Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пеш аз он, ки дар бораи Пешвои миллат сухан намоем, аввал бояд шарҳи ин мафҳумро, яъне чӣ маъно доштани онро донем. Пешво маънои роҳнамо ва роҳкушоро дорад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолу озодро агар ба як қасри муҳташаму зебо шабеҳ кунем, пеши назарамон созандаи аввалини ин қасри боҳашаммат меояд, ки маҳз Пешвои муаззами миллат мебошад. Хизматҳои беандоза ва фидокоронаи ин шахсиятро метавон омили асосии аз вартаи нестшавӣ раҳонидани ин миллати куҳанбунёд номид. Дар васфи ин шахсияти муътабар суханро ба дарозо накашида, танҳо як ишора мехоҳам кунам, ки ба ҳамагон роҳнамову сулҳоварии ин нобиғаи наҷиб шоёни таҳсин аст.

Ба ҳамагон равшан аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуш миллати моро ба кадом ҳад расонида буд. Пиру ҷавони ин сарзамин пайваста дуо мекарданд, ки фазои меҳан аз гарду ғубор пок гардад. Маҳз дар ана ҳамин замон яке аз фарзандони фарзонаи кишвар бо сиёсати хирадмандона ва ҷавлони саманди андешаи оқилонаи худ миллати парокандаи тоҷикро муттаҳид гардонид, оташи ин ҷанги хонумонсӯзро хомӯш сохт ва Тоҷикистони азизро аз вартаи фаношавӣ берун овард. Борҳо ҷони худро дар хатар гузошт ва ҷавониашро фидои ин сарзамин кард. Дар як муддати начандон зиёд Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои оромтарини ҷаҳон мубаддал гардонид. Агар фазои осудаву ороми имрӯзи кишварамонро ба давраҳои таърихӣ муқоиса намоем, мушоҳида мекунем, ки воқеан Тоҷикистон имрӯзҳо ба гулзоре табдил ёфтааст. Тайи чанд соли соҳибистиқлолӣ хизмати шоистаи ин абармарди бузург миллати моро ба ҳам оварду зери як парчаму як нишон ва як забон муттаҳид сохт.

Мо – ҷавонон ва шаҳрвандони ин миллат аз ҳама вазъи хубу бади кишвар огаҳ буда, шукронаи ин ваҳдату ягонагӣ ва ин Пешвои муаззаму муътабарро мекунем, ки миллати моро аз ҳолатҳои даҳшатбори пошхӯрӣ ва нестшавӣ раҳонид. Бошад, ки солҳои сол Пешвои миллат раҳнамову раҳбари мо – тоҷикони ҷаҳон бошад ва роҳи ояндаи моро боз ҳам равшантар намояд. Фазои осудаву ороми кишвар ва сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти нотакрор дар дили ҳар як шаҳрванд ифтихори ватандориро бедор менамояд. Ин ҳисси ватандӯстона бояд, ки моро чун фарзандони як модар, гулҳои як боғ, шохобҳои як рӯд, ангуштони як даст ба ҳам ораду дар пайи амнияту оромӣ ва гулгулшукуфоии ин марзи муқаддас талошкунанда бошем.

Хизматҳои ин шахсияти бузурги таърихиро шоири тавонои миллати тоҷик Низом Қосим хеле зебо ба қалам додааст:

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Басо хорӣ кашидам, ғунчаи умед парвардам,

Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.

Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонашро,

Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.

Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,

Ки доим дар фазояш пурҷило тиру камон бошад.

Зиёвиддин БӮРИЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь