Ноҳияи Ёвон яке аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии Тоҷикистон буда, саҳми кормандони корхонаҳо ва кишоварзони ноҳия дар таъмини нақшаҳои дурнамои пешрафти давлат ва фаровонии дастархони мардуми кишвар хеле назаррас аст. Зимни як сафари корӣ ба ин ноҳия Сарвари давлат ҳам пас аз шиносоӣ бо пешравиҳои чашмраси иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳия бо эътимоди қавӣ ва заршиносона иброз дошта буданд, ки мардуми заҳматпешаву ватандӯсти ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон талоши бештар намуда, дар самти амалӣ шудани нақшаҳои созандаамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ҳадаф – некуаҳволии мардум

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин замини зархезу овозадор ба ноҳияи Ёвон сафар намуд. Дар идомаи ин гузориши муфассал мо ҳамчунин аз дастовардҳои мардуми меҳнатқарини Ёвон дар 3 моҳи соли ҷорӣ ва ташаббусу сатҳи омодагии шарафмандони он ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаберо манзури хонандагони ҳафтанома хоҳем намуд.

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ

Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки тайи се моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 465 млн. 96,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,0 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 392 млн. 106,1 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 72 млн. 990,2 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 35,9 млн сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 7,1 млн сомонӣ бештар мебошад. Дар ин давра музди миёнаи кор 1389,77 сомониро ташкил дод.

Иҷрои буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 103,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 66 млн. 868,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинигардида ба буҷети маҳаллӣ 69 млн. 498,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 2 млн. 630,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар ҳаҷми 101,6 % фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 76 млн. 766,9 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 1,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 апрели соли 2022 қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 4,8 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 16,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Хизматрасонии пулакӣ ва савдо

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 40 млн. 477,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбатан 4,0 млн сомонӣ зиёд ва муомилоти мол ба 140 млн. 233,6 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 26 млн. 525,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои  кишоварзӣ 16 млн. 784,1 ҳазор сомонӣ, соҳибкорӣ 9 млн. 174,9 ҳазор сомонӣ, муҳоҷирон 1 млн. 676,1 ҳазор сомонӣ ва ба дигар истеъмолкунандагон 17 млн. 749,7 хазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 45 млн. 385,0 ҳазор сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин ҳисоб маблағи умумии азхудшуда 9,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ ба 72 млн. 990,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбатан 7 млн. 101,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 110,8 фоиз мебошад. Аз он 1 млн. 984,8 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 71 млн. 5,4 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Дар ин давра 64 хоҷагии ёрирасони корхонаҳои кишоварзӣ, 71 адад дигар намуди хоҷагидорӣ ва 1 хоҷагии таълимии таҷрибавии “Ёвон-1”, 4524 хоҷагии деҳқонӣ (аз он 2169 хоҷагии пахтакор) фаъолият доштанд.

Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ бояд дар майдони 22487 гектар зироат кишт гузаронида шавад. Тайи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар 9786 гектар кишт гузаронида шуд, ки ин баробари 43 фоизи дурнамо буда, аз он 7109 гектар ғалла, 6603 гектар гандум, 391 гектар ҷав, ва 115 гектар дигар намуди ғаладонагиҳо, 1157 гектар сабзавот, 300 гектар картошка, 480 гектар зироати техникии зағир, 59 гектар полезӣ ва 681 зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Кишти зироатҳои баҳорӣ идома дорад.

Дар бахши хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 281 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки ин бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021-ум 97,4 тонна зиёд мебошад.

Зимнан, ба эрозия дучор шудани заминҳои кишт, бинобар сабаби корношоям гаштани заҳбуру заҳкашҳои зеризаминӣ ва набудани техникаи дренажшӯӣ аз мушкилоти умдаи соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Чорводорӣ

Ҳамзамон, дар ноҳия 102159 сар чорвои калони шохдор (аз он 50335 сар модагов), 229722 сар бузу гӯсфанд, 374329 сар паранда, 6228 сар асп, 4419 оилаи занбӯри асал  парвариш ёфта истодааст, ки нисбатан 182 сар чорвои калони шохдор, 1029 сар бузу гӯсфанд, 22105 сар паранда ва 14 сар асп зиёд буда, оилаи занбӯри асал баробар ба порсола мебошад. Дар ин давра 1955 тонна гӯшт, 7358,4 тонна шир ва 3 млн. 664,3 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбатан 339,3 тонна гӯшт, 72,2 тонна шир ва 525,6 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.

Саноат

Дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 392,1 млн. сомонӣ (110,1 %) расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли қаблӣ 35,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давоми 3 моҳи аввали соли 2022 аз корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 97 ҳазору 710 тонна ва «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 46 ҳазору 210 тонна семент ва аз корхонаи «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» ба миқдори 255 ҳазор дона гачкартон ба маблағи умумии 50 млн. 251 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид. Дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат-текстайл» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои тагпӯши кӯдакона ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.

Аз 45 корхонаи саноатии мавҷуда 25-тои он фаъолият доштанд. Дар ин давра, ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ фаъолияткунанда бо сабабҳои гуногун 11 корхонаю коргоҳҳо фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд, ки барои фаъолгардонии онҳо ва пешниҳод намудани иқтибос ҷиҳати аз ҳисоботҳои оморӣ баровардани корхонаҳое, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондаанд, ба нозироти андоз дар ноҳия мактуби расмӣ ирсол карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ

Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва қарорҳои барномавии вобаста ба рушди соҳаи саноат қабулгардида, чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар соли 2022 ба истифода додани 4 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Саффир” бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як сол, барои 50 ҷойи кории мавсимӣ (маблағи сармоя 11,3 млн сомонӣ), коргоҳи хурди равғанбарории ҶДММ “Кипарис-2010” бо иқтидори коркарди 400 тонна чигит дар як сол барои 3 ҷойи корӣ (маблағи сармоя 300 ҳазор сомонӣ), коргоҳи истеҳсоли либосҳои тагпӯши кӯдаконаи ҶДММ “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсоли 6 млн  ҷуфти либос дар як сол, барои 42 ҷойи корӣ (маблағи сармоя 3,5 млн сомонӣ) ва корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ “Чжунгтсай моҳир семент” бо иқтидори истеҳсоли 30 млн метри мураббаъ гаҷкартон дар як сол барои 105 ҷойи корӣ (маблағи сармоя 350 млн сомонӣ) ба нақша гирифта шуда, дар моҳи январ соли ҷорӣ корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Саффир” ба истифода дода шуда, се корхонаи дигар то охири ҳамин сол мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давоми се моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми иҷрои сармоягузориҳо ҳамагӣ 11 млн. 792,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбатан 58 млн. 509,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 11 млн. 200 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки ин нисбатан 5 млн. 457,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 10 млн. 565,2 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки ин нисбатан 56 млн. 748,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Фондҳои асосӣ ба маблағи 20 млн. 602,2 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 46 млн. 627,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар масоҳати 14685 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7648 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Армуғон ба ҷашни миллӣ – 498 иншоот

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 феврали соли 2022, № 50 «Дар бораи таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 25 феврали соли 2022, № 339 қабул ва нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ тасдиқ гардидааст. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ то соли 2026 бунёди 498 иншооти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, коммуналӣ, роҳсозӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб, ба ҷамоатҳои шаҳраки Ёвон-96 иншоот, деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов-80 иншоот, ба номи Гулсара Юсуфова-35 иншоот, Даҳана-38 иншоот, Чоргул-42 иншоот, Обшорон-72 иншоот, Норин-59 иншоот, Ситораи Сурх-40 иншоот ва шаҳраки Ҳаёти Нав- 36 иншоот рост меояд.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 598 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 293 нафар занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 376 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 338 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дар ин давра 4 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 898 ҷойи корӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 75 корхона ва 857 корҷӯй иштирок намуда, 64 нафар бо ҷойҳои кории доимию муваққатӣ бо кор таъмин шуданд, ки аз ин 35 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 16 нафар ба маблағи 67100 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандон дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 1389,77 сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 104,74 сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиш 108,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 марти соли 2022 қарзи музди меҳнат 2 млн. 319752 сомонӣ боқӣ мондааст, ки ин асосан аз ҳисоби корхонаи ҶДММ “Талко Кемикал” мебошад.

Тибқи пурсиши хонаводагӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарордошта 22354 нафарро ташкил медиҳад, аз ин 21549 нафар мард ва 805 нафар занонанд.

Хизматрасонии коммуналӣ вазъи экологӣ

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби нӯшокӣ аз семоҳаи сеюми соли 2016 инҷониб Лоиҳаи нави таъминоти оби нӯшокӣ бо маблағи 6,025 млн. доллари ИМА (60 фоиз маблағи грантӣ) татбиқ гардида истодааст. Дар доираи амалисозии лоиҳа ба КДФ “Обу ташноб ва гармидиҳӣ” 7 техника, аз ҷумла, 1 мошини махсуси бартарафсозии садамаҳои хатҳои обгузар, 1 мошини махсуси партовкаши тамғаи КО-503, 1 мошини махсуси қубуртозакунандаи тамғаи КО-514, 1 мошини борбардори иқтидори борбардориаш 3,5 тонна, 1 микроавтобуси дорои 11 ҷойи нишаст, 1 Экскаватори  тамғаи ХН 90-9Х, 1 трактори МТЗ-80 бо ядакаш ва се механизм, (1 дастгоҳи сайёри компрессор, 1 агрегати кафшергарӣ ва 1 дастгоҳ барои буридани мумфаршҳо (фреза)) ворид гардида, ҳамзамон бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон низ таъмиру тармим хоҳад гашт. Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар обанбори ғунҷоишаш 4 ҳазор м3 ва хобонидани қубурҳои худҷории дохили шаҳраки Ёвон идома дошта, ба истифода супурдани шабакаҳои обрасонии бунёдгардида дар охири семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия лоиҳаи инвеститсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардида буд, аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфтааст, амалӣ гардида истодааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур 4 млн. доллари амрикоиро дар бар гирифта, аз ин 2 млн. доллар грант ва 2 млн. доллар қарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 7 озмун баргузор гардида, то ин ҷониб 1 млн. 828 ҳазору 290 доллари ИМА ё 45,7 фоизи маблағҳои пешбинигардида аз худ карда шудааст. Бо истифода аз ин маблағҳо тибқи қарордодҳои басташуда 6 нақлиёти партовкашонӣ, 2 механизм, аз ҷумла 1 булдозер ва 1 нақлиёти борбардор (мехлопата), 100 қуттии партови сарпӯшдор, 277 қуттии партови бесарпӯш харидорӣ гардида, ба тавозуни раёсати комуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон гузаронида шуда, рӯзҳои наздик харидории мошинҳои махсусгардонидашуда ба анҷом мерасад.

Имрӯзҳо корҳо дар сохтмони партовгоҳи нав ва сохтмони нуқтаҳои партовпартоӣ идома дошта, то охири соли ҷорӣ бо пуррагӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Дар сурати бо пуррагӣ амалӣ гардидани ин лоиҳа сатҳ ва сифати хизматрасонии коммуналӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, ба беҳтар гардидани вазъи экологии ноҳия мусоидат менамояд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ 75100 нафар аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30 сола мебошанд, ки аз ин 37100 нафар духтаронанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 тибқи натиҷаи озмунҳо 82 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани стипендияҳои Президентӣ, 5 нафар стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 80 нафар стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мушарраф гардиданд.

Бо ҷалби ҷавонону наврасон 194 чорабинӣ, аз ҷумла 42 чорабинии маърифатӣ ва суҳбату вохӯриҳо, 7 аксияи иттилоотӣ, 132 мусобиқаи варзишӣ ва 13 машқи пагоҳирӯзӣ баргузор карда шуданд.

Айни замон дар ноҳия 254 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 38 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 8 фитнесклуб, 202 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд.

Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори 34 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 9 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.

Алҳол бо мақсади тарғиби захираҳои сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дар ноҳия 6 меҳмонхона, 6 тарабхона, осорхонаи кишваршиносӣ, 28 китобхонаи оммавӣ, 27 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 28 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ ва 2 нуқтаи фурӯши армуғонҳо фаъолият доранд.

Бо мақсади муаррифии мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия дар сомонаи интернетии соҳаи сайёҳии ноҳия мунтазам маводҳо ба нашр расонида мешаванд.

Дар шаҳраки Ёвон Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуда, имкониятҳои сайёҳӣ дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам интишор меёбанд.

То ҳанӯз мушкилот дар ин самт мавҷуд набудани маркази ҷавонон ба шумор меравад, ки умед аст, дар оянда ҳалли мусбати худро пайдо менамояд.

Садоқат ба раҳнамоиҳои Пешвои миллат

Ҷамшед Саидзода бо пешниҳоди маълумоти фавқ дар фароварди суҳбат зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд ва пуршукӯҳ таҷлил намудани ҷашнҳои муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тантанаҳои давлативу миллӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҳиягардидаро идома бахшида, тибқи онҳо корҳои ободонию созандагиро амалӣ намуда, талошу такопӯи хешро ба он равона месозанд, то ин тантанаҳои таърихиро дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.

Бо ҳамин рӯҳия Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо сокинони зафарманди он иҷрои фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ гардонида, баҳри иҷрои пурраи онҳо аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода хоҳанд бурд. Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия ва сохторҳои марбутаи он кӯшиш менамоянд, ки қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти вилояти Хатлонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ намуда, ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь