Арзишҳои миллӣ, ки муайянкунандаи замони тӯлонии ҳастии миллат ва давлат ба шумор мераванд, ифодагари дороии ҳар қавму миллат дар сайёра мебошанд. Ҳамин арзишҳои миллӣ, ки бо ҷоннисориҳои зиёди аҳли заҳмати кишвар ва таҳамтанону гурдҳои сафшикани кишвар ба мо ба мерос мондааст, зарурати таърихӣ ва ҳам қарзу ҳам фарз буда, ки дар баҳои ҷони азизи хеш онҳоро гиромӣ дорему арҷашон гузорем.

Дар таърихи давлатдории мо, тоҷикон, ки худро ворисони Каёниён, Сосониён ва Сомониён ном мебарем, ҳазорон сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷуғрофиву иҷтимоӣ собит кардаанд – тоҷикон қадимтарин қавми башарӣ ҳастанд, ки давлатсозиву давлатдориро ба ҷаҳониён дар тӯли дарозои таърих омӯзондаанд.

Ҳамин огоҳӣ ва худшиносии милливу башардӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози садаи XXI мелодӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати тоҷик як воҳиди комили башарият буда, дар эъмори ҷомеаи башардӯст ва демократӣ саҳмгузор мебошанд.

Нахустиқдомҳои ин абармарди таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки бо истиқрори сулҳ ва якпорчагии миллат асос ёфт, муждаи сулҳу суботро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ бунёд гузошта, ба ҷаҳониён исбот кард, ки тоҷикон дар тӯли мавҷудияти хеш бо ҳамсоягонаш дар руҳияи баланди арзишҳои инсонӣ кору фаъолият карда, аз амнияту осудагии ҳама ҳамсояҳо пуштибонӣ намудааст.

Яке аз хидматҳои бузурги ин абармарди таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки дар лавҳи таърих бо ҳарфҳои тилои ба абадият сабт гардидааст ин истиқрори Сулҳ ва якпорчагии кишвар буда, гузаштҳои хирадмандонаву ватанхоҳонааш бо нируҳои даргирӣ дар он замони даҳшатбори таърихӣ мебошад. Ва воқеияти таърихӣ ҳамин будаву ҳаст, ки бо ҷоннисориву матонату ватанхоҳӣ пеши роҳи хонаҷангиро гирифт. На танҳо кишвар, балкӣ қаламрави Осиёи Марказиро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Пеши роҳи оташи ҷаҳонсузи ҷангро гирифт. Он силоҳшурҳои ба васвоси душманони дину имон уфтодаро бародархонду бо муҳаббати ватандорӣ ба Ватан овард. Ба тамоми оламиён собит намуд, ки тоҷикон як қавми бузурги кишварсоз ва башардӯст буда саҳмгузори як ҷомеаи мардумсолори башардӯст мебошанд.

Барои исботи ин ҳарфҳо танҳо ва танҳо ҳамин як далели қотеи таърихӣ, ҳарфу ҳиҷои бо ҳарорати ҷон ба берун омадаи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, ки ҳамчун шоири тоҷик машҳури олам мебошад, буда метавонад. Ин ҳамон ҳарфи башардӯстии олами хокист, ки дунёи малакутро ба ҷунбиш овардааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварда рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ана ҳамин ҳарфҳои гуҳаррези тоҷикӣ девори бузурги бинои Созмони Милали Муттаҳидро зиннат бахшида, башардӯстии мо, тоҷиконро машҳури олам гардонидааст. Ва дар ҳамин ҷо ҳам қарз ва ҳам фарз медонам, ки чанд сухани пурҳарорат ва пур аз  самимияти Шоири халқии Тоҷикистон файласуфи номвар ва устод Назри Яздониро дар китоби ашъораш – “Фарри Нилуфарӣ”, ки аз ҷониби нашриёти “Адиб” соли 2023 рӯйи чоп омадааст, пораеро зери унвони “Дар ҳошияи шеър” инҷо биёрам, то хонандаи азиз худаш қазоват намояд, ки чӣ гуна шеъри оламгири тоҷикӣ бо бунёди башардӯстиаш дар қаламрави эҷод соҳиби ҷойгоҳи пуразише мебошад: “Олиҳаи шеър фосила, дурӣ, ҷудоиро дӯст намедорад.

Мирзо Турсунзода шоири худодод аст. Як шоире, ки имконияти таҳсили муқаддамотии ҳунари шеърро надоштааст. На таълими мактабӣ, на таълими устоди шеърро дидааст… ва ин падида ҳам як мисоли барҷастаи ҳунари фитрӣ будани шеър (на ҳунари касбӣ) аст.

Дар ин замоне, ки шеър роиҷ нест, шояд аҳёнан нафаре пайдо шавад, ки нагӯяд ё надонад: “Расми хуби тоҷиконро гум макун”.

Ҳамин ҷумлаи пурмуҳтаво воқеияти таърихие мебошад, ки соҳибэътиборӣ, собитқадамӣ, тавоноӣ, дороӣ, бомаърифатӣ, боинсофӣ, башардӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва одамгароии тоҷикиро ифода менамояд. Ва ҳар ойина ҳамин таъбири шоиронаи тоҷикбунёдӣ миёни ду мардуми ҳамкешу ҳамфарҳанг, ҳамдину ҳаммазҳаб ва ҳамҷону ҳамтани тоҷику узбек он қадар мавқеъ ва мақом дорад, ки моли ҳалоли ин ду мардум гаштааст.

Вақте достони “Ҷони ширин”-и шоири шуҳратёр  чоп шуд, мо синфи 7 ё 8 мехондем. Дар мактабе, ки ман таҳсил мекардам (бешубҳа, ба мисли навад дарсади мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистони собиқи Шуравӣ барои таълими ашъори тозанашр имконияте, барномае набуд), бисёр шигифт аст, ки ин эҳсоси ҳайронии ман рӯз ба рӯз бештар мешавад, ки ин достон чӣ гуна аз рӯзи нахустини нашр шуданаш то имрӯз сари забонҳо ҳаст ва хеле мардуми зиёд мисраъҳое, пораҳое, қисматҳое аз ин достонро азбар медонанд (ягона шарҳи қарибтарин барои ман ҳамин аст, ки “чун аз дил бархостаст ба дил нишастааст”).

Он соате, ки устод Мирзо Турсунзода аз сафарҳои дуродур бармегашт, аз масъулияти расмии давлати абарқудрати ҷаҳон кадом муддате фароғат меёфт ва дар бӯстонсарои одиякаш дар соҳили Варзоб, болои кати урфӣ, ҷомаи миллӣ болои шонааш, ҷавлону хиромидану ғалаёну хезобу тезоби Варзобро тамошо мекард, дар ин хилват бо шеър танҳо мемонд, соате саодати шоирист, ки мутаассифона, кам иттифоқ меафтод.

Ҳамоно тасвиру тандиси ҷовидонии Турсунзодаи шоирро дӯстону нодӯстонаш, дар зиндагиаш ва баъд аз зиндагиаш ба тешаву қаламҳои фӯлодии вақт тарошиданд, ки бо гузаштаи айём устувортар, баландтар ва  рӯшантар мешаванд.

Ҳайфи суханшиносони муддаӣ, булфузул, шуҳратгадо, ки дар атрофи сухани содаву ширини ҳикматдори Турсунзодаи абадзинда сафсатаҳое гуфта буданд… ва ҳанӯз монанди ҷонваре, ки аз корвон қафо мемонад, қудрати ҳамқадамии корвонро надорад, аммо ҷониби корвон садоҳое баланд мекунад, ки бо мурури замон ин садоҳо дигар то гӯшҳо намерасад, бинишон, нопадид, дафъ мешавад, аммо садои шоир равшантар, дақиқу мубрамтар мешавад:

Аз Ватан гӯйӣ сухан дар мегирифт,

Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

Чун ҳезуми тар, талх, ҷон канда, ҷон канда сӯхтан барои Ватан ҳам саодат аст, саодату суханест, ки дудаш ҳазориспандгуна, ҳазор шифо дорад, монанди дуди пари Симурғ қудратбахш аст, зафарёр аст.

Оре, ҳамон Турсунзодае, ки Тоҷикистону тоҷикро бо мақоми сулҳхоҳиву сулҳофариаш машҳури ҷаҳон намуд. Ҳамон Турсунзодае, ки шеъраш ба дардҳои миллионҳо мустамадони олам марҳам гардида, бар қалбҳои миллионҳо ноумедони олам умеду ормон оварда. Ва билохира, ҳамон шоири шуҳратёри тоҷик, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии кишвар – Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ин қадршиносии Пешвои маҳбуби миллат қадршиносии аҳли қалам ва қалами ноби малакутии мо, тоҷикон аст.

Пуштибонӣ ва арҷгузорӣ бар муқаддасоти миллии кишвар, ки инҳо Нишон, Парчам ва Суруди миллии давлати соҳибистиқлоли дунявӣ, ҳуқуқбунёд, башардӯст ва мурдумсолору сулҳофари тоҷик мебошанд, гувоҳи соҳибдавлат будани мо, тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аст. Эҳтиром ва садоқати бузурги арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллиро ҳамеша аз Пешвои миллат бояд омӯхт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 5-уми декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо таъкид гуфта буданд: “Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбаракати илмӣ адабӣ ва фарҳангиву мардумшиносии худро соҳибӣ ва ҳимоя намуда, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду боҳамоӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон дар роҳи ободиву шукуфоии Ватани азизамон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикиамон ҳарчи бештар оқилона истифода намоем”.

Ин таъкидҳои Пешвои миллат дар қалби садҳо ҳазор созандагони миллат неруву тавоноӣ бахшида, фардои ояндаи моро рӯшан ва пур аз нуру зиё менамояд.

Бо баланд шудани Парчами миллӣ ва бар ақсои олам шунавонидани Суруди миллӣ вуҷуди ҳар як шахси маърифатпаноҳи кишварро шодиву фараҳ фаро гирифта, боли орзуҳояш майли парвоз мекунад.

Вақте ки Суруди миллӣ бар гӯшҳо мерасад, сари ҳар сатри он матонату қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат пеши рӯ меояд. Симои ҷовидонии устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров, ки ифодагари корномаи пур аз матонату қаҳрамонии миллат мебошад, пеши назар омада, муҳаббат ва самимияти ватандории моро бештару бештар менамояд.

Корномаи қаҳрамонони кишвар, ки саропо ҷоннисориҳо дар роҳи фардои дурахшони кишвар мебошад, моро водор месозад, ки ба ин Ватан, ба ин гӯшаи имондорӣ бо садоқат хидмат намоем. Ва нагузорем, ки нотавонбиноне бо васвоси шаётин ин амнияту осудагӣ ва шукуфоии кишварро доғдор намояд. Ва боз нагузорем, ки кажназар ва каждиле бо худхоҳӣ ва нотавонбинӣ дар пиромуни Суруди Миллии кишварамон ҳарфу эродҳои носазо бигӯяд.

Пиру барнои кишвар бо эҳтиром ва самимияти бепоён ин сурудро аз. бар намудаанду ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷаш гузошта, баробари баланд шудани садояш аз ҷой бармехезанду даст рӯйи сина гузошта, шукргузорӣ аз осудагиву амнияти кишвар менамоянд. Ва руҳи ҷовидона ба ҳақ пайвастаи муаллифи он устоди зиндаёд Гулназар шодоб мегардад.

Банда хеле хуб дар ёд дорам, ки устоди зиндаёд шоири шаҳири миллат, муаллифи Суруди Миллӣ Гулназар дар як суҳбати самимии матбуотиаш, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо адиб ва рӯзноманигори шинохта Абдуқодири Раҳим дар перомуни ин Суруди миллӣ, ки ҳамнишини қалби миллионҳо бошандагони кишвар гардида чунин гуфта буд: “Оғози истиқлоли давлатиро пеши рӯ оварда ғарқи андеша мегардам. Дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози миллат моҳи ноябри соли 1992 Парчам, Нишон ва дигар рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон аз ҷониби вакилони мардумӣ ва олимону муҳаққиқони барҷастаи кишвар мавриди муҳокима қарор гардида, пазируфта шуданд. Аммо Суруди Миллиро охири соли 1994 қабул карданд. Дафтари хотирҳоямро варақгардонӣ намуда, дидам, ки ман ин сурудро рӯзҳои 26,27 ва 28 апрели соли 1994 навиштаам. Иншои ин суруд дар оғоз маро хеле бо мушкилиҳои эҷодӣ рӯ ба рӯ намуд. Чунки иншои он масъулияти ҷиддиро талаб менамуд. Ва набояд фаромӯш кард, ки шеър дигар асту суруд дигар. Бояд он ҳам ҷавобгӯи талаботи мусиқии касбӣ  бошад. Ҳамзамон мароми миллату давлатро муайян намояд. Матни пурраи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман 7-уми сентябри соли 1994 пазируфтанд. Озмун барои Суруди миллӣ пӯшида буд. Дар ин сабқати пурифтихори  миллӣ даҳҳо шоирони шинохтаи кишвар ширкат варзиданд. Аз миёни беш аз дусад суруди пешниҳодгардида 114 суруд пешниҳоди ҳакамон гардиданд. Ҳамин тавр бо дастгирии бештари раъйӣ ҳакамон ҳамин суруд пазируфта шуд. Суруди миллӣ барномаи сиёсии давлат аст. Ман меандешидам ва медонистам, ки бисёр Сурудҳои миллии кишварҳо бо дигар шудани сохти сиёсӣ аз байн рафтанд. Чаро? Чунки муаллифони матни онҳо дар он даврон бо гуруҳҳои сиёсати тағйирёбадаи давр, маҳзабҳо бештар эътимод доштанду такя мекарданд. Аз рӯи инсоф ё худ дурустар баҳо диҳем, дар Суруди Миллии мо ин маҳдудиятҳо вуҷуд надорад. Ҳаминаш басанда бувад, ки гуфтаем:

Зи дурии замонаҳо расидаем

Ба зери парчами ту саф кашидаем кашидаем

Зинда бош, эй Ватан

Тоҷикистони озоди ман.

Яъне ин суруд ифодагари орзуву ормонҳои мардуми заҳматкаши тоҷик буда, матонату қаҳрамонӣ ва мардумсолориву ватансозии Сарвари маҳбуби кишварамон бо ҳама талошу ҷоннисориҳояш сари ҳар сатри он муҷаллову такондиҳанда мебошанд.

Арҷгузории Пешвои маҳбуби миллат ба ин муқаддасот намунаи тавонтарин хирад ва заковати миллие мебошад, ки пайравӣ намудан ба ин садоқату муҳаббати ватандорӣ бар ояндаи дурахшони кишвар шоистаи дастгирии саросарии мардуми кишвар мебошад.

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь