барои 100 нафар хонанда, ҳамзамон корҳои азнавсозӣ ва сохтмони асосӣ дар ҳашт муассисаи таълимӣ идома дорад.
Тандурустӣ ва кор бо занон
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 93 духтур, аз ин шумора 28 нафар бо категорияи олӣ ва 481 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 42 нафар дар беморхонаи марказӣ, 6 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ, 1 нафар дар диспансери бемориҳои сил ва 1 нафар дар беморхонаи пӯсту зуҳравӣ фаъолият карда истодаанд.
Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, як шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 2 ҳазору 668 бемор бистарӣ карда шудааст, ки 2 ҳазору 639 баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун ҷавоб дода шудаанд. Теъдоди фавтидагон дар беморхона 29 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 9 нафар кӯдакони якҳафтаина мебошанд.
Дар ин давра бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, беморхонаи марказии ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин мебошад. Инчунин сохтмони бинои нави иловагӣ барои 40 кат дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар беморхонаи рақами 6 деҳоти Ҳилолӣ шуъбаи таввалудхона мавриди истифода қарор дода шуд.
Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 64 ҳазору 503 нафарро ташкил дода, 300 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 14 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 53 нафар вакилони ҷамоатҳо, 14 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 361 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Фарҳанг
Дар ноҳия 29 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 20 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар 20 китобхона 90 ҳазору 373 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 30 ҳазору 346 нусха китоб бо забони давлатӣ, 49 ҳазору 249 нусха бо забонҳои русӣ ва 10 ҳазору 778 нусха бо дигар забонҳо мебошанд.
Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 213 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд, ки дар онҳо 5 ҳазору 896 нафар иштирок карданд.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Шумораи ҷавонон 37 ҳазору 400 нафар мебошанд, ки аз ин 7 ҳазору 597 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 37 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 35 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст.
Майдончаҳои варзишӣ 198 ва толорҳои варзишӣ 17 адад мебошанд. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 155 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шудаанд.
Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 19 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 7 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ноҳия як меҳмонхонаи замонавӣ ва 5 тарабхона фаъолият доранд.
Дар ноҳия як масҷиди ҷомеи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ ва 80 масҷиди панҷвақта амал карда, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомотҳои дахлдор қарор дорад.
Омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии Истиқлолият
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 204 иншооти таъиноти гуногун ба нақшаи чорабиниҳоиҷашни мазкур ворид карда шуда, дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст. Аз шумораи умумии иншоотҳои ба нақшагирифташуда дар соҳаи тандурустӣ 21 адад, маориф 23 адад, варзиш 14 адад, фарҳанг 2 адад, саноат 26 адад, кишоварзӣ 3 адад, нақлиёт 15 адад, обёрӣ 1 адад, савдо ва хизматрасонӣ 34 адад, сартарошхона 5 адад, ҳаммом 4 адад, иншоотҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 1 адад, инчунин дигар иншоотҳо 55 ададро ташкил медиҳанд. Дар панҷ моҳи соли 2022 аз ин ҳисоб 15 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, аз ҷумла 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №51 барои 180 нафар хонанда, 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №21 барои 120 нафар хонанда, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17 барои 100 нафар хонанда, шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии № 6 деҳоти Ҳилолӣ, анбори нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ ва маркази хизматрасонӣ дар деҳоти ба номи С. Айнӣ, ду маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Обикиик ва деҳоти Фахробод, мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар чор деҳа ба масофаи 1,9 километр, сангфаршкунии роҳҳои дохилии ду деҳа дар масофаи 10 километр, ки ин нишондодҳо 5,3 фоизи иҷроиши нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро дар панҷ моҳи соли 2022 ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ноҳия бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшишу талоши худро равона сохта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
МТЖТ